Skip to main content

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамватанони азизамро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо рӯзгори ободу иқболи нек орзу менамоям.

Соли 2025 воқеан ҳам зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид. Дар соли сипаригашта таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, варзишиву техникӣ дастовардҳои беназир ба даст омадаанд.

Воқеан ҳам соли сипаригашта барои олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли хотирмон буд. Дар тамоми самтҳои фаъолияти илмю таҳқиқотӣ дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Дар давоми се моҳи соли 2024 дар заминаи институтҳои физикаю техника, ботаника, зоология се озмоишгоҳи наву замонавӣ бо технологияҳои мосир муҷаҳаз гардонида шуданд. Инчунин, дар заминаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боварии комил дорам, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин, мардуми шарифи кишвари азизам-Тоҷикистон дар соли нави мелодии 2025 дар пешбурд ва амалисозии сиёсати илмпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол аз пештара бештар пешраву пешсаф гардида, таъкиди зерини Пешвои миллатро сармашқи кори худ қорор медиҳанд: «…Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонад. Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».

Бигзор, соли нави 2025 дар роҳи фардои зиндагиямон саодати абадӣ, корнамоиҳои шуҳратманд, дастовардҳои эҷодӣ ва ибтикороти шоёнро паём оварад!

Соли нави мелодӣ муборак!