Skip to main content

Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

123Дар ҳақиқат зан модар бузургтарин неъмат, барои ҳар як фарзанд аст. Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиї наќл намояд. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ў ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Зан модари тоҷик имрӯз дар баробари тарбиятгари насли наврас буданаш боз дар баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон заҳмат мекашад. Дар солҳои охир ширкати занон дар умури идорӣ ва соҳаҳои дигар равнақи тоза ёфта, имрӯз қувваи асосии соҳаи маориф бонувон мебошанд, ки мо зикри ин нуқтаро дар Паёми Пешвои миллат дучор меоем: «Дар соҳаи маориф 73 фоиз бонувону занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 37 фоизи занони донишманд ва бомаърифати тоҷик, пурмаҳсул заҳмат мекашанд». Бояд қайд намуд, дар ягон таълимоти исломӣ зикр нагардидааст, ки занон нисбат ба мардон ҳуқуқи пастро соҳибанд ва ҳақ надоранд, ки ҳамқадами ҷомеа бошанд. Баръакс ягон дини дигар мисли ислом барои занҳо ҳуқуқи бештарро қоил нест. Бо дарназардошти мақом ва ҷойгоҳи зан дар дини мубини ислом ва аз нигоҳи дорои мавқеи вежа будани зан – модар дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, маҳз дар ин хусус дар Паём чунин таъкид карданд: «Бовар дорам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд.

Ҳамин тавр, зан – модар дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ дошта, ӯ ягона шахсест, ки тамоми ҳастияшро барои пешрафти фарзанд, ташаккули шахсияти ӯ заҳмат мекашад. Зан – модар аввалин мураббии тамоми инсоният аст».

Ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар собит намуд, ки дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дар сиёсати Пешвои муаззами миллат мавқеи хоса дорад.

Бори дигар мо бонувону занони саодатманди Тоҷикистони азиз аз нуктаҳои дар Паёми мазкур дарҷгардида рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо азми устувор, иродаи ќавӣ ва нерўи тољикона дар баробари мардон баҳри рушду инкишофи тамоми соҳаҳои кишвар камари ҳиммат мебандем.Зикри ҳарфҳои уммедбахшанда собитгари он аст, ки рушди кишвар ва умури давлатдориро бидуни нерўи зеҳниву иродаи қавии занон тасаввур кардан ғайримкон аст.

Паёми мазкур бори дигар ифодагари он буд, ки занону бонувони Тоҷикистонро илму дониш ва маърифати комил бояд зевар бошад ва дар меҳвари фаъолияташон қарор бигирад.Танҳо бо эҳсоси баланди масъулият метавон бо такя ба нерўи занон умеди рўзгори беҳтареро кард.

Дар Паёми мазкур зикр карда шуд, ки “..тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст”.

Нуктаи мазкурро мо занону бонувон комилан тасдиқ менамоем, зеро маҳз соҳибистиқлолӣ сабаб гардид, ки зан дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми хоса касб намояд, ҷойгоҳи зан дар раванди сиёсии кишвар марҳила ба марҳила рушд ва густариш ёбад, занон бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандозаи худро барои ободию гулгулшукуфии кишвар гузоранд.

Самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, ки занону бонувон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ софдилонаю содиқона хизмат намоянд. Бо дарки ин масъала Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд”.

Ҳамзамон иброз гардид, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат бо боварии комил иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки “..дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”. Аз ин гуна суханҳои волое, ки Пешвои миллат бобати мақому манзалати занону бонувон иброз намудаанд, метавон ҳазорон намуна пайдо кард.

Пас, моро мебояд, ки бо дарки амиқи ин суханҳо, махсусан муҳтавои Паёмҳои Пешвои муаззами миллат баҳри рушди ҳамаҷонибаи кишвар саҳм гузошта, мақому манзалати Тоҷикистон ва зани тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардорем.

НУРАФШОН БОЗОРОВА - ДОКТОРАНТ PhD-И БАХШИ 3-ЮМИ ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