Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст...
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Иштироки Ноиби презид енти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ Алиҷон Ғоибзода дар Анҷумани XIV-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё
Дар шаҳри Душанбе дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз 25 то 27 апрели соли 2024 Анҷумани XIV-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё баргузор гардид, ки дар ҷаласаи тантанавии кушодашавии он ноиби президенти АМИТ Алиҷон Ғоибзода баромад намуда, аз номи раёсати АМИТ барои ташкилкунандагони ин чорабинии илмии сатҳи байналмилалӣ ва баррасии мавзуъҳои пешбинишуда муваффақият таманно намуд.
Дар ифтитоҳи анҷумани мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорьев, роҳбарият ва аъзоёни Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё, олимони шинохтаи соҳаи саратоншиносӣ аз 12 кишварҳои хориҷи дуру наздик иштирок намуданд.
Дар баромади худ А. Ғоибзода иброз намуд, ки баргузор намудани анҷумани мазкур дар пойтахти кишвари мо беҳуда нест, чунки тайи солҳои охир соҳаи саратоншиносии тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназири илмию амалӣ соҳиб гашта, аксарияти онҳо дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудаанд. Маҳз таҳқиқотҳои илмии муштараки олимони ватанию хориҷӣ имкон додаанд, ки илми тибби тоҷик пешравӣ намуда, фавту маъюбии беморон аз баъзе бемориҳои саратонӣ ба таври назаррас коҳиш ёбад ва давомнокии умри беморон зиёд гардад.
Иброз карда шуд, ки АМИТ тадқиқотҳои илмии олимони соҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, таҳияи асарҳои нодири илмӣ, иҷрои тадқиқотҳои эксперименталӣ, коркарди дастгоҳҳои нодири криоҷарроҳӣ дар табобати омосҳои гуногун пайваста саҳми худро гузошта истодааст. Зарур шуморида шуд, ки дар оянда олимони соҳаи саратоншиносӣ бояд бо Агентии амнияти ХБРЯ ва Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам хубтар намуда, таҳқиқотҳои муштаракро дар самти омодасозии доруҳои махсуси табобатии радиоактивӣ ва коркарди технологияи нави истифодаи нитрогени моеъ ва сармошифоӣ ба итмом расонанд. Ин таҳқиқотҳо имкон медиҳанд, ки дар кишвар технологