
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Модар яке аз арзишҳои аслӣ ва бунёдии башарият аст, ки дар таърих, фарҳанг, бовару эътиқодоти динӣ решаи амиқ дорад. Дар тамоми фарҳангҳо ва анъанаҳо модар рамзи ҳаёт, муҳофизат, ғамхорӣ ва қудрати рӯҳонӣ мебошад. Тасвири Модар дар таърихи инсоният ҳамеша ба сифати рамзи ҳаёти нав, манбаъи рушди ҷисмониву маънавӣ боқӣ мондааст. Дар тӯли ҳазорон сол, башарият тасвири Модарро муқаддас медошт, онро бо маънои рамзӣ, бо табиат, ҳосилдорӣ, замин ва кайҳон рабт медоданд. Модар ҳамчун яке аз симоҳои муҳими ҷамъиятӣ, таъсироти амиқ ба рушду ташаккули фарҳангҳои гуногуни дунё гузоштааст. Ин симо нишон медиҳанд, ки маънои модар танҳо ба як шахс ё гурӯҳ маҳдуд нашуда, балки он ба масъулият, дониш, таълим, меҳру муҳаббат ба ҷаҳон ва тамоми ҳаёт интиқол дода мешавад. Ҷойгоҳи модар дар тамоми боварҳо, урфу одот, оинҳо ва фарҳангҳо яксон нест, вале тамоми ҷомеаҳо ва фарҳангҳои гуногун модарро ҳамчун рамзи муҳаббат, фидокорӣ эътироф мекунанд.
Равоншиноси шветсариягӣ Карл Юнг бар он бовар буд, ки куҳанулгу ё намунаи аввалияи (архетип) Модар яке аз пурқудраттарин ва қадимтарин тасвирҳои тамаддуни башарӣ аст, ки таъсири амиқ ба ташаккул ёфтани шахсият ва ҷомеаи инсонӣ мегузорад. Вай дар асарҳояш таъкид мекунад, ки модарӣ бо ҳокимияти маҷозии асли зан, хирад, қудрати ҳаёт ва эҳё алоқаманд аст. Тасвири модар дар фарҳангҳои қадим ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими эҷод ва ҳаёт буд, ки пайвастагии инсонро бо табиат ва ҷаҳон нишон медод. Дар давраи палеолит одамон ҳайкалчаҳои ба таври барҷаста ҷиҳатҳои таваллудпазирии занро тасвир мекарданд. Ин ёдгориҳо, ки бо номи «Венераҳои палеолитӣ» шинохта мешаванд, ки рамзи ҳосилдорӣ, идомаи насл ва муҳофизати ҳаётро ифрда мекарданд. Венераи Виллендорф, ки дар Австрия пайдо шудааст, яке аз намунаҳои машҳури ин ёдгориҳо мебошад ва ба таври ҷудогона эҳтироми умумиҷаҳонӣ нисбат ба занро нишон медиҳад. Ин ёдгориҳо як мисол барои нишон додани афзояндагӣ ва эҳтиром ба модар мебошанд, ки он замонҳо ба зиндагии инсонҳо таъсири амиқ доштанд.
Модар дар мифологияи халқҳои ҷаҳон
Дар тамоми тамаддунҳои қадимӣ, Олиҳаи Модар, ки қудрати офарандагӣ ва бузургии занро ифода мекарданд, мавҷуд буданд. Дар мифологияи шумерӣ Нинхурсаг олиҳаи замин ва ҳосилдорӣ ҳисобида мешуд. Дар Миср, Исидо ҳамчун модари бузург маъруф буд, ки на танҳо ҳаётро муҳофизат мекард, балки рамзи муҳаббати самимӣ ва вафодорӣ буд. Ба ғайр аз ин, дар Юнон, Геа ҳамчун аҷдоди ҳамаи мавҷудот ва модари замин, Деметра, ҳамчун муҳофизатгари кишоварзӣ ва ҳосилдорӣ, мавқеи калонро ишғол мекарданд. Дар анъана ва боварии мардуми форс, Аноҳита олиҳаи об ва ҳосилдорӣ буд, ки аз ҷониби ин халқ ба сифати муҳаёкунандаи обҳо ва манбаъҳои он эҳтиром ва ситоиш мешуд. Мокоша дар фарҳанги насрониҳо, ҳамчун олиҳаи замин ва сарнавишт, муҳофизатгари занон, хоҷагӣ ва таваллуд, муҳаббат ва эҳтиром пазиро буд. Ин олиҳаи Модар ҳамчун рамзи ҳаёту хушбахтӣ эътироф мешуд, ки таъсираш ба фарҳангҳои гуногун, ҳамчунин мавқеаш дар таърих ва фарҳанг муҳим арзёбӣ мегардад. Санъаткорони маъруфи Ренессанс, ба монанди Леонардо да Винчи ва Рафаэль, дар асарҳои худ тасвири модариро ҳамчун рамзи муҳаббат ва нигоҳубини ҳаёт таҷассум карданд.
Образи Модар дар адёнҳо
Шаке нест ки модар аз ҳар ҷиҳат мақоми арзишманд ва волоӣ дар ҳама динҳо дошта ва дорад ва ҳамагон бо назарияти эҳтиром ба ӯ менигаранд ва аз бузургӣ ва азамати ӯ ёд мекунад. Ҳар дин ва оине ки дар тӯли таърих омад, ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст ва мардумро ба хизмат ба модар даъват намудааст. Динҳо ва мазҳабҳои гуногуни дунё, гарчанде ки аксарияти мавридҳо бо ҳама ихтилоф доранд, аммо дар нисбат ба эҳтиром ба модар ва мақоми ӯ муттавозӣ ҳастанд. Дар Масеҳият, симои Модар аҳамияти махсуси худро пайдо карда, тавассути парастиши Модархудо – Марям ифода гардидааст. ПарастишиМарямдар оини православӣ ва католикӣ ҳанӯз ҳам як унсури муҳими фарҳанг ва тафсири мантиқии эътиқодоти масеҳӣ бо Модар ва кӯдаки ӯ Исои Масеҳ аст. Вақте ки Марям ҳамчун Модари Исои Масеҳ шинохта шуд, ин симои ӯ на танҳо як рамзи динӣ, балки якрамзи муҳаббат, истодагарӣ бо азобу уқубат ва эҳтиром ба ҳаётро низ ифода мекард. Исо (а) дар шукргузорӣ аз Худо, нисбати вафо ва меҳримодараш, ёдовар мешавад, мегӯяд: «Маро дар баробари модарам накукор қарор деҳ то лаҳзае ҳам аз эҳсоси меҳраш фориғ нашавам».
Дар оини Мусо (а) мақоми модар бас бузург ва аъзам аст ва фарзандон хидматгор ба модар ҳамнишинони биҳиштии паёмбарон шумурда мешаванд. Ҳазрати Мусо (а) ҳангоми мунҷоат бо Худо мехоҳад, ки ҳамнишини ӯро дар баҳишт барои ӯ муаррифӣ кунад то ӯро бишносад. Хатоб омад, эй Мусо, дар фалон ноҳия, кӯчаи фалон ва фалон мағоза бирав, касе ки дар он ҷо машғул ба кор аст ӯ рафиқи ту дар биҳишт хоҳад буд. Ҳазрати Мусо (а.с) ба ҳамон суроға рафт, дид ҷавоне аст кушодарӯ. Аз дур мушоҳида мекард,то бинад ӯ чӣ амалишойистае дорад. Аммо чизе фавқулодда аз ӯ мушоҳида накард. Шабгоҳон ки ҷавон маҳал кори хешро тарк мекард, Мусо бидуни он ки худашро муаррифӣ кунад, назди ҷавон омад ва аз ӯ хост то шаб мизбонаш бошад. Ҳазрати Мусо мехост бидонад, ки рамзи кори ӯ чист ва ӯчӣ ибодатҳородар халаватгоҳ анҷом медиҳад, то чунин дараҷа пайдо карда, ҳамнишини паёмбари Худо сазовор шудааст. Ҷавон ҳам таклифи ӯро қабул кард ва ба манзилаш даъват намуд. Ӯ ғизо омода менамояд ва пеш аз Мусо ба назди пирзане меравад, ки дасту пойаш фалаҷ шуда, қудрати ҳаракат ва ҷо хестанро надошт. Бо сабр ва ҳавас ғизоро луқма- луқма ба даҳонаш мемонд, баъдан дасту рӯяшро шуста, либосашро иваз кард ва дар ҷойгоҳаш мегузорад. Мусо дар ҳайрат афтод ва аз ин ҷавон мепурсад:
- Ин зан кист ва баъд аз он ки ба ӯ ғизо медодӣ, нигоҳе ба сӯи осмон андохта ва калимоте бар забон меовард, чӣ буд?
- Гуфт, ин зан модарам аст ва ҳар бор ки ба ӯ ғизо медиҳам ва ӯро сер мекунам дар бораи ман дуо мекунад ва мегӯяд: Худоё, ӯро ҳамнишини Мусо (с) дар биҳишт қарор диҳ. Мусо (с) ба ваҷд меояд ва ба ҷавон башорат медиҳад, ки ки дуои модар дар бораи ту мустаҷоб шуда...
Дар буддоия тасвири Тара, ҳамчун олиҳаи раҳмдилӣ, ки ба тамоми мавҷудоти зинда кӯмак мерасонад, ва хеле неруманд аст, шинохта шудааст. Тара барои будоиҳо рамзи умед, раҳмат ва муросо мебошад. Дар ҳиндуизм бошад, олиаҳои Модар ба мисли Парвати, Лакшми ва Дурга низ ҷанбаи муҳофизату муроқибат ва фаровониро ифода мекунанд. Онҳо низ модарро ҳамчун олиҳаи муқаддас мепарастанд, ки дар шаклҳои гуногун ҳамчун қувваи бузург ва раҳмат дар тарбияти фарзандон нақши муҳиме мебозад. Ҳар яке аз ин олиаҳо барои халқҳои гуногун рамзи қудрати бузурги модарона дар тамоми ҳолатҳо ва кӯмак ба рушду нумуи ҷамъият буданд.
