Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аз тавсиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 12 августи соли 2014, №255 ба тасвиб расида буд, 10 сол сипарӣ гардид. Дар ин замина, санаи 25 октябри соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон аз ҷумла ҳайати роҳбарикунандаи шуроҳои диссертатсионӣконференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х., ва дигарон дар мавзуъҳои мубрами замони муосир маърузаҳо қироат намуданд.
Дар рафти конфронс қайд карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф намудани норасоии мутахассисони дорои дараҷа ва уновони илмидор, ҳамчунин омода намудани кадрҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ дар низоми давлатдории миллӣ ниҳоди муҳими илмӣ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз беш аз 2763 диссертатсия барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ, 1112 парванда оид ба унвонҳои илмӣ, 218 парвандаи ҳимояҳои якдафъаина, 82 парвандаи баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, 13 парвандаи азнав аттестатсиякунонии дараҷаҳои илмӣ баррасӣ гардида, 57 маҷаллаи тақризшаванда фаъолият мекунад. Бо таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳамчунин, дар баробари давра ба давра ҳал гардидани мушкилии норасоии кадрӣ, ба масъалаи дар истеҳсолот татбиқ намудани навгониҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода шуда истодааст.
Дар фарҷоми конфронс ба беҳтарин шуроҳои диссертатсионӣ, маҷаллаҳои тақризшаванда ва диссертатсияҳои илмӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, дар сафи беҳтарин шуроҳо шурои диссертатсионии 6D.КОА-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонва маҷаллаи беҳтарин Ахбори АМИТ (Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ) бо гирифтани сипосномаҳо сарфароз гардиданд. Маврид ба зикри хос аст, ки ин комёбӣ натиҷаи заҳматҳои роҳбарияти шуро ва ҳайати шуро мебошад, зеро ҳангоми қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо ҷиддият ва риояи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олиро сармашқи кори худ мекунанд. Аз ҷониби дигар сатҳи кордонии роҳбарияти шуро ва фаъолияти пурсамари ҳайати шуро ба он боис мегардад, ки довталабони дараҷаҳои илмӣ бо муваффақиат диссертатсияҳоро ҳимоя ва соҳиби дипломи дараҷаҳои илмӣ гарданд.
Аҳмадов Ф.М. Сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) – и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10.10.2024
https://president.tj/event/news/48032
10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.
Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.
“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.
Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.
Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Парлумон #Парламент #Parliament
10 октябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Академияи илмҳои Русия Чернешев Сергей Леонидович баргузор гардид.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо дар самти беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илмҳои физикаву техника мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 60- солагии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Таъкид гардид, ки барои боздиди Шумо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нияти таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, ки ба анъанаҳои чандинсолаи дӯстии мустаҳкам, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, изҳори сипос намоям.
Мулоқоти имрӯза ба низом даровардани муносибатҳои мост ва заминаи иловагии равобити дуҷонибаи мо дар соҳаи илм, аз ҷумла физикаю техника хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳиммияти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷалб намудааст, ки ба рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд.
Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани “Соли оби тоза (соли 2003)”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар соҳаи ҳалли мушкилоти об боло бурд.
Имрӯз (09.10.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмии байналмилалии “Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи Марказӣ” бахшида ба “Соли 2025 - Соли ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид, нахуст ба кори конфронс директори Маркази илмии таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осёи Марказӣ, узви вобастаи АМИТ Абдусаттор Самадов ҳусни оғоз бахшида, доир ба рушду густариши ҳамкориҳои илмии дуҷонибаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой изҳори андеша намуд.
Сипас, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқаддимавии хеш бори дигар ташрифи менҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 6 фоизи масоҳати умумии кишварро ташкил медиҳанд, на танҳо манбаи бебаҳои оби тоза, балки танзимгари захираҳои об ва иқлим дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ - обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегарданд, ки ҳисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар тули даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳоаз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кушиш ба харҷ диҳем.
