
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Мавзуи таълиму тарбия яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин мавзуъҳо дар адабиёти тоҷик аст. Шоирону нависандагони тоҷик дар давраҳои гуногун ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд, зеро таълиму тарбия на танҳо омили асосии рушди шахсият ва ҷомеа, балки воситаи пойдории фарҳангу маънавият ба шумор меравад.
Таълиму тарбия дар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари адабиёти форсу тоҷик, ҷойгоҳи махсус дорад. Шоир дар асарҳои худ масъалаҳои ахлоқӣ, тарбияви, худшиносӣ ва ҳидояти инсонро ба сӯи некиву дониш мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ашъори ӯ саршор аз панди ҳаётӣ, насиҳат ва даъват ба зиндагии маънавии дуруст аст. Ҷанбаҳои асосии таълиму тарбия дар ашъори Рӯдакӣ чунин баён шудаанд:[1]
Рӯдакӣ ба дониш ва илм аҳаммияти бузург медиҳад ва таъкид мекунад, ки инсон бояд тамоми умр ба омӯхтан машғул бошад. Ӯ донишро асоси тарбия ва комёбӣ мешуморад:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бохирад андар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ин байтҳо нишон медиҳанд, ки бе дониш зиндагӣ маънӣ надорад ва рушду камолоти инсон ба илм вобаста аст.
Ахлоқ ва инсонгароӣ яке аз мавзуъҳои марказӣ дар ашъори Рӯдакӣ мебошанд. Ӯ инсонро ба накукорӣ, адолат ва дӯстию ҳамдардӣ даъват мекунад:[2]
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Рӯдакӣ таъкид мекунад, ки инсон бояд дар муносибат бо дигарон самимӣ ва одил бошад, зеро ахлоқи хуб пояи зиндагии солим аст.
Рӯдакӣ нақши вақтро дар тарбия ва тарзи зиндагии инсон муҳим мешуморад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон бояд вақти худро ғанимат донад ва онро барои корҳои пурарзиш сарф кунад:[3]
Ҳар кӣ н-омӯхт зи гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Ин байт насиҳатест барои он ки инсон бояд ҳаёти худро ба қадри имкон пурмаънӣ ва пурсамар гузаронад, гузштаи асли худ ва аҷдоди худро фаромӯш накунад ва пайвандгари наслҳои гузаштаю ояндаи худ бошад.
Рӯдакӣ аксар вақт табиатро ҳамчун муаллими инсон тасвир мекунад ва даъват мекунад, ки инсон аз табиат дарс гирад. Ӯ таҷрибаи зиндагиро низ як ҷузъи муҳими тарбия медонад. Рӯдакӣ тарбияи ахлоқиро бо хоксорӣ ва худдорӣ мепайвандад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон бояд аз худписандӣ ва ғурур дурӣ ҷӯяд.[4]
Ӯ ба инсонҳо насиҳат мекунад, ки ҳаёти худро бо накукорӣ ва амали хуб зинда гардонанд. Рӯдакӣ инсонро ба қавӣ сохтани рӯҳу равон ташвиқ мекунад ва бар он аст, ки тарбия бояд ба таҳкими ирода ва таҳаммул ба мушкилот равона шавад.[5] Осори Рӯдакӣ нишонаи даъват ба сабру матонат мебошад, ки ҷузъи муҳими тарбияи равонӣ дониста мешавад.
Таълиму тарбия дар ашъори Рӯдакӣ ҳамчун роҳи расидан ба инсонгароӣ, хирадмандӣ ва маънавиёти баланд фаҳмонида мешавад. Ӯ таъкид мекунад, ки дониш, ахлоқи нек, истифодаи дурусти вақт ва таҷрибаҳои зиндагӣ дар тарбияи инсон нақши калидӣ доранд. Ашъори Рӯдакӣ сарчашмаи бузурги ҳидоят ва насиҳат барои тарбияи инсони комил боқӣ мемонад.
Таълиму тарбия дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) яке аз паҳлуҳои муҳим ва асосии мероси ахлоқиву ирфонии ӯст. Дар «Маснавӣ маънавӣ», ки онро худи шоир «усули усул» ва «фиқҳи акбар» номидааст, масъалаи таълиму тарбия бо диди ирфонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ баён шудааст.
Масъалаи таълиму тарбия ва маънавиётр дар «Маснавии маънавӣ» ҳамчун яке аз рукнҳои асосии инсонӣ ва роҳи расидан ба ҳақиқати илоҳӣ тафсир ёфтааст. Дар ин асари бузург, маънавиёт бо маърифат, ишқи илоҳӣ ва камолоти рӯҳонӣ пайваст аст.[6]
Яке аз мавзӯъҳои калидӣ дар «Маснавӣ маънавӣ», худшиносист. Балхӣ маънавиётро ҳамчун роҳи шинохти ботинии худ ва дарк кардани вуҷуди илоҳӣ дар дохили инсон таъбир мекунад. Вай таъкид мекунад, ки ҳар кас бояд аз пардаи нафси худ гузарад, то рӯҳи худро пок созад.
Балхӣ сабрро яке аз пояҳои муҳим дар рушди маънавиёт медонад. Дар достонҳои «Маснавӣ», сабр ҳамчун василаи таҳаммул ба мушкилот ва расидан ба ҳақиқат таъкид шудааст. Масалан, дар достони «Шакар ва қамиш» Балхӣ бо рамзҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабр инсонро ба зебоӣ ва ширинии маънавӣ мерасонад.
Дар «Маснавии маънавӣ», маънавиёт аксар вақт тавассути достонҳои рамзӣ ва мисолҳои гуногун тасвир мешавад. Масалан: достони шикояти най аз эҳсоси ҷудоии рӯҳ аз сарчашмаи илоҳӣ қисса мекунад. Най ҳамчун рамзи инсонест, ки маънавиётро тавассути ишқу ихлос меҷӯяд:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Балхӣ таъкид мекунад, ки маънавиёт тавассути таълиму тарбия ва пайравӣ ба пирон ва роҳнамоён рушд меёбад. Вай дониш ва маърифатро василаҳои муҳим барои расидан ба камолоти маънавӣ мешуморад.
Балхӣ таълимро танҳо гирифтани донишҳои зоҳирӣ намедонад, балки онро василае барои шинохти ҳақиқат ва худшиносии инсонӣ мешуморад. Ӯ таълимро ба «равшансозии рӯҳ» ва «поксозии қалб» монанд мекунад. Ба андешаи ӯ, дониш бояд инсонро аз ҷаҳли ботинӣ ва дилбастагӣ ба моддӣ берун оварад.
Мавлавӣ бештар аз ҳар чиз ба таҳзиби нафс аҳаммият медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки бе тарбияи ахлоқӣ ва рӯҳонӣ, дониш метавонад ба кибр ва фиреб оварда расонад. Барои ҳамин тарбия дар Маснавӣ ҳамеша бо сабр, тавозуъ, муҳаббат, ва иршод ҳамроҳ аст.
Ҷалолуддини Балхӣ устодро раҳнамо ва чароғи роҳи мурид мешуморад. Ба ақидаи ӯ, устод чун оина аст, ки айбҳои толибро нишон медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Таълим бе устоди комилро ноқис мешуморад, зеро таҷриба ва таҷрибаи маънавӣ ба китоб танҳо маҳдуд намешавад.
Ба андешаи Ҷалолуддини Балхӣ, инсон танҳо дар якҷоягӣ бо дигарон, дар ҷомеа, такмил меёбад. Барои ҳамин тарбия бояд инсонро барои хизмати ҷомеа, адолат ва некӣ омода созад.
Таълим ва тарбия дар «Маснавӣ» танҳо дар доираи мактаб ё дониш омӯхтан маҳдуд намешавад, балки тамоми умрро фаро мегирад ва ҳадафи асосӣ — расидан ба камоли инсониву маънавӣ мебошад. Мавлавӣ таъкид мекунад, ки дониш бе тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат танҳо зоҳир аст, аммо дониш бо муҳаббат ва покии қалб – ҳақиқати комил.
Хулоса, дар «Маснавии маънавӣ», маънавиёт ҳамчун сафари маърифатӣ ба сӯи ҳақиқат ва илоҳият фаҳмонида шудааст. Ин асар инсонро ба худшиносӣ, ишқ, сабр ва пайравӣ ба роҳи ҳақ даъват мекунад. Ҷалолиддини Балхӣ нишон медиҳад, ки маънавиёт танҳо дар тасаввуроти ботинӣ нест, балки бояд дар амалҳои рӯзмарра ва муносибати инсон бо дигарон таҷассум ёбад.
Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,
сиёсатшиносї ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
(Дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг)
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур, аз он ҷумла Ветнам аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад” дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст[5]. Ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳо бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ветнам, дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим идома доранд ва ин раванд яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар тӯли 34 соли истиқлолият мебошад. Заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои минтақа, аз қабили Ветнам, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ғайра, дар ҳоли ташаккул қарор доранд.
Ҳамкориҳои сиёсию дипломатии байни ду кишвар
Маҳз анъанаҳои деринаи дӯстӣ дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ветнам мусоидат намудааст. Ду кишвар дар ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак иштирок доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ эҳтиром менамоянд. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар баробари кишварҳои ҷаҳон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 14 июли соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор кардааст. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (бо қароргоҳ дар Пекин) Парвиз Давлатзода таъйин шудааст.
Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ байни Тоҷикистону Ветнам муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба роҳ монда шуда буданд. Тоҷикистон ба Ветнам электроплитаҳо, термостатҳо, таҷҳизот барои саноати текстилӣ, алюмин, арматур ва ғайра содир мекард. Инчунин дар чорчубаи ин ҳамкориҳо шаҳрвандони Ветнам дар донишкадаҳою мактабҳои Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба
Дар солҳои охир, муносибатҳои дуҷонибаи Ҷуҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам то андозае фаъол гардидааст. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ветнам ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 18-22 январи 1999 ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти он кишвар Чан Дик Лионг дар мавриди рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд мебошад. Байни ду кишвар ҳамкории самараноки байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2010 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъсис ёфтааст. 26 апрели соли 2019 дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, мулоқоти Роҳбари Давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 15 июни соли 2019 дар ҳошияи Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мулоқоти Ноиби Президенти Ветнам бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардид. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд. Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд. Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт[4].
Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ
Айни замон байни Тоҷикистон ва Ветнам 5 санади ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки иборатанд аз:
-Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам; -
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ;
-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ;
-Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ветнам.
