Ҳамкорӣ бо СММ барои кишвари мо авлавият буда, пешниҳодоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳаллу фасли муқовимати шаҳрвандӣ аз тариқи гуфтушунид ва ғайра, ки аз минбари он иброз шуда буд, мавриди ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дар навбати худ, СММ ба фаъолият ва масъалагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ба кишвари мо таваҷҷуҳи хоса дорад.
Кишвари мо тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рўзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об қатънома қабул намуд. Ибтикори мазкур боис гардид, ки кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангу забон гуногун ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои марбут ба об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳанд. Маҳз ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи об ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб дохил гардид. Муҳим он аст, ки ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби Роҳбари кишваре зоҳир гардид, ки собиқаи начандон тӯлонии узвият дар СММ-ро дорад. Ибтикори дар робита ба масоили об амалигардида хеле зиёд буда, бо овардани қисме аз онҳо таваҷҷуҳ менамоем.
Ин раванд 1-уми октябри соли 1999 аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2003 «Соли оби тоза» шурӯъ гардид. Дар заминаи ташаббуси мавриди назар 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуд. Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза низ марбут ба ин ташаббус аст.
Ифтихормандем, ки ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – «Соли оби тоза» аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфта, дар Форуми байналмилалии оби тоза намояндагони 53 кишвар, 91 созмони байналмилалӣ, 40 созмони ғайридавлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ширкат варзиданд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар доираи форуми мазкур 18 чорабинии пурмуҳтаво ва пураҳамият баргузор гардида, мушкилоти марбут ба об мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон кардани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Вобаста ба он 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» эълон кард.
Ташаббуси дигари Пешвои миллат эълон кардани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» мебошад. Муҳиму саривақтӣ будани ин пешниҳод низ боис гардид, ки соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бо истинод ба Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро таҷлил намуд. 11-уми феврали соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор гардидани маросими оғози «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» шаҳодати шукӯҳу шаҳомат ва моҳияти ин ташаббус мебошад.
Роҳбари давлат ба дастовардҳои дар ин самт ноилгардида иктифо накарда, ташаббускориро вобаста ба масоили об тавсеа бахшиданд. Дар ҳоле, ки роҳбарони дигар кишварҳо ба манфиатҳои давлатӣ, қавмӣ ва гурӯҳӣ таваҷҷуҳ доранд, Роҳбари мамлакати мо пайи ҳалли мушкилоти сайёра камари ҳиммат бастанд. Мунтазам ва бо далелҳои асоснок ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ гардида, биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табии вобаста ба об ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирандешии бетаъхирро тақозо мекунанд.
Ташаббуси навбатиашон эълон кардани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор» низ аз дилсӯзиву дурандешиашон маншаъ гирифтааст. Бо назардошти моҳият ин ташаббус низ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфта, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ дар ин бобат қатъномаи зидахлро қабул кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Президенти мамлакат бори аввал 12-уми апрели соли 2015 дар Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.
Ташаббускории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт боис гардид, ки шаҳри Душанбе маркази баргузории ҳамоишҳои бошукӯҳи байналмилалӣ гардида, кишвари азизи мо дар сархати расонаҳои бонуфузи ҷаҳон қарор гирад.
Бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) 22-юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии сатҳи баланд доир гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускори масоили об суханронӣ намуданд.
Илова ба ибтикори зикршуда, Пешвои миллат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар низоми қонунгузории мамлакат низ ислоҳоти ҳуқуқӣ гузарониданд. Мавриди амал қарор гирифтани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», «Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» ва «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» самараи ислоҳоти мазкур мебошанд.
14-уми декабри соли 2022 рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки бори дигар дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хос ва мақому манзалати бениҳоят баланд доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит кард. Манзур бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат вобаста ба масоили об мебошад. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо пуштибонии 153 кишвари аъзои СММ қабул кард.
Вобаста ба ин, 21-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сислсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, чорабинии «Об ва Наврӯз-ду сарчашмаи ҳаёти башар», Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», чорабиниҳои канорӣ бо номи «Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об» ва «Харитаи роҳ барои соли 2025: «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» доир гардиданд.
Дар онҳо Подшоҳи Нидерланд, Президенти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ироқ, Президенти Ботсвана, Президенти Либерия, Президенти Словения, Сарвазири Тувалу, Сарвазири Намибия, Сарвазири Мали, муовинони сарвазирони Барбадос, Куба, Конго, Монтенегро, Эфиопия, Ветнам, 110 ҳайати расмии кишварҳои узви СММ бо роҳбарии вазирон, масъулини 100 созмони минтақавию байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳо бо созмони бонуфуз қаноатмандӣ карда, аз ҷумла гуфтанд: «Мо қарорхои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 - «Соли байналмилалии ҳамкорй дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор солҳои 2018-2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо», Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳоро дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳим медонем».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи хама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид карданд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хуби дарк намоем. Бори дигар хотиррасон гардид “Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолй, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад. Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳо зарур мебошад”.
Ба шарофати ташаббусҳои Роҳбари мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли сайёра мутмаин шуданд, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошанд, то дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рўзномаи баъдинаи ҷаҳонй мусоидат кунанд.
Дар маҷмӯъ, баргузории конфронси зикршуда, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад ва ҷомеаи ҷаҳон минбаъд бо неруи нав иқдомҳои муштаракро дар соҳаи об амалӣ хоҳанд кард.
Нурафшон БОЗОРОВА - Докторант PhD- и бахши 3-юми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