Ҳуқуқҳое, ки Ислом барои модарон муайян кардааст, бисёр болотар аз ҳуқуқҳое мебошад, ки барои дигарон ҳатто падар қоил шудааст, зеро модар мураббии инсон ва дар ҳақиқат тарбияткунандаи ҷомеа аст ва ӯст, ки метавонад як фард ва ҷомеаро ба саодат расонад ё ба шоқават ва бадбахтӣ барад. Ривоятҳо ва қиссаҳои гуногуни таърихву фарҳангӣ ва ҳатто динӣ дар мавриди ҷойгоҳи волои модарон дар бовару эътиқоди адёну мазоҳиби гуногун оварда шудаанд, ки далолат ва таъкид ба эътирофу посдории эътирофи ҷойгоҳи онҳо менамоянд. Аҳодис ва қиссаҳои гуногуне дар мавриди мақоми Модар дар дини Ислом мавҷуданд, ки далолат ба бузургии ӯ менамоянд:
Шахс гуноҳкоре назди Паёмбар омад ва пушаймонӣ хешро ошкор сохт ва пурсид: чӣ роҳе дар пеш гирам, ки Худо аз гуноҳи ман гузашта бошад? Расули Худо пурсид: аз падару модари ту кадоме зинда аст? Ҷавоб дод: падар. Фармуд: бирав ва ба ӯ хизмат кун. Пас аз рафтани он шахсигуноҳкор, Паёмбари Худо (с) ба асҳоб фармуд: «Агар ин мард, модар дошт ва ба ӯ хизмат мекард, гуноҳҳояш ба суръат омурзида мешуданд». Ё дар ривояти дигар аз китоби “Сирати Расулулоҳ”, ки дар замони худи Пайғамбар омода гардидааст, мегуянд: Рӯзи дигар, шахсе ба Паёмбар (с) гуфт: "Эй Расулуллоҳ! Модарам пир шуд ва бо ман зиндагӣ мекунад. Ман ӯро бар шонаам менишонам, барои таъмини ниёзҳои ӯ бо ин тараф ва он тараф мебарам, ва ҳамаи эҳтиёҷоти ӯро бо маблағам таъмин мекунам. Ман бо дастам ӯро аз озор муҳофизат мекунам ва бо эҳтиром ва аҳсан бо ӯ рафтор мекунам. Оё ман заҳматҳои ӯро то ҳадде ҷуброн кардаам?" Паёмбар (с) фармуд: "Не, зеро шикамаш макони ту буд, синаҳояш манбаъе барои ғизо додани ту, қадамҳояш воситаи ҳаракати ту, дастонҳояш муҳофизатгари ту ва оғӯши ӯ гаҳвораат буд. Ӯ ин ҳама хизматҳоро бо ризоияти худаш барои ту анҷом медод ва орзу мекард, ки ту зинда мемонӣ, вале ту хизматҳоро барои ӯ пешниҳод мекунӣ, дар ҳоле ки интизор дорӣ, ки ӯ кай мемирад."
Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки оинҳову эътиқодҳо ва боварҳо дар мавриди ҷойгоҳи Модар хеле гуногун ва ҷолиб ҳастанд. Гарчанде ки заминаи онҳо дар асоси қиссаву ривоятҳо ва аҳодис бунёд ёфтааст, аммо ҳақиқат онест, ки дар байни мардуми дунё Модар азизтарин вуҷуд аст. Зеро чуноне ки пештар ҳам овардем, ваҳй ва илҳоми мустақим Худо ба модари Мусо (с), изҳори эҳтиром ва некӯӣ ба модари Исо(с), баёни заҳматҳо ва ранҷҳои модар дар Қуръон ва ҳамчунин дастурҳои тамоми бузургони олам ба некии нисбат ба модар, ҳама шаҳодат медиҳанд, ки мақоми модар баландро доро аст. Имрӯз эҳтиром ба модарон бо таҷлили ҷашнҳо, ба монанди Рӯзи Модар, ки дар кишварҳои гуногун баргузор мешавад, идома дорад. Рӯзи Модар, ки дар таърихи тамоми кишварҳо як унсури муҳими фарҳангӣ мебошад, ҳамчун ишора хидматҳои модарон шуруъ аз нигоҳубини оила то пешбурди ҷамъият мебошад.
Хулоса симои Модар ҳамеша дар ибтидои таърих фарҳанг, дину оин ва боварҳо қарор дошт. Бидуни таваҷҷӯҳ ба замон ва тамаддун, модар рамзи ҳаёт, муҳаббат, муҳофизат ва офаринандагиро ифода мекард. Аз олиаҳои қадимӣ, чун Аноҳита, Исидо ва Геа то Макошаву Парватӣ ва тасвирҳои муосири модарӣ – ин куҳанулгу (архетип) бетағйир боқӣ мемонад, ки нақши муқаддас ва муҳимтарини занро дар таърихи башарият ёдоварӣ мекунад. Ин таърих ба мо нишон медиҳад, ки модарӣ на танҳо як вуҷуди биологӣ, балки як нишонаи бузурги офаринанда, василаи рушд ва аҳамияти маънавӣ дар тамоми давраҳои таърихи инсоният мебошад.
Гулҳаё Мадимарова, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филология
Фасли Баҳор фасли зебову дустдоштанист. Рост омадани иди занону духтарон, ки бо номи “Рузи модар” таҷлил мешавад, ба ин фасл сарсабзиву таровати дучанд мебахшад. Зеро Модар яке аз муқаддастарин мавҷудоти офариниш мебошад, ки домони у ба бӯстони сарсабзу хуррам шабеҳ асту аз он накҳати меҳру муҳаббат, сидқу вафо ба машом мерасад. Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ибораи дигар модар ягона мавҷудест, ки инсонро меофарад ва “бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад”.
Занон ва модарони тоҷик ҳанӯз аз гузаштаҳои дур бо ақлу заковат, фазилату нафосати хосса дар пешбурди рисолати азалӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши бориз доштанд. Аз байни занон шахсиятҳои барҷаста мисли сипаҳсолорон, сиёсатмадорон, ҳунармандон баромадаанд, ки дар таърихи башарият мавқеи хос, мақоми арзишманд ва абадӣ гузоштаанд. Бинобар ин нақши Зан - Модарро дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд яке аз рукнҳои пойдории давлат ва миллат гӯем, хато намекунем.
Мавриди зикр аст, ки гиромидошти Зан – Модари тоҷик доимо дармеҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занони кишварамон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст. Як қатор фармон, қарору санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақому мартаба, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва нақши занону духтарон, аз ҷумлаи иқдомоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд, ки аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз қабул шуда, мавриди татбиқу амал карор дорад.
Дар ин бобат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо на фақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.
Ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани8 март – ҳамчун Рӯзи модарва Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», илова бар он қабули ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2021–2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои2023–2030 намунаи барчастаи қадрдонӣва эътимоду эҳтироми Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону модарони тоҷик мебошад.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат доир ба аҳамият ва муҳиммияти ин масъала изҳори назар карда, таъкид намуданд, ки «Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Дар ҳақиқат, занону модарон дар ҷомеа нигини пурҷилои давлат, неруи бузургро ташкил дода, идомабахши зиндагии пурсаодат ва посдорандаи суннату ойинҳои гузаштагони мо мебошанд. Ба қавли шодравон устод Мирзо Турсунзода:
Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Қайд кардан бамаврид аст, ки сафи олимаҳои тоҷик ва бонувони фарзона сол то сол афзуда, обрӯ ва эътибори занҳои донишманд дар ҷомеа пайваста боло меравад. Айни замон дар тамоми самту ҷабҳаҳои илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони тоҷик баробари мардон фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду нумӯи илми академию донишгоҳӣ, инчунин дар пешбурди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд масъулияти баланд нишон медиҳанд ва дар тамоми чорабиниҳое, ки гузаронида мешаванд ва барномаҳое, ки амалӣ шуда истодаанд, дар маҷмӯъ дар рушди илму маърифат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳиссаи муносиб гузошта борҳо собит намудаанд, ки онҳо ба чӣ гуна пешравиҳо ва муваффаққиятҳо қодир ҳастанд. Аз ҷумла боиси сарфарозист, ки занону духтарони тоҷик дар рушду нумӯи илми донишгоҳӣ низ саҳми худро мегузоранд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун маркази асосии илми кишвар барои инкишоф додани илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳамоҳангсозии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ, амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмиву техникӣ дар қаламрави кишвар масъулият зоҳир менамоянд.
Дар охир мехоҳам ҳамаи занону модарон ва хоҳарони азизу мехрубонро ба ифтихори фасли Баҳори нозанин ва ҷашни пуршукӯҳатон “Рузи Модар”, ки бо қадамҳои мубораки худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозанд самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу саодатмандӣ, бахту иқболи баланд ва рӯзгори хушу осударо таманно менамоям.
Бори дигар “РУЗИ МОДАР” бароятон мубораку фархунда бод!
Холиқова Шоира – ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филология
(бахшида ба Рӯзи модар)
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
(Лоиқ)
Модар аввалин ва муҳимтарин шахс дар ҳаёти ҳар як инсон аст. Нақши модар дар тарбияи фарзандон хеле муҳим ва ҳузури модар дар ҳаёти фарзанд дар ҳама синну сол зарур аст. Муҳаббати модарӣ ва меҳру муҳаббати фарзанд ба модар аз таваллуд ва дар тӯли ҳаёт эътимодро ба ҷаҳони атроф ташаккул медиҳад, ба ӯ имкон медиҳад, ки муносибатҳоро бо одамони гирду атроф созгор созад, субот ва бехатарии зуҳуроти эҳсосотӣ ва ҳолати равониро дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт нигоҳ дорад. Вақте ки модар таваҷҷӯҳи кофӣ надорад, рушди фарзанд ҳамеша аз нигоҳи рӯҳӣ, ҷисмонӣ, зеҳнӣ, эмотсионалӣ ба таъхир меафтад. Нақши модар барои кӯдакони ҷинси гуногун яксон нест. Барои духтарон, аз синни сесолагӣ сар карда, модар он модел, он қисмати ҷаҳон аст, ки бояд онро “озмоиш” кунанд ва дар айни замон ҳама чизест, ки ба ин алоқаманд аст: муносибати ҷинси дигар (падар ба модар ва ба ӯ ҳамчун зан ва модари оянда), муносибати фарзандон (лухтак намунаи кӯдак аст, ки духтар дар робита ба он нақши модарро мебозад, ҳамчун модар). Писарон дар ин синну сол нисбат ба модари худ хеле муҳаббат ва рашк доранд (падар, дӯстони модар, бародарону хоҳарон ва ҳатто фарзандони дигарон).
Дар давраи кӯдакӣ заминаи муносибати кӯдак ба худ, одамони дигар ва олами атроф гузошта мешавад. Новобаста аз он, ки кӯдак ба одамон бовар мекунад, мавқеи фаъоли ҳаётӣ нишон медиҳад ва ба худ эътимод ҳис мекунад ё не, бештар ба таҷрибаи муайяни муносибат бо модар алоқаманд аст. Кӯдак ҳамеша ба модар ниёз дорад ва ҳамеша бо роҳҳои гуногун. Муҳаббати модар аз рӯйи табиати худ бечунучаро аст - модар на барои чизе, балки ҳамеша, дар ҳама ҳолат дӯст медорад [4].
Маҳорати ҳаррӯзаи аз модар гирифтаро кӯдак дар тӯли умраш истифода мебарад. Мутобиқати ҷаҳони ботинӣ ва эҷодиёти кӯдак аз модар вобаста аст. Нақши асосии модар дар тарбияи фарзанд намунаи ибрат ва дӯсти вафодор аст. Модар аст, ки кӯдак ягон кори нодуруст кунад, оромона ба кӯдак мефаҳмонад. Кӯдакон ҳатто дар калонсолӣ ба назди модари худ барои маслиҳат ё сухани нек мераванд, зеро модар ҳамеша гӯш мекунад, навозиш мекунад ва ҳукм намекунад [6].
Рӯзноманигори америкоӣ Сидни Харрис қайд мекунад, ки “аз чӣ сабаб бошад, ки бисёр занҳо таваллуд кардану модар шуданро як чиз мешуморанд. Кас инчунин метавонад бигӯяд, ки пианино доштан ва пианинонавоз будан як чиз аст” [3]. Ё ин ки нависандаи англиси асри XIX Элизабет Стоун андеша дорад, ки “Қарор ба фарзанддор шудан шӯхӣ нест. Ин маънои онро дорад, ки қарор қабул мекунед, ки дили шумо ҳоло ва то абад берун аз бадани шумо саргардон мешавад” [1]. Ин андешаи бузургон бар он аст, ки модар ду масъулияти бузург дорад: таваллуд кардан ва тарбия кардани фарзанд. Ва ба андешаи драматурги Юнони Қадим Софокл: “Кӯдакон лангаре ҳастанд, ки модарро дар зиндагӣ нигоҳ медоранд”. Яъне, агар фарзанд аз модар, оила тарбияи дуруст гирад, метавонад чун лангар нигаҳбони волидайн бошад.
Модар аввалин шахсест, ки кӯдак бо дунёи беруна робита барқарор мекунад. Он дилбастагие, ки фарзанд дар синни барвақтӣ нисбат ба модар эҳсос мекунад, асоси устувории эҳсосии ӯ дар оянда мегардад. Дар раванди ғамхорӣ ва муошират бо модар кӯдак бовар кардан, эҳсоси бехатарӣ ва дӯстдоштаро меомӯзад. Ин ҳиссиётҳо барои ташаккули муносибатҳои солим бо одамони дигар дар оянда асос мебошанд. Чуноне, ки файласуфи машҳури англис Ҷон Боулби зикр кардааст: “Муҳаббати модар асоси ташаккули қобилияти муҳаббат ва эътимод ба оянда аст.” Ҷон Боулби ба масъалаҳои мутобиқшавии инсон ба муҳити зист таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ғаризаҳоро ҳамчун асоси модарзодии зинда мондани инсон медонист, ки дар натиҷаи интихоби табиӣ миллионҳо сол ташаккул ёфтааст. Мавзӯи таваҷҷуҳи хоси ӯ табиати дилбастагии кӯдак ба модар буд. Боулби боварӣ дошт, ки рушди дилбастагӣ ба модар як системаи инстинктивӣ аст, ки имкони зинда мондани навзодро зиёд мекунад [2]. Низоми дилбастагӣ рафтори вокуниши модарро фаъол мекунад ва ба ин васила ба кӯдак заминаи бехатарро барои омӯхтани ҷаҳон фароҳам меорад.
Нақши модар дар тарбияи фарзанд ниҳоят муҳим аст ва инро бисёр пажӯҳишҳои фалсафӣ, психологӣ ва педагогӣ собит мекунанд. Модар аввалин ва таъсиргузортарин шахсият дар ҳаёти кӯдак аст, ки шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ҳолати эҳсосии ӯро ташаккул медиҳад.
Модар аввалин ва муҳимтарин тарбиятгари ҳаёти кӯдак аст. Вай на танҳо ғамхории ҷисмонию бехатариро таъмин мекунад, балки арзишҳои муҳими ахлоқӣ ва одобро тавассути амалҳо, суханҳо ва мисолҳо мерасонад. Фарзандон тавассути муошират бо модари худ дарк мекунанд, ки неку бад, адолат ва эҳтиром чист. Муҳаббат ва таваҷҷуҳи модарӣ заминаи некӯаҳволии эмотсионалӣ ва иҷтимоиро рушд медиҳад, ки дар ташаккули дастурҳои ахлоқӣ дар фарзанд нақши калидӣ дорад.
Нақши модар дар тарбияи фарзанд дар ҳақиқат аҳаммияти калон дорад. Модар на танҳо муаллими аввалин дар ҳаёти кӯдак, балки намунаи аввалин низ мебошад. Тадқиқоти равоншиносӣ собит мекунанд, ки маҳз меҳру муҳаббати модарӣ барои рушди худбоварӣ, устувории эмотсионалӣ ва тавоноии муносибатҳои солим бо одамони дигар замина фароҳам меорад. Ин ба назарияи дилбастагӣ алоқаманд аст, ки дар рушди шахсият нақши калидӣ доранд. Масалан, файласуфоне чун Жан-Жак Руссо ва Мартин Хайдеггер аҳаммияти модарро ҳамчун пайвандаки байни фарзанд ва ҷомеа, инчунин заминаи ташаккули дастурҳои ахлоқӣ ва ҳисси адолат таъкид кардаанд [7]. Педагогика дар навбати худ таъкид мекунад, ки модарон имкон доранд, ки дар фарзандон сифатҳои муҳимтарин, аз қабили таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва эҳтироми дигаронро инкишоф диҳанд. Ин тавассути мушоҳидаву ҳамкорӣ дар ҳаёти ҳаррӯза ба амал меояд ва дар он модар кӯдакро ба омӯхтани меъёрҳои иҷтимоӣ роҳнамоӣ мекунад, таълим медиҳад ва дастгирӣ мекунад.
Модар дар ташаккули дастурҳои одобу ахлоқии кӯдак, гузоштани заминаҳои шахсият ва рафтори иҷтимоии ояндаи он нақши бешубҳа марказиро мебозад. Ин раванд хеле пеш аз оғози суханронии кӯдак оғоз меёбад, ки дар муошират, интонатсияи овоз ва ифодаи чеҳраи модар зоҳир мешавад. Кӯдак аллакай дар айёми навзодӣ тавассути мушоҳидаи модар мафҳумҳои асосии амният, эътимод ва дилбастагӣ - сифатҳои бунёдиро меомӯзад, ки баъдтар ба қобилияти ҳамдардии ӯ таъсир мерасонанд.
Тарбияи модарон на танҳо тавассути дастурҳои мустақим, балки тавассути моделсозии рафтор ақидаҳои аввалияро дар бораи некиву бадӣ ташаккул медиҳад. Кӯдак тавассути мушоҳидаи аксуламали модар ба ҳолатҳои гуногун, муносибати ӯро ба одамони дигар, ба ҳайвонот, ба олами атрофаш меомӯзад. Агар модар ба пирон эҳтиром намояд, ба ниёзмандон кӯмак расонад ва вазифаи худро софдилона иҷро кунад, кӯдак беихтиёр ин қолабҳои рафторро ҳамчун меъёр меомӯзад. Баръакс, намоиши зурӣ, таҷовуз, дурӯғ ё беинсофӣ ногузир ба ташаккули арзишҳои ахлоқии кӯдак таъсир расонида, баъзан боиси шаклдигаркунии ҷиддии шахсият мегардад.
Модар баробари дар амал нишон додани принсипҳои ахлоқӣ дар таълими лафзӣ роли асосӣ мебозад. Вай ба фарзанд қоидаҳои рафтори ҷамъият, маънии поквиҷдонӣ, меҳнатдустӣ, масъулиятшиносиро бояд фаҳмонад. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки танҳо аз ёд кардани қоидаҳои ахлоқӣ кафолати азхудкунии онҳоро намедиҳад. Бо мисолҳои воқеӣ ба кӯдак нишон додани татбиқи амалии ин принсипҳо, фаҳмонидани он, ки чаро ин ё он рафтор дуруст ё нодуруст аст, хеле самараноктар аст. Масалан, фаҳмонидани аҳаммияти кӯмак ба дигарон тариқи ёрии амалии фаъолонаи модар ба ниёзмандон хеле боварибахштар мешавад. Илова бар ин, муҳим аст, ки хусусиятҳои инфиродии кӯдак ба назар гирифта шаванд. Як кӯдак метавонад тавассути ҳикояҳо ва тавзеҳҳо меъёрҳои ахлоқиро зуд аз худ кунад, дигаре метавонад ба равиши амалии бештар ниёз дошта бошад ва сеюмӣ метавонад тавассути афсона ё филмҳо таъсири ахлоқиро бештар қабул кунад. Модаре, ки дорои сатҳи баланди зеҳни эҳсосӣ аст, метавонад муносибати худро мувофиқи хусусиятҳои фардии фарзандаш мутобиқ созад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз иттилоот ва таъсироти гуногун аст, нақши модар дар ташаккули арзишҳои ахлоқӣ боз ҳам назаррастар мегардад. Модар бояд кӯдакро таълим диҳад, ки иттилоотро аз нигоҳи интиқодӣ арзёбӣ кунад, хуб ва бадро дар муҳити мураккаб ва аксар вақт ба ҳам зид фарқ кунад ва дар ӯ як низоми устувори арзишҳоро ташаккул диҳад, ки ба ӯ дар пайраҳаи ҳаёт, шахси масъулиятнок ва хушбахт шудан кӯмак мекунад. Ин мероси воқеиест, ки модар ба фарзандаш медиҳад.