Бояд қайд кард, ки санадҳои мазкур барои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманди кишварҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя барои фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорони ветнамӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ
Бояд зикр намуд, ки ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барои фаъол гардонидани муносибатҳои тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам замина гузошт. Ҷумҳурии Ветнам яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад, ки ҷиҳати ҳамкорӣ намудан Тоҷикистон шароити мусоидро дар самт боҷи гумрукӣ ва андозҳо пешниҳод менамояд. Бар асари сафари мазкур робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо то андозае фаъол гаштанд. Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиёда аз 9 корхонаи муштарак бо саҳмгузории сармояи ҷониби Ветнам фаъолият менамоянд.
Пас аз сафари давлатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1999 дар ҷумҳурӣ 3 корхонаҳои муштарак «ВТ Силк», (бо ду намояндагиҳои худ дар шаҳри Кулоб) оид ба истеҳсоли абрешим, ки фонди низомномавии он 2 млн. сомониро ташкил медод, таъсис дода шуд. Корхонаи муштараки “Роҳи абрешим” бо фонди низомномавии 823970 доллари ИМА байни корхонаҳои ШС «Тори Зарин» Тоҷикистон, ки ҳиссаи он 40% ва ШС «Хиеп Шанг Ко ЛТД» Ветнам, ки ҳиссаи он 60% ро ташкил мекард таъсис ёфт.[3.С-55] Дар ҷумҳурӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Инвест», ки ҳиссаи маблағгузории Ветнам 1,7 млн. долл. ИМА- ро ташкил медиҳад фаъолияти худро бурда истодааст. Корхонаи мазкур дар ноҳияи Бешкент 3000 гектарро ба иҷора гирифта дар 2500 гектар бо парвариши пахта машғул аст. Дигар корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТИ-Помир» соли 1998 ташкил ёфтааст, ки он дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият бурда (78%), дар маблағгузории кони ангишти Ровнев иштирок менамояд.
Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ асоси муносибатҳои дарозмуддати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ҳаҷми гардиши савдо, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ динамикаи робитаҳои тиҷоратӣ кам ба назар мерасад. Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни кишварҳо дар 2018 ба 3 миллиону 302 ҳаз. долл. ИМА расидааст.
Хулоса, равобити хуби анъанавии дӯстии раҳбарони ду ҷониб ба густариши ҳамкориҳои тарафайн шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ таҳия ва татбиқи қарорҳои ҳамаҷониба барои пешбурди тиҷорати байни Ветнам ва Тоҷикистон муҳим мебошад.
Механизми байниҳукуматӣ барои бунёди заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба иқтисоду тиҷорат мусоидат менамояд. Баргузории вохӯриҳо дар сатҳи вазирон ва муовинони вазирон ва такмили механизмҳои кумитаи байниҳукуматӣ анҷом дода шавад. Барои Тоҷикистон дар густариши механизми байниҳукуматӣ бо Ветнам зарур аст, ки механизми машваратҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ омӯхта шавад, то ин дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо миёни ду ҷониб ба мувофиқа оварда расонад. Барои зиёд кардани ҳамкориҳои самти иқтисодӣ омӯзиши ҷанбаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам зарур аст. Дар оянда бо назардошти ин ҷанба муносибатҳоро дар сатҳи сифатан нав бояд ба роҳ монд. Тоҷикистону Ветнам имкониятҳои зиёди иқтисодӣ доранд ва метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла коркарди пилла, пахта ва дигар маҳсулоти техникӣ, ҳамчунин истихроҷи захираҳои ангишт фаъолтар гардонанд.
Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ
Адабиёт
1. Эмомалӣ Раҳмон // 20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ [Манбаи электронӣ] URL:https://mo.tnu.tj/tj/20-soli-s-sh-amkor-ba-ri-subot-va-shukufo/ (санаи муроҷиат06.2021)
2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] URLhttps://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат 23.06.2021)
3. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам [Манбаи электронӣ] URL:https://www.mfa.tj/index.php/tg/main/view/18/munosibathoi-tojikiston-bo-vetnam (санаи муроҷиат 23.06.2021)
4. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг [Манбаи электронӣ] https://www.president.tj/event/news/52857(санаи муроҷиат 23.09.2025)
5. Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-55
6. Сиёсати хориҷӣ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ ва иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – № 1, 2011 С-68-69
Тибқи натиҷаҳои охирини як тадқиқоти муътабари байналмилалӣ, ки аз ҷониби созмони маъруфи ҷаҳонӣ оид ба арзёбии сатҳи амният ва субот анҷом дода шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон мақоми дуюмро аз рӯи амният соҳиб гардид. Ин эътироф гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон тавонистааст дар як муҳити мураккабу пуртазоди ҷаҳонӣ сатҳи баланди амният ва суботи сиёсиву иҷтимоиро таъмин намояд.
Ҷойгоҳи баланд дар раддабандии ҷаҳонӣ - дастоварди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ. Ба ин натиҷа омадан осон нест. Дар гузоришҳои таҳлилӣ, омилҳои зиёде ба назар гирифта шудаанд, аз ҷумла:
- сатҳи ҷинояткорӣ ва хавфҳои иҷтимоӣ;
- эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ;
- шумораи ҳодисаҳои хушунатомез;
- амнияти шахсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ;
- суботи сиёсӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Маҳз дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи чунин нишондиҳандаҳо Тоҷикистон тавонист дар байни садҳо кишвари ҷаҳон мақоми ифтихории дуюм-ро касб намояд.
Таҳлилгарон ва коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳои асосии таъмин шудани чунин сатҳи баланди амният дар Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромии сиёсӣ, марҳилаи нави таърихии давлатдорӣ бо эҳёи сулҳу ваҳдат оғоз гардид. Ташкили сохторҳои устувори давлатӣ, таҷдиди қувваҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, самтҳои калидии ин раванд буданд.
Дар баробари ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми мақомоти қудратӣ - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратура, Гвардияи миллӣ ва дигар сохторҳо дар ҳифзи амнияти дохилӣ ва муқовимат ба хатарҳои муосир назаррас аст. Ғайр аз ин, иштироки фаъоли ҷомеа, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, занон ва кормандони соҳаи маорифу фарҳанг, дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба суботи дохилӣ мусоидат кардааст.
Тайи солҳои охир Тоҷикистон на танҳо барои шаҳрвандони худ, балки барои сайёҳони хориҷӣ низ ба як макони бехатар ва ҷолиб табдил ёфтааст. Далели ин - афзоиши ҷараёни сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба манотиқи сайёҳии кишвар, хусусан ба кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, ноҳияи Варзоб, Хатлон ва Суғд мебошад. Сайёҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн, фарҳангӣ ва меҳмоннавоз муаррифӣ мекунанд, ки дар он муҳити ором ва дӯстона барои ҳама фароҳам аст.
Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун яке аз амнтарин кишварҳои дунё, на танҳо як комёбии муваққатӣ, балки марҳилаи нав дар роҳи таҳкими амнияти миллӣ ва рушди босуботи ҷомеа мебошад. Дар оянда низ нигоҳ доштани ин сатҳи баланди амният, тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад.
Мавқеи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии амнтарин кишварҳои ҷаҳон, ифодагари ҳушёрӣ, масъулият ва иродаи қавии мардум ва роҳбарияти кишвар мебошад. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо як намунаи сулҳу оромӣ, балки намунаи як кишварест, ки бо иқдомҳои стратегӣ тавонист дар шароити муосир амнияти комил ва зиндагии осудаи мардумро таъмин намояд.
Абдухолиқова Парвина Носировна - н.и.т., ходими калони илмӣ
Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
ФОРУМИ СЕЮМИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ФУРСАТИ РУШД БА ХОТИРИ СУБОТ
Дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон, 23 сентябри 2025
Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иборат аст, барои таъмини субот, рушди устувор ва таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ниёз ба ҳамкории зич ва ҳамоҳангшуда дорад. Дар ин замина, форумҳои байнипарлумонӣ ҳамчун платформаи муҳими сиёсӣ ва қонунгузорӣ барои густариши ҳамкории кишварҳо нақши асосӣ мебозанд. Ҳамоишҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фаъолгардонии муколамаи сиёсӣ баргузор мешаванд. Ин ҳамоишҳо ба вакилони парлумон имкони табодули таҷриба, баррасии масоили минтақавӣ, аз ҷумла амният, муҳити зист, муҳоҷират ва рушди иқтисодӣ ва таъмини иҷрои амалии тасмимҳои муштаракро фароҳам меоранд. Ҳамкории вакилони парлумонӣ барои баланд бардоштани иқтидори куллии минтақа низ муҳим аст ва аз ин рӯ, ин ҳамоиш ҳамасола баргузор мешавад. Амнияти минтақавӣ мавзӯъи калидӣ дар нишастҳои байнипарлумонӣ аст. Бо вуҷуди боқӣ мондани мушкилоте чун терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии сиёсатҳои кишварҳо дар доираи ин форумҳо ба коҳиш додани таҳдидҳои амниятӣ мусоидат мекунад. Масалан, муколамаи мунтазами байнипарлумонӣ ба таҳкими эътимод ва ҳамкории мустақим дар мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат мекунад. Форумҳо барои ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ ва таҳкими равобити тиҷоратӣ дар минтақа замина фароҳам мекунанд. Баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, дастгирии соҳибкорӣ ва коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ ба рушди устувори кишварҳо мусоидат мекунад. Ин дар амал ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир бошанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои аҳамияти бузурги геостратегӣ дар минтақа метавонад бо иштироки худ дар чунин форумҳо дар таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дифоъӣ саҳми арзанда гузорад. Муколамаи мунтазам бо кишварҳои ҳамсоя метавонад ба ҳалли масъалаҳои умумӣ, аз қабили муҳоҷират, захираҳои об ва мубориза бо терроризм мусоидат кунад.
Бояд ёдовар шуд, ки форумҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ аз соли 2023 мунтазам баргузор карда шуда истодааст. Форуми якуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 9 - 10 - уми феврали соли 2023 баргузор гардида, дар доираи форуми мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ гардида буданд: масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумон дар ин раванд, инчунин густариши ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар заминаи мероси муштараки таърихию фарҳангӣ. Дар натиҷаи форум Декларатсияи Туркистон қабул карда шуд. Ҳуҷҷат дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангию таърихии Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, инъикос ёфтааст.
Форуми дуюми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 - уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки заминаи баргузории ин форум ба масъалаҳои ҳамкориҳои судманд ва минтақаӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки 23 - уми сенятбри соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон форуми сеюми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши минтақавӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Форуми навбатии байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори “Роҳҳои муассир барои рушди ҳамаҷонибаи минтақа” баргузор шуда, мавзӯъҳои мавриди баҳси вакилони парлумон қонунгузории муҳоҷират ва меҳнат, таъмини истиқлолияти рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ гузошта шудааст.
