Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сарсабзест, ки дар домани кӯҳҳои сарбафалак ҷойгир буда, бо манзараҳои дилфиребу назаррабо ва табиати нотакрори худ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Бо ҳамин далел, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои сайру саёҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид фароҳам месозанд.
Дар тули солҳои охир пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки берун аз он низ ҳамчун шаҳри ҷавону зебо, ободу осуда муаррифӣ гардидааст ва ба маркази муҳими баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҳанӯз замони шуравӣ Душанбе на фақат шаҳри сабзу амн, балки ба хонаи умеди ҳам тоҷикон ва ҳам халқҳои дигар табдил ёфта, маркази маданияти умумииттифоқӣ буд. Имрӯз бо сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори хирадманду ободкор Рустами Эмомалӣ Душанбе ба рушду тараққиёти беназири таърихӣ ноил гашта истодааст. Шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мавқеи калидӣ дорад. Он на танҳо маркази идоракунии давлатӣ, балки муҳити фаъоли рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар раванди таърихӣ шаҳри Душанбе аз як маҳалли хурди аҳолинишин ба як маркази бузурги маъмурӣ ва шаҳрсозии муосир табдил ёфтааст, ки дар он анъана ва навоварӣ бо ҳам омезиш ёфтаанд.
Таҳлили таърихии ташаккули шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки номи он аз бозори анъанавии рӯзи душанбе сарчашма мегирад, ки ҳамчун шакли ибтидоии мубодилаи иқтисодӣ ва робитаҳои иҷтимоӣ хизмат мекард. Бо гузашти вақт, шаҳри Душанбе ба як маркази муосир бо инфрасохтори рушдёфта, роҳҳои нақлиётӣ, шабакаҳои муосири коммуникатсионӣ ва биноҳои замонавӣ табдил ёфт. Имрӯз шаҳр ҳамчун маркази муҳими нақлиётӣ ва логистикӣ низ рушд ёфта, робитаҳои дохилию байналмилалиро таъмин менамояд.
Аз нигоҳи экологӣ, шаҳри Душанбе дорои муҳити мусоиди зист ва захираҳои сабзи назаррас мебошад. Боғҳо, гулгаштҳо ва маконҳои фароғатӣ на танҳо сатҳи зиндагии аҳолиро баланд мебардоранд, балки барои нигоҳдории тавозуни экологӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ низ аҳамияти калон доранд. Илова бар ин, сиёсати шаҳр дар самти кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист ба ташаккули рушди устувор мусоидат менамояд.
Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази фарҳангӣ ва маърифатӣ низ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар рушди фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ҳамзамон, шаҳри Душанбе ба маркази муҳими илму маориф табдил ёфта, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос нақши калидӣ доранд.
Дар ин зимн, шаҳри Душанбе имрӯз ба мизбони чорабиниҳои сатҳи баланд аз ҷумла форумҳои байналмилалӣ, конфронсҳои сиёсӣ, ҳамоишҳои иқтисодӣ, озмуну фестивалҳо, шоми дӯстии халқу миллатҳо, рӯзҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Қабули чунин ҳамоишҳо нишондиҳандаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шаҳри Душанбе буда, нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Фаъолияти иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе гуногунҷанба буда, бахшҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва саноат босуръат рушд меёбанд. Бозорҳои анъанавӣ дар шаҳр ҷойгоҳи махсус дошта, на танҳо маркази савдо, балки омили ҳифзи анъанаҳо ва рушди муоширати иҷтимоӣ мебошанд. Дар баробари ин, рушди соҳибкории хурду миёна ба таҳкими иқтисоди шаҳр мусоидат менамояд.
Муҳити иҷтимоии шаҳри Душанбе бо ҳамбастагӣ, меҳмоннавозӣ ва сатҳи баланди ҳамкории байни аҳолӣ фарқ мекунад. Ин омилҳо ба ташаккули фазои мусоиди иҷтимоӣ, коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва варзиш барои беҳбудии аҳолӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Шаҳри Душанбе имрӯз бо симои наву замонавии худ ба сафи бузургтарин ва пешрафтатарин шаҳрҳои ҷаҳон пайваста, намунаи равшани рушди фарҳанги шаҳрдорӣ ва меъмории муосири миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин пойтахти зебо, ки анъанаҳои таърихиро бо дастовардҳои навин ба ҳам омехтааст, на танҳо мояи ифтихори сокинони кишвар, балки муаррифгари шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Имрӯз Душанбе ҳамчун шаҳри орзуву имкониятҳо шинохта шуда, барои ҳар як сокини мамлакат макони дилфиреб, амну осуда ва пур аз умеду ояндаи дурахшон мебошад.
Дар ҷавоб ба чунин шароити мусоид ва ободиву осудагии кишвар, мо сокинони пойтахт ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки бо эҳсоси баланди масъулият ва шукргузорӣ, фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар ҳифзи тозагӣ, зебоӣ ва ободонии муҳити зист саҳми арзандаи худро гузорем. Танҳо бо заҳмати содиқона ва ҳамкории созанда метавонем шаҳри азизамонро боз ҳам шукуфонтар гардонида, онро ба як гӯшаи воқеан намунавии зиндагии муосир табдил диҳем.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул, ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ
ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
