Skip to main content

12312Модар нахустин мураббӣ ва ғамхорест, ки бо дилу ҷон барои хушбахтии фарзандон заҳмат мекашад. Ҳар сухан ва ҳар амали модар саршор аз муҳаббату дилсӯзист. Бе муҳаббати модар зиндагӣ холӣ аз гармиву меҳрубонӣ буда, гулзори бе насими баҳорро мемонад.

Меҳрубонии модар беинтиҳост. Аз он лаҳзае, ки тифл дар батни ӯ офарида мешавад, модар бо тамоми вуҷудаш ғамхориву дилсӯзиро ба ӯ мебахшад. Дардҳои таваллуд, бедорхобиҳои шабона, афғону зории кӯдак, ҳама ва ҳама бо муҳаббати беандозаи модар сабук ва хушоянд мешаванд. Ин муҳаббатест, ки дар миёни ҳама мавҷудоти олам беназир ва муқаддас аст. Фарзанд, новобаста ба синну сол, барои модар ҳамон кӯдаки хурдсол боқӣ мемонад. Вай ҳамеша бо дили пур аз умед ба сӯи фарзанд менигарад, ба камол расидани ӯро орзу мекунад ва аз сидқи дил талош менамояд, ки ӯро дар роҳи рост ҳидоят кунад.

Ҳамаи неъмати дунё ҳамон лаҳзаи кӯчаке, ки дар лабони модар табассум меорад, арзиш дорад. Шоир чуноне ки мегӯяд:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар,

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Ин мисраъҳо баёнгари онанд, ки муҳаббати модар чун баҳри беканор аст. Ҳар чӣ қадар фарзанд кӯшиш кунад, наметавонад меҳрубониҳои модарро пурра посух диҳад. Аммо бо амалҳои нек, суханони нарм ва ғамхорӣ нисбат ба модар метавонем каме ҳам бошад, заҳматҳои ӯро қадрдонӣ намоем. Дуои модар калиди ҳамаи дарҳои бастаи зиндагист. Ҳар нафаре, ки дуои модарро гирад, дар ҳама кор муваффақ ва хушбахт мегардад. Қиссаҳои зиёде дар ҳаёт ва таърих шаҳодат медиҳанд, ки дуои модар чӣ гуна фарзандро ба қуллаҳои баланд мерасонад. Баръакс, беэҳтиромӣ ба модар инсонро дар зиндагӣ аз баракат ва саодат маҳрум месозад.

Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: "Осмон аз дуои модарон баракат меёбад". Ин маънои онро дорад, ки дуои модар на танҳо барои фарзанд, балки барои тамоми хонадон ва ҳатто ҷомеа таъсири нек мегузорад.

Ҳар фарде, ки мехоҳад зиндагии хушу обод дошта бошад, бояд азизтарин шахси худро – модарашро қадр кунад. Ҳурмату эҳтироми модар на танҳо дар сухан, балки дар амал ҳам бояд зоҳир гардад. Ҳар лаҳза бояд аз саломатии модар огоҳ бошем, муҳаббат ва ғамхориро ба ӯ нишон диҳем.

Дар фарҳанги мо, модар мақоми хеле баланд дорад. Ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат ин таваҷҷӯҳи махсусест, ки назираш дар дигар лавлатҳои дунё нест. Ин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ дар ҳама суханрониҳои Пешвои муаззами миллат эҳсос мегардад. Дар тамоми суханрониҳо ва сиёсати Пешвои миллат мақоми модар ҳамчун шахсияти муқаддас таъкид мешавад.

Президенти кишвар борҳо иброз доштаанд, ки модарон дар рушди маънавӣ ва иқтисодии ҷомеа нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, давлат пайваста мекӯшад, ки шароити зиндагии занону модаронро беҳтар гардонад, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро ҳифз намояд ва саҳмашонро дар ҷомеа баланд бардорад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ин баланд бардоштани мақому манзалати занону модарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар солҳои охир як қатор қонунҳо ва қарорҳо ба тасвиб расидаанд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занонро таъмин мекунанд. Ба хусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробарии амалии онҳо» як санади муҳими ҳуқуқиест, ки барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии занон ва модарон равона шудааст. Ғайр аз ин, таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оила, татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва дастгирии онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа намунаи возеҳи ғамхории Пешвои миллат нисбат ба модарон ва занон мебошад.

Албатта, вобаста ба таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба модарон ва умуман ҷойгоҳи модар дар ҳаёт метавон садҳо китоб навишт, як мақола ва ҳазорон достон наметавонад ифодагари пурраи сифатҳои модар бошад. Ҳанӯз, ки фурсати ба модар ба ягона ғамхорӣ беинтиҳо будан ҳаст, бояд ғамхорию меҳрубонӣ кард.

Бузургтарин дарди башар низ, ки ҳамсафари инсон аст дарди бемодарӣ будааст. Аз ин рӯ, шоире навишта:

Расида рӯзи Модар, Модарам нест.

Шукӯҳи ид дар бому дарам,нест.

Ба ҷузъ як каф дуои гиряолуд.

Барояш армуғони дигарам нест.

Модар оинаи муҳаббат, даргоҳи саодат ва чароғи равшани зиндагист. Ҳар касе, ки мехоҳад умри пурбаракат ва хушбахтӣ дошта бошад, бояд модарашро дӯст дорад, эҳтиром намояд.

Ситора Абдумуминзода, номзади илмҳои педагогӣ, Корманди ИФСҲ АМИТ