Skip to main content
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 муаррифӣ гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат мавриди таҳлил ва хулосабарории амиқ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувори хешро пайдо карда, бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст.

Ҷойгоҳи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар он зуҳур меёбад, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат ҷумҳурии мо ба узвияти аксарияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 57 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад ва ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологии ҷаҳон саҳми босазо мегузорад.

Арзишмандтарин хусусияти Паёми навбатии Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ - ин дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин, тақвият ва дар оянда низ густариш додани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздик – кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд. Дар Паём омадааст, ки «стратегияи мамлакати мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусну эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад».

Дар Паём густариши ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Аврупо, Амрико, Ховари Миёна ва давлатҳои дигари қитъаи дунё зикр ёфта, ҳамзамон иброз гардид, ки «мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем». Ҷойгоҳи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар он низ зуҳур мегардад, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳдаи гирифтааст.

Дар Паём омадааст, ки Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ниҳодҳои дигар ба роҳ монда, рушду тавсеа мебахшад.

Дар Паём боз як нуктаи муҳими сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ зикр ёфтааст. Соли 2025 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. «Мо бояд ҳамкориро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имконияти мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем» - омадааст дар Паём.

Ин конфаронс дар партави ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами обу экология ва тағйирёбии иқлим ва қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025, таҷлили 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барпо мегардад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо хушнудӣ пазируфта, ҳамкориро дар ин самт бо Тоҷикистон тақвият дода истодаанд.

Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Бешубҳа, ин аз эътирофи таҷрибаву малакаи кофӣ доштани давлати мо дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ва обрӯю нуфузи баланди сарвари он гувоҳӣ медиҳад ва боиси ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Яке аз вижагиҳои сиёсати хориҷии давлати мо, ки дар Паёми имсола таъкид ёфтааст – ин ҳамкории зич бо созмони махсусгардонидашудаи СММ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг мебошад. Дар ин робита дар Паём чунин омадааст: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем». Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Ин ташаббуси Пешвои миллат метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба миллати бунёнсози аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва фарзанди барӯманди он - Куруши Кабир, ба таъриху фарҳанги бойи он, ба санадҳои муҳимми таърихии он ҷалб намуда, ба ин васила барои эҳтиром, эътироф ва риояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намояд. Мо ин ташаббуси пурарзиши Пешвои миллатро саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир мисли терроризму экстремизм қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳад дод.

Ҳамин тавр, дар асари сиёсати хирадмандона ва созандаи хеш дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати ҳуқуқбунёд ва пешниҳодҳои созанда мавқеи худро истеҳком мебахшад ва дар оянда низ бо равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як мамлакати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили муҳимми ҷаҳони муосир ва минтақа саҳми мондагор хоҳад дошт.

Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, професор