Дар идома олимону коршиносони соҳаи экология, география ва пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой бо маърӯзаҳо баромад намуда, оид ба самтҳои мавзуи муайяншуда ибрози ақида намуданд.
09 октябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори генералии Институти Синзяни технология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Юанмин баргузор гардид.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба рушди дурнамои ҳамкорҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Хитой изҳори назар намуд.
Таъкид гардид, ки обшавии босуръати пиряхҳо раванди нигаронкунанда буда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳифзи онҳо чораҳои муассир андешанд ва ба таври муштарак талош намоянд. Дар робита ба муҳиммияти ин масъала бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77- уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид. Тибқи ин Қатънома 21 март Фонди байналмилалии эътимод дар Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки бо назардошти муҳиммияти омӯзиши пиряхҳо, соли 2017 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамзамон худи ҳамин сол дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой Маркази - илмӣ таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ин ду муассиса дар ҳамкории муштарак бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ оид ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таҳқиқоти фарогир анҷом медиҳанд. Ин таҳқиқотҳо ба омӯзиши динамика пиряхҳо, ҳаҷми онҳо, ҳаракати пиряхҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ ва арзёбии хатари онҳо равона гардидаанд.
Дар идомаи мулоқот директори генералии Институти Синзяни технология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Юанмин барои дар сатҳи хуб қарор гирифтани ҳамкориҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам масъалаи обшавии пиряхҳо имрӯз яке аз мушкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар робита ба ин мо ҳамеша барои густариш додани ҳамкориҳои илмӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо омода ҳастем, то дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “РУШДИ РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ДАР ШАРОИТИ БУНЁДИ ЛОИҲАИ CASA-1000”
Имруз (08.10.2024) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000» баргузор гардид.
Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда қайд намуданд, ки лоиҳа CASA-1000 бо ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъсис ёфтааст, ки онҳо талош дорад мушкилоти муайянро ҳал намуда, нерӯи сабзро дар минтақа фароҳам созад. Дар ин қарина Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар истеҳсоли неруи сабз дар Авруосиё арзёбӣ гардидааст.
Сипас, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ Раҳмонов Мирсаид дар мавзӯи «Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000» суханронӣ намуд.
08 октябри соли равон дар толори Маркази меросии хатии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Эрон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ин мизи мудаввар донишмандони эронӣ Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ-раиси анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, профессор Жола Омӯзгор-муҳаққиқи забонҳои бостон, Алиашрафи Содиқӣ- забоншинос, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ, Акбари Эронӣ-раиси пажуҳишгоҳи мероси мактуб, Сайидҷалоли Бадахшӣ-фарҳангшинос, Муҳаммади Хаммак-таърихшинос, пажуҳишгари таърихи Сиистон, муҳаққиқ Баҳроми Гиромӣ-доктори гиёҳшинос, Раҳимӣ-коршиноси бунёди “Саъдӣ” ва Алиризо Ризоӣ-мусиқишинос ва аз академия олимону меросшиносон иштирок намуданд.
Дар оғоз ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки ҳамкорҳои илмии Тоҷикистону Эрон дар марҳилаи рушду густариши ҳамаҷониба қарор дошта, маҳз олимону донишмандони ду кишвар пайваста ҳамкориҳои худро ба роҳ мемонанд.
Мақсад аз баргузории мизи мудаввар бо иштироки олимону муҳақиқони Тоҷикистон ва Эрон ин пеш аз ҳама, ҳифзу эҳёи мероси шоирону мутафаккирони форсу тоҷик ба шумор меравад.
Тавре иттилоъ дорем рӯзҳои 02-03 октябр бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати АМИТ конференсияи байналхалқӣ илмӣ-амалӣ - и «Археология ва палеогеографияи Осиёи Марказӣ бахшида ба 100-солагии муҳақиқи машҳури ҷаҳонии қадимтарин саҳифаҳои Тоҷикистон ва Авруосиё, яке аз коршиносони варзидаи ҷаҳонии асри санг Вадим Александрович Ранов баргузор гардид.
