Skip to main content

Бонувони саодатманди кишвар!

Модарону хоҳарони азиз!

Бо камоли эҳтирому сарфарозӣ ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукуҳу шаҳомати хоса ва арҷгузории беандоза нисбат ба Зан - Модар ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатию хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайзро таманно дорам.

Воқеан, Зан - Модар чун баҳори оламафрӯз бо нуру тароват ва муҳаббати самимӣ ба рӯзгори ҳар хонадон фурӯғу сафо мебахшад.

Зан - Модар чароғи зиндагист, зеро ҳастии худро барои адои рисолати бузурги инсонӣ - офараниши ҳаёти башар, пайванди наслҳо ва рушду камоли фарзанд равона месозад.

Қобили зикр аст, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба бонувону занон дар меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мо қарор гирифта, масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми занону бонувон зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат қарор дорад.

Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти мақому манзалати занон дар кишвар 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ғайрикорӣ эълон гардида, дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегардад.

Мавриди зикри хос аст, ки модарони тоҷик дар ҳама давру замон фарзандони бонангу номус, ҷасуру шуҷоъ, оқилу хирадманд, содиқу фидокор ва номбардори асили миллатро ба дунё овардаанд, онҳоро дар оғӯши гарму нарм ва саршор аз меҳр ба камол расонида, барои хизмати шоиста ба халқу Ватан ҳидоят менамоянд.

Бори дигар, дар остонаи фасли зебои эҳёи табиат ва баҳори эъҷозкор ҳамаи модарону бонувон ва хоҳарони азизро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи ободу осуда, бахту саодат ва зиндагии хушу гуворо таманно дорам.

Ҷашн муборак, бонувони арҷманд!