Skip to main content

Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи башар басе занҳои далеру мубориз арзи ҳастӣ намудаанд, ки дар ҳайёти сиёсиву иҷтимоӣ ва умури давлатдори нақши калидӣ доштаанд. Занони тоҷик дар масири таърихи миллат қаҳрамониву корнамоиҳои зиёде кардаанд, ки намунаи ибрат барои наслҳои имрӯзу оянда мебошанд. Зеро онҳо пайвандгари дирӯзу имрӯзи таърихи миллат ва машъали ифтихори занону бонувони тоҷиканд.

Имрӯз мехоҳам дар бораи як чеҳраи шинохтаи Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон – даврони Истиқлолият ҳамчун як зани муваффақ ва ходими сиёсиву давлатӣ, муовини раиси ҲХДТ маъмулу машҳур мебошанд, ибрози назар дошта бошам. Зеро ҳаёт ва фаъолияти он кас барои насли наврас ва мо - ҷавонондухтарон намунаи ибрат мебошад.

Хайринисо Юсуфӣ яке аз дурахшонтарин чеҳра ва намояндагони зани тоҷик дар ҷодаи сиёсат мебошад. Хайринисо Юсуфӣ аз сиёсатмадорони маъруфи Тоҷикистон буда, дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзад. Ӯ бо фаъолияти худ дар самти ҳуқуқи занон, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маъруф буда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият кардааст. Ин мавқеъҳо ба ӯ имкон доданд, ки ба ташаккули сиёсати давлатӣ оид ба занон, кӯдакон ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсиргузор бошад. Талошу захматҳои ин Зан - Модар бозгӯи онанд, ки то чӣ андоза дастрасии занон ба таҳсил ва пажӯҳишҳои илмӣ барои пешрафт ва рушди ҷомеа муҳим буда, занон метавонанд дар соҳаҳои гуногун: аз сиёсат шуруъ карда то илму фарҳанг муваффақ шаванд.

Дар бораи ин зани зебову хушандом, сиёсатмадору забондон ҳанӯз аз давраҳои донишҷӯӣ шунида будам. МаърӮзаву баромадҳояшонро ягон-ягон аз телевизион тамошо намуда будам. Соли 2024 ба мо як гурӯҳ ҷавондухтарон – кормандони илмии муассисахои мухталифи АМИТ муяссар гардид, ки ба курси “Зан- Сарврон” -и сиёсии АМИТ шомил гардем. Дар тӯли ду ҳафтае, ки мо ҳамчун шунавандагони сиёсӣ дарс мехондем, аз сӯҳбатҳо ва таҷрибаи устодону донишмандони барҷаста баҳравар мегаштем. Дар яке аз ин дарсҳои таълими, муаллимаи азиз Хайринисо Юсуфӣ, ташриф оварда бо шунавандагони курс сӯҳбати озод доштанд, ки бароям хеле хотирмон буд. Иштирок дар дарси муаллима ва шунидани сӯҳбати он кас бароямон як ҷаҳон таассурот ва хотираи нек боқӣ гузошт. Чеҳраи гарм ва симои зебову нӯрониашон басе дилкаш ва забони ширини тоҷиконаи он кас басе гуворо садо медод. Вақти суханронии он кас мо дарк кардем, ки ин қадар зани бомаърифат ва донишманд буда, бар замми он хеле хоксор ва самими мебошанд. Ҷаҳонбини ва сатҳи забондониашон хеле баланд мебошад. Маълум гашт, ки он кас донандаи чанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, узбекӣ мебошанд. Аз ҳама аҷибаш барои мо он буд, ки Хайриниссо Юсуфӣ гурӯҳи забонҳои бадахшониро низ хуб медонистаанд. Ҳангоме ки бо забони шуғнонӣ ҳарф мезаданду шеър мехонданд, моро эҳсоси ифтихор аз он ки ба сӯҳбати ин зани соҳибному муваффақ мушарраф гаштам, фаро мегирифт. Аз нақлҳои ақоиб ва насиҳатҳои модаронаи он кас маълум шуд, ки чӣ қадар зани шеърдону кордон ва ҳазлгую зарофатчӣ низ мебошанд.

