Skip to main content
Ҳиндустон кишвари афсонавиест, ки дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ аҷоиботу аломатҳои шӯрангези хосаи худашро дорад. Ин кишвар дорои ҷашну маросимҳои гуногун мебошад. Яке аз сабабҳои асосии он серзабонӣ ва серқавмии нимҷазираи Ҳинд ба шумор меравад. Чун миқдори қавму миллатҳо беш аз 800 ададро ташкил медиҳад, албатта, дар нигоҳ ба зиндагӣ ва тарзу таъомули рӯзгордорӣ тафовути амиқ ба чашм мехӯрад.

Дар фасли баҳор, ки зиндашавии табиат бо он алоқамандии зич дорад, миёни мардуми Ҳиндустон маросимҳо, ҷашнҳо ва тантанаҳои зиёде баргузор карда мешавад. Яке аз нахустин танатнаи мардумӣ ин ҷашни машҳури Ҳолӣ маҳсуб мешавад, ки онро ҷашни рангҳо низ меноманд. Ҳолӣ рамзи бедории табиат, рамзи ҳазлу шӯхиҳо ва шодиву нишоти мардуми одии ин кишвар мебошад.

Ҷашни дигаре, ки дар Ҳиндустон мақоми расмӣ дорад ва ба қатори ҷашнҳои мардумии Ҳиндустон ворид карда шудааст, ин Наврӯз мебошад. Наврӯз дар рӯйхати ҷашнҳои расмии мардумии ин кишвар дар мақоми ҳафтум ҷой дорад.

Пас аз он ки ҳукуматдорони араб ба истилои сарзамини мардуми эронитабор оғоз намуданд, пеш аз ҳама онҳо аз пайи таъқиб ва аз байн бурдани дини зардуштӣ ва расму ойинҳои мардуми эронитабор оғоз карданд. Намояндагони оини зардуштӣ оҳиста-оҳиста танг карда мешуданд ва арабҳо ба он муваффақ гаштанд, ки охирин тарафдорони ин оинро аз сарзамини бобоиашон бадарға кунанд. Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки зардуштиён ба қисмати кӯҳистонии эронзамин паноҳ бурданд, вале дар охири асри Х онҳо маҷбур мешаванд, ки мамлакати худро тарк карда, рӯ ба Ҳиндустон оваранд.

Онҳо дар соҳили баҳри Араб, яъне дар замини афсонавии Ҳиндустон шаҳреро бо номи Санҷан бунёд мекунанд ва бо мардуми маҳаллӣ унс мегиранд ва аз пайи оғози зиндагии тоза дар ғарибӣмепардозанд. Порсҳоро мардуми гуҷаратӣ парсис мегуфтанд. Дар баробари омӯхтани расму русуми мардуми гуҷаратӣ порсҳо тамоми урфу одати мардуми хешро нигоҳ медоштанд.

Солҳо сипарӣ мешаванду сарватмандони порснажоди шаҳрҳои Сурат, Мумбай, Ванкаиер, Варнав, Анклесар, Броҷ, Навсарӣ ва ғайра дар ривоҷу равнақи порсҳо саҳми беандоза мегузоранд. Порсҳо дар ҷомеаи Ҳинд мақоми хосаи худро пайдо мекунанд. Дар соҳаи саноат, илм, фарҳанг ва сиёсат ба таври фавқуллода густариш меёбанд.

Дар баробари ин порсҳо дину оин ва расму русуми аҷдодиашонро нигоҳ дошта, муъбадони зардуштӣ на танҳо тавонистанд, ки назарияи фалсафии дини зардуштиро нигоҳ доранд, балки хазинаи бойи мероси мардуми эронзаминро бо худ ба ирс бурданд.

Масалан, муъбадони зардуштӣ дар шаҳри Сурати иолоти Гуҷарати Ҳиндустон оташкадаи ҳамешафурӯзони «Оташи Баҳром» - ро бино карданд. Оташи Баҳром рамзи оташпарастии зардуштиёни олам буда, макони ниёиш, парастиш ва дарёфти осоиши кулли ин ойин мебошад.

Дар баробари ин ҷашни куҳантарини мардумии ниёгони мо, яъне Наврӯз дар Ҳиндустон бо тамоми рукнҳое, ки ҳазорсолаҳо пеш падид омада буданд, пазироӣ ва нигаҳдорӣ шудааст. Ин ҳама аз кӯшишҳо ва дӯстдориҳои порсиёни Ҳинд ба асолати мардуми эронитабор ба шумор меравад.

Наврӯз дар Ҳинд бо тамоми шириниҳояш пазируфта мешавад. Ҳукуматдорони ин кишвар ба ин ҷашни воқеан мардумӣ, ҷашни оғози зиндагӣ ва бедоршавии ҳамаи мавҷудот арзи эҳтиром мегузоранд.