Тибқи гузориши расонаҳои ин кишвар, ҳадафи форум таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар Осиёи Марказӣ барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва рушди муҳити рақамӣ мебошад.
Дар он масъалаҳои “Муҳоҷират ва ҷараёнҳои корӣ: таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва устувории иқтисодӣ тавассути қонунгузорӣ”, “Тадбирҳои қонунгузорӣ барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва “Парлумонҳо ва соҳибихтиёрии рақамӣ: таъмини амнияти киберӣ ва танзими ҳуқуқии муҳити рақамӣ” баррасӣ хоҳанд шуд.
Форумҳои байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун як механизми муҳими ҳамкорӣ барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақа хизмат мекунанд. Ин платформаҳо ба кишварҳо имкон медиҳанд, ки мушкилоти умумиро бо роҳи осоишта ва ҳамоҳангшуда ҳал кунанд ва ба ин васила ба рушди устувори минтақа мусоидат кунанд. Барои Тоҷикистон ширкат дар чунин ҳамоишҳо як фурсати рушд ва субот дар минтақа аст.
ШАРИФОВ Искандар - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ як қатор мулоқотҳои муҳим бо сарони давлатҳо ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ анҷом доданд. Ин вохӯриҳо бори дигар нишон доданд, ки Тоҷикистон дар низоми муосири байналмилалӣ мавқеи фаъолона дошта, сиёсати хориҷии худро бар асоси ҳамкорӣ, сулҳ ва рушди устувор пеш мебарад.
Дар мулоқот бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш масъалаҳои муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари ҳамкории муассирро тақозо менамояд. Ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0” ва ислоҳоти фарогири низоми байналмилалӣ дар доираи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80” низ баррасӣ гардиданд. Дар ин замина аҳамияти ташаббусҳои СММ, аз ҷумла “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама”, ва иқдомҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ махсус таъкид шуд. Бо дарназардошти он ки то соли 2030 ҳамагӣ 35 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ хоҳад шуд, зарурати истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун абзори муҳими дастёбӣ ба ин ҳадафҳо матраҳ гардид. Омодагӣ ба баргузории конфронсҳои байналмилалии оби СММ дар солҳои 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар Душанбе баргузор мешавад, ҳамчун иқдоми стратегии густариши ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Дар баробари ин, зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои бартарафсозии таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳои мусаллаҳона тавассути роҳҳои сиёсию дипломатӣ таъкид гардид, ки аҳамияти амалӣ ва ҷаҳонии дипломатияи пешгирикунандаи Тоҷикистонро боз ҳам рӯшан месозад.
Дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Ветнам ва Португалия низ вохӯрӣ ва суҳбат намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд. Муҳимияти таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ махсус зикр шуд. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Португалия ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар доираи дуҷониба ва Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳ карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд намуданд, ки “Мо раванди рушди робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”. Аз ҷумла истифодаи захираҳои табиӣ ва инсонии Тоҷикистон дар якчоягӣ бо таҷрибаи технологӣ ва сармоягузории Португалия ҳамчун омили калидии рушди шарикии иқтисодӣ арзёбӣ шуд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои энергияи сабз, маъданҳои нодир, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, саёҳӣ ва табадули устодону донишҷӯён ҳамчун самтҳои умедбахш муайян гардид.
Бояд қайд намуд, ки вохуриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷониба, балки барои тақвияти нақши Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ аҳамияти калон доранд.
Бо пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва таҳкид ба арзишҳои сулҳу ҳамкорӣ Тоҷикистон худро ҳамчун як кишвари ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ,
ТАҲЛИЛИ ИЛМИИ МАҚОЛАИ ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА "РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"
Мақолаи академик Қобилҷон Хушвахтзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо унвони "РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" як таҳлили илмии китоби тозанашр бо ҳамин ном аст, ки ба ифтихори 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Аз нигоҳи илмӣ, ин мақола ба соҳаҳои сиёсатшиносӣ, илми идоракунии давлатӣ ва иҷтимоиёт тааллуқ дорад, зеро он моделҳои давлатсозиро дар шароити кишварҳои рӯ ба инкишоф, мисли Тоҷикистон, баррасӣ мекунад. Муаллиф муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун мисоли зиндаи "мактаби давлатдории Пешвои миллат" – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – пешниҳод мекунад, ки ин андеша бо далелҳои таърихӣ ва муосир тасдиқ мешавад. Соли 2025 фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар дипломатия ва рушди шаҳрдорӣ, аз ҷумла мулоқотҳо бо роҳбарони давлатҳои Русия ва Қазоқистон, ин моделро тақвият медиҳад. Мақола аз ҷиҳати ҳадафҳо ба тарбияи ватандӯстӣ ва омӯзиши насли ҷавон нигаронида шудааст. Китоб, ки аз 280 саҳифа иборат аст ва бо 18 мақолаи олимон ва ходимони давлатӣ нашр шудааст, ба се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дастрас аст, ки аҳамияти байналмилалии онро зиёд мекунад. Ин нашр на фақат тарғиботӣ, балки илмӣ низ мебошад, зеро ба санадҳо ва далелҳои таърихӣ такя мекунад.
Сохтори мақола мантиқӣ ва систематикӣ аст, ки ба стандартҳои илмии мақолаҳои академӣ мувофиқ меояд. Он бо муқаддима оғоз мешавад, ки аҳамияти китобро ба ифтихори истиқлолият таъкид мекунад ва онро "боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар" номидааст. Ин қисм ба тавсифи техникӣ (280 саҳифа, 18 мақола, се забон) ва муҳтавоӣ (мақолаҳои олимон ва ходимон) мегузарад, ки ба методҳои тавсифии илмӣ монанд аст. Баъдан, қисми асосӣ раванди дастовардҳои Рустами Эмомалиро дар шаҳрдорӣ, футбол ва сиёсат баррасӣ мекунад, ва ниҳоят, бо хулосаи тарбиявӣ анҷом меёбад, ки китобро "дабистони муқаддас" барои омӯзиши ватанпарастӣ медонад.
Китоб "Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат" бо сифати баланд нашр шуда, 18 мақолае, ки дар китоб дарҷ шудааст аз ҷиҳати илмӣ ва фарҳангӣ ба санадҳо такя мекунанд. Аксҳои китоб муҳтаворо тақвият медиҳанд, ки ин ба методҳои намоиши илмӣ ва сиёсӣ мувофиқ мебошад. Нашри сезабона (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) барои муаррифии байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Дар соли 2025 таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Ню-Йорк бо иштироки муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуда гузашт, ки қатъномаи СММ-ро (A/RES/78/281) аз тарафи ӯ пешниҳод гардид ва бо кулли овозҳо қабул шуд. Ин ташаббус ба ҷалби сайёҳон ва муаррифии дастовардҳои Душанбе мусоидат мекунад, ки бо омори глобалии футбол (270 млн варзишгар, 5 млрд мухлис) ҳамоҳанг аст. Китоб ҳамчун маҷмуаи мақолаҳо хизматҳои муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун идомабахши мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос мекунад. Ин нашр барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Қобилҷон Хушвахтзода мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун "бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ" тавсиф мекунад, ки ба таҳкими сулҳ, субот ва рушд мусоидат кардааст. Ин мактаб Тоҷикистонро ба кишвари ташаббускор табдил додааст, ки намунааш ташаббусҳо дар соҳаи об, иқлим, зеҳни сунъӣ ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон мебошанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун беҳтарин дастпарвар мебошад, дар Маҷлиси миллӣ низоми қонунгузориро такмил дода аст. Дар соли сипаришуда муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо В.В. Путин дар Москва (май соли 2025) ва К.К. Токаев дар Астана (август соли 2025) ба таҳкими робитаҳои стратегӣ мусоидат мекунад, мулоқот намудааст.
Муаллиф аз "завқи баланди кордонӣ" ва "иқдоми бузурги бунёдкорӣ" мегӯяд, ки дар 8 соли шаҳрдорӣ (2017-2025) муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанберо бап шаҳри рушдёфта табдил додааст. Омори илмӣ инро тасдиқ мекунад: афзоиши МММ 2,8 маротиба, сохтмони 1145 иншоот бо 22,4 млрд сомонӣ, ва 3,4 млн м² манзил. Дар соҳаи энергетика талафот аз 27% ба 8,5% коҳиш ёфт, ва дар соҳаи нақлиёт 192 км роҳ таъмиру таҷдид карда шуд ва дар соҳаи маориф дар ин давра 49 муассиса барои 85 ҳазор хонанда сохта шуда мавриди истифода қарор гирифт. Дар соҳаи варзиш дар Тоҷикистон 7 стадион ва 946 майдонча бунёд шудааст, ки дар он 4281 нафар ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ машғул мебошанд.
Ин амалҳо ба илми иҷтимоӣ мувофиқ аст, зеро мувофиқ ба ҲРУ-и СММ футбол ба тарзи ҳаёти солим ва муттаҳидӣ мусоидат мекунад. Дар 2025, фестивали кӯдакона бо 5000 иштирокчӣ баргузор шуд, ки ба оммавигардонӣ мусоидат кард. Дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ афзоиши саноат 3,1 маротиба зиёд шуда, 815 корхонаи нав сохта ба истифода дода шуд.
Мулоқотҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Р.Н Минниханов (Таторстон) ва В.И. Матвиенко (Русия) робитаҳои иқтисодиро Тоҷикистонро таҳким бахшиданд.
Мақолаи Қобилҷон Хушвахтзода ҳамчун асоси илмӣ барои омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмат мекунад, ки андешаҳои он бо далелҳои муосир (рушди Душанбе, ташаббусҳои футбол, дипломатияи байналмилалӣ) тақвият меёбанд. Ин асар на фақат тарғибӣ, балки илмӣ аст, зеро ба далелҳои оморӣ ва байналмилалӣ такя карда, ба рушди илми тоҷик мусоидат менамояд. Умедворем, ки чунин таҳлилҳо идома ёфта, ба тарбияи насли нави пайравони Пешвои миллат кумак мерасонанд.
ҚУРБОНОВА ШИРИН - сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.
Дар таърихи тамаддун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ як падидаи фарҳангии истисноӣ аст. Аз ин рӯ, давро, ки девони Рӯдакиро замина гузоштааст (аҳди Тоҳириён ва Саффориён) ва даврони баъди Рӯдакиро то охири сулоаи Сомониён аҳди Рӯдакӣ гуфтем. Ва сабаби дигаре ҳам аст, ки он таҷлили соли 2007 ба унвони соли Рӯдакист.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муаллифи аввалин девони шеъри форси тоҷикист. Ин ҳукм ҳақиқатест маъруф ва машҳур барои форсигӯён ва барои ҷаҳониён. Аммо дар таҳтулмаънои ин ҳукм кадом драмаҳо ва фоҷиаҳои миллати тоҷик, бурду бохт, комгорӣ, ва нокомӣ нуҳуфта аст, ки мо бояд аз онҳо огоҳ бошем?!