Нақши модар дар тарбияи кӯдак аз қонеъ кардани талаботи асосии физиологӣ хеле зиёд аст. Он асоси ташаккули шахсият буда, ба инкишофи зеҳни эмотсионалӣ, принсипҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии кӯдак таъсири ҳалкунанда мерасонад ва он дар тамоми ҳаёти фарзанд эҳсос мешавад. Муҳаббати модар, ки на танҳо дар таъмини роҳат, балки дар таваҷҷуҳи доимӣ, мавҷудияти эмотсионалӣ ва қабули бечунучаро ифода меёбад, барои ташаккули худбаҳодиҳии солим заминаи мустаҳкам мегузорад. Ин таҳкурсӣ калиди муносибатҳои бомуваффақияти байнишахсӣ, ҳамдардӣ, эътимод ба худ ва қобилияти бартараф кардани душвориҳои ҳаёт мебошад. Кӯдаке, ки муҳаббат ва ғамхории кофии модариро гирифтааст, эҳтимоли бештар мутобиқшавӣ, устуворӣ (суботи равонӣ), муқовимати баланди стресс ва қобилияти худтанзимкуниро нишон медиҳад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки кӯдаконе, ки аз ҷониби модар ба воя расидаанд, дар муқоиса бо кӯдакони бе модар тарбиятёфта сатҳи зеҳни эҳсосӣ ва салоҳияти иҷтимоӣ доранд. Зеро модар ба эҳтиёҷоти эмотсионалии кӯдак бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ташаккули малакаҳои зарурӣ барои зиндагии муваффақ кумак мекунад [5]. Тавре ки мебинем, файласуфон ва мутафаккирони бузург ба модар аз дидгоҳҳои гуногун бархӯрд карда, аҳаммияти модарро дар тарбия таъкид кардаанд ва модарро ҳамчун симои асосӣ дар ҳаёти кӯдак, ташаккули арзишҳои ахлоқии ӯ, рушди эҳсосот ва принсипҳои асосии зиндагӣ эътироф мекунанд.
Аҳаммияти модар ҳамчун муаллими аввалин ва аксаран бонуфузро нодида гирифтан мумкин нест. Вай аввалин модели рафтори кӯдак мегардад, ки роҳҳои муошират, ҳалли низоъҳо ва изҳори эҳсосотро нишон медиҳад. Маҳз модар аст, ки аксар вақт тасаввуроти аввалини кӯдакро дар бораи ҷаҳон, дар бораи ахлоқ, дар бораи неку бад ташаккул медиҳад. Сухан, кирдор ва аксуламалҳои ӯ ба ҳолатҳои гуногун намунаи ибрат шуда, ба ташаккули тамоюл ва эътиқодҳои арзишӣ таъсир мерасонанд. Гузашта аз ин, сабки дилбастагӣ, ки байни модар ва кӯдак дар аввали ҳаёт муқаррар шудааст, ба муносибатҳои минбаъдаи кӯдак бо дигарон, аз ҷумла муносибатҳои ошиқона ва дӯстӣ таъсири доимӣ мерасонад.
Бояд гуфт, ки нақши модар дар солҳои аввали ҳаёти фарзанд маҳдуд намешавад. Таъсири он дар давраи кӯдакӣ, наврасӣ ва ҳатто дар синни балоғат идома меёбад. Дастгирии доимӣ, роҳнамоӣ ва хирадмандии модар ба фарзанд кӯмак мекунад, ки дар ҷаҳони мураккаб паймоиш кунад, қарорҳои оқилона қабул кунад ва ба ҳадафҳои худ ноил шавад. Албатта, нақши падар низ бебаҳост, вале иртиботи ибтидоӣ бо модар аксаран асоси ҳамаи муносибатҳои минбаъда мегардад ва ҷанбаҳои асосии ташаккули шахсиятро муайян мекунад.
Ҳамин тавр, нақши модар дар тарбияи фарзанд на танҳо аз ҷиҳати қонеъ гардонидани бевоситаи эҳтиёҷоти ӯ, балки аз ҷиҳати ташаккули асосҳои шахсӣ, ахлоқӣ ва эмотсионалӣ, ки дар тамоми умри фарзанд ҳамроҳ хоҳанд буд, муҳим аст. Муҳаббат ва таваҷҷуҳи модар заминаи мустаҳкамеро ба вуҷуд меорад, ки дар он эътимод ба худ, тавоноии муносибатҳои солим ва эътимод ба ояндаро ба вуҷуд меорад. Модар на танҳо тарбиятгар, балки аввалин муаллимест, ки ба фарзанд одам буданро меомӯзонад.
Хуллас, метавон гуфт, ки меҳру муҳаббат ва ғамхории модар шарти зарурии инкишофи мутаносиби шахсият ва ба даст овардани тавонмандии комили фарзанд мебошад. Ба эътибор нагирифтани ин далел метавонад дар оянда ба оқибатҳои ҷиддии равонӣ ва иҷтимоӣ оварда расонад.
Турсунов Т.Х. , - сарходими шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлаиҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
1. Консультации для родителей [электронный ресурс] https://nsportal.ru/detskiy-sad/raznoe/2023/05/22/ (дата обращения: 28.02.2025)
2. Концепция привязанности Джона Боулби [электронный ресурс] https://razvitie-rebenka.pro/biblioteka/ (дата обращения: 2.03.2025)
3. Многие женщины поему - то думают….. [электронный ресурс] https://citaty.info/quote/80568 (дата обращения: 2.03.2025)
4. Роль матери в воспитании ребенка [электронный ресурс] https://bobrlen.gov.by/news/actual/131705. (дата обращения: 2.03.2025)
5. Роль матери в воспитании ребенка [электронный ресурс] https://dzen.ru/a/ZDQYN1lRVVz6VXdn (дата обращения: 25.02.25).
6. Роль отца и матери в воспитании ребенка [электронный ресурс] https://xn-------43ddab4abla1bfldbcodecee4dgt3agrzmkh55b.xn--p1ai/articles/rmsh-vv/rol-ottsa-i-materi-v-vospitanii-rebenka/ (дата обращения: 3.03.2025)
7. Эмиль, или о воспитании [электронный ресурс] https://kartaslov.ru (дата обращения: 3.03.2025)
Зан-модар олиҳаи зебоии зиндагӣ ва фариштаи рӯи замин аст. Модар нигаҳдорандаи чароғи хонадон аст. Зиндагӣ аз зан-модар сарчашма гирифта, ҳаётро бо навозишу созиш тароват бахшида, бо сад ниёишу фаҳмиши модарона фарзандонро ба воя мерасонад. Зери маҳфуми зан – модар мо шахси ҳалиму меҳрубон, ғамхору заҳматкаш ва олиҳаи зебоии зиндагиро мебинем. Зан чароғи хонадон, омӯзгору тарбиятгар, гулафшони замину осмон, ба дунё оварандаи насли инсон ва роҳнамои ҳаёти пур аз зебогиҳои мост. Бо омадани баҳори гулбасар занону модарони меҳрубони мо ҷашн доранд. Ҷашни «Рӯзи Модар». Дар калому қомуси башар ҳеҷ калимае муқаддастар аз калимаи«Модар» наметавон пайдо кард. Зеботарин ва арзишмандтарин калима, ки сарчашмаи ҳама муқаддасот ба шумор меравад, ин номи поки модар аст. Сулолаи ҳар паёмбаре, ҳар азизу номваре, ҳар сарваре, ки ҳаст оғозаш Модар аст. Бузурге дар васфи зан-модар чунин мисраҳо овардааст, ки гувоҳи гуфтаҳои болост:-
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Модар барои фарзандон заҳматҳои шоён кашида, баҳри калон ва тарбия намудани фарзанди хеш шабҳои дароз бедорхобӣ кашида, барои орому осуда хуфтани фарзанди хеш суруди нозанини “алла”-ро бо як меҳрубонию зебогӣсари гаҳвора зам-зама менамояд. Суруди модар оғоз ва сарчашмаи тамоми сурудҳои одамист. Модар оғозу анҷоми ҳар меҳру муҳаббате аст ва ҳама муҳаббатҳо бо номи поки ӯ таҷассум меёбад. Меҳри модар ба мисли хуршед аст, ки ба олам нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Зери мафҳуми Модар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Нақши зан – модар дар тарбияи фарзанд, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва муайянкунанда мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки модарон фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш ва таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд. Модар барои инсоният азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватанду мафҳум Модар ва Ватан арзишу манзалати якхела дорад. Зан беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, шуҷоат, меҳру садоқат ва наслофариро эҳдо кардааст.
Сарвари кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Мафҳуми Зан-Модар дар Суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занон ва бонувонниз ибратомӯзу тарбиявӣ буда, моро ба он водор менамояд, ки нисбат ба Зан-модар, сарчашмаи ҳаётва бақои насли инсон ғамхор бошем.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи“Рӯзи Модар”-ро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.
Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксириштуофарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳанд.
Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, Зан-Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.
Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагонбуда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд.
Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад. Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст.
Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад.
-Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар ситоиши Зан – Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарастуозоданажод, диловару мубориз, бо нангу бономус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Муносибати самимона нисбат ба занону духтарон рисолати орому осуда ва солим нигоҳ доштани оиларо таҳким мебахшад ва устувории оила, дар навбати худ, суботи ҷомеаро таъмин намуда, қудратмандии давлатро тақвият мебахшад.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа пеш аз ҳама муносибати ғамхорона ба Зан – Модар, Зан – Мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст.
Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доим пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд.
Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.
Дар охир ба ҳамаи модарони азизи кишварамоноғози баҳори нозанин“Рӯзи Модар” ва омад-омади “Наврӯзи хуҷастапай”-ро табрику муборакбод намуда, баронем, ки модарони ҳалиму ғамхорамон ҳамеша мисли гулҳои баҳорон шукуфону пуртароват ва бахту саодат, барору комёбиҳои рӯзгор ёру мададгоратон бошад.
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чи бувад зиндагиву зист дар олам,
Зан аз тарафи бахт ба мо арзи Паём аст.
Бигзор, қалбҳои шумо Модарон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони Тоҷикистонпоку мусаффо бошанд!
Маҳмадиев Ғолиб – ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Зуҳуров Абдухолиқ – ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Таҷлил аз рӯзи “Иди озодии занон”, ки дар даврони мавҷудияти давлати пурқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иди байналмилалии занон ҳамасола сурат мегирифт, аз нигоҳи мақому манзалат ва моҳияти худ дорои хусусияти сиёсӣ буда, дар асоси тазоҳуроте, ки 8-марти соли 1857 аз ҷониби занони бофандаи Ню-Йорк бар зидди беадолативу истисмор ва қонуншиканиҳо бархоста буданд, бунёдгузорӣ гардид. Ин рӯз барои занони Ню-Йорк батадриҷ ҳамчун рӯзи таърихӣ ташаккул ёфта, онро “Рӯзи занон” номгузорӣ кардаанд ва баъдан хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кард.