Инчунин боиси зикр аст, ки Хайринисо Юсуфӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Махсусан, ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки замони ихтилофу муҳорибаҳои хунин дар марз бо Қирғизистон аз намояндагони расмии Тоҷикистон маҳз Хайринисо Юсуфӣ на танҳо ба забони тоҷикиву русӣ, балки қирғизӣ ҳам муроҷиатномаи видеоӣ карда буд. Инчунин ӯ ягона зан-муовини раиси ҲХДТ аз Тоҷикистон мебошад, ки дар Конфронси ҷаҳонии сатҳи баланд доир ба мақом ва тавонмандии бонувон 6 – 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони баргузор гардида буд, ширкат дошта, бо забони англисӣ суханронӣ намуд ва ба гирифтани Ҷоизаи махсуси тиллоӣ сарфароз гардид.

Хайринисо Юсуфӣ, дар чандин конфронсу ҷаласаҳои муҳим ширкат кардаву бо забони русӣ суханронӣ ва Тоҷикистонро муаррифӣ намудаст. Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Миёна ягона бонуест, ки дипломи “Эътирофи ҷомеа” (“Общественное признание”) -ро дорад. Аз Тоҷикистон маҳз Хайринисо Юсуфӣ буд, ки сентябри соли 2024 дар Форуми бонувони АвруОсиё, ки бо ширкати занони сиёсатмадорӣ муҳими кишварҳои минтақа сурат гирифт, иштирок дошт ва дар сатхи баланд суханрони намуд, ки шоистаи таҳсин ва ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Ногуфта намонад, ки кору фаъолияти Хайринисо Юсуфӣ барои ҷавондухтарони имрӯзи Тоҷикистон намунаи ибрат буда он пайвандгари аҳли илму фарҳанг ва ҷомеа гардида, занону духтаронро на танҳо ба дастовардҳои илмӣ, балки ба комёбиҳои касбӣ дар соҳаҳои гуногун илҳомбахш мебошад. Саҳми ин бонуи сиёсатмадор ва модари гамхор дар рушди мақому манзалати занон дар ҷомеаи мутамаддин намунаи дурахшон буда, бозгӯи он аст, ки занон дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар нақши калидӣ дошта метавонанд. Шоире барҳақ гуфтааст, ки :

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст,

Агарчи аз занон паямбаре нест,

Ҳама паямбаронро модаре ҳаст.

Хулоса, Хайринисо Юсуфӣ на танҳо сиёсатмадори шинохта, яке аз барчастатарин чеҳраҳои сиёсии занони Тоҷикистон, балки шахсияти беназиру Фарзона, роҳбари масъулиятшиносу бунёдкор мебошад, ки дар хориҷи кишвар низ маъруфу машҳур гаштаст. Зиндагиномаи Хайринисо Юсуфӣ барои тамоми бонувоне, ки мехоҳанд ҷаҳонро тағйир диҳанд ва сарфи назар аз мушкилоту монеаҳо дар рушди илму фарханг саҳм гузоранд, намунаи ибрат шуда метавонад. Муваффақиятҳои ӯ дастовард ва ифтихори ҳамаи бонувони Тоҷикистон мебошад. Зеро ӯ дар симои худ ҳамаи бонувони сарбаланд ва озодаи тоҷикро дар сатҳи баланд ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар муаррифи менамояд. Нақши Хайриниссо Юсуфи ҳамчун ходими сиёсиву давлати дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ хеле назаррас ва арзишманд мебошад. Хайриниссо Юсуфӣ бонуест, ки шиори “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” мароми зиндагиаш буда, эҳтирому эътибори халқу миллатро сазовор гаштааст.

Ҳоло, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар қарор гирифтаем аз фурсат истифода бурда ин зани шоистаи ибрат, модари мушфиқу меҳрубон Хайринисо Юсуфиро ва дар шахсияти он кас тамоми модарону хоҳарони азизро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва некномию сарбаландиро орзу менамоям.

Бигзор, Рӯзи Модарон ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!

Юсуфӣ Фарзона, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