Skip to main content

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон ҳамагон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа, Иди байналмилалии Наврӯз ва Соли нави аҷдодиамонро бо хушнудиву шодмонӣ таҷлил менамоянд.

Дар робита ба ин, бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни бостониву ҳамешаҷавон-Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба Шумо тандурустӣ, саодати рӯзгор, илҳому неруи тозаи корӣ ва дар фаъолияти ҷамъиятию шахсиатон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҳамасола дар айёми баҳори нозанин таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз шукуҳу шаҳомати хосса дошта, мардумро ба дӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ниёгон, меҳнату заҳмати асил ҳидоят менамояд. Густурдани дастархони идона, ки имрӯз аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ сурат гирифтааст, яке аз суннатҳои муҳимми наврӯзӣ мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Вобаста ба ин, дар бораи моҳияти ин ҷашни бузург Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки “Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаи имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарсатӣ инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад”.

Дар воқеъ, тоҷикон ҳамчун мардуми ориёӣ, дар масири таърихи зиёда аз шаш ҳазорсолаи худ Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд, ки он далели куҳанбунёд будани мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолор будани тоҷикон, омили пояндагии миллати сарбаланди мо дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ мебошад.

Яке аз нуктаҳои муҳимтарин дар таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар он аст, ки мазмуну муҳтавои дар он мавҷуда ба хеҷ як дину мазҳаб марбут набуда, меҳвари онро эҳтиром ба мардум, шинохти вақт, бузургдошти табиат ва арҷгузорӣ ба неъматҳои моддӣ ташкил медиҳад. Маҳз дарки ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа бевосита мусоидат менамоянд.

Дар ин замина, мехоҳам як нуктаи муҳимро қайд намоям, ки маҳз бо шарофати айёми Наврӯз ва файзу баракати он, ки 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ҳамасола дар дунё он ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ таҷлил мегардад. Ҳикмати Наврӯз ва табиати башардӯстонаи он аст, ки ин ду рӯз бо ҳам якҷоя ҷашн гирифта шуда, моҳияти онҳо бақои инсоният ва таҳкими ваҳдат миёни башарият мебошанд.

Бо умеди он, ки Наврӯзи имсола боиси фатҳу кушоишҳои нав барои мардуми Тоҷикистон хоҳад гардид, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, комёбӣ, бахту саодат ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоем.