#Симпозиум. "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК" - ПАДИДАИ ТАЪРИХӢ, ФАРҲАНГӢ ДАР ТАМАДДУНИ МАРДУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Имрӯз, 24 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” – падидаи таърихӣ – фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ” бахишида ба 100 – соли таълиф ва нашри асари таърихӣ – бадеии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” баргузор гардид.
Дар кори симпозиум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки асари мазкур ҳамчун як падидаи нодири таърихиву фарҳангӣ дар худ таҷассумгари мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик буда, дар рушди худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ нақши муҳим гузоштааст. Қайд гардид, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо як маҷмӯаи осори адабӣ, балки сарчашмаи муҳими илмӣ барои омӯзиши таърихи адабиёт, забон ва фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар дар шароити мураккаби таърихӣ таълиф гардида, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси адабии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки асари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун як мероси гаронбаҳои миллӣ ва дастоварди бузурги илмиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дошта, дар ташаккул ва рушди адабиёти навини тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Таъкид гардид, ки ин асар на танҳо осори гузаштагонро гирд овардааст, балки ҳамчун пули пайвандсоз миёни наслҳо хизмат намуда, барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин асар дар шароити муосир низ аҳамияти хоса дошта, барои тақвияти худшиносии миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии минтақавӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва илмии асари «Намунаи адабиёти тоҷик» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Зикр гардид, ки ин асар ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва омили таҳкими худшиносии миллӣ, дар рушди фарҳанги маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаҳои таҳқиқи минбаъдаи мероси адабии ниёгон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷом як зумра аз олимон ва муҳаққиқон, ки дар баргузории ин ҳамоиш саҳмгузор буда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд, бо сертификатҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.
КУРСИ ХОНИШҲОИ СИЁСИИ “САРВАРОНИ СИЁСӢ” ДАР АМИТ БО ИШТИРОКИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, дар таърихи 31 – уми январи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад нишасти 13-уми курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро ба ин курс шодбош намуданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суҳбат қайд намуданд, ки: “Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз ба ҳамин хотир аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ, илмомӯзӣ, ҷисману руҳан солим ба воя расидани ин қишри фаъоли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод намудаанд ва бо дастгирии роҳбарияти давлат онҳоро дар амал татбиқ намуда истодаанд. Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароиту имконот фароҳам оварда шудааст”.
Тавре, ки иттилоъ дода будем, рӯзҳои 21 - 28 - уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд.
Дар ин асно кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ муддати се шаб дар Расадхонаи астрономии Ҳисор ба хонандагони Муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати мушоҳидаи сайёраҳо, ки дар як саф қарор гирифтаанд, экскурсия гӯзарониданд.
Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ ҷараён дорад.
Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.
Дар чорабинии мазкур н.и.т. Кодиров Анвар Саидкулович, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мутахассиси самти гидрологияи изотопӣ) ширкат варзид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва баррасии истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ иборат буда, барои рушди минбаъдаи ин усул номгӯи чорабиниҳо коркард гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, гидрологияи изотопӣ яке соҳаҳои илм маҳсуб меёбад, ки равандҳои гардиши гидрологиро бо истифода аз изотопҳои устувор ва радиоактивӣ меомӯзад. Ин усулҳои беназири омӯзиши манбаъҳои об, синну сол, гардиш, бухоршавӣ ва таъсири мутақобила бо дигар ҷузъҳои муҳити зистро пешниҳод мекунад.
Рӯзи 28 январи соли 2025 Кодиров А.С. дар мавзӯи “Ensuring water availability in Central Asia amid a changing climate” бо забони англисӣ баромад намуданд.
Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, мақоми маркази минтақавиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ расман сазовор шуд
23 январи соли 2025 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия маросими тантанавии супоридани лавҳа ба маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои (ХБРЯ),-ро ба талаботҳои АБНА инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия, Марказ расман мақоми Маркази минтақавиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовор шуд.
Маълумоти бештар дар телеграми мо: https://t.me/akademia55
Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба ин, санаи 24 январи соли 2025 зимни нишасти дувоздаҳуми ин иқдом дар АМИТ бо иштироки узви вобастаи АМИТ профессор, сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “Санъати суханварӣ" хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба илму олимон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Аз ҷониби гузоришгар устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ба олимони ҷавон роҳу усул ва тарзи баён ҳамчун маслиҳату машварат баён карда шуд ва ниҳоят саволу ҷавобҳо баргузор карда шуда дар музокира олимони ҷавон фикру андешаҳои худро оид ба масалаи санъати суханварӣ баён намуданд.
Санаи 23.01.2025 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ маҷлиси умумии кормандони Марказ дар ҳошияи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рузи 17.01.2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, бо иштироки Раиси Шуъбаи илмҳои биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К. гузаронида шуд. Дар маҷлис ҳамаи кормандон ширкат варзиданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои асосӣ ва камбудию норасогиҳои фаъолияти илмию ташкилии Марказ дар соли 2024, нақшаи кории фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъба ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Инчунин дастуру супоришҳо оид ба ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, яхобмони боғу киштзорҳо ва шинонидани дарахту буттаҳо, қаламчакунии гули садбарг ва ғайраҳо дасуру супориш дода шуд.
24 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни Сада Конференсияи илмию – амалӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба ҷашнҳои миллии тоҷикон ва барои аз нав эҳё кардани онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, мақоми онҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурданд.
Бояд гуфт, ки ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд.
Таъкид гардид, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.
Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин аст, ки барои дубора эҳё ва ҳифзи Ҷашни Сада маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабр соли 2023 зимни иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки намояндагони муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Дар идома директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ Фарангиз Шарифзода дар мавзуи «Сада ҷашни мулуки номдор аст» ва мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш Абувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷашни Садда», сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Тоҷинисо Муродова дар мавзуи «Ҷашни Сада омодагӣ ба Наврӯз» маъруза намуданд.
23 январи соли равон дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Раҳимзода Шоҳзод ва дигар аъзоёни Кумитаи мазкур иштирок намуданд.
Дар идома ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 шунида шуда, аз ҷониби аъзоён мавриди музокира қарор дода шуд. Инчунин ҳисоботи ироа гардидаро аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қаноатбахш ҳисобиданд.
Боиси хушнудист, ки дар чорабинӣ номзадии президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардид.