Наврӯзи ҷамшедиро порсиён ба Ҳинд оварданд ва муҳимтар аз ҳама онро бо тамоми таровишҳои қадимиаш нигоҳ дошта тавонистанд. Наврӯз мувофиқи тақвими зардуштии форси бостон ба 21 март рост меояд. Ин ҷо бояд гуфт, ки мувофиқи тақвими Шоҳаншоҳӣ ва ё қадими солшумории қамарии эронӣ ду шакли таҷлили Соли нав мавҷуд аст. Ва ин ду шакли таҷлилро танҳо зардуштиёни Ҳинд маҳфуз доштаанд ва дар соири кишварҳои аҳли эронзамин танҳо як шакли он боқӣ мондааст. Яке аз ин маросими ҷашни соли нав бо Наврӯзи Ҷамшедӣ ёд мешавад, ки чун анъана 21 март истиқбол карда мешавад ва дувум бо номи Патетӣ машҳур аст, ки порсиёни Ҳиндустон онро ҳамасола 17 август бошукӯҳ пешвоз мегиранд.

Мардум Наврӯзро бо тоза кардани чангу ғубор ва тамоман аз байн бурдани ганду ғализ пешвоз мегиранд. Атрофро бо дастагулҳову атру амбар хушбӯ мекунанд. Аз хӯрданиҳо хони наврӯзӣ меороянд, ки будани ҳафт шин ва ё ҳафт син аз рамзҳои муҳими ҷашни Наврӯз мебошад: шароб, шакар, шир, шарбати норинҷ, ширин беренҷор (қанди ширин), шагуфта (ғунча), шаҳд ва бо ҳарфи «с» суману (суманак), сенҷед (санҷид), сирко, себ, сир ва сумоқ (сумоғ). Инчунин, дар хони наврӯзӣ сумбул, сикка, меваи хушк, оина, тухмҳои ранга, тутмавиз, гулоб ва китоби муқаддаси Авасто ҷойи хоса доранд. Порсиён будани ҳафт «шин ва ё син» - ро бо зиндагӣ, саломатӣ, давлат, фаровонӣ, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва тозагӣ алоқаманд медонанд. Ин ҳафт унсурро бо гардиши ҳафт сайёра дар пайвастагӣ ташреҳ медиҳанд: Зӯхра, Зуҳал, Миррих, Муштарӣ, Уторид, Замин ва Моҳ.

Порсҳо Наврӯзро берун аз хонаашон пешвоз мегиранд. Бо ҳам гирд меоянд, гулхан мегиронанду оташи Баҳромро дубора машъалафрӯз мекунанд. Хурсандӣ мекунанд, оташпарак ва оташбозӣ меороянд, то гуноҳҳояшон шуста гардад.

Дар хона дастархони наврӯзӣ онҳоро интизор мешавад. Дар қатори хӯрокаҳои наврӯзӣ порсҳо сали ботӣ (ғизои гӯштиву картошагӣ), чикен фарчас (аз гӯшти мурғ), патрани маччӣ (мурғи дар буғпухташуда), палови гӯштӣ ва нахӯдӣ ва хӯришҳои болаззату тунду тезро ба рӯйи хон мегузоранд.

Порсҳо меҳмонони наврӯзиро дар хона бо гулобпошӣ ва биринҷрезӣ пешвоз мегиранд. Чун анъана баробари воридшавӣ ба пешонии меҳмон холи ҳиндӣ мезананд. Холи ҳиндӣ аз ойин дини ҳиндуист, вале бо мурури замон ба ҷашни наврӯзӣ ҷамшедӣ дохил гаштааст. Дар субҳонаи ҷашни наврӯзӣ ба ҳозирин сев дода мешавад. Сев ин хӯрокест, ки аз макарони дар равған пухташуда ва махлутшуда бо хушкмеваҳои фаровон омода кард мешавад. Пас аз хӯроки субҳона аҳли нишаст ба оташманора мераванд ва ба маросими ниёиши яздон мепардозанд. Оташафрӯзии наврӯзӣ бо чӯби сандал ба амал бароварда мешавад. Пас аз иҷрои маросими дуогӯӣ мардум ҳамдигарро «Соли нав муборак!» гӯён бо наврӯз муборакбод мекунанд.

Мо низ дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз қарор дорем ва мардуми Ҳиндустон барои ҷашни Наврӯз омодагирӣ мекунанд, ки баҳори навро бо падидаҳои тоза, бо хушиҳои нав ба нав пешвоз гиранд. Бо умеди баҳорони зиёд, бо умеди Наврӯзҳои Ҷамшедӣ ба ҳама ҳамватанон азизам умри ҷамшедӣ, шодиву сурури кайфиятбахш ва масаррати зиндагиро хоҳонам. Наврӯз муборак, эй ҳамватан!

Баротиён Шаҳноз, докторант(PhD) – и Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