Аввалин таҳдиде, ки дар як нигоҳи дақиқ ба назар мерасад, он аст, ки миллати араб дар баробари нашр кардани дини мубини Ислом, ки амри рӯҳонӣ, виҷдонӣ ва осмонист, собитқадамона ҷидду ҷаҳд меаварзид, ки тафаккури арабӣ, маданияти арабиро ҷорӣ ва маъмул кунад. То расидан ба марзҳои қаламрави забон ва давлати тоҷикон дар ин раванд муваффақияти комил пайдо карда буд. Рушантарин чунин дастовардҳо аз байн бурдани забони сурёнӣ ва забони қибтӣ буд. Вақте мо ба хусус дар бораи забон ва тамаддуни қибтиён - мисриё тафаккур мекунем ва аз байн рафтани забони мисриёнро таҳлил мекунем. Маълум мешавад, ки арабҳо кадом амали бунёдӣ ва таърихиро анҷом додаанд. Хусусан, агар аз методҳои таърихият ва таҳлили муқоисавӣ истифода кунем ва ин амалро ба айёми ба тариқи таҷридӣ татбиқ кунем ва ин дар назар бигирем, ки айёми мо айёми ҷаҳонгароӣ аст ва маҳв кардани забонҳо амри мумкин аст. «Назариёте чун намиранда будани забон», «то халқ ҳаст забонаш ҳаст» андешаҳои авомона, устуравӣ ҳастанд. Аз байн рафтани забони қибтӣ як амри муҳол ба назар мерасид. Аммо ҳақиқат чизест қотеъ ва аз он чашм пӯшида намешавад, онро сарфи назар кардан нашояд. Забони араб, забони мисриёнро маҳв кард, дар маснади он барои ҷовидон нишаст. Ин зафарро бар забони тоҷикӣ наёфт. Зеро дар роҳи расидан ба ин пирӯзӣ чанд садду сангар буданд, ки забону маданияти араб онҳоро шикаста натавонист. Яке аз чунин сангарҳо, ки садди тоза эҷод буд, Девони шеъри Рӯдакист (сухан дар мавриди нашри забони арабист, на нашри дини Ислом).
Аз сарчашмаҳои адабӣ, таърихнигорӣ, ба хусус аз таҳлили масъалаҳои худшиносӣ ва арзишҳои тоҷикии шеъри Рӯдакӣ ва муосирони ӯ чунин хулосаҳо ҳосил мешавад:
1. Дар ҳифзи забон ва маданияти тоҷикон саҳми аввал ва ҷидду ҷаҳди бунёдӣ, марбут ба арбоби сиёсати айём аст. Сиёсати Тоҳириён, Саффориён ва бешакку шубҳа саҳми сиёсати миллии Сомониён. Аз арбоби сиёсии Сомониён нақши шахсии Исмоили Сомонӣ бузург аст, ки анъанаи ҳифзи миллатро тамоми Сомониён то охирин шоҳи Сомонӣ Мунтасир (Абуиброҳим Исмоили Сомонӣ, соли қатлаш ба дасти хоинони эликхонӣ 1005 аст, дар наздикии Нисо) идома доданд. Дар баробари шоҳони Сомонӣ хидмати Балъамиён хусусан Абулфазлӣ Балъамӣ ва писари ӯ Абӯалӣ ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Балъамӣ (соли вафот 1073) бузург аст. Зимнан, ба хотири шод кардани равони ӯ ба ёд меорем, ки Абӯалии Балъамӣ яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихнигорӣ «Таърихи Табарӣ»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст ва бо чандин бобҳо онро такмил намудааст. Яъне дар ин сарчашмаи муҳим ҳуқуқи муаллифӣ дорад. Шеър низ гуфтааст, ки аз ашъораш ҳамагӣ ду байт боқӣ мондааст.
2. Дар ин даврон сиёсати ҷорӣ намудани забон ва маданияти араб қатъӣ буд, аммо чандон муввафақият наёфт, зеро тамоюли арабгароӣ пайдо шуда буд, аммо ҳануз ба монанди асрҳои Х111-Х1V қавӣ набуд.
3. Дар ин айём ифтихори миллӣ аз тамаддуни Ориёни Бостон ҳанӯз зинда буд.
4. Дар тарзи рӯзгор, арзишҳои урфӣ як давраи гузарриш буд, ки тақрибан чунин арзёбӣ карда мешавад: гузариш аз анъанаҳои урфӣ ва арзишҳои ориёни бостон ба тарзи зисти исломӣ...
Саргузашти таҳияи «Девон»-и Рӯдакӣ аз нуқгаи назари ҷомеашиносӣ баррасии тозаро тақозо дорад. Ин масъала бахусус аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки вазъияти забон ва маданияти тоҷик дар рӯзгори мо ба айёми Рӯдакӣ шабоҳат дорад. Муҳимтарин шабоҳат он аст, ки чун дар он айём забони тоҷикӣ таҳти хатари сиёсати арабгароӣ қарор дошт, имрӯз низ забони точикӣ мавриди таҳдиди ҷараёни ҷаҳонгароӣ аст. Мушаххасан аз он нуқтаи назар, ки яке аз қонуниятҳои ногузир ва беамони ҷаҳонгароӣ ягона кардани тамоми ҷиҳатҳои ҳастии ҷамъиятӣ аст. Аз он ҷумла дар раванди мухтасар шудани забонҳо таҳдид ба мавҷудияти забони тоҷикӣ низ ҳаёт. Яъне барои муқовиматпазир будани забони точикӣ дар раванди ҷаҳонӣ шудан дар баробари тадбирҳои фарҳангӣ, тадбири сиёсӣ муҳимтар аст.
Таҳлили осори даврони Сомониён сареҳан равшан мекунад, ки арбоби сиёсати хонаводаи Сомониён ва аҳли дарборашон барои ҳифзи асолати миллӣ собитқадам будаанд. Онҳо натанҳо ин асолатро пуштибонӣ ва парвариш мекарданд, балки шахсан низ саҳм мегирифтанд. Мисоли равшан, чуноне зикр шуд, Абӯалии Балъамист ва аз он равшантар Абӯиброҳим Исмоили Сомонӣ буд. Арзишҳое, ки ин марди сиёсат мепарастидааст, чунин будаанд:
Беҳдошти асолати миллӣ, дар ҳифзи қаламрав мардона истодан, ҳам марди разм ва ҳам марди базм будан, парастиши зебоиҳои зиндагӣ. Абӯиброҳим шоири соҳиби истеъдоди қавӣ низ буд. Як байте аз кадом марсияи ӯ боқӣ мондааст, нишон медиҳад, ки ӯ диди шоири доштааст, санъати суханро фаро гирифтааст, савти сухан, таносуби суханро медонистааст. Қудрати дар сухан тасвиргариро низ соҳиб будааст:
То ту эй моҳ зери хок шудӣ,
Хокро бар сипеҳр фазл омад.
Шеъри зерин, ки ҳам зебост, ҳам равон ва ҳам хотирмон аст гӯё барномаи рӯзгори ӯ қоидаи шарафи ӯ мебошад:
Гӯянд маро чун салаби хуб насозӣ?
Маъвогаҳи ороставу фарши мулавван?
Бо наъраи гурдон, чӣ кунам лаҳни муғаннӣ?
Бо пӯяи аспон, чӣ кунам маҷлису гулшан?
Ҷӯшӣ маю нӯши лаби соқӣ ба чӣ кор аст?
Ҷӯшидани хун бояд бар айбаву ҷавшан
Асп асту силоҳ аст, маро базмгаҳу боғ,
Тиру асту камон аст, маро лолаву савсан.
Дар ин даврон қайд кардем, ки татбиқи сиёсати зудудани асолати ориёнии тоҷикон пайгирона пиёда карда мешуд. Аммо чандон барор накард. Ифтихори миллии ориёнӣ то андозае қавӣ буд, ки агар баҳсҳои фарҳангие доштанд, танҳо бо юнониён доштанд. Тафаккури арабӣ, ҳамчун як тафаккури аҳли бодия аслан дар доираи назарашон низ набуд. Ба андешаи мо маҳз хусусияти тундравона доштани сиёсати арабгароён сабаб шудааст, ки масалан Фирдавсӣ суханварӣ покизагӯй чандин суханҳои дурушт дар маззамати арабҳо гуфтааст.
Аз осори муосирони Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки арзишҳои исломӣ мавриди истиқбол шудаанд. Ин ҳақиқатро осори Абӯ Шакури Балхӣ равшантар маълум мекунанд. Аммо ҳатто дар осори ӯ ҳанӯз арзишҳои аслии ориёни бостон устувор ҳастанд, аз ҷумла хусусияти заминӣ будан, пайванди зинда ба рӯзгори воқеӣ доштан. Мавқеъе, ки комилан хилофи принсипи авомонаи «камбағалӣ айб нест». Абӯшакури Балхӣ гуфтааст:
Дирам сояву рӯҳи доноӣ аст,
Дирам гирд кун, то тавоноӣ аст.
Ҳамчунин мегӯяд:
Чу пушт аст мар мардро хоста,
Киро хоста-кор ороста.
Бияфзояд аз хоста ҳӯшу рой,
Тиҳидастро дил набошад ба ҷоӣ,
Тавонгар барад офарин солу моҳ
Ва дарвеш нафрин барад бегуноҳ
Бояд дар назар дошт, ки принсипи «камбағалӣ айб нест» аслан исломӣ низ нест, ҳатто хилофи таълимоти қуръонӣ дар ин маврид аст. Аз ин пора андешаи Абӯшакурро таъкид мекунем, ки «дарвешӣ, камбағалӣ» худ ба худ гуноҳ аст. Аз нуқтаи назари фаҳмиши аҳди Сомониён дар ҳолати қашшоқӣ мондан, худ гуноҳ аст. Абӯшакур тавонгариву қашшоқӣ ва ҳолатҳои зайлро вобаста ба худи инсон медонад, тақдирро муттаҳам намекунад:
Чунон кард Яздон тани одамӣ
Ки бардорад ӯ сахтию хуррамӣ
Бар он парварад, к-аш ҳаме парварӣ
Биёяд ба ҳар роҳ, к-аш оварӣ
Дар таърихи миллати тоҷик дар тӯли дарозои саргузашташ давлате, ки бо сабаби маърифатпарварӣ, тарбияти аҳди қалам ба андозаи Сомониён ситоиш шуда бошад, дигар пайдо намешавад. Дар ин раванд албатта даврони ҳаҳоманишиҳо ва хусусан Анӯшервон низ ёд карда мешавад. Аммо фарқ ин аст, ки ахбор дар бораи онҳо баъзан ривоятист, баъзан ҳуҷҷатӣ. Дар ҳар сурат вазъи силсилаи маърифатгароӣ дар таркиби худшиносии тоҷикон равшан аст. Далели қотеъи ин маънӣ, унвон ва таълимоти яке аз оинҳои машҳур ойини Маздоясно аст, «Маз» имрӯз «Мех», «Бузург» шудааст, «До» дониш роҳнамои росткор, роҳнамои қонунпеша, «ясно» ҳам имрӯз ба шакли «Ҷашн», тантана, парастиши донишманди бузург.
