Skip to main content

“Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки пайдоиши ҷашни Наврӯз таърихи басо ҳам куҳанро соҳиб аст. Чунки тамоми олимону мутафаккирони Машриқзамин аз бостониву қадимӣ будани он ёдоварӣ намуда, васфу ситоиши онро зимнан то ба арзи само бурдаанд. Чунки ин ҷашнест, ки ба ифодаи муаррихону бостоншиносон зиёда аз 6000 сол дошта, пайдоиши он ба тахтнишинии шоҳ Ҷамшеди эронитабор ва бархеи дигар аз замони пирӯзии Фаридуншоҳ бар Заҳҳоки морон, ба ибораи Абурайҳонӣ Берунӣ бошад дар китоби худ таҳти унвони “Осор-ул-Боқия” аз ҷумла чунин гуфтааст:1. Наврӯз - рӯзи офариниши олам; 2. Наврӯз- рӯзи офариниши одам; 3. Наврӯз - рӯзи падидоии рӯшноӣ; 4. Наврӯз – рӯзи густариши Замин; 5. Наврӯз – рӯзи бунёди дини зардуштӣ; 6. Наврӯз – рӯзи фурудоии рӯҳи инсон; 7. Наврӯз – рӯзи адолату додгустарӣ.

Лозим ба зикр аст, ки Абурайҳони Берунӣ мафҳуми Наврӯзро ба таври зайл низ шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон мавсуф чунин қайд кардааст: “Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат онро “Рӯзи нав” номидаанд, ки он дар маҷмуъ панҷ рӯз таҷлил карда мешуд”.

Ҳамин тариқ, дар хусуси пайдоиши Наврӯз маълумоти бештар вуҷуд дошта, инчунин он яке аз арзишмандтарин ҷашни мардуми форсизабонони олам ва гувоҳи таърихи фарҳанги пурғановати ориёитаборон маҳсуб меёбад.

Хулоса, то замоне, ки инсоният дар рӯйи Замин вуҷуд дорад, Наврӯз низ ҳамеша зиндаву поянда ва инчунин абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ перомуни абадияти ин ҷашни бузурги аҷдодии мо хуб гуфтаанд:

Наврӯз навҷавон аст, Наврӯз ҷовидон аст,Аз рӯзгори пешин зеботарин нишон аст.

Зимнан бояд махсус зикр кард, ки дар роҳи ҷаҳонӣ гаштани Наврӯзи байналмилалӣ саҳми Роҳбари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо ҳам бориз ва бузург аст. Чунки ҳамасола таҷлилу дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ гузаронидани ин иди сайиди аҷдодӣ ифодагари ғалабаи нур бар зулмот, рӯз бар шаб, рӯшноӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, ҳикмат бар ҷоҳилӣ буда, илова бар ин амали накӯ созандагии миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо ба рағми сӯзандагии ҳасудони бешумораш аст. Пас зиҳӣ, миллате, ки Худовандаш ҷаҳон офариду ту Наврӯз офаридӣ!

Тавре, ки шоири шинохта Мирзо Лиқои Дарвозӣ дар китобаш таҳти унвони “Мухаммаси Наврӯзӣ” дар як пора ашъораш чунин гуфтааст:

Наврӯз шуд азизон фасли баҳор омад,Мурғи дили маро зуд завқи шикор омад. Дар гӯшаи гулистон моро гузор омад,Дидам фиғони булбул аз ҳар канор омад, Аз шавқи нолаҳояш гулҳо қатор омад.

Боиси ифтихор ва бахти баланди мардуми шарифи кишварамон аст, ки ҳамасола чун анъанаи дерина ин ҷашни байналмилалиро дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ ва дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ва Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоем.

Зеро ба ифодаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле ҳам бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад”.

Ҷашни фархундаю фирӯзи Наврӯз мубораку фархунда бод!

Зоирова Дилангез. корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