Skip to main content

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Имрӯз мо дар остонаи яке аз муҳимтарин идҳои кишвар-Иди касбии муҳофизони далери Ватан-32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику таҳният гуфта, бароятон баҳри мусоидат дар ҳифзи амнияту осоиштагии кишвари азизамон муваффақиятҳо ва дар тарбияи содиқонаю ватандӯстонаи ҷавонон баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ-хизмат ба Ватан-Модар комёбиҳои беназир таманно дорем. Маҳз, афсарони шуҷою далери Артиши миллии кишвар ҳастанд, ки дар ҳимояи амнияту оромии давлат ва якпорчагии кишвари соҳибистиқлолии мо тавассути матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ, саъю талошҳои зиёд менамоянд.

Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр таъсис дода шуд.

Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳо ва илҳом аз корномаи беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ афсарону сарбозон тавонистанд, ки мушкилиҳои оғози давлатдории навинро сарбаландона паси сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа табдил ёбанд.

Воқеан, ҳама гуна пешрафту гулгулшукуфоӣ дар партави сулҳу амният сурат мегирад ва хушбахтона ин саодат барои сарзамини мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат бо саъю талоши шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таъмин гашта истодааст.

Вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон имрӯзҳо зарурияти ба маротиб пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳамаи давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст. Аз ин хотир, ҳар як афсари бонангу ори кишварро зарур аст, ки тарбияи ватандӯстии ҷавононро дар мадди аввал гузорад.

Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, яке аз вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии мамлакат ба ҳисоб рафта давоми солҳои соҳибихтиёрӣ бо мақсади амалишавии вазифаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” санаи 29 январи соли 2021, таҳти рақами 1753 қабул карда шуд, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Тоҷикистон танзим менамояд. Қонуни мазкур хизмати ҳатмии ҳарбиро барои донишҷӯён, аз ҷумла магистрантону докторантон ва хамткунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ҳамзамон уҳдадории ҳатмии ҳарбиро барои онҳое, ки минбаъд хоҳиши ба кор даромадан дар мақомоти суд, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро доранд, ба муддати як сол пешбинӣ намуд.

Ҳама ин кӯшишҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳавасманд намудани ҷавонон барои ҳарчи бештар ҳимоя намудани марзу буми кишвар равона гарддааст.

Ҷашни садоқат ва ифтихори ватандорӣ муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!