(Бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқад дасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Чанд сухан аз боби таърихи ҳифзи сарҳадот. Низомулмулк менависад, ки дар давлату давлатдорӣ ва низоми марзбонӣ ба Сомониён дигар давлатҳо баробар набуданд. Онҳо ҳоло дар замони ҳокими Самарқанд таъин гаштани Нӯҳ ибни Асад (818-842) ба устуворкунии марзҳои давлаташон кӯшиш намуда буданд. Ба ин аввалин юриши Нӯҳ ба Шарқ (с. 825) мисол шуда метавонад. Вай барои аз туркони бодиянишин паноҳ нигоҳ доштани сарҳадҳои шарқии мулки Сомон мубориза намуда, дар дарвозаи Қашғар аввалин боҷхонаи гумрукиро таъсис дода буд [4, c.119].
Ибни Ҳавқал ва Истахрӣ менависанд, ки дар марзбонӣ Сомониён ҳамто надоштанд. Сипоҳиёни онҳо дар Хуросону Мовароунаҳр посбониро хеле хуб ба роҳ монда, намегузоштанд, ки қабилаҳои туркии ғузу оғуз (туркони бодиянишин) марзшиканӣ намуда, аспону подаи гову уштур, рамаҳои бузу гӯсфанд ва молу мулки мардуми таҳҷойиро рабоянд ё ба яғмо баранд.Пеши роҳи ин қабилаҳоро Сомониён бастанд, ба хусус Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ дошт. Ӯ баъди реҳлати волидайн (соли 864) ҳокими Фарғона таъин шуд ва дар ин мулк таҷрибаи кофии марзбониро аз бар намуд. Дар ин ҷо борҳо бо туркони ғоратгар мушт ба гиребон шуду, дар охир овозадор гашт. Ин буд, ки соли 874 бухориён аз бародари бузурги вай Абӯнаср ибни Аҳмади Сомонӣ (864-892) талаб намуданд, ки Исмоилро волии Бухоро таъин намояд ва ӯ пеши роҳи марзшикании турконро бигирад.
Олими машҳури шарқшиноси рус В.В. Бартолд дар асари калонҳаҷми сарчашмавии хеш «Туркистон» оид ба саҳми Сомониён дар мустаҳкам намудани марзу буми Осиёи Миёна бештар нақл мекунад. Ӯ менависад, ки дар замони Сомониён Фарғона аз дигар манотиқи сарҳадӣ бо шаҳрҳои калони хеш Ӯш ва Ӯзканд (Узген) фарқ мекард. Ин шаҳрҳо мулки сарҳадии Сомониён бо туркон ба шумор мерафтанд, ки аз тарафи сарҳадбонони онҳо сахт муҳофизат карда мешуд[3].
Аз ин ҳақиқат «Ҳудуд-ул-олам» низ хабар медиҳад: «Ӯш ҷое ободон аст ва бисёрнеъмат ва мардумоне ҷангӣ ва ба барокӯҳ ниҳодааст. Ва бар ин кӯҳ посбон аст ва дидабон аст, ки кофири туркро нигоҳ доранд»[9, c.66].
Олими машҳур ва сайёҳи араб Аҳмади Фазлон чун котиби сафорати халифа Муқтадир (908-932) солҳои 921-922 ба кишвари Сомониён сафар карда, дар бораи давлату давлатдории Сомониён, марзи мулкҳои онҳо нақлҳои ҷолиб намуда, менависад, ки марзи мулки Сомон дар шимолу ғарб то ба кӯҳҳои Урал мерасид. «Вақте, ки мо ба мулки Булғор сафарамонро идома додем, марзбонони Сомонӣ моро роҳбаладӣ намуданд...Сарҳади мулки Сомон хеле васеъ ва фаррох буд. Он аз шимол аз мулки Ҳафтруд ибтидо гирифта, дар ҷануб то ба соҳилҳои халиҷи Форс мерасид. Дар ғарб аз мулки Рай доман паҳн карда, дар Шарқ то ба мулки Хутан пайваста буд. Дар ҳамаи ин ҷойҳо Сомониён марзбонӣ мекарданд ва тартиби ба кишварашон ворид шудан ва хориҷ гаштани ашхоси бегонаро назорат мебурданд ва барои мусофирон дар шаҳру деҳоти сарҳадӣ шароитҳои қулайи зиндагиро муҳайё карда буданд» [2].
Ҳифзи сарҳадоти давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбон буд. Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набудани ҳимояи сарҳади давлатӣ ба шумор мерафт. Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ даъват ва баргузор гардид. Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз 18 декабри соли 1992 дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як бригадаи махсуси сарҳадӣ ташкил шуда, 28 декабри ҳамон сол бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ ин бригада ба Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ табдил дода шуд. Минбаъд ҷиҳати пешгирӣ кардани убури гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир тавассути хатти сарҳади давлатӣ зарурат ба миён омад, ки 28-уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуд ва ин санаи таърихӣ Рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.
