Skip to main content

Тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвари мо марҳалаи ташаккул ва мавқегирӣ дар ҷомеаи ҷаҳониро сипарӣ намуда, дар давраи боз ҳам устувор намудани обрӯ ва нуфузи байналмилалии хеш қарор дорад. Таҳия ва амалӣ намудани сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имконияти ҳамкории самаранок ва мутақобилан судмандро бо давлатҳои пешбар, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ фароҳам меорад, далели ин гуфтаҳост.

Сиёсати хориҷӣ омили асосии рушди бомуваффақияти ҳар давлат маҳсуб меёбад. «Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат, тавре ки зикр шуд, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори гуногунарсаи кишвар, инкишофи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳалли вазифаҳое иборат бошанд, ки онҳоро афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон муайян мекунанд».

Дар марҳалаи муосир дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани робитаи ҳасанаи наздик ва собит ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба хотири эҷоди камарбанди боварӣ ва амниятӣ дар тӯли марзҳои кишвар ва таъмини сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз авлавиятҳо ба шумор меравад. Аз ҷумла, ҳамкориидуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар марҳалаи соҳибистиқлолӣ аз 14 январи соли1993 бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ оғоз гардида, имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз 100 санадро дар бар гирифта, самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат дар арсаи байналмилалӣ муайян шудаанд. Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар онҳо приниспҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муайян шудаанд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.

Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон 12 марти соли 2025 дар ҳамкории ду кишвари ба ҳам дӯст саҳифаи тамоман нав боз кард. Ҳамзамон, 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин барои барқарор ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои навини байнидавлатии ду кишвар хосанд, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Пеш аз ҳама, имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дигар санадҳои дуҷониба қабул шуданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳоро комилтар мекунанд.

Дар гуфтушунидҳо мо афзалиятҳои ҳамкории муштаракро дар ояндаи наздик муайян карда, бар аҳамияти идомаи муколамаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд таъкид намудем.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодии шарикии мо нигаронида шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин самт имконоти бузург доранд.

Бо дарназардошти ин, мо аҳамияти фаъолтар намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро таъкид намудем ва ба мувофиқа расидем, ки онро ба Шӯрои байниҳукуматӣ табдил дода, ҳамраисони Шӯроро дар сатҳи сарвазирон таъин менамоем.

Мо бар аҳамияти истифодаи мутақобилан судманд аз имконоти транзитӣ-нақлиётии ҳамдигар бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар ва дар маҷмуъ минтақа таъкид намудем. Дар рафти гуфтушунид мо ба робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш андешаҳои худро баён намудем. Дар ин самт барои таҳкими ҳамоҳангии кори хадамоти махсус ва дигар идораҳои дахлдор ба мувофиқа расидем. Кишварҳои мо таҷрибаи дастгирии ташаббусҳои ҳамдигарро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд. Дар маҷмӯъ натиҷаҳои гуфтушунидҳои имрӯза ба мо имкон медиҳанд, ки ба рушди муносибатҳои кишварҳоямон бо назари нек нигарем».

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба дурнамои рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон батафсил баррасӣ шуд.

Инчунин, ба масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар рафти гуфтушунидҳо сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад.

Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин имконоти бузурги ҳамкории байниминтақавиро дар комплекси агросаноатӣ таъкид гардид. Густариши муносибатҳо дар бахши ояндадори саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама КАСА-1000, истифодаи захираҳои об, рушди робитаҳои нақлиёту коммуникатсия, истифодаи мутақобилан судманди имконоти транзитӣ ва нақлиётӣ аз масъалаҳои муҳими музокироти сатҳи олии ду кишвар буд.

Маврид ба зикр аст, ки роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода, ҳамкориҳои сиёсии байни ду кишвар дар Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории зич дошта, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд. Ин аст, ки соли 2018 Ҷумҳурии Қирғизистон дар радифи 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», пешниҳод шуда буд, дастгирӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Табиат марзро намешиносад: ҳамкории фаромарзӣ — омили калидии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии зистӣ», ки бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ҷонибдорӣ намуд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар асоси он мардумони тоҷику қирғиз аз қадимулайём мезистанд, минбаъд низ ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат менамояд. Инчунин, тағйирёбии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар марҳалаи муосир равнақ ёфта, барои амалӣ гардидани сиёсати сулҳҷӯёнаи дуҷониба ба марҳалаи сифатан нав ворид мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки бо назардошти равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар хусусият ва муҳтавои прагматикӣ ва воқекъбинонаро рушд медиҳад, ки он албатта, ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат мекунад. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ кард, ки онҳо ба сифати омилҳои рушди сиёсати хориҷӣ ҷумҳуриро ба дастовардҳои муҳим дар ин раванд комёб гардонданд.

Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз як тараф дар заминаи умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирад, аз ҷониби дигар, дар заминаи муносибати дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад. Чунин сиёсат дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, СҲИ, СҲИ, Машвари ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сурат гирифта, ҳадафи рифоҳи умумӣ ва таъмини амнияти минтақавиро пайгирӣ менамоянд.

РАҲМОНЗОДА А.Ш. – н.и.т., ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