Skip to main content

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024)

Давоми зиёда аз бистсоли охир дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо охири соли куҳан ва ё дар оғози соли нави милодӣ Паёми Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагии кишвар бо ширкати намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа баргузор мегардад. Ин рукн ба ҳукми яке аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дар марҳалаи навтарини он мавриди қабул қарор гирифтааст ва баргузоршавии он ҳамеша боиси таваҷҷуҳи сокинони кишвар, мақомоти давлатию идорӣ, аҳли илму маориф ва фарҳанг мегардад. Паёми Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат дар ҷомеаи кишвар ҳамеша ҳамчун ҷамъбасти дастовардҳо, корҳои ба анҷом расида дар соли пешин ва дастуру раҳнамоиҳо барои соли нав ва ё марҳалаи навбатии рушди давлати соҳибистиқлол қабул карда мешавад.

12231Ин сол низ сокинони кишвар Паёми навбатиро, ки дар рӯзҳои охирини соли куҳан ироа гардид, бо интизории зиёд мунтазир буданд ва баргузоршавии онро бо рӯҳбаландию иродатмандии хуб пешвоз гирифтанд. Фараҳбахш боз он аст, ки Паёми имсола дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлисӣ Олӣ (Парлумон), ки бо ҳунари волои меъморӣ дар як муддати кӯтоҳ бунёд ёфтаву ба симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳомати навро илова намуд, баргузор гардид.

Тибқи анъана Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ раванди рушди кишвари соҳибистиқлолро дар марҳалаи охир, пеш аз ҳама дар соли 2024 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, бо далелу рақамҳои мушаххаси оморӣ бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳуриро бо нишон додани сабабу омилҳои пешравӣ ва ё ҷой доштани мушкилоту норасоиҳо пешкаши намояндагони мардумӣ ва сокинони кишвар гардониданд.

Воқеан дар муддати сиюсесоли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки дар ибтидои ин марҳала қувваҳои зиёди дохилию берунӣ ба мавҷудияту рушди он ҳар гуна монеаҳо месохтанд, зина ба зина аз парокандагиву харобӣ берун омада, як раванди муназзами рушд ва пешравиро соҳиб гардид. «Ҳоло кишвари мо, - таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, - дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст».

Аммо дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати муназзами рушд, татбиқи стратегияву барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати ниҳоят мудаббиронаю дурбинонаро талаб менамояд. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат дар оғози Паёми худ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, омилҳои асосии таъсиргузорро ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар як ба як номбар намуданд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулотро омилҳои асосии берунаи таъсиргузор ба иқтисоди кишвар ҳисобиданд. Албатта, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии ин ва дигар омилҳои ҷойдошта ҷумҳурии моро зарур аст, ки пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва таъминкунандаи назму низоми тараққиётро қабул намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳангоми ироаи Паёми худ сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро аз он огоҳ намуданд, ки новобаста аз мавҷудияти омилҳои манфии таъсиргузор ва мушкилоти дигари дохилию берунӣ мо раванди расидан ба ҳадафҳои миллии худро боз ҳам қавитар намуда, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвари худро таъмин менамоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баландтар мебардорем. «Зеро, - бо қатъияти том таъкид намуданд Пешвои миллат, - мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Бале, ҳар як кӯшишу ҷадал ва тадбиру амали давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз барои ба даст овардани ҳамин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ равона гардидааст. Пас зиндагии шоиста чист? Зиндагии шоиста дар адабиёти илмӣ, пеш аз ҳама соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳамчун ҳолати ҳамаҷонибаи қонеъ намудани ниёзҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсон (шаҳрванд) омадааст, ки ҳам аз ҷониби шахс мустақилона ва ҳам бо кӯмаки давлат таъмин гардида, бо меъёрҳои сатҳ, сифат ва тарзи зиндагӣ муайян карда мешавад.

Мафҳуми зиндагии шоистаро ба тарзҳои дигар низ шарҳ медиҳанд, аммо асли онро мувозинати некуаҳволии ҷисмонӣ ва маънавӣ ташкил медиҳад, яъне он танҳо аз давлат вобаста нест. Инсон бояд ҳамеша дар пайи инкишофу такмили худ бошад, ба дигарон кӯмак намояд. Дар зиндагии шоиста оила, дӯстӣ, меҳру муҳаббат нақши барҷаста доранд, зеро афзалиятҳои синусолӣ тағийрёбандаанд, вале арзиши муносибатҳои инсонӣ тағийр намеёбанд. Зиндагии хуб инчунин қаноатмандии касбӣ ва шахсиро низ дар бар мегирад ва дар хотир бояд дошт, ки он бо шуҳрат ва сарват робитае надорад, баръакс ин вобаста ба он аст, ки мо ҳар рӯзи зиндагии худро чӣ гуна мегузаронем ва ба атрофиёни худ чӣ таъсире мерасонем. Хушбахтӣ ва қаноатмандӣ аз зиндагӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки мо дар пояи кадом арзишҳо зиндагӣ мекунем, ба дигарон чӣ гуна муносибат дорем ва ё чӣ кӯмаке мерасонем.