Дар конфронс як қатор олимону таҳқиқотчиёни Тоҷикистону Озарбойҷон, Олмон, Исроил, Қазоқистон, Канада, Қирғизистон, Чин, Русия, ИМА, Ӯзбекистон ва Фаронса иштирок доштанд.
Дар заминаи баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ як қатор олимону таҳқиқотчиён аз кишварҳои Озарбойҷон, Олмон, Исроил, Қазоқистон, Канада, Қирғизистон, Чин, Русия, ИМА, Ӯзбекистон ва Фаронса аз мавзеъҳои таърихие, ки муҳақиқи сатҳи ҷаҳонии асри санг Вадим Александрович Ранов таҳқиқот бурдааст боздид намуданд. Ҳамчунин дар ин сафар ба олимону муҳақиқон иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кулдара. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз кӯҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз (08.10.2024) дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ мулоқоти гурӯҳе аз донишмандони эронӣ бо муҳаққиқони тоҷик баргузор шуд. Дар мулоқоти мазкур масъалаи густариши равобити илмию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид. Дар ин дидор донишмандони эронӣ Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ-раиси анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, профессор Жола Омӯзгор-муҳаққиқи забонҳои бостон, Алиашрафи Содиқӣ- забоншинос, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ, Акбари Эронӣ-раиси пажуҳишгоҳи мероси мактуб, Сайидҷалоли Бадахшӣ-фарҳангшинос, Муҳаммади Хаммак-таърихшинос, пажуҳишгари таърихи Сиистон, муҳаққиқ Баҳроми Гиромӣ-доктори гиёҳшинос, Раҳимӣ-коршиноси бунёди “Саъдӣ” ва Алиризо Ризоӣ-мусиқишинос ширкат намуда, фикру андешаҳои худро дар масъалаи густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ баён карданд.
Дар ибтидо бону Жолаи Омӯзгор бо ишора ба муштаракоти фарҳангию таърихӣ ва решаҳои ягонаи забонӣ бар зарурати густариши ҳамкориҳои илмию пажуҳишӣ миёни донишмандони тоҷику эронӣ таъкид кард. Ӯ гуфт: “ба унвони муҳаққиқи забонҳои бостон афсӯс мехӯрам, ки хеле дер ба Тоҷикистон омадам”.
Баҳроми Гиромӣ, мутахассиси гиёҳшиносӣ ва сокини Амрико бо ишора ба сафарҳои пешинаи худ ба Тоҷикистон дар то солҳои 2010-ум афзуд: “Душанбеи кунунӣ аз Душанбеи он солҳо аз замин то осмон фарқ мекунад ва ин тағйироти босуръат маро ҳайратзада кардааст.
Доктор Сайидҷалоли Бадахшӣ бо ишора ба хидматҳои мондагори Пешвои миллати тоҷик афзуд: “Ҷаноби олӣ шахсиятест, ки мехоҳад ин мамлакатро аз нав бисозад ва шумо тоҷикҳо дар масири дурусте қарор доред. Сайидҷалоли Бадахшӣ таъкид кард, ки тоҷикҳо бо таваҷҷуҳ ба ошноияшон бо тамаддуни Руми қадим, Русия ва Чин таҷрибаи хубе ба даст оварда, мардуми мутаммадине ҳастанд.
Дар поёни маҳфил доктор Фарангис Шарифзода-директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо ибрози хурсандӣ аз ҳузури донишмандони ҳамзабон дар Академияи илмҳо бо ишора ба фазои боз ва шароиту имконоте, ки Пешвои миллат дар даврони истиқлол барои фаъолиятҳои илмӣ фароҳам кардааст, омодагии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ эълон кард.
Дар ниҳоят, донишмандони ду кишвар китобҳои тозанашри худро барои якдигар туҳфа намуданд.