Хосатан ин рӯзи таърихӣ аз соли 1908 шурӯъ карда, ҳамчун рӯзи роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳову тазоҳурот занҳоро дар қитъаҳои Америка ва Европа, инчунин Россия бо ҳам муттаҳид сохта, ба муборизоти сиёсӣ ба хотири ба даст овардани ҳуқуқҳову озодиҳо даъват мекард. Билохира, баъд аз талошҳои зиёд ин рӯз сараввал барои занҳои амрикоӣ ва баъдан барои аврупоиён ҳамчун “Рӯзи занон” эълон гардид. Дар соли 1911 вакилони дуввумин Конфонси байналмилалии занони сотсиалист аз асосгузори ҷунбиши сиёсии занон Клара Сеткина хоҳиш кард, ки “Рӯзи занон”-ро ҳамчун “Иди байналмилалии коргарзанон” эълон дорад. Ба ҳамин тариқ, аввалин маротиба 19 марти соли 1911 дар байни занҳои сотсиалисти Австрия, Дания, Германия ва баъзе давлатҳои дигари аврупоӣ “Рӯзи байналмилалии занон” ҷашн гирифта шуд ва ҳамасола аз ин рӯз ҳамчун рӯзи баробарҳуқуқии занон бо мардон ва ҳуқуқу озодиҳо сиёсии занон таҷлил ба амал меомад.
Албата, ин ҷунбишҳо дар нимаи дуввуми асри ХХ то ҷое дар андешаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба дараҷаи ифрот расида, новобаста аз фоъолияти васеъ ва доманадори созмонҳои байналмилалӣ дар бахши масъалаҳои занон дар бисёри кишварҳои Шарқу Африқо мақоми инсониву табии зан, то ба дараҷаи хориву зорӣ кашида шуда буд.
Қобил ба зикр аст, ки аз рӯзҳои аввалини таъсиси давлати Шӯравӣ ин ҷашн дар саросари кишвар ҳамчун иди давлатӣ эълон гардид ва аз файзу баракати он занони тоҷик низ ба ҷову мақом ва мартабаҳои баланди сиёсӣ сазовор гашта, дар баробари мардон барои эъмори ҷомеаи навин паҳлӯ ба паҳлӯ корҳои бузургеро анҷом медоданд.
Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ “Иди озодии занон” ва ё ба қавли мардум “Иди 8-март” дар ҷумҳуриҳои собиқ бо номҳои гуногун ривоҷу равнақ пайдо кард. Масалан, дар Арманистон ба худ номи ”Рӯзи модар ва зебоӣ”, дар Ӯзбекистон ва Россия “Рӯзи модар” ва ғайраро гирифтааст.
Соли чанде аст, ки “Иди озодии занон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун “Рӯзи Модар” ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи муқаддас ба хотири арҷгузорӣ ва бузургдошту ситоиш аз Модари бузурги тоҷик таъсис дода шудааст. Дар робита ба ин, ҳамасола рӯзи 8-март ҳамчун “Рӯзи Модар” ва идомаи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик бо асолат ва муҳтавои азалияш таҷлил мегардад. Бидуни шакку шубҳа Зан-Модари тоҷик ҳанӯз аз даврони зуҳур ва ташаккули тамаддуни куҳани миллӣ дорои ҷашни худ буда, шукӯҳи баргузории он дар ҷалолу азамати эътиқоди оини пешинаи қавми мо реша дошт ва ҳамчун оини муқаддас пазируфта шуда буд. Зеро зан барои аҷдоди фарҳангии мо ҳамчун унсури ҳаётбахш маънои “буданро дар ҷовидонагӣ” таҷассум карда, ҳамеша назди мардони асили худ дорои арзишу мақоми баланд буданд. Вале бо таассуф бояд зикр кард, ки чун дигар арзишҳои фарҳанги миллӣ аз сабаби ноогоҳиҳои таърихӣ ва гурез аз тамаддуни куҳани хеш мавҷудияти он дар гушаи фаромушӣ қарор гирифта буд. Занони пуршарафи миллат на ҳамчун занони амрикоӣ 150 сол пеш аз ин бо муборизаҳои пай дар пай худ барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва баробарӣ бо мардон ҷашнеро падид овардаанд, балки мардони ориёӣ дар ҳудуди 3000 сол қабл, ҷашни муқаддасеро ба хотири “ҳифзи нури зиё ва бақои модар” ва бонувону хоҳарони худ таъсис дода, аз ин рӯз бо шаҳомати бузург арҷгузорӣ мекарданд ва садоқату самимиятҳои бепоёни хешро арза медоштанд. Ин барои ворисони воқеии ин тамаддуни куҳан ифтихори азимест, ки наҷибзодагони аҷдоди ориёӣ барои занони худ чунон тақдимоти олитарини инсониро дар замони бостон арзонӣ доштанд. Ба ибораи дигар ниёгони тоҷикон ин неъматро ба занон ҳамчун нишони эҳтиром ба Зан-Модар, ки сарчашмаи ҳаёту бақои насли инсонӣ маҳсуб мегардад, тақдим кардааст.
Дар масири таърих аз ҷашни мазкур дар рӯзи “Исфандаргон” ё “Сипаромӯз”, ки дар асоси ахбори куҳан ба панҷумин рӯзи моҳи дувоздаҳуми соли шамсӣ ва ё хуршедӣ, ки мутобиқ ба 21 феврал - 21 марти соли милодӣ мебошад, истиқбол ба амал меомад. Мафҳуми “Исфандаргон” дар “Авасто” бо унвони “Сипанта армайтӣ” ва дар забонҳои паҳлавӣ ва форсӣ ба унвони “Сипандормӯз” шуҳрат дорад. Бахши аввали калимаи мазкур аз мафҳуми “Сипант”, “Сипанта” ё “Сипанд” гирифта шуда, сифате мебошад, ки ба маънои “Поку муқаддас” таъбир мешавад. Бахши дуввуми калима, ки “армайтӣ” хонда мешавад ба маънои “фурӯтанӣ” ва “фидокорӣ” аст. Ин луғат дар “Авасто” ба маънои “замин” таъбиру баён шуда, дар забони паҳлавӣ онро ба маънои “хиради комил” тарҷума кардаанд. Дар забони тоҷикӣ низ мафҳумҳои “Модар – Ватан” ва “Модар – замин” аз ҳамин луғат сарчашма мегиранд.
Мувофиқ ба устураи қадима ду фариштаи бузург ва фидокор Сипандормуз-дар саросари олам ва – Ҳамшасипанд дар замин нигаҳбони саёраи мо буда, дар доираи этиқодоти бостонии тоҷикон “Эзиди (Худои) бонуи замини сарсабз” ва рамзе аз сарсабзӣ, хуррамӣ, самаранокӣ ва зоиш мебошад. Аҷдоди пешини мо ӯро “Мазҳари муҳаббат”, сабру таҳаммул ва тоқату фурутании Аҳурумаздо медонистаанд ва Зан – Модарро ҳамсони вай қаламдод мекарданд.
Амшасипанд дар эътиқодоти бостонӣ духтари Аҳурумаздо буда, бояд заминро ҳамеша поку хуррам ва пурҳосилу босамар нигоҳ медоштааст. Сипандормузон бошад, фариштаест ба мисли замин бо сабру таҳаммул, фурутану пурҳосил, ки сулҳу созиш бо табиат аз сифатҳои бузурги вай маҳсуб мегардад. Ҳамин аст, ки дар таърихи фарҳангӣ мо Зан – Модарро аз руйи сабру тоқат, шикастанафсиву фурӯтанӣ, хоксориву созиш ва зоишу самаранокӣ ба ин фариштаи осмонӣ нисбат дода шуда, занҳоеро, ки дорои чунин фазилату хислатҳои нек мебуданд аз авлоду табору мубораки ин фаришта медонистанд. Чаро ки танҳо чунин тоифа занҳо дар вафодорӣ, меҳрварзӣ, фидокорӣ сабру саховат ва фӯрутаниву хоксорӣ ба вай монанд мешаванд.
Бо назардошту ин умумиятҳо ва сифату хислатҳои замину зан рӯзи панҷуми Исфандмоҳ ва ё Исфандаргон, ки мутобиқ ба 26-уми феврали солшумории милодӣ мебошад дар арафаи “Баҳори нозанин ҳамчун рузи муқаддас ва “Рӯзи Занон” ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз занони қавми тоҷик, мавриди ҳурмату иззат ва суҷуду гиромидошт қарор мегирифтанд. Дар робита ба иди “Сипандормӯз” мардони табори мо вазифадор буданд дар накӯдошти занони хеш, яъне ҳамсару хоҳару духтари худ бикӯшанд ва пурарзиштарину нодиртарин ҳадяҳоро ба онҳо тақдим кунанд.
Рӯзи Зан дар доираи эътиқодоти аҷдодӣ “Рӯзи фармонравои занон” ва “фармонбардории мардон” буда, амри занон дар ин айём “фармоне будааст”, ки аз хурд то калон бояд ба он итоат мекарданд ва онро мепазируфтанд ва гиромӣ медоштанд. Ба ибораи дигар бечуну чарои фармонҳои бонувон одобу тарбияи мардон ва ҷавонмардии онҳоро ҷилвагар мехостааст.
Яке аз бузургтарин файласуф ва муаррихи тоҷик Абурайҳони Берунӣ аз рӯи таҳқиқоте, ки пиромуни фарҳанги бостон ва урфу анъанаҳои гузаштагони худ дар “Китобу- т-тафҳим фи саноат ат-танҷим” ва “Осору – ул – боқия” анҷом додааст, чунин меорад: “Исфандормӯз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ, ба василаи ин рӯз “Иди занон” будааст. Ва ҳанӯз ин дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновар) боқӣ мондааст. Ва ба форсӣ “мардгирон” мегӯянд.
Абӯрайҳони Берунӣ ба хусус дар “Китобу – т – таҳфими фи саноат танҷим” таъкид месозад, ки “дар ҷашни мардгирон мутобиқи бовари омма риқъаи” (мактуби) каждум ба сари дари хонаҳо меовехтанд, то аз газанд дар амон бимонад. Порсиён набиштани риқъаи каждумро бар дигарон хонанд, чаро ки занон бар шавҳарон иқтироҳҳо (маҷбур) карданӣ ва орзуҳо хостандӣ”.