Аз осори маърифатии Ҳахоманишиён ва Сосониён китобҳое қисман комилу сиҳат, қисман пора-пораву захмин то мо расидаанд, ки саршори ақидаҳои маърифатгароӣ ва қонунпешагӣ ҳастанд. Дар осори муътабари баъди исломии тоҷикӣ, арабӣ, аврупоӣ, чинӣ ва дигар миллатҳо фарҳангӣ будани миллати тоҷик ситоиши онҳо, аҳсану офаринҳо аз маърифатпарварии ин силсилаҳои сиёсӣ ба мушоҳида мерасанд.
Аммо маърифатгароӣ, қонунпешагӣ дар фаъолияти сиёсии Сомониён ба ҳадде аст, ки дурахшанда ва намунаи ибрати комил аст. Дар маъхазҳои муътабар ба монанди «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насириддини Тӯсӣ ба сулолаи Сомониён на танҳо ситоиш гуфта мешавад, балки ҳамчун намунаи ибрат нишон дода мешавад. Аз ин маъхазҳо суханро кӯтоҳ мекунем ва чанд намуна аз аҳди Рӯдакӣ мегирем. Агар ин намунаи ситоишҳоро дақиқтар мутолиа кунем, як фарқи муҳим аз мадҳияҳои даврони баъдӣ (масалан аз мадҳияҳои давраи Ғазнавиён) ба назар мерасад. Ин фарқият ростӣ, бериёӣ, бетамаллуқии ситоиши Сомониён аст.
Абушакури Балхӣ мегӯяд, ки барои таҳияи рӯзгор, ман зарурат надорам, ки шуғли дигаре кунам, аз қаламу дафтарам дур монда бошам:
Чу динор бояд, маро ё дирам,
Фароз оварам, ман зи нӯки қалам.
Ин тарзи рӯзгори Абӯшакури Балхӣ, дар ҳамаи давру замонҳо ормони аҳди қалам будааст, яъне таъмин кардани рӯзгор на ба баҳои ҷонфарсоии аҳди қалам бо шуғлҳои дигар, балки ба воситаи нӯки қалам ва дар айни замон тараққии қудрати соҳибқалам.
Воқеан, ин ҳақиқати даврони Сомониёнро, Шаҳиди Балхӣ ҳам гуфтааст, ки ӯро шахсан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ эътироф карда, дар марсияааш чунин ситоиш мекунад.
Аз шумори ду чашм як там ком.
Аз шумори хирад ҳазорон беш.
Шаҳиди Балхӣ Сомониёнро чунин васф мекунад:
Ҳазор кабк надорад, дили яке шоҳин,
Ҳазор банда надорад, дили худованде.
Туро агар малики чиниён бидидӣ рӯй,
Намоз бурдию динор барпарокандӣ.
Ҳамзамон донишу фазилати Шаҳиди Балхӣ, ки устод Рудакӣ онро васф кардааст, шоҳиди дурахшони ин ҳақиқат аст, ки илм ва адаб дар аҳди Рӯдакӣ ва аҳди Сомониён дар домани якдигар парвариш меёфтанд ва чун тору пуд дар якдигар танида буданд. Шаҳиди Балхӣ рисолаи фалсафие дорад, ки дар он бо файласуфи раддаи аввали даврони худ Муҳаммад Закариёи Розӣ ба баҳс мепардозад ва бисёре аз назариёти ӯро рад мекунад.
Ва боз мегӯяд:
Ҷаҳон гувост, мар ӯро ки дар ҷаҳон малик аст,
Бузургвору сазовори нусрату таъӣид
Бидод неъмату бас шокир аст дар неъмат,
Бар ин ду бошад султони тахтро поӣид.
Мадҳияи Мантиқии Розӣ намунаи ҳам муболиғаи аҷиб аст ва ҳам мушаххас тасвир кардани маърифатпарварии Сомониён:
Маро зи ҷуди салотину меҳтарони замон.
Сарой зариндевор буду симинбом.
Байти баъдии ин қасида аз тарзи рӯзгори пурнишоту озодонаи аҳли қалам шаҳодат медиҳад:
Ҳамеша хонаам, аз некӯвони зеборӯй
Чу каьба буд, ба ҳангоми куфр пурасном.
Маълум аст, ки Дақиқӣ (қатлаш 367 хичрӣ) як суханвари вораста. ки ифтихори ориёнаш ӯро то қатлаш расонид, дар зътироф ва эҳтироми сиёсатмадорони замонаш дар мадҳ гуфтан шитоб намекард, ҳатто Истеъдоду суханвариашро аз шарофати Сомониён медонад:
Ба андак рузгор эй шаҳ, ду чизам дод бахти ту:
Яке лафзи хирадрутбат, дувум табъи сухангустар.
Садоқати эҳсосаш ҳам дар мотами Абӯнасри Сомониён равшан аст:
Дареғо мир Бӯ Насро, даршғо.
Ки бас шодӣ надидӣ аз ҷавонӣ,
Валекин родмардони ҷаҳонро,
Чунин кӯтоҳ бошад зиндагонӣ.
Маълум мешавад, ки Дақиқӣ аз ситоиши Сомониён пушаймонӣ накардааст, балки содиқонаву росихона офарин хондааст ва ҳатто аз ҳунари мадҳиясароияш болидааст:
Мадеҳа то ба бари мо расид урён буд,
За фарру зиннати ман ёфт тайласону изор.
(Аз ин баррасии мухтасар дар васфи Сомониён зинан хулосае ҳосил мешавад, ки барои такмили ҷаҳонбинии мо дар масири худшиносӣ шояд аҳамият дошта бошад: мо одат кардем, ки шоҳонро пурхӯру шикамбузург, аблаҳу аҳмақ, ҷисман ва ақлан ноқис сававвур кунем. Ин стандарт шояд баром кадом сулолаи дигар, шоҳони дигар дуруст бошад, аммо дар мавриди Сомониён қатъиян дуруст нест).
Натиҷаи дигар ин аст, ки хонаводаи шоҳаншоҳӣ дар баробари фазилатҳои дигараш фазилати интихоб кардан ва сара кардани генофонди миллиро дорад. Табиист, ки барои авлоди шоҳон беҳтарини беҳтаринҳо албатта ҳам аз назари ҷисмонӣ ва ҳам ақлонӣ баргузида мешуданд. Воқеан хонаводаи Сомониён – идомаи пуршарафи сисилаи Сосониён аст. Шаҷараи онҳо ба Баҳроми Чубина эҳёгари салтанати Сосониён мерасад. Мо одат кардаем, ки чун аз осори Рудакӣ суҳбат кунем. Ҳатман чанде аз ашъори ӯро ёдовар мешавем. Ғолибан «Шикоят аз пирӣ», қасидаи «Модари май», «Бӯй ҷӯй мулиён» ва монанди инҳо.
Матлаб ин аст, ки оё қасидаи «Шикоят аз пирӣ» воқеан шикоят аз пирист, оё ҳақиқатан ҳам шикоят аст? Чӣ гуна шудааст, ки устод Абӯабдуллҳи Рӯдакӣ, барои қасидааш унвон наёфтааст ва оқибат кадоме аз ин нуқсони Рудакиро ислоҳ кардааст?
Мақсад аз матраҳ кардани ми масъалаҳо як дафъа таҷдиди назари мо ба мероси фарҳангист. Эҳтироми мо ба ми фарҳанг то куҷост? Оё мо идрок мекунем, ки чӣ мутолиа мекунем ва онро чӣ гуна идроку шарҳ медиҳем?
Як дафъа қасидаро дар нашри соли 1951 мехонем.
Маликушшуарои дарбори Сомониён ба камолоти пирӣ расидааст, саргузашташро ба ёд меорад, хоира варақгардон мекунад: Акнун, ки дандонҳоям мерезанд, дандонҳое, ки сапед симрада буданд, оё аз чӣ рехтанд? На аз наҳси кайвон, на аз рӯзгори дароз, балки аз аз қазои Яздон, ногузир, тибқи қонуни талхи гардуни гарданда, ки даворо дард мекунад, дардро даво, биёбонро хуррам мекунад, боғи хуррамро биёбон. То ин қисмат Рудакӣ қоидаи зиндагиро ба таҳлил мегирад, ба тақдири пириаш тан таслим мекунад. Аммо қоидаи табиати одам ин аст, ки хушиву нишотро аз даст додан намехоҳад. Шоири куҳансол хитоб ба моҳрӯйи мушкинмӯй мегӯяд:
Ман ҳам зулфчавгон будам, рӯям ба сони дебо... ва монанди ту зебоён, дар зебоии ман ҳайрон мемонданд. Тангдастӣ надоштам. Дар шаҳр ҳар куҷо турки норпистон буд бо дирме мехаридам. Он зебоён, ки бо дирам ба даст намеомаданд, ба шаб сарфи назар аз наҳиби хоҷааш ба ман майл доштанд. Хубрӯёни латиф барои дигарон гарон, аммо барон ман арзон буданд. Шуҳрату дороии ман аз чизи дигар не, танҳо аз шеър буд. Шеър мояи нишоту тараби ман буд. Дилҳои сангу сангдонро бо шеърам нарм мекардам. Ҳамсуҳбатонам мардуми сухандон буд. Аз ситами зану фарзанд, аёлу хоҷагӣ озоду осуда будам. Сурудам чароғи маҳфилҳо суханам пешкори мирон буд, шеърам дар дарбор қадри баланд дошт. Дар Хуросон ҳар ҷое деҳқони номбурда тавоное буд, назди ӯ дорои ман ҳам буд, ки аз хазинаи қалами ман чил ҳазор дирам буд, ки аз хазинаи мири Мокон фузунтар буд. Акнун замона дигар шуд, даврони ҷавонӣ гузашт, замонаи пирӣ омад, асо бидеҳ... (Воқеан Мӯҳтарам Ҳотам дуруст мегӯяд; ки ин мисраъ, ҳуҷҷати нобино набудани Рӯдакист. Оё як нафар нобино метавонад, то куҳансолӣ беасо бошад?)
