Сиёсати хориҷӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ буда, нақши ҳалкунанда дар таъмини амният, субот ва рушди устувори ҳар як кишвар мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи геосиёсӣ ва равандҳои чаҳонӣ ташаккул додааст. Дар ин раванд Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун хуҷҷати муҳими сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишваро муайян менамояд.
Дар Паёмҳои худ Пешвои миллат сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуда, ҳадафи асосии онро ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад.
Асосҳо ва принсипҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Дар Паёми Пешвои миллат таъқид мегардад, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои умумиэтирофшудаи ҳуқуқи байналмилали амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо, тамомияти арзӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвар, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва ҳамкории судманд аз муҳимтарин асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта,бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориро рушд медиҳад. Пешвои миллат борҳо таъқид намудаанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии худро ба муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо равона намесозад ва ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ. Яке аз масълаҳои калидие, ки дар Паёми Пешвои миллат ҷойгоҳи муҳим дорад, таъмини амнияти миллӣ тавассути сиёсати хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон бо назардошти вазъи муракаби геосиёсии минтақа ба таҳкими хамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Паём таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар таҳкими амният ва суботи минтақавию ҷаҳонӣ мегузорад.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя. Самти афзалятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Точикистон рушди муносибатҳои дӯстона ва некуҳамсоягӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми Пешвои миллат зикр мегардад, ки солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ боз ҳам бештар таҳким ёфтааст. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва савдо, инчунин равобити фарҳангию гуманитарӣ аз натиҷаҳои муҳими сиёсати хориҷии мутавозини Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ин раванд на танҳо ба манфиати кишварҳои минтақа, балки ба таъмини сулҳу суботи пойдор дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат мекунад.
Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфтааст, сиёсати сулхҷӯёна, мутавозин ва ояндабин мебошад. Ин сиёсат ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими амният, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувор равона шудааст. Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва пешбурди сиёсати хориҷии кишвар ниҳоят бузург буда, маҳз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти давлат аст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва соҳибэҳтиром гардидааст.
Сомон Ғоибназарзода, ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