Яъне Қӯшунҳои сарҳадӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи ниҳоят ҳассос ва мушкили таърихи кишварамон, яъне дар замоне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, таъсис дода шуданд. Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ки дар кишвар, хусусан, солҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ вуҷуд доштанд, Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани шароити инфрасохторӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Ҳоло бо гузашти солҳо Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ҳукумати мамлакат барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, аз ҷумла барои сохторҳои марзбон эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Тайи даҳ соли охир 1200 нафар ҷавонон Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ва 600 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.Ҳоло дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони мо, яъне мутахассисони сарҳадбони оянда таҳсил доранд.
Ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардиданд, ки дар маҷмӯъ, барои зиёда аз 4000 нафар сарбозону афсарон бо шароити замонавӣ ба истифода дода шуданд. Маркази таълимии нерӯҳои марзбонии “Пойтахт” ба истифода дода шуд, ки дар он шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имкониятҳои зарурии муосир муҳайё карда шудаанд.
Маҳз бо талошу кӯшиш ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз як бригадаи аз лиҳози техникӣ ва ҳолати моддию маишӣ нокифоя, имрӯз ба як ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, масъулияти ҳифзи сарҳад ва ҳимояи сокинони мамлакатро аз таҳдидҳои беруна бар дӯш доранд.
Асосҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро 1 марти соли 2005 таҳти № 82 қабул намуд. Мутобиқи моддаи 7 -уми ин Қонун «Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд»[1].
Дарозии умумии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4187,6 км-ро ташкил медиҳад (2898,6 км - хушкӣ, 1289,3 км - обӣ). Дар сарҳади давлатии Тоҷикистон 34 гузаргоҳҳои сарҳадӣ амал мекунанд, ки аз онҳо 24 – автомобилгард, 5 – авиатсионӣ, 4 – роҳи оҳан ва 1 – обӣ мебошанд.
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 1374,2 км-ро ташкил мекунад, ки аз он 1184,4 км – обӣ ва 189,8 км – хушкӣ мебошад. Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳалли худро ёфтааст. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Созишномаҳо байни Иттиҳодӣ Шӯравӣ ва Афғонистон аз 13.06.1946 ва 16.06.1981;
- Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз 22.12.1993;
- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ аз 27.04.2005;
- Протокол аз 21.10.2013 оид ба ворид кардани тағйиру илова ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ аз 27.04.2005.
Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 7 гузаргоҳи байналмилалии сарҳадӣ қарор дорад[5].
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 494,4 км-ро ташкил карда, аз ҳудуди қаторкӯҳҳои Помир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад. Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ҳалли худро ёфтааст. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сарҳади давлатӣ аз 13.08.1999 ва аз 17.05.2002;
- Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 27.04.2010;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатӣ аз 05.06.2012;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ ва реҷаи кори онҳо аз 29.12.2011.
Дар сарҳади Тоҷикистону Чин як гузаргоҳи сарҳадии Кулма, гузаргоҳи автомобилгард дар ноҳияи Мурғоб, ВМКБ қарор дорад [6].
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тахминан 987 км-ро ташкил мекунад. Раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ аз 13 марти соли 2025;
- Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар аз 31.03.2025;
- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се давлат аз 05.07.2000;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба гузаргоҳҳо ба воситаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз 06.05.1998.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад [7].
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 км-ро ташкил медиҳад, ки аз он 105 км – обӣ ва 1227,9 км – хушкӣ мебошад. Масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳалли худро ёфтааст. Раванди демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир расид. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Аҳдномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сарҳади давлатӣ аз 05.10.2002 ва аз 09.03.2018;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12.02.2002.
Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад [8].
Ҳамин тавр, марзи давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ буда, ҳимояи он рамзи нангу номуси ватандорӣ ва шаъну шарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд. Дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи мавҷудияти Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир 150 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои марзбон ҷони худро қурбон кардаанд.Мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳамеша гиромӣ хоҳанд дошт.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи генералҳо, афсарон ва сарбозони марзбонро, ки дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доранд, бо 31-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари мо буда, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон хидмат мекунанд, табрику муборакбод намуда, ба онҳо ҳамеша саломатӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, сатҳи баланди касбият ва донишу маҳорат дар фаъолияти ҳаррӯзаашон таманно дорем.
Саидумар Раҷабов – полковники мустаъфии КДАМ ҶТ, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Адабиёт:
1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014, № 11, мод. 657; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1287; аз 17.05.2018 с., № 1524
2. Ахмед ибн Фадлан. Книга о его путешествии на Волгу в 921-922 гг.// [Электронный ресурс]. Порядок доступа: http:// www.vostlit. info/Texts/ rus16/Fadlan/text.phtml?id=6123 (Санаи руҷуъ 20.05.2025)
3. Бартольд В.В. Сочинения. Т. I-IX. - М.: 1963-1977.
4. Низомулмулк. Сиёсатнома. – Душанбе: «Шарқи озод», 1998. – С.119
5. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/149/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-islomii-afgoniston(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
6. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/150/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-khalqii-khitoi(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
7. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/151/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-qirgiziston(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
8. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/152/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-uzbekiston(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
9. Ҳудуд-ул-олам. - Душанбе: «Бухоро», 2014. – С.66