Дар ин қасида кадом шикоят аз пирӣ аст? Шоир, ки бо ифтихор аз саргузашташ ёд мекунад, аз хотирааш рӯҳбаланд мешавад. Аз саргузашташ қаноатманд аст, ба истиснои он, ки дар назди «Қоидаи талху ногузири гардуни гардон» бечора аст. Ба ин тақдир тан медиҳад, аммо монанди суханварони баъди асри ХII-ХIII ин бечорагиро ситоиш намекунад. Монанди қисми дигар қиём ҳам намекунад. Як марди куҳансоли солори хирадмандест, ба тамом комашро ронда, девонашро таҳия карда хидмати халқашро, шоҳашро комилан сарбаландона анҷом додааст. Оё аз чунин тақдир, аз чунин саргузашт шикоят кардан равост?
Саросари қасида тантанаи нишот аст. Бешубҳа тантанаи олуда ба ҳасрат, на пушаймонӣ, на ясъу ноумедӣ. Ҳаргиз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қасидаашро чунин унвон кардан наметавонист. Аслан, ки дар қоидаи қасидагӯйӣ одати унвон гузоштан набуд. Оё мо бо унвони гузоштаамон мақсади Рӯдакиро таҳриф накардаем? Оё ба ин восита ва дигар баррасиҳои зайл маънавиёти миллиро таҳриф накардаем?
Ман гумон мекунам, ки ба таҳрифҳои зиёд роҳ додаем. Дар аҳди Рӯдакӣ қасидаи дигаре ҳам гуфта шудааст, ки воқеан шикоят аз пирист, аммо аҷиб шикояте.
Қасида аз Мантиқии Розист, ки мегӯяд: Аёми сафедӣ омад ва рӯям ба сони каманд пурожанг шуд. Ман аз рӯзгор кин меҷустам, комгор будам, акнун рӯзгор кинаашро аз ман мегирад. Хиради ман асари ҳавову ҳавас буд ва аз даҳоне, ки монанди ангуштарӣ буд, зулфоне, ки ба рухи лоласон фиканда буданд, ком мегирифтам. Акнун ман хидмати он лоларухсорро карда наметавонам. Ва бисёр соддаву равшан қасидаашро ҷамъбаст мекунад:
Мантиқии Розӣ на аз фуру рехтани дандон, на аз асогирӣ шикоят намекунад. Танҳо афсӯсу ҳасраташ аз он аст, ки ба сабаби пирӣ хидмати лоларухсорро карда наметавонад.
Натиҷа гирифтем, ки қасидаи устод Рӯдакӣ қасидаи шикоят нест ва барои дақиқ кардани он, ки оё дар кадом нусхае ин қасида унвонгузорӣ шудааст, хазинаи дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи Шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, хазинаи дастхатҳои Китобхонаи миллим Фирдавсиро ҷустуҷӯ кардем. Як дафъаи дигар алами парокандаву ба тороҷ рафтани мероси арҷманди миллатро дар дили худ тоза кардем.
Яъне:
1. Ҳарчӣ то имрӯз аз мероси Рӯдакӣ то соли 1958, то имрӯз дар дасти мо ҳаёт, бо заҳмати устодони шодравон Саид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев ҷамъ омадааст.
2. Ин пораҳои пароканда ғолибан аз луғатҳо ва таърихномаҳо пайдо шудаанд.
3. То ҳанӯз девони мукаммали Рӯдакӣ, ё кадом баёзе, ки осори Рӯдакӣ дар таркиби он бошад, ба даст наомадааст. (Ман умед дорам, ки ё дар музеи Британия ё дар Китобхонаи миллии Туркия ё дар китобхонаҳои машҳури Юнон чизе аз осори Рӯдакӣ маҳфуз бошад).
4. Чизи тозае, ки баъд аз соли 1958 аз осори Рӯдакӣ пайдо шудааст чор мисраъ аст, ки Нуриддини Шаҳобиддин ёфтааст. Ба назари ман хизмати шоиста аст ва мукофоташ ҳам нақд аст, чун номи ишон бешубҳа дар пахлӯи номҳои мубораки Саид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев дар фанни Рӯдакишиносӣ сабт шуд.
Он чор мисраъи муаттари баҳорӣ, ки атраш ҳанӯз тоза аст, чун армуғони Наврӯзӣ, ба Шоҳи Сомониён тақдим шудааст.
Сухан овардаму шамшеру қалам Наврӯзӣ,
То ба дасти (ту) бувад мояи ҳар пирӯзй.
Ба сухан мебазабон боту ба шамшер бирез,
Хуни аъдову ба тавқеъи сухан деҳ рӯзӣ.
Шеъри аҳди Рӯдакӣ тантана ва ситоиши қомат рост кардани миллат баъди шикастҳову ҷароҳатҳои фурӯ рехтани империяи араб дар сарзамини пурбоғу киштаҳову бӯстонҳо, дар сарзамини фарҳанги ҷаҳоншумул, фарҳанги рашки юнониёни мағрур, шеъри мардони ватанхоҳ, мардони баиззату икром, неъмату ғановатҳо парвариш ёфтааст. Шеъри эҳёи миллат аст. Сайр дар ин шеър арзишҳоеро рӯшан мекунад, ки ҷавҳари миллиро ташкил мекунанд. Ин арзишҳо табиатан ва қонунан решаҳои қавӣ дар фарҳанги Ориёни бостон доранд, ки дар ин даврон вуҷуди хешро ороставу пироста, қавӣ кардаанд. Қисмате аз ин арзишҳо бо вуҷуди носозгориашон бо ҷаҳоншиносии исломи то имрӯз зинда ҳастанд. Қисмате дар муқовимат тағйири шакл кардаанд. Қисмате аз байн рафтаанд, чун ҷавҳарашон, заиф ё ботил будааст.
Аз қисмати охир сухан намекунем, танҳо ҳавола мекунем ба чанд намуна аз осори муосирони Рӯдакӣ. Ин намунахо ба осонӣ намоиш медиханд, ки одатҳову назарҳое дар ин даврон вуҷуд доштанд, ношоиста. Ба истилоҳи имрӯза носолеҳ, бад. (Руҷӯъ шавад ба шеъри Лугарии Чангзан бо матлаи «Нигори ман он курди гавҳарписар» ва ашъори Таёни Марғазӣ).
Арзише, ки аз даврони Ориёни бостон ба аҳди Рӯдакӣ расидааст, дар ин даврон зиндаву фаъол мондааст ва баъдан ба дараҷаи камолот расида, аз тариқи робита ва интиқол ба воситаи марказҳои фарҳангии Ғарб, хусусан Падуя ва Болоня ба арзиши маъруфи умумибашарӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз ба истилоҳи «консенсус» (хамсозиш) арз мешавад.
Ин арзиши иҷтимоию сиёсӣ дар шеъри Турки Кишни Айлоқӣ ба шакли зерин омадааст, ки тақрибан мусовӣ бо таърифе аст, ки имрӯз «консенсус» таъриф карда мешавад:
Родмардию марди донӣ чист?
Боҳунартар зи халқ гӯям кист?
Он, ки бо дӯстон бидонад сохт,
Он, ки бо душманон бидонад зист.
Дар шеъри Абӯшакури Балхӣ ин асл дар мисоли даъват ба сулҳ, як ҷиҳати мушаххаси муросову мадороро рӯшан мекунад, ки он дар таълимоти Фирдавсӣ васеъ ва амиқтар мешавад.
Абӯшакур мегӯяд:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накушад ба ҷанг.
Маънавиёти миллии тоҷикӣ аз аҳди бостон то асри XV рӯзгори боиззату икром, соҳибмартаба будан, рӯзгори саршори неъматҳои моддӣ ва маънавиро таблиғ ва таъкид мекардааст. Принсипи «Камбағалӣ айб нест» дар маънавиёти миллӣ як принсипи бебунёд, оварда ва бисёр зараррасон аст. Бисёр кӯшиш кардем, ки бунёди ақлонии ин омӯзаро дар сарчашмаҳо мушаххасан пайдо кунем, аммо хушбахтона пайдо нашуд. Ин принсипи побараҳнагон ҳанӯз зинда аст, дар рӯзгори урфӣ ва рӯзгори иҷтимоӣ зарар ва зарбаи сахт мерасонад. Ои ба танбалӣ, коҳилӣ, ҷоҳилӣ ва ангалӣ (паразитизм) мебарад.
Алӣ ибни Абӯтолиб мефармояд: «Ба хонае, ки қашшоқӣ аз дар даромад, куфр аз равзан медарояд». Ин гуфтор равшан аст, эҳтиёҷ ба шарҳ надорад, яъне дар хонаводаи қашшоқ имон ё заиф мешавад ё маҳв мешавад. Дар сарчашмаҳои бостонии миллӣ ақидаи мазкур билкулл равшан арз мешавад. Гуфта шудааст, ки «Одами гурусна имон, виҷдон надорад». Дар ин маврид дар рӯзгори Рӯдакӣ чӣ назар вуҷуд дошт. Ҳанзалаи Бодгисӣ (вафот 834) гуфтааст:
Меҳтарӣ гар ба коми шер дар аст,
Шав, хатар кун зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургиву иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй.
Яъне инсон бояд боиззату икром, соҳиби мартаба ва мақом дар ҷомеа, дороӣ неъматхои моддӣ ва маънавӣ ба сар бубарад. Агар не марг беҳтар аст, чун марг дар тариқи ин ҷидолу ҷаҳд айни мардӣ аст. Ҳанзалаи Бодғисӣ мардонагиро мушаххас таъриф мекунад:
Мард он аст, ки агар бузургӣ ва неъмат дар коми шер аст, вобаста бо хатари ҷонӣ аст, онро ё мардона бояд ба даст оварад ё мардона дар майдони ҷидду ҷахд ҷон бидиҳад. Як дафъаи дигар Абӯшкури Балхиро ба ёд меорем, ки таъкид кардааст:
Дирам сояву рӯҳи доноӣ аст,
Дирам гирд кун, то тавоноӣ аст.
Ба андешаи ӯ дороӣ ҳушу ройро биафзояд, тиҳидаст ҳаргиз дилаш барҷой нест ва як амри оддӣ, қонунӣ шояд адолат ҳам медонад, ки мардум қоидатан тавонгаронро офарин мегӯяд, эҳтиром мекунанд, аммо тиҳидастонро ҳарчанд бегуноҳ аст нафрин мекунанд:
Тавонгар барад офарин солумоҳ,
Ва дарвеш нафрин барад бегуноҳ.
