Skip to main content

06 январи соли равон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса равона гардид. Гуфта шуд, ки мо бояд базаи техникии муассисаҳои илмиро мустаҳкам намуда, барои олимону кормандон ва хусусан муҳаққиқони ҷавон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварем.

Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пайванди илм бо истеҳсолот ин таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техинкаву технологияҳои муосир дар пояи муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт шурӯъ аз моҳи апрели соли 2024 то инҷониб дар пояи Институтҳои физикаю техника, ботаника, зоология озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷаҳаз бо асбобу технологияиҳои ҳозиразамон таъсис дода шудаанд. Ҳамзамон санаи 29 октябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар дохили он 16 озмоишгоҳ бо технологияҳои муосир муҷаҳаз гардонида шуданд.

Инчунин, имрӯз дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пояи Институти химия озмоишгоҳи наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.