Skip to main content

13123123Пиряхҳо ҳамчун манбаи оби тоза ҷузъи муҳими системаҳои гидрологии Замин мебошанд, ки таъмини аҳолӣ ба маводи озуқаворӣ аз мавҷудияти онҳо вобастагии зич дорад. Ин дар ҳолест, ки рӯз ба рӯз суръати обшавии пиряхҳо боло рафта, ба амнияти об ва иқтисодиёти минтақа таҳдид мекунанд. Вақте мо “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”- ро таҷлил менамоем, эътирофи аҳамияти иқтисодии пиряхҳо ва зарурати ҳамкорӣ барои ҳифзи онҳо муҳим аст.

ВАЗЪИ ГЛОБАЛИИ ТАЛАФОТИ ПИРЯХҲО

Пиряхҳо дар саросари ҷаҳон бо суръати бесобиқа об мешаванд ва талафоти ях дар ду даҳсолаи охир нисбат ба даҳсолаҳои қаблӣ зиёд ба назар мерасад. Тибқи гузориши сомонаи СММ, дар тули 25 соли охир (аз соли 2000 инҷониб), дар Замин зиёда аз 215 000 пирях, дар як сол ба ҳисоби миёна 273 гигатон ях талаф шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта аз 23 то 20% зиёдтар мебошад. Ин раванд метавонад, эҳтимолан, ба нобудшавии 49 то 80 фоизи пиряхҳо оварда расонад.

Илова ба болоравии сатҳи баҳр, обшавии пиряхҳо низ боиси афзоиши босуръати кӯлҳои пирях мешаванд. Дар тули ҳамагӣ 35 соли охир, ҳаҷми кӯлҳо дар саросари ҷаҳон 48 дарсад афзоиш ёфта, шумора ва масоҳати онҳо беш аз 50 фоиз зиёд шудааст. Чунин васеъшавии босуръати кӯлҳои пирях хатари обхезиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Бояд гуфт, ки дар ҳеҷ куҷо зарари обшавии пирях ба он андозае нест, ки дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад, зеро дар ин минтақа тахминан 1 миллион нафар дар масофаи ҳамагӣ 10 километр аз кӯли пирях зиндагӣ мекунанд.

АҲАМИЯТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО БА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Бо вуҷуди рушди бесобиқаи ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисоди мамлакат дар зарфи ҳамагӣ 33 соли истиқлолият, тағирёбии иқлим як мушкилоти нав барои иқтисоди кишвар эҷод мекунад. Аз ин рӯ, маълумот дар бораи иқлим, мутобиқшавӣ ва пешгӯии дақиқ барои кишоварзон ва бахши кишоварзии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Соҳаҳои аввалияе, ки дар баробари кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарар мебинанд, беҳдошт, энергетика ва сайёҳӣ мебошанд, ки дар маҷмуъ ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Вобаста ба ин масъала, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо на танҳо иқдоми муҳити зист, балки як асоси стратегии рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар заминаи афзоиши таҳдидҳои иқлимӣ ва обшавии суръатноки пиряхҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар чандин самт таъсири амиқи иқтисодӣ доранд:

Якум. Ташаббуси ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистонро ба маркази дипломатияи иқлим ва об табдил медиҳад. Ин мавқеи баланд метавонад ҷалби бештари сармоягузориҳои байналмилалӣ аз созмонҳои молиявӣ чун Бонки ҷаҳонӣ, БРСММ, Фонди иқлими сабз ва Бонки Осиёии Рушдро таъмин кунад. Кӯмакҳои техникӣ ва фаннӣ барои таҳкими мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ, инчунин ташкили лоиҳаҳои грантӣ барои инфрасохтори сабз, энергетикаи барқароршаванда ва кишоварзии устуворро муҳайё созад. Масалан, Барномаи UNDP дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Global Environment Facility (GEF) барои мониторинги пиряхҳо ва захираҳои об беш аз 5 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. (UNDP Tajikistan, 2023). Ин барои асоснок будани гуфтаҳои мазкур далели возеҳу равшан мебошад.

Дуюм. Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобаста ба энергетикаи обӣ мебошад, ки беш аз 98%-и нерӯи барқ дар кишвар тавассути НБО (нерӯгоҳҳои барқи обӣ) истеҳсол мешавад. Пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии дарёҳо барои ташкили режими устувори истеҳсоли барқ дар шабакаҳои миллӣ, пешгирии камбуди нерӯи барқ дар мавсими тобистон, ҷалби сармоя ба сохтмони НБО-ҳои хурд ва миёна дар минтақаҳои кӯҳӣ нақши калидӣ доранд. Танзими оқилонаи об тавассути ҳифзи пиряхҳо пешгирии таназзули иқлимиро барои иқтисод таъмин мекунад.

Сеюм. Пиряхҳо манбаи обёрии беш аз 70%-и заминҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд. Бо обшавии онҳо маҳсулнокии зироатҳо коҳиш меёбад, шароити иҷтимоиву иқтисодии деҳқонон душвор мешавад ва муҳоҷирати иқтисодӣ афзоиш меёбад. Ташаббуси Тоҷикистон метавонад боиси ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакории об, кишоварзии устувор ва мутобиқшуда ба иқлим гардад, ки дар навбати худ рушди деҳотро таъмин менамояд.

Чорум. Бо баланд бардоштани шинохти ҷаҳонӣ дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон (ба монанди пиряхи Федченко – калонтарин дар Осиёи Марказӣ), имкониятҳо барои рушди туризми экологӣ ва кӯҳнавардӣ, марказҳои илмии байналмилалӣ барои омӯзиши тағйирёбии иқлим, брендинг ва иқдомҳои иҷтимоӣ барои минтақаҳои кӯҳӣ афзоиш меёбад. Ин раванд метавонад ба афзоиши даромади маҳаллӣ ва шуғли аҳолӣ мусоидат намояд.

Панҷум. Ташаббус дар сатҳи СММ ва эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) Тоҷикистон”- ро ба яке аз роҳбарони мубоҳисаҳои иқлимӣ табдил додааст. Ин мавқеи баланд метавонад шарикони нави стратегиро ҷалб намояд, кишварро дар сархатти дарёфткунандагони маблағгузории иқлимӣ қарор диҳад ва таъсир ба сиёсати минтақа ва истифодаи об дар Осиёи Марказӣ гузорад.

ХУЛОСА

Аҳамияти иқтисодии ташаббуси Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо фаротар аз ҳифзи муҳити зист аст – он дар рушди захираҳои миллӣ, таъмини устувории иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар нақши сарнавиштсоз мебозад. Бо идомаи ин сиёсати фаъол ва ҷалби шарикони хориҷӣ, Тоҷикистон метавонад кишвари намунавии иқтисоди сабз дар минтақа гардад.

Фарҳод Қодирзода – мушовири президенти АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ

123123