Ифтихори ватандорӣ (на ғурур. Маънои луғавии ғурур аз забони арабӣ дурғ аст, дуруғе, ки рост менамояд ба монанди сароб). Аз арзишҳои барои ҳамеша тақдирсози миллӣ хусусан барои имрӯз ҳаст. Дар он айём ин эҳсос пайгирона, собитқадамона, мардона тарғиб ва таъкид мешуд. Сарлавҳаи ин ифтихор наъраи мардонаи Исмоили Сомонист: «Манам девори Бухоро»! Бассоми курд аҳди Сомониёнро ба Макка ташбеҳ мекунад:
Макка ҳарам кард арабро худой,
Аҳди туро кард ҳарам дар Аҷам.
Аз ин байт маълум мешавад, ки ҳанӯз таассуби динӣ набудааст. Агар дар асри XV ё ҳатто имрӯз шоире чунин маъниро мегуфт, шакке нест, ки мавриди таҳқиру таъқиб мегашт, аммо Бассом дар сояи ифтихор ва пуштибонии сиёсии Сомониён буд ва қудрат дошт чунин бигӯяд ва ҳанӯз пайванд бо маънавиёти бостонии миллат зинда буд, гусаста нагашта буд. Муҳммад бини Мухалад дар мадҳи Яъқуб ибни Лайс дар шеъраш, дар андешааш ҳанӯз сегонаи муқаддаси бостониро парастиш мекард:
Ҷуз ту назод Ҳаввову Одам накишт,
Шерниҳодӣ ба дилу бар маништ,
Мӯъқизи паӣгамбари маккӣ туйӣ.
Бо манишу бо равишу бо гувишт.
Дар таркиби ифтихори ватандорӣ ифтихори хонаводагӣ аст ва аслан таркиби муҳим аст. Миллат дар баробари таърих ва ифтихороти таърихӣ бояд аз сулолаҳо ва хонаводаҳои шарифи миллаташ ифтихор дошта бошад, онҳоро бояд шинохта бошад. Мисоли содда ин аст, ки дудмони Халилуллоҳи Халилӣ садсолаҳост, ки дар хидмати сиёсати хориҷии Афғонистон аст. Сарфи назар аз он, ки дар ин сарзамин режими монархӣ буд, комунистӣ ва кадом режимҳои дигар. Имрӯз ҳам писари Халилуллоҳ Масъуд Халилӣ ба ҳайси Сафири Афғонистон дар Туркия қисме аз сиёсати хориҷии ватанашро анҷом медиҳад.
Дар рӯзгори Рӯдакӣ ҳам ифтихори хонаводагӣ ва миллӣ бо ҳамин шакли мушаххас зинда буд. Шаҷараи Сомониён ба Баҳроми Чӯбина ва умуман Сосониён пайванд мегирад ва яке аз арбоби маъруфи сиёсати замон Ахмад ибни Саҳл аз решаи Яздигурд охирин шоҳи Сосониён, ки пойтахташ Марв будааст, мебошад!
Воқеан, калимаи «Эрон» дар ин мисраъ, дар саросари «Шоҳнома» ҳудуди Эрони имрӯзаро дар назар надорад. Ҳудуди қаламрави сосониёнро фаро мегирад. Ба истилоҳ «Эрон», яъне «Ватан» ватани ворисони сосониён ва албатта ворисони «Шоҳнома».
Маълум аст, ки ақидаи ватанхоҳӣ дар «Шоҳнома» ба қадди аъло мерасад ва қатъиян барои ҷаҳон арз мешавад, ки «Чу Эрон мабодо тани ман мабод». Рустами зобулӣ пеш аз ҳар набардаш аз решаҳои бостони худ ёд мекунад. Шубҳае нест, ки ин эҳсос ӯро қудрату тавони махсус мебахшад, зеро дар ҳамин заминаи ифтихори ватандорӣ ва аҷдодӣ боз ҳам ёд мекунад. «Пирӯзӣ ғолибият, одати аҷдоди ман ва миллати ман аст».
Маърифатгароӣ тарғиби маърифат дар тамоми таърихи миллати мо ҳамеша рӯйи кор, муҳим, фаъол будааст ва ҳаст. Ҳарчанд ин арзиш эҳтиёҷ ба шарҳу таблиғ надорад, як дафъаи дигар ёд мекунем, ки он аз арзишҳои асолатсози миллат аст. Ин маъниро дар «Шоҳнома»-и Дақиқӣ дар мавриди тавсифи «Авасто» саршор аз ифтихори миллӣ. Дақиқии вораста чунин арз кардааст:
Ҳама барги ӯ панду бораш хирад,
Касе к-ӯ чунин бархӯрад, кай мурад?
Дар ин даврон ҳатто шуғли маърифат, фарзонагӣ беҳтар аз зану фарзанд шинохта шудааст. Албатта мақсади Касоии Марвазӣ он нест, ки инсон зану фарзанд надошта бошад, аммо дар ҳар сурат фазилати фарзонагиро бар кадхудоӣ васф кардааст:
Набошад майли фарзона ба фарзанду ба зан ҳаргиз,
Бибуррад нали ин ҳарду набуррад насли фарзона.
Дар ин маврид табиист, ки гуфтори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ёд меояд:
Иёл на, зану фарзанд на, маунат на,
Аз ин танам ҳама осуда буду осон буд.
Шарҳи маунат аз тафсири сураи «Моун» равшан мешавад, яъне масъулият доштан дар назди хонавода ақрабо.
Шеъри даврони Рӯдакӣ шеърест, ки ба тозагӣ аз шеъри ҳиҷоӣ ба арӯз гузаштааст. Арӯз яке аз арзишҳоест, ки аз маданияти араб бемушкилошт, хушҳолона истиқбол шуд. Дар ин замина бояд зикр кард, ки ин ягона арзише нест, аз маданияти араб қабулшуда. Ин ҳуҷҷат дар навбати худ аз конструктивӣ на консервативӣ, динамакӣ на статикӣ будани маданияти тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин маданият ҳанӯз аз даврони бархӯрдҳои маданӣ ва ҳарбиаш бо тамаддунҳои антиқаи чинӣ, ҳиндӣ, мисрӣ, баъдан бо тамаддуни юнони қадим пайваста дар табодули муштарак баҳрагирии тарафайн ба сар мебурд. Имрӯз тасаввур кардан мушкил аст, ки «пиёла» калимаи юнонист ва ғайра.
Аммо шеъри даврони мавриди назар арӯзро аз араб истиқбол кард. Аммо ҳам арӯз, ҳам саноеъи сухан, хам муҳтавои шеърро ғанӣ ва рангоранг кард.
Дар шеъри ин давра, ки мутаассифона пора-пора, захмин, хуншор то рӯзгори мо расидааст, ҳамоно як тарзи тафаккур, тарзи зисти саршор аз ишки зиндагиро намоиш медиҳад. Воқеан шеър аз баски як зуҳури ворастагии табиати инсон, як майдони намоиши истиқлоли шахсият, арзи худӣ, тантанаи хушиҳо ва зебоиҳои зиндагист, дар ҳар давре комилтар ё ноқистар ҳақиқати айёмашро бозгӯӣ мекунад.
Шеъри ин рӯзгор айнан монанди шеъри замони мо болиданҳо ва нолиданҳои инсон, пирӯзӣ ва нокомиҳои шахсият, ворастагӣ ва тамаллуқи гӯянда, шуҷоат ва мадорои муаллифашро росту дуруст, ҷаззобу дилнишин бозтоб мекунад.
Ҳама медонанд, ки дар ҳар ҷашни «Наврӯз» тантанаҳои баҳории пойтахти тоҷиконро ду байт аз ғазали Робиа зиннат медиҳад:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Мутаассифона дар лавҳаҳои ҷашни наврӯзӣ «Аржангу» «Моно» ба ҳарфи хурд навишта мешавад. Ин ҷо на нуқсони он касест, ки ин матнро барои рассом мебарад. Нуқсони тафаккури миллии мо аст, ки танҳо аз оҳанги шеър лаззат мебарем, таҳтушшуур кадом маъноеро аз шеър идрок мекунем ва мегузарем. Ғофилона мегузарем. Агар дониста бошем, ки Моно яъне монии рассом, ҳамон моние, ки Салвадор Далӣ минётурҳои Беҳзодро дида баъдан эътироф кардааст: «Ман баъд аз шиносоӣ бо ҳунари Беҳзод расом шудам». Ҳунари Беҳзод як идомаи камранги ҳунари монист.
«Аржанг» маънои луғавиаш рангоранг, базми рангҳо маҷмуаи тасвирҳои Монӣ, яъне албоми эксюпозивии Монӣ...
Идомаи ин байтҳо ҳам зебост:
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим,
Нишони сари тоқи Кисро гирифт.
Чу рӯҳбон шуд андар либоси кабуд,
Бунафша магар дини тарсо гирифт?
Робиаи арабтабор аз шаҳомати тоҷи Кисрои маздоӣ ба ваҷд меояд. Ин шоираи вораста дар айёме, ки Ислом шадидан таблиғ мешуд, бунафшаро либоси кабуди насронӣ мепӯшонад ва лутф ҳам мекунад, ки оё бунафша аз дин баргашт ва насронӣ шуд.
Ғазалиёти ошиқонаи Робиаи Қаздорӣ зинда, пуробу ранг ва мамлу аз эҳсосоти латиф, вале табиии як инсони вораста аст. Ба ин ғазали зебо таваҷҷуҳ кунед, ки дар он шоира ҳама қаҳру дарди ишқро бо ҷон харидор аст: Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад команд.
Ишқ дарёе трона нопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хурду ангорид қанд.
Абӯ Зироа, ки сари баҳс бо маликушшуарои даврон дорад, воқеан қудрати шоириаш ҳам қавист аз ноом кораш хеле дақиқ мегӯяд:
Ҳар он касе, ки набошад зи ахтараш иқбол,
Бувад ҳама ҳунари ӯ ба халқ номақбул.
Шуҷоаташ ҳама девонагӣ, фасоҳат-ҳашв,
Сухан-газофу каримӣ-фасоду фазл-фузуя.
Абулҳасани Оғоҷии Бухороӣ тасвиргари ҳунарманд будааст. Ӯ манзараи боридани барфро ҳунармандона тасвир кардааст:
Ба ҳаво дарнигар, ки лашкари барф,
Чун кунанд андар он ҳаме парвоз.
Рост ҳамчун кабутарони сафед,
Роҳгумкардагон зи ҳайбати боз.
