Skip to main content

321Имрӯз варзиш ҳамчун падидаи муҳими фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон эътироф шуда, яке аз муҳимтарин воситаҳои муттаҳидкунандаи миллатҳо ва давлатҳо маҳсуб меёбад. Дар байни намудҳои гуногуни варзиш футбол мавқеи хос дорад, зеро ин бозӣ дар тамоми сайёра машҳур буда, ҳамарӯза миллионҳо нафарро ба ҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди муҳим ва эълони рӯзи махсус барои футбол нишон дод, ки варзиш метавонад василаи муассири таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ бошад.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, 25 май расман ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии футбол" эълон гардид. Пешниҳоди мазкур аз тарафи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ ба миён гузошта шуда буд.

Дар пешниҳоди худ ба Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки футбол танҳо як намуди варзиш нест, балки як падидаи фарҳангӣ ва иҷтимоист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Футбол дар ҷаҳони муосир бахусус дар таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо нақши муҳим дорад ва аз кӯчаҳои бузурги шаҳрҳои пешрафта сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон машҳур ва маҳбуб аст.

7 майи соли 2024 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи махсус пешниҳоди Тоҷикистонро баррасӣ намуда, бо қабули қатъномаи махсус онро расман дастгирӣ намуд. Дар қатънома зикр шуд, ки футбол метавонад нақши калидӣ дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дошта бошад ва баргузории чорабиниҳои варзиширо бе табъизу ихтилофҳои иҷтимоӣ мусоидат намояд.

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби давлатҳои гуногун дастгирӣ ёфт ва расонаҳои байналмилалӣ ба таври васеъ онро инъикос намуданд. Аз ҷумла, нашрияҳои маъруфи Покистон ва маҷаллаи маъруфи "Diva International" аз Женева дар ин хусус матолиб нашр намуда, аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистонро таъкид карданд.

Футбол ҳамчун падидаи умумиҷаҳонӣ ҳамеша бо мафҳумҳои сулҳ ва дӯстӣ дар робита будааст. Дар таърихи башарият варзиш, махсусан футбол, ба сифати воситаи муассири рушди муносибатҳои байналмилалӣ истифода шудааст. Ин бозӣ имконияти муоширати озодона ва бидуни табъизро ба ҷавонон ва наврасони кишварҳои мухталиф медиҳад ва ба рушди фаҳмиши мутақобила мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мазкур нишон дод, ки футбол метавонад дар таъмини амнияту суботи байналмилалӣ саҳми назаррас дошта бошад. Варзиш, бахусус футбол метавонад мардумро дар атрофи арзишҳои умумибашарӣ ҷамъ намояд ва фазои ҳамдигарфаҳмиро дар ҷаҳон мустаҳкам созад.

Дар Тоҷикистон бо қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид тадбирҳои гуногун доир гардиданд. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бузурге барпо шуд ва рамзи махсуси ин рӯз тасдиқ гардид. Кумитаи тадорукот барои ҷашнҳои минбаъда низ таъсис дода шуд, ки нишон аз омодагии ҷиддии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ин ташаббус аст.

Ин иқдоми Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи футбол дар кишвар мусоидат хоҳад кард ва нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад. Ин ташаббус на танҳо муаррифгари Тоҷикистон аст, балки василаи мустаҳками таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо ташаббуси ҷаҳонии худ собит кард, ки футбол метавонад беҳтарин воситаи муттаҳидсозии миллатҳо ва давлатҳо бошад ва саҳми назаррасеро дар таҳкими дӯстиву сулҳи ҷаҳонӣ дошта бошад.

Холов Холмаҳмад Исроилович – н.и.т., ходими пешбари озмоишгоҳи ғанигардонии маъдани Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