Skip to main content

Яке аз нуктаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ин баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад, ки пайгирии ин масъала боиси сарфарозии мо – бонувон аст.

Имрӯз рушди тамоми соҳаро бидуни ширкати занону духтарону занон тасаввур кардан номумкин аст. Албатта, бо дастгириву ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми назаррасе пайдо намудаанду бо ифтихор фаъолият мекунанд. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Сарвари маҳбуби давлат меҳнати мо – бонувонро қадр карда, ба қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафари мо бовари дорад.

Бояд зикр намоем, ки ҳамасола 11-уми феврал бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонувону духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст. Он барои бартараф кардани монеаҳо ва кумак расондан ба занон, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътироф ва саҳми бонувон дар рушди илм таъсис ёфт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар, дар баробари мардон, бо ҳисси волои ватандӯстона, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар ободии Тоҷикистони азизамон саҳм мегузоранд.

Зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тӯли таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф карданд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Аз ин рӯ, сарвари дурандеши мо таъкид менамоянд, ки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону бонувон ғамхору меҳрубон бошем.

Имрӯзҳо занону мардон дар ҷомеаи мо баробарҳуқуқанд, аммо масъулияти занони тоҷик нисбати мардон бештару пештар аст. Зани тоҷик қабл аз оне ки ба илм сарукор гирад, пеш аз ҳама, ӯро месазад, то вазифаи ҷонии худ – тарбияи дурусти фарзандонро иҷро намояд. Занони мо кӯшиш мекунанд, ки аз мардон қафо набошанду дар ҷодаи илму маърифат пайроҳа меҷӯянд, гарчанде ин ҳама масъулияти бузургро тақозо менамояд.

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун корманди соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои бомуввафақ дар ҷомеа ҳам аз ҷониби Роҳбари давлат ва ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.Масъулияти зиёди зани тоҷикро Пешвои маҳбубамон ба инобат гирифта, нисбат ба занону бонувон пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи фаъолияти давлату давлатдорӣ сол ба сол устувортар мегардад.

Мо – бонувони замони истиқлол, шукр аз он мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба инобат гирифта шудааст, иҷрои он таҳти назорати Пешвои миллатамон мебошад.

Салимова Соро Шералиевна - ходими илмии озмоишгоҳи “Фармокология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Халикова Саодат - раиси Шурои занони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