Тасвире, ки Мантиқии Розӣ одами хасисро мекунад, дақиқ ва латиф аст. Маълум аст, ки дар он даврон даври тангаҳои заррину симин калимаи шаҳодат сика зада мешуд. Калимае, ки мусалмон тамоми умр онро мегӯяд ва дар лаҳзаи ҷон додан ҳам калимаи шаҳодат гӯяд, наҷот меёбад. Мантиқии Розй ба хасис мегӯяд, ки агар танга ба кафи ту афтид, ба назъи ҷон меафтад:
Ки бар сим сика чаро кардаанд,
Бидонистаме ман ҳаме он замон.
Дирам з-он кафи ӯ ба назъ андар аст,
Шаҳодат ниҳандаш ҳаме дар даҳон.
Мантиқии Розӣ моҳтобро чӣ гуна гуногун дидааст:
Маҳи гардун магар бемор гаштаст?
Бинолиду танаш бигрифт нуқсон.
Сипаркирдори симин буд, инак,
Баромад бар фалак чун гӯйи чавгон.
Ту гуфти хинги соҳиб тохтан кард,
Бимондаш наьли заррин дар биёбон.
Шаби ид аз бари рӯйи фалак шуд
Ҳаме абрӯи моҳи нав намоён
Кисоии Марвазӣ себи зардгаштаи биҳиро дар шох овезон дида тасаввур кардааст, ки хамчун ҷӯк (ҳашароте монанди тортанак) худро овехтааст:
Гӯӣ биҳӣ чу ман зи ғами ишқ зард гашт,
В-аз шох ҳамчун ҷӯк биовехт хештан.
Дар замони Кисоӣ ҳам дуруштонро дӯст намедоштанд:
Ба хорпушт нигаҳ кун, ки аз дуруштии пӯст,
Ба пӯсти ӯ тамаъ накунанд пӯстинпироӣ.
Ҳатто чармгар, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи пӯст аст, ҳар пӯстеро барои коре истафода мекунад, шояд пӯсти хорпушт ҳам ба коре биояд, аммо аз баски дурушт аст, аз он кароҳат мекунад.
Ҷақони ботинии мардуми ин айём ғанӣ ва зебо будааст. Бубинед равони ошиқонаи Дақиқӣ ба чӣ мушкилот печидааст:
Чӣ гуна балоӣ, ки пайванди ту,
Наҷӯӣ бад асту биҷӯӣ, батар.
Ё драмаи ботинии Қамарии Ҷурҷонӣ дар кадом вазъи печида аст:
Моҳ гоҳе чу рӯйи ёри ман аст,
Гаҳ чун ман кӯжпушту зарду низор.
Шеъри аҳди Сомониён харидори заршинос ва ҳиматбаланд доштааст. Бозораш гарм будааст. Тасвири вазъи ошиқи дидор дурмондаро Абул Абос чи хуб анҷом додааст:
Гунҷишк чӣ гуна ларзад аз борон,
Чун ёд кунам туро чунин ларзам.
Шеъри арҷманд аст, онро ҳамеша пайравӣ кардаанд, аз ҷумла хоҷа Ҳофиз аз Дақиқӣ иқтибос кардааст. Дақиқӣ мегӯяд:
Гӯянд сабр кун, ки туро сабр бар дҳад,
Оре диҳад, валек ба хуни ҷигар диҳад.
Дар байти хоҷа Ҳофиз:
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Воқеан байти дуюми Дақиқӣ хеле ҷолиб аст ва шаҳодат медиҳад, ки сабурии Дақиқӣ аз сабри Ҳофиз фарқ дорад:
Ман умри хешро ба сабурӣ гузоштам,
Умри дигар бибояд то сабр бар дҳад.
Дар шеъри Хусравии Сарахсӣ ташбеҳоти таҷриди қавист, ки ин ҳунар дар шеъри Пастернак ва Манделштам ҳам чун зуҳури ҳунари олии шеъри рус маъруф аст. Намуна аз Хусравӣ ин аст:
Эй басо хаста, к-аз фалак бинам
Бесилоҳе ҳамеша афгор аст.
В-эй басо баста, к-аз навоии чарх,
Банд пинҳону ӯ гирифтор аст.
В-эй басо куштагон, ки гардунрост,
Надавад хуну кушта бисёр аст.
Ин вазъи буҳрони равони хоси давронҳои ноором аст. Хусусан исбот шудааст, ки баъд аз ҳар ҷанги гражданӣ ҷомеа аввал ба эпидемияҳо мубтало мешавад. (Бемориҳое ба монанди маризҳои пӯст, сил, тиф...) Сониян ба дарди депрессияи иҷтимоӣ ва дар зинаи сеюм психози иҷтимоӣ зиёд мешавад... Дар аҳди Сомониён кадом арзишҳои маънавӣ буданд, ки аҷдоди мо мувофиқи он умр ба сар мебурданд? Муҳимтарин арзише, ки дар ин даврон диққати аҳли суханро ба худ ҷалб кардааст хирад, парастиши хирад, сухан, нақши он дар тақдири инсон ва монанди инҳо мебошад. Дар баробари худи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин арзиш дар осори Абӯшакури Балхӣ ба назар мерасад. (Таърихи зиндагии ӯ дақиқ нест, ин қадар маълум аст, ки ӯ шояд охирҳои фаъолияти Рӯдакӣ аввали ҷӯшу хурӯши Фирдавсиро дарёфта бошад).
Абӯшакур хирадро чунин ситоиш мекунад:
Хирад беҳтар аз фазлу доноӣ аст
На доноӣ, афзун зи биноӣ аст.
Хирад бод ҳамвора солори ту
Мабо дар ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту.
Бояд дақиқии назари Абӯшакурро кайд кунем, яъне сареҳан таъкид мекунад, ки хирад, доноӣ, маълумот нест. Агар биноӣ барои инсон зарур аст, Абӯ Шакур мегӯяд, ки хирад аз биноӣ заруртар аст. Алқисса Абӯшакур шинохти маърифатии ориёни бостонро пайгирӣ мекунад, ки хирадро чун як қудрате пайванд бо нируҳои осмонӣ мешуморад. Агар боз ҳам соддатар гӯям, хирад як қудрати фитрӣ, табиии инсон аст, ки бешубҳа агар он парвариш ёбад, комил мешавад, барои инсон аз доноӣ ва биноӣ беҳтар хизмат мекунад.
Кисоӣ кадру киммати фарзонагӣ, донишмандиро баландтар медонад аз ҳамаи он неъматҳое, ки аз зану фарзанд ҳосил мешавад. Ин ақида пайванд дорад бо орзӯи азалӣ ва абадии инсон, ки умри ҷовидонӣ медиҳад. Танҳо тадбире, ки умри ҷовидонӣ мебахшад, ба ақидаи Кисоӣ доноӣ аст. Ситоиши маърифат тарғиб кардан ба сӯи илму дониш дар осори бештари суханварони аҳди Сомонӣ ба назар мерасад. Дар ин раванд Муҳаммад бинни Восиф ҷиддият ва солориро зарур медонад:
Мулк або ҳазл накард интисоб,
Нур зи зулмат накунад иқтибос.
Матлаб ин аст, ки ҳукумату давлатро поянда доштан ҷиддият ва солориро мехоҳад. Дар сурати ба айшу ишрат, худнамоӣ, намоишкории худхоҳона машғул будан ҳукумату давлат аз дарун фурӯ мерезад, ҳамчуноне, ки дар зулмати ҷовидонӣ мемонад. Мисраи дуюм идомаи таълимоти ориёнист, ки донишу маърифатро яке аз таҷаллиҳои нур медонистанд. Калимахои «зулмат» ва «ҳазл» байти дигари Абӯшакури Балхиро рӯшан мекунад, ки ҳадафаш дар ин мисраъҳо ба ҳам наомадани ҷаҳл ва маърифат, нур ва зулмат аст, донишмандӣ-бедонишӣ табиатан душман ҳастанд, онҳо муросову мадоро кардан наметавонанд. Ин ҳақиқат ҳақиқати талху ҷовидонист, ки имрӯз ҳам побарҷоӣ аст:
Абедонишон бори ту кай кашанд?
Абедонишон душмани донишанд.
Шеъри аҳди Рӯдакӣ давраи эҳёи миллии тоҷикон, шукуфоии беназири миллӣ, сиёсӣ, маданӣ, шеъри ҳамеша тару тоза, ҳамнабзи инсони озодманиш, хушбин, ободгар аст.
Назри Яздон – н.и.ф., ходими пешбари шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ
дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк
Тибқи иттилооти расмӣ, 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид метавонад чанд паёмаду натиҷаҳои муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ дошта бошад.
Қабла аз ҳама, ин сафар асосан барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои ҷумҳурӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд, тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ва шарикиҳои нави байналмилалӣ дар самтҳои иқтисод, амният ва таҳкими пояҳои ҳамкорӣ аст. Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ва иштирокчиёни иҷлосияро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таҳдидҳои иқлимӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устувор ҷалб хоҳад кард. Инчунин, вохӯриҳо бо роҳбарони кишварҳои гуногун имконият медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мустаҳкам шаванд ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ бахусус дар бахшҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва фарҳангӣ ривоҷ ёбанд.
Сафари мазкур метавонад дар самтҳои зерин таъсири мусбат дошта бошад:
- Қавитар кардани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли он дар Созмони Милали Муттаҳид;
- Тақвияти равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои мухталиф, бахусус ШМА ва шарикони дигари байналмилалӣ;
- Дастгирии барномаҳои рушди устувор, тағйирии иқлим ва амнияти минтақавӣ дар арсаи ҷаҳонӣ;
- Ҷалби сармоягузорӣ ва имкониятҳои нави ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар;
- Ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъмини суботи минтақавӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ва ғайра.
Ҳамчунон дар назар аст, ки Пешвои миллат дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иддае аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом хоҳад дод. Ин мулоқотҳо метавонанд дар мавзӯъҳои ҳамкории иқтисодӣ, амниятӣ, масоили глобалии муҳити зист, ҳамчунин мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими амният дар минтақа равона шаванд. Дар баробари ин, вохӯриҳо бо роҳбарони кишварҳои минтақа, ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва дигар афроди калидӣ метавонанд барномаи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро рангинтар созанд.
Ҳамин тавр, сафари Президенти Тоҷикистон ба иҷлосияи 80-умин Маҷмаи Умумии СММ боз як саҳифаи рангин дар сиёсати хориҷӣ ва низоми нави давлатдории миллии кишвар буда, ба афзун гаштани обрӯву эътибор, муаррифии бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар ба таври назаррас мусоидат хоҳад намуд.
Каримов Шамсиддин - сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