Мутобиқ ба “Фарҳанги Мӯъин” “риқъа” ва ё “номаи каждум” дар таммаддуни бостони мо дуо ва номае ба шумор мерафт, ки вай дар “Рӯзи занон” ва ё дар рӯзи панҷум аз “Исфандормуз” дар қоғази чаҳоргӯша навишта мешуд ва дар се самти деворҳои хона насб мегардид. Девори муқобили пеши хонаҳо бошад, боз гузошта мешуд, то хонадону зану фарзандон аз чашми баду балоҳои осмонӣ ва заминӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Дар “Фарҳанги ҷаҳонгирӣ” низ омадааст, ки “муғон рӯзи нахуст аз панҷ рӯзе, ки дар охири сипандормӯзмоҳ аст ва рӯзи ҷашне, ки онро “Ҷашни мардгирон” хонанд аз тулӯи сапида, то тулӯи офтоб ба ҷиҳати дафъи ҳавом (ҳашарот) се руқъӣ менависанд ва онро ба се девори хона мечаспонданд ва девори чаҳорум, ки садри хона аст, холӣ мегузорад. Гӯянд дар ин рӯз Афридун тилисме фармудӣ ва самуми ҳавом (заҳр пошидан ба ҳайвонот) ва ҳайвонотро бибастӣ ва муиди нисбати он ки возеҳ навиштани “Руқаъи каждум (“Номаи ақраб”) буда ин аст, ки форсиён бад-он руқъа нависанд, ки ба номи Эзид ва ба номи Афридун”.
Ба қавли қисмати аъзами таърихнигорону фарҳангшиносони таърихи куҳани мо ҷашнҳои Исфандмоҳ ва хосатан ҷашни “Сипандормуз” ё “Рузи Модарон” бо гардиши фалаки “Роҳи каҳкашон” иртиботи бевосита дошта буд, зеро дар ин давра пайвандҳои нуҷуми байни фалаки Парвин ва бурҷи Ақраб дар поёни зимистон ва оғози баҳор ба вуҷуд меояд. Ин пайванд ба таърихи 5 –уми Исфандмоҳи хуршедӣ ва 26 – уми феврали милодӣ мутобиқ меояд. Аз ин рӯ, “Номаи каждум” ва ё “Ақраб” дар иртибот ба гардиши фалак бедоршавии замин аз сардии зимистон, омода шудани замин (модар) барои борварӣ ва самара таҳия гардида, ҳадаф аз навиштани он аз ҷониби ориётаборон, зери паноҳи Аҳурамаздо, ҳамоҳангии бурҷи Ақрабу Парвин бо Офтобу Замин ва саломат нигоҳ доштани модар ҳамчун сарчашмаи насли одамӣ ва бақову зиндагӣ буд.
Қобил ба зикр аст, ки дар тамоми манбаъҳои таърихӣ аз ҷашни “Рӯзи Зан” ба унвони “Мардгирон”, “Муздагирон” ва “Муждагирон” ёд шудааст, ки ҳадафи меҳварӣ ва калидии он накӯдошт аз Зан-Модар буда, ба хотири ризоият ва хушнудии Сипандормуз фариштае, ки дар саросари олам заминро аз офатҳо нигаҳбонӣ ва ҳифз мекунад, сурат мегирфтааст. Дар ин рӯз ҳар амале, ки аз ҷониби мардон ба хотири зан анҷом мепазируфт, мавриди ситоиш ва мадҳу сано қарор мегирифт.
Танҳо рақиб ва душмани Сипандормӯз деви зулмату торикӣ ва бадбахтиву нохушнудиҳо – Таромайтӣ, мекушад дар ин руз сабаби ғамгуниву сабаби нофармоӣ шуда, рамзи ҳузури вай нохушнудии Зан – Модар шавад. Ин деви зулмату бадсиришт ба ҳар коре даст мезад, то дар рӯзи зоиши фарзанд, ки меваи боғи муҳаббати зан - модар ва бақои насли он аст, модару фарзандро ба ҳалокат расонад. Аз ин рӯ, ҳар марде, ки ба зан – модар хиёнат ва беэҳтиромиву носипосӣ мекард, ӯро аз зумраи ёрон ва аз қабилаи Таромайтӣ мешумориданд. Ҳеҷ марде аз табори ориёӣ ба чунин мардҳо даст намедод ва ӯро аз давраи худ ронда, хору зор мекард ва аз нажоду нутфаи қавми худ намедонист.
Мувофиқи илми нуҷумшиносии ориёиҳо чаҳор ҳазору ҳаштсад сол қабл дар доираи ҳаракати “Роҳи каҳкашон” бурҷи ситораи ҳаждаҳор (Зих Суъбон) аз қутби осмон фосила гирифта дар як ҳаракати доирашакл ба даври нуқтаи қутби осмонӣ гардид ва ҳалқаеро ташкил дод. Дар асоси эътиқодоти бостонӣ ва устураи қадимиён ин ҳалқа рамз ва нишонае ҳампаймонии бурҷи ситораи ҳаждаҳор (мор) ва қутби осмонӣ аст. Бо ҳамин ҷиҳат ин ҳалқаро “Ҳалқаи меҳр” ё “Ҳалқаи паймон” номида, онро рамзи пайвандаи насли одамӣ қарор додаанд. Ҳалқаи меҳрпайванди заношуӣ, ки имрузҳо баъд аз ақди никоҳ домод ва арус ба даст мекунад, аз ҳамон давра боқӣ мондааст ва ба фарҳанги европоиён аз тариқи меҳрпарастони Рум ворид гаштааст.
Дар “Ригведа” ва дигар матнҳои санскритӣ ҳиндуҳо аз ин ҳалқа ба мафҳуми “Иолзоло” ба маънои “доира” ёд мекунанд. Дар чаҳорчубаи ҳикмати “Ҳалқаи меҳр” пайванди миёну зану мард бо решаҳои асотирӣ дорои хусусияти бузург ва муқаддас будааст. Ҳамин аст, ки дар саросари “Авасто” дар гиромидошти мақоми зан ва иртиботи он ба зиндагӣ ва замин фарозҳое омадааст, ки пайванди зану мардро пайванди осмону замин мешуморанд, зеро чи тавре ки қаблан зикр сохтем зан ҳамчун қудрати борварӣ, саховат, сабр, шикастанафасӣ ва фурутаниву хоксорӣ, ба замин пайваст аст. Аз он ҷое, ки мард шароити борбарӣ афзоиши занро фароҳам меоварад, ба осмон мансуб шудааст, зеро осмон борон меборад ва офтобро ҳадя мекунад, то заминро дар оғуши гарму амни хеш парвариш диҳад. Замин дар навбати худ, зери соя осмон инсонро парвариш дода, дигар мавҷудотро ба ҳаёт фаро мехонад ва дар оғӯш мегирад.
Дар эътиқодоти бостонии тоҷикон зану мард дар канори якдигар пайванди зиндагӣ ва маргро ба вуҷуд меоваранд. Зан бо таваллуди фарзанд омили зиндагибахш буда, аз сабаби он ки мард намезояд, ҳастии вай бо марг ба поён мерасад. Дар робита ба ин дар таърихи тамаддуни тоҷикон насли фарзандро аз модари ӯ медонистанд ва ба ивази он ки ӯро ба насаби падарӣ хонанд, бо аҷдоди модарӣ муаррифӣ мекарданд. Таъсири ин фарҳанги гузаштагони мо, ба хусус ба аҳли яҳуд хеле зиёд будааст, зеро дар анъаноти онҳо мақоми модар нисбат ба падар баланд мебошад ва яҳудияташон ба насаби модарӣ вобаста аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи баланди бонувон дар андешаи бостонии тоҷикон метавон гуфт, ки дар тамоми давраҳои таърихии ин сарзамин чӣ дар устура, чӣ дар тимсол ва чӣ дар таърих нисбат ба зан-модар эҳтироми баланд доштаанд ва ӯро мавриди парастиш қарор медоданд.
Тибқи сарчашмаҳо ҷашни “Рӯзи Зан” дар сарзаминҳои Эрону Мовароуннаҳр то асри 12 боқӣ монда буд. Ҳатто дар Руми Қадим, ки оини куҳани тоҷикон меҳрпарастӣ дар фарҳанги мардумони он решаи амиқ давонда буд, аз ин ҷашн таҷлил меоваранд.
Чунон ки қаблан гуфтем, ин ҷашни миллии аз хотираҳо рафта, дар кишвари мо дар солҳои охир ба тадриҷ эҳё мегардад. Гумон меравад, ки дар таърихи башарият ба мисли аҷдоди мо шояд дигар мардуме вуҷуд надошта бошад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии рӯзи Модар - Зан маълумоте дошта бошад. Бидуни шак чунин ҷашн арзандаи ситоиш ва эҳтирому арзиш аст, зеро пояи асосии шукуфоӣ, бақо, амният, пойдорӣ ва оромии ҳаёт вобаста ба Зан - Модар ва муносибати ҷомеа ба вай мебошад.
Болотар аз ин қавму миллатҳои дигар бояд донанд, ки аввалин муассисони чунин ҷашни фарҳангии зебо ва дӯстдоштанӣ киҳо будаанд. Табақаи бофарҳанг ва зиёиёни тоҷик бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки гузаштагони арҷманди мо ва хосатан равнақдиҳандагони фарҳанги волои миллӣ дар байни мардумони олам - давлати муқтадири ориёиҳо Ҳахоманишиён буд, ки беш аз 200 сол қариб нисфи ҷаҳон дар ихтиёри онҳо қарор дошт ва бадин восита падидаҳо ва зуҳуроти фарҳангии худ, аз ҷумла ҷашни “Рӯзи Модар”-ро барои тамоми кишварҳои тобеъи худ ба мисли ҷашни Наврӯз фаромиллӣ ва фароқавмӣ гардонида будаанд.
Эҳёи иди “Рӯзи Зан”, акнун дар Тоҷикистон на танҳо ба хотири озодии занон, балки барои арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Модарон - Занон зояндагон ва тарбиядиҳандагони фарзандони Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин иди аҷдодӣ мебошад.
Кист Зан- Модари тоҷик, ки аз қаъри асрҳо барои ҷалолу азамати ӯ мардону фарзандонаш ҷоннисорӣ карда, дар баробари Худову китобҳои муқаддас ба номаш қасам мехӯранд ва ӯро гироми медоранд?
