Skip to main content

«Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар, барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли пароқандашави қарор доштаи тоҷик, ва аз вартаи нестӣ раҳои бахшидани давлати навинӣ тоҷикон, нақши басо бузургро иҷро кард»

Эмомалӣ Раҳмон

Аслан, калимаи ваҳдат ифодагари дӯстӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъӣ, ва якпорчагии миллатҳо мебошад. Дар тамоми давраҳои таърих халқи тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои хешро таъмин кардааст. Вале дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожа муҳимияти хосаро касб намуд. Бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Дар кишвар ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст.

Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар буҳрони амиқи душвору мураккаб ғyттавар шуда буд. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери даргирҳо монда қурбон шуданашон аз имкон дур набуд, ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардид.

Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу силоҳдорро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад. Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва нерӯҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодӣ ба амнияти давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуданд.

Ба таъкиди журналисту ҷавони муваффақ Бахтовари Ҷамшед:

«Дар ҳамаи давру замонҳо аз миёни мардум марде зуҳур мекунад, ки дар ториктарин лаҳзаҳои зиндагӣ мисли нур медурахшад ва роҳи ватандориро рӯшану зебо мегардонад, Ин нуру навидро мо дар чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос кардаем. Марде, ки худро фидои миллат кард».

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа дар ин самтҳо бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад (3, с.22-23). Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.

Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷавомеъи миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ-символикӣ пайдо мекунад ва элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад. Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад.

Ба таъкиди донишманд ва муаррихи тоҷик профессор Иброҳим Усмон: «Бузургтарин хидмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳу халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷеабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст»(4, с. 4).

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Барои тақвият ва устувории Ваҳдати миллӣ мебояд ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, бунёдкориву созандагӣ тарбия кард. Пеши роҳи гаравидани онҳоро ба созмонҳои мамнуъшуда гирем, бегонапарастиву тақлидкориро аз қалби онҳо берун созем. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини бақои миллат, Ватандорӣ ва давлатдорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Ба таъкиди донишманд ва ходими давлатӣ Самариддин Гадоев:

«Мо як Роҳбар, як Пешво, як Сарвари ғамхори халқ дорем ва он ҳам бошанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷон ба каф гузоштанду миллатро сарҷамъ карданд, ба миллати азияткашидаи тоҷик сулҳ ва ваҳдати сартосарӣ оварданд».

Аз ин рӯ, ҳар як фарде, ки худро узви комилҳуқуқи ҷомеа мешуморад муваззаф аст насли наврасу ҷавонро дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба ин марзу бум, ниёкони хеш ва бунёдкорию созандагӣ ташвиқ намоянд. Кафили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама тафаккури миллӣ ва асолати миллӣ аст, ки он дар арҷ гузоштани ҷомеа ба арзишҳои миллӣ инъикос мегардад. Он ҷомеа ва он миллате, ки ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёкони хеш арҷ мегузорад дар он ваҳдат пойдор боқӣ мемонад.

Расулов Нуралӣ Маҳрамхуҷа н.и.г-м.,ходими илмии ИГСЗТС АМИТ

Адабиёт:

1. Бобоёров Ҳафиз. Методологияи бехатарии вуҷудӣ: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. -Душанбе: Дониш, 2015. -С.9).

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6).

3. Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкимион. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. -Душанбе: Дониш, 2007. -С.22-23).

4. Усмон Иброҳим. Савганди сулҳофаринӣ(ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва Ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон). –Душанбе: «Бебок», 2017. -С.

5. Аз сафҳаи АМИТ Зиёева З. И. Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинов 2024 с.