Ҳамин тавр, зиндагии шоистаро метавон бо ду гурӯҳи меъёрҳо натиҷагирӣ кард: меъёрҳое, ки сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои давлатро дар самти таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон тавсиф мекунанд; дуюм меъёрҳои тавсифкунандаи дараҷаи иҷрои вазифаи зиндагии бошарафона аз тарафи худи инсон (шаҳрванд) мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ин кишвари соҳибистиқлол имрӯз дар баробари давлату ҳукумат барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоиста худаш низ бояд пайгирона ҷадал намояд, арзишҳои волои инсонӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ ва ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиро ҳамчун дастурамали зиндагиаш интихоб кунад.

Бешубҳа, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери парчами сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафи олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар устуворона қадам гузошта, аз ҳамаи захираву имконияти мавҷуда истифода менамояд. Махсусан, таҳлили дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар даҳсоли охир нишон медиҳанд, ки дар ин самт кишвари азизи мо суръати хуби рушд ва равиши муназзами пешравиро соҳиб гардидааст.

Мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол имрӯз рушди бомароми ҷумҳуриро на танҳо мебинем, балки ҳама, аз хурд то бузург вобаста ба қадри имкону иқтидор бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тараққиёти он ҳиссагузор мебошем. Агар бо забони рақам ё омор тасвир намоем, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз ва соли 2024 8,4 фоизро ташкил медод. Дар ин муддат, яъне панҷ соли охир барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар давоми се соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигар бунёд гардидаву ба истифода дода шуданд.

Яке аз нишондиҳандаи дигари сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар ин даромади пулии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад, ки он аз 48 миллиард сомонии соли 2019 то ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 боло рафтааст. Яъне даромади пулии аҳолӣ дар ин муддат 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтаст. Умуман, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷавӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин чораҳо бо мақсади паст кардани таъсири сатҳи таваррум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хубтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ гардидаанд.

Ба замми он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат новобаста аз пешравиҳо мақомоти давлатӣ ва иҷроияи кишварро вазифадор намуданд, ки иҷрои саривақтии босифати барномаву нақшаҳои мавҷударо дар оянда низ таъмин намуда, суръати рушди иқтисодии кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз нигаҳ доранд. Баробари он вазифа гузошта шуд, ки идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мунтазам таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, дар Паём масоили дигари тақвиятдиҳандаи таъмини зиндагии шоиста, ба вижа ташаккули маърифати моливии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ, истифодаи технологияи муосири рақамӣ, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз ва дигар, ки барои некуаҳволӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки дар соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, ҳадди ақали музди меҳнат, нафақа аз 10 то 30 фоиз баланд карда шаванд.

Ҳамин тавр, аз муҳтавои Паёми Сарвари давлат, таҳлилу гузориши масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи кишвар, муқаррар намудани самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бар меояд, ки давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмини зиндагии шоиста аз тамоми имконоту шароити мавҷуда истифода менамоянд. Фазои орому осоишта, ваҳдату якдилии ҷомеаи кишвар омилҳои муҳимми таъмини суръати муназзами рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли нав ва марҳалаи навбатӣ мебошанд. Вале баробар ба ин дар ҷомеаи кишвар бо тарбияи насли наврас, соҳибкасбу соҳибмаърифат намудани ҷавонон, ба шакли мукаммал донистани забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба он, омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, азхудкунӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи муосир, рушди неруи зеҳнӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳамагуна ҳаракату андешаҳои ифротӣ, комилан аз байн бурдани хурофотпарастӣ, вусъати ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамқадами ҷаҳони мутамаддин будани аҳли ҷомеаи кишвар мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, махсусан зиндагии шоиста шарафёб гардем. Ҳанӯз, хеле пештар аз ироаи Паём дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат таъкид намуда буданд: “Мо-тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем”.

Ҳамин тавр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, як дастурамали наву мушаххасе барои тай намудани боз як марҳалаи тозаи рушди ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни миллии 35-солагии истиқлоли комили давлатӣ мебошад.

Профессор Насрулло УБАЙДУЛЛО, - сарходими илмии ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