Ҳанӯз бузургони мо медонистанд, ки оғози офариниш, ибтидову интиҳои олам дар раҳми модару замин аст. Бесабаб нест, ки дар устураи миллии тоҷикон аввалин инсони рӯи замин Каюмарс аз нутфае аз замин рӯидааст. Дар Қуръон бошад, зан ба мисли Тавроту Инҷил, дар шакли таҳқиромез аз қабурғаи чапи мард офарида нашудааст, балки зану мард дар офариниш ҳарду аз як ҷавҳар падид омадаанд. Болотар аз ин ислом биҳиштро зери қадами модарон қарор додааст.
Навиштаҳои зиёде доир ба модар дорем, вале ҳеҷ донишманде, шоире, мутафаккире дар сатҳи устод Лоиқ Шералӣ (шогирди сазовори утод М.Турсунзода) натавонистааст дар тасвири ҳикмати волои пурасрори модари беозор, модари зебо, модари дилфаҳм ва ғамхор ба ҷавҳари офариниш рӯй биёрад ва вуҷуди саропо меҳрофарини ӯро ба қалам диҳад.
Устод Лоиқ мегӯяд:
Гар шоирони олам якҷо мадҳия гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар!!
Воқеан ҳам ҳақ барои ҷониби устод Лоиқ аст, ки модарро суруди ҷовидоне медонад, ки дар сӯзу наво ва аллаҳои вай ангезаи бузурге нуҳуфтааст. Ин оҳанг ҳамеша бо суруди ҳузнангези қадимӣ ки аз моҳияту вуҷуди аллаи модар бармехезад, танинандоз аст. Модари зор кӯдаки бо ранҷҳову бехобиҳо парвардаи худро бо суруди алла, ки аз сароғози ҳастии инсон сарчашма гирифтааст, мехобонд ва зери лаб замзама мекард, ки тифли гирёнаш калон шуда, ҳамчун нишоне дар ҷаҳон аз ӯ боқӣ монад.
Аз миёни шӯру ғавғои ҷаҳони баччагӣ,
Аллагӯиҳои ту ояд ба гӯши ман ҳанӯз.
Зери қаноти модар буд, ки фарзандонаш дар фазои қуллаҳои зодгоҳи худ, сабукболона рӯи сабзаҳо беғам медавиданд ва гули кӯҳӣ мечиданд. Лекин модар дар хоби шабаш фарзандони ҷавонмарги худро дида, ба сӯи он бачаҳои беғам ҳамчун охирин дунёи умеди худ менигарист ва аз Эзиди пок сипосу мағфират мехост, ки ҳанӯз ҳам нишони гулу нуру шарофат аз вай боқиву ёдгор аст. Аммо афсӯс, фарзандон намедонистанд, ки олами дар худ ниҳони модар чӣ дорад. Модар ҳазорон маргу андӯҳу ғамро пушти сар карда, худ нахӯрдаву напӯшида, фарзандоронро зери пар гирифта, бо сад ранҷ мепарварид ва бо забони шаккарин, то дили шаб бар ҷаҳон қиссаву афсонаҳо мебурд.
Аммо замоне фарзандон бузург шуда, аз он олами руъё ва зебо берун афтоданд ва ба ҳар сӯ рафтанд. Вай бо дуои хайри худ фарзандонро мағфирату раҳнамоӣ карда, ба китфи ҳар яки онҳо орд пошида мегусоланд, то ин ки мисли орд роҳашон сафед бошад. Аз нон пора медод, то инки нимаи дигараш бо ҷазби худ рафтагонашро ба наздаш боз гардонад. Вале он нони газида барои фарзанд чун заҳре дар ком мемонд, зеро як нафас ҷудоӣ аз модар чӣ қадар сахт буд барои фарзандон. Кӯдакони навболу параш бояд мерафтанд, аммо модар барои фарзандонро ба роҳҳои дур гуселондан, аз ночорӣ дар худ фӯру мемонд. Хати онҳоро ҳамчун суруди тӯйи ҳарф - ҳарф медонист. Ашк мерехт ва маъюс мешуд, лекин барои арӯсони худ бисоти тӯй меандӯхт. Шабонгоҳ мижа таҳ накарда, бо дастони ларзон, бо сад нияту орзу ҷома медӯхт, ки онро рӯзи тӯй бар қади фарзанд дида, ормонҳояшро бишинонад. Барои рӯзи туй садаф меҷусту шаддаи марҷон ва бо дасти пурэъҷози хеш дастархони гулдӯзи меофарид. Ба зери дегдон оташ гардонда, дар шуълаи рақсони он чун фолбинон фарзанди худро дар ҳузури хеш мепиндошт. Ба ёди фарзандони раҳдур бо ғаму талвоса рӯзу моҳро мешумурд ва дар ҷойнамози фарсуда зикри Худо мекард.
Аммо фарзандон баъд аз пазмони модар шудан соле як бор ду рӯз ба он лонаи эъҷозкор ва назарногир ба меҳмонӣ меомаданд. Модар дар роҳи фарзандон обу адо гашта, синакӯбон ба пешвози фарзандон мебаромад.
Бӯи шинос, бӯи нону бӯи шири гарми навҷӯшида аз дастони Модар меомад, лекин офтоби зиндагии ӯ дар сари кӯҳе расида, панҷаҳои нарму ногиро шуда буданд, шӯълаи ҳуснаш парида, чашмҳои барқфишонаш нобино шудаанд. Аммо, агар бар сари фарзанд ними шаб ногаҳон як мӯи сафед медид, бо алам оҳ мекашид ва бо рӯи пурожанги пурасрор ба фарзанд нигариста, нафасҳои ғаниматро мебурд. Хазонрези ҳаёташ буд ва аз пешгоҳи кулбаи фартут хазон меруфт, хазонҳои дарахтони ҳаёти дастпарвардааш. Модар бо рангу рӯи монанди хазон зард ва дидагони хирабину ашкбор бо нигоҳи ҳуснангезаш ба фарзанд менигарист ва аз дасти бемадору ногиронаш ҷоруб меафтод.
МОДАР! Чӣ ҳарфи ризое ба ту гӯям, бубахшоям, ки ман хазони умрро рӯфта наметавонам!!
МОДАР хуб медонистӣ, ки сояи маргаш ба назди остонаш дом мондааст ва дар ин дунё, ба ҳар кас қисматеву навбате ҳаст, дар он ному насабе баркашида.
МОДАРАМ! Модари биҳиштиям! Афсӯс, ки бо Модар-Замин ва чархи гардон ҳамроҳ шӯдаӣ ва дигар аз дар бача сӯи ман сар берун намеёзоӣ. Ту дигар дар миёни пиразанҳои кӯча бо ҳазору як таманно зи ман ифтихор намесозӣ. Ту дигар ба хонаи ман намеоӣ!!!
МОДАРО, гарчӣ рафтаӣ зи дунёи ду дар ва аз ҳавлии девор бастаат, вале дар дилу дидаву дар хотири мо зиндаӣ:
Зиндаӣ, эй модари ошуфтаҷонам, зиндаӣ,
Зинда дар байни замину осмонам, зиндаӣ!
Абдулвоҳид Шамолов доктори илмҳои фалсафа, профессор, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДОА АМИТ
Ҳануз аз солҳои охири асри 19 ва аввали асри 20 сар карда мардум дар тамоми сайёра як рӯзро бо номи Рӯзи Занон ҳамчун ҷашн таҷлил мекарданд ва ин рӯз 8 март ном дошт. Ин рӯз барои мо мардон низ бисёр азиз буд ва мо омад –омади онро ҳамеша интизор будем. Дар ин рӯз “аз пушти биринҷ шолӣ ҳам об хӯрдаст” гуфтагӣ барин мардҳо ҳам як рӯз истироҳат намуда, шодиву хурсандӣ менамуданд.
Вақте, ки мо ЗАН мегӯем, пеш аз ҳама, дар пеши чашмони мо симои: Модар, хоҳар, ҳамсар, духтар, бибӣ, амма, хола, янга ва умуман, ҷинси латиф бо ҳама отифоташ, зебогияш, меҳру муҳаббати самимӣ ва хосааш ҷилвагар мегардад.
Бузургони мо фармудаанд, ки “биҳишт зери қудуми модарон аст”. Маълум мегардад, ки модар баъд аз Парвардигор, ки моро офарида аст, Парвардигори заминии мо ба шумор меравад. Хидматҳое, ки модар баъд аз дар батнаш пайдо шудани фарзанд мекунад, яъне ба дунё овардан, нигоҳбонӣ намудан, омӯзонидани ҳарф задану роҳ гаштан, ғами хӯроку пӯшок ва саломатии моро хӯрдан ва дигар он заҳматҳои зиёду сангине, ки барои бегазанд ба воя расидани фарзанд мекашад, дар маҷмуъ биҳиштӣ будани ӯро исбот менамоянд.
Чӣ тавре, ки шоири бузрги порсигӯйи мо Эраҷ Мирзо мефармояд:
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт,
Як ҳарф ду ҳарф бар забонам,
Бинҳоду гуфтан омӯхт...
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.
Модар-Зан дар ҳар куҷое, ки бошад, он ҷо поку тамиз, он ҷо ҳурмату эҳтиром, он ҷо ишқу муҳаббат, он ҷо хотири ҷамъ ва осудагию осоиш ҳукмфармост.
Дар дунё вуҷуди аз ҳама пуртоқат, пурсабр, дилсӯз, кони раҳму шафқат, манбаи ишқу муҳаббат ин вуҷуди олиҳасони Модар-Зан аст.
Ба ин маънӣ Маликушшуаро Баҳор мегӯяд:
Аё кӯдаки хубу ширинзабон,
Машав ғофил аз модари мерубон.
Бидор ин се дурри нақдро насби ъайн,
Ба аввал Худо з-он сипас волидайн.
Худо мунъим асту мураббӣ падар,
Бувад Модар аз ҳарду дилсӯзтар,
Худоро парасту падарро ситой,
Вале ҷон ба қурбони Модар намой.
Ва ё дардҳое, ки Модар-Зан дар тӯли умраш ба хотири фарзандаш мекашад, ранҷҳое, ки мебинад, дардҳову ранҷҳоеанд, ки танҳо Модар метавонад онҳоро таҳаммул намояд. Аз ин рӯ, пуртоқативу сабурӣ танҳо хоси Модар аст ва дар мубориза бо дард. Модар, барандаи ҳамаи ҷоизаҳо хоҳад буд.
Дар ин мавзуъ Аҳмади Ҷомӣ мефармояд:
Зан магӯяш, ки дар кашмакаш бодард,
Як сари мӯяш беҳтар аз сад мард.
Дар бораи бузургии Модар, бахшандагии ӯ, қалби пур аз меҳру шафқати ӯ бузургони майдони сиёсат, илму маориф, шоирону нависандагон ва афроди солими ҷомеа беҳтарин суханҳои хешро самимона иброз доштаанд. Мавзуи Модар дар тамоми давру замонҳо якҷоя бо мавзуи Ватан-Модар барои шоирону нависандагон мавзуи калидӣ буд ва ҳаст. Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо Қаҳрамони Тоҷикистон, шоирони халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар ин мавзуъ мумтоз ва пирӯз мебошанд. Дар адабиёти форсии тоҷикӣ бошад Эраҷ Мирзо беҳтарин модарномаро эҷод кардааст. Эраҷ Мирзо дар яке аз шеърҳояш бо номи “Дили Модар” тамоми назокатҳо, ғамхориҳо, бахшандагиҳо, матонату азхудгузариҳои Модарро хеле ҷолибу таъсирбахш баён намудааст:
Дод маъшуқа ба ошиқ пайғом,
Ки кунад модари ту бо ман ҷанг.
Ҳар куҷо бинадам аз дур,
Кунад чеҳра пурчину ҷабин пурожанг.
Модари сангдилат то зиндааст,
Шаҳд дар коми ману туст шаранг.
Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ,
Бояд ин соат бе хавфу диранг,
Равию синаи тангаш бидарӣ,
Дил бурун орӣ аз он синаи танг.
Гарму хунин ба манаш боз орӣ,
То барад з-онаи қалбам занг.
Ошиқи бехиради ноҳанҷор,
На, бад- он фосиқи беисмату нанг,
Ҳурмати модарӣ аз ёд бибурд,
Маст аз бодаву девона зи банг.
Рафту модарро афканд ба хок,
Сина бидриду дил овард ба чанг.
Қасди сарманзили маъшуқ намуд,
Дили модар ба кафаш чун норанг.
Аз қазо хӯрд дами дар ба замин,
В-андаке суда шуд ӯро оранҷ.
Аз замин боз чу бархост намуд,
Пайи бардоштани ун оҳанг.
Дид к-аз он дили оғушта ба хун,
Ояд оҳиста бурун ин оҳанг,
Оҳ!!! Дасти писарам ёфт харош,
Вой пойи писарам хурд ба санг.
Дар тарбияи фарзанд нақши Модар хеле бузург мебошад. Ягон Модар-Зан намехоҳад, ки фарзандаш бе тарбия, бадрафтор ва ё ҷинояткор ба воя расад. Лекин чӣ илоҷ, ки ҷомеа, ҳаёт ва зиндагӣ боз қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд.
Модар бахшанда аст. Дили мамлу аз раҳму шафқати ӯ ҳамеша омодаи худашро барои фарзанд қурбон намудан мебошад. Ба хусус, ки солҳои охир тамоми бори сангини рӯзгор ба души Модарон гузошта шудааст. Падарон аксаран барои пайдо намудани қути лоямут дар коранд ва дар тарбияву таълими фарзандон камнақше надоранд. Аз ин рӯ, қонуну қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистоноид ба таълим ва тарбияи фарзанд хело саривақтӣ ва муфид мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми занону Модарон ва хоҳарону духтаронро бо ин рӯзи нек - Рӯзи Модарон табрику муборакбод мегӯем. Бигзор ҳеҷ гоҳ чашматон наму дилатон ғамро набинад бонувон, модарон, духтарон ва хоҳарони азизу гиромӣ!
Холназаров Назар, - ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Рӯзи модарон, дар баъзе кишварҳо ҳамчун рӯзи8-уми март ҷашн гирифта мешавад ва онро муҳимтарин ҷашн барои модарон ва занон мешуморанд. Ин рӯз дар Тоҷикистонниз ҳамчун рӯзи модарон бо муҳаббат ва эҳтироми хосса гузаронида мешавад.
Зан-модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва гармии зиндагӣ мебошад. Дуруст аст, ки имрӯз “Ҷашни Модарон” аст. Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад”. Чунки зан-модар омили муҳаббат дар ҷомеаҳо мебошад.
Мардуми Шарқ, модарро ҳамчун мактаби муҳаббат ва тарбия меҳисобанд, зеро модар инсонҳои некро тарбия менамояд. Ҳатто дар ҳаққи модар ҳарчӣ гӯем ҳаққи ӯро ба ҷой намеорем. Модар на танҳо мактаб, балки тамоми олам аст. Чунки дар паси ҳар як пешравӣ, ҳар як қаҳрамонӣ модар истодааст.
Шоир Ҳофиз Иброҳим дар шеъри «Дониш ва ахлоқ» мегӯяд:
Модар мактаб аст, агар ӯро омода созӣ,
Мардуми бо ахлоқу насаби нек омода созад.
Аксарият ин байтро, ки аз хурдӣ медонанд ва дар зеҳнашон нақш бастааст, зеро онро биёр шунидаанд. Ҳофизи Иброҳим модарро ба мактабе монанд кардааст, ки агар дар ҳама ҷанбаҳои таълиму тарбия омодагӣ бинад, мардуму нажоди хубе ба воя мерасонад. Ҳар дафъае, ки ин сатрҳоромешунавӣ, саволҳои зиёд ба ёдат меояд.
Модар унвони раҳму шафқат ва дарахтибахшиш аст, ки бо пешрафти он мардумон пешрафт мекунанд ва бо андешаи он дар баҳри дониш ва илм ғарқ мешаванд.
Оғӯши модар оромишест, ки дилу ҷонро фаро мегирад. Аз ин рӯ, модар тарбиятгари наслҳо ва созандаи миллатҳо мебошад, ки дар зиндагӣ ҷои муқаддас ва мақоми баланд дорад. Зеро дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо болу парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Аз ин рӯ шоири тоҷик мегӯяд:
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.
Инчунин Ҳофиз Иброҳим сабаби ақиб мондани миллатҳои Шарқро дар кам таваҷҷуҳ ба тарбияи занон медонад. Шеърҳои ӯ як фарёди виҷдони мардони Шарқ аст, ки занонро дар тарбияи наслҳо омода созанд.
Модар мактабест, ки агар ӯро хуб тарбия кунӣ,
Миллату насле омода созад.
Модар мисли боғест, ки агар борон борад,
Беҳтарин меваю сабзавот диҳад.
Модар муаллими муаллимон аст,
Муаллиме, ки некиаш дар тамоми ҷаҳон аст.
Шоир муътақид аст, ки агар зан тарбияти хуб дошта бошад, ӯ метавонад нақши модарро иҷро кунад. Аз ин рӯ, агар модарон фарзандони худро хуб тарбия кунанд, он ҷомеа дар ҳама соҳаҳо пешрафт мекунад.
Модар барои ҳар як инсон ибтидои комёбиҳост. Ӯ заминаи хуберо барои ба воя расонидани фарзандон фароҳам меоварад. Аввалин нафаре, ки бевосита дар ҳаёти наврасон таъсири мустақим мегазорад, модар аст. Модар ояндаи фарзандро аз ибтидои ҳаёташ асос мегузорад. Модар инчунин барои тарбияи фарзандон ва муваффақ шудан дар зиндагиашон сахтиву душвориҳоро бидуни интизорӣ бисёр машаққатҳоро таҳаммул менамояд.
Рӯзи модарон дар Тоҷикистон бо таъкид карданирисолат ва муҳаббати модарон дар ҷомеа баргузор мешавад. Бинобар ин, чорабиниҳо на танҳо шодии модарон, балки ифтихор ва қадр кардани муҳимияти онҳо дар ҳаёти рӯзмарраро низ таъмин мекунадва таҳкими равобити хонавода ва маърифати иҷтимоиро боз ҳам баланд мебардорад.
Одинаев Абдуҳалим, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Аз замионе, ки Тоҷикистон соҳибистиқлолияти худро ба даст овард, занону духтарон дар тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар кору фаъолият доранд. Гар чанде занону духтарон баробар ҳуқуқанд, аммо масъулияти занон нисбати мардон бештар аст.
Пеш азоне, ки занон ба илму ихтироъкорӣ машғул шаванд, пеш аз ҳама онҳо бояд вазифаи ҷонии худро, ки дар хона бар душионҳост, иҷро намояд. Аз ҷумла тарбияи дурусти фарзанд, ҷаъму гири хона, пухту -паз, шусту- шу ва ғайра. Ба ҳаммаи ин нигоҳ накарда занону духтарони мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз сафи мардон қафо набошанд.
Хаммаи инро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеъа изҳори андеша намуданд.
Имрузҳо рушду нуфузи тамоми соҳаҳо бидуни иштироки занон тасавурнокарданист. Албатта бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аст, ки занону духтарон дар ҷомеъа мавқеъи назаррас пайдо намудаанд.
Инчунин санаи таърихи 11 феврал дар Ассамблеяи Генералии Созмони миллали Мутаҳид “Рӯзи байналмилалии бонувон дар соҳаи илм” эълон гардид. Ин руз бароибартараф кардани монеъаҳо ва кумак расонидан ба занони олам, баробарҳуқуқии гендери, эътирофи саҳми занон дар рушд ёфтани илм ва корҳои илмию ихтирокории онҳо таъсис дода шуд.
Мо кормандони илм, занҳои ихтироъкор хурсанд аз он ҳастеи, ки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварамон озодона кор ва фаъолият дорем, ки ин ҳама бо дастгирии Пешвои муаззами кишвари мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мехоҳам нуқтаеро қайд намиям, ки Пешвои муаззам мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ зикр намуда буданд, ки “ То он вақте, ки ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеъи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдори мекнам”.Ин гуфтаҳо худ аз он гувоҳи медиҳанд, ки таваҷҷуҳи роҳбари давлат нисбати пешбурди сиёсати занон дар давлату миллат басо назаррас аст.
Мо занони насли истиқлол, кормандони илм, ихтироъкор бо як ифтихори баланд шукр аз он мекунем, ки имрузҳо даҳҳо санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мавқеъи зан дар дар ҷомеъа ба имзо расидааст, ки иҷроишии он дар таҳти назорати давлат аст. Мо аз он ифтихор ва сарбаланди мекунем, ки Пешвои муаззам мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади хеш нисбати нақши занон дар саҳм гузоштан ба Ватан ва ободкорӣ ибрози андеша мекунанд.
Пас аз ин моро месазад, ки кушиш кунем, ки баҳри ин сарзамин ин давлати биҳишосо саҳми худро гузорем, ва намунаи насли наврас бошем.
Аминова Нигора Аминовна н.и.т., мудири озмоишгоҳи Маводшиносии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
