Skip to main content

Ҳамасола 11-уми март дар ватани азизамон - Тоҷикистон Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо - кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба Шумо саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ таманно менамоям.

Дар шароити муосир дар рӯзгори мо нақши воситаҳои ахбори омма торафт меафзояд. Зеро расонаҳо оинаи зиндагӣ буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад. Ҳамин андешаро дар нисбати матбуоти тоҷик метавон баён кард. Таърихи матбуоти тоҷик моломоли талошҳои созандаву пуршараф аст. Матбуоти тоҷик низ дар таърихи 113-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ новобаста аз сиёсати замон содиқ будаву ҳаст. Чароғеро, ки дар он рӯзгор ташаббускорони нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» афрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдодони мо буд. Ин нашрия камтар аз 10 моҳ умр дид, аммо роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хизмат хоҳад кард. Имрӯз «Бухорои шариф» барои аҳли қалами расонаҳои тоҷикӣ нахустин сабақи омӯзиши маҳорат ва касбият буда, дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифати замонӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рушноибахш ва мактаби ибрат боқӣ мондааст.

Дар ин муддат матбуоти тоҷик анъанаҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки барои ҳар насли нави рӯзноманигорон сабақи ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, созандагӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу башарӣ медиҳанд. Бахусус, бо шарофати истиқлолияти комили сиёсии Ватани азизамон – Тоҷикистон ин сабақҳо амри зарур шудаанд. Дар Ватани азизамон барои фаъолияти густурдаи матбуот ва умуман воситаҳои ахбори омма фазои созгоре муҳайё гардидааст. Чун бо қабули Конститутсия мо бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро мақсади худ қарор додем, аввалин иқдоми роҳбарияти давлати тозаистиқлоли мо фароҳам сохтани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буд. Дар ин росто даҳҳо асноди ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарору қонунҳо, амру фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд. Қабули ин аснод, пеш аз ҳама, ба иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад. Имрӯз дар фазои иттилоотии мо расонаҳои моликият ва самташон гуногун фаъолият доранд, самараи иродаи Пешвои муаззами миллатамон мебошанд. Дар суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид гардид, ки «Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».

Маҳз истиқлолият имкон дод, ки мо ҷашни касбии рӯзноманигоронро дар рӯзи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил намоем. Ин ҷашн пос доштани рӯҳи дастандаркорони «Бухорои шариф», арҷ гузоштан ба талошҳои собиқадорони матбуот ва эҳтиром кардани меҳнати имрӯзиёнро ифода мекунад. Ин ҷашнест, ки аҳли қалам – рӯзноманигоронро дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбиашон ба ҳам меорад. Ин ҷашн танҳо ба рӯзноманигорон марбут нест, балки ба ҳамаи мардум тааллуқ дорад. Зеро расонаҳо барои мардум вуҷуд доранду мардум дар расонаҳо худ ва рӯзгори худро мебинанд.

Боварӣ дорам, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пешрафти сиёсати илмии кишвар ва муаррифии он тариқи васоити ахбори омма саҳми арзишманди хешро мегузоранд. Зеро соҳаи илм дар баробари дигар соҳаҳо дар рушду пешрафти соҳаҳои афзалиятноки кишвар нақши муҳимро касб мекунад. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм равона гардидааст. Ва моро зарур аст, ки дар рушду пешрафти ин соҳа талош намуда, барои муаррифии илми ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар саҳмгузор бошем.

Бори дигар ба тамоми рӯзноманигорон Рӯзи матбуоти тоҷикро табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти эҷодияшон барору муваффақиятро таманно менамоям!