Skip to main content

Ҳамдиёрони азиз!

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро, ки имсол аз 1 март оғоз мегардад, ба кулли ҳамватанонамон табрик мегӯям.

Боиси хушбахтист, ки ҳамасола шаҳрвандони

кишвар дар фазои орому осуда, бо ҳисси шукргузорӣ аз амну субот ин рукни муҳими дини мубини исломро ба ҷо меоранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин айёми

муборак дар баробари риоя ва эҳтироми анъанаҳои динӣ, инчунин арзишҳои волои инсондӯстӣ, сабру қаноат ва меҳрубониву некхоҳӣ ба ҳамдигарро амалӣ менамоянд. Эҳтирому ғамхорӣ нисбат ба волидайн, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд аз хислатҳои наҷиби моҳи Рамазон ба ҳисоб мераванд.

Дар баробари ин, дар шароити имрӯзаи мураккаби ҷаҳонишавӣ мо бояд худро аз хатарҳои гуногуни фаромиллӣ, аз ҷумла мафкуравӣ ҳифз намоем, ба зиёдравию исрофкорӣ роҳ надиҳем.

Мардуми кишвар бояд бо эҳсоси муҳаббат ва азму садоқат ба меҳани хеш баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат

кашида, дар корҳои бунёдкориву созандагӣ фаъолона саҳмгузор бошанд.

Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми сарбаланди кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон фаровонӣ, осудаҳолӣ ва ба Ватани азизамон суботу оромиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамватанони азиз!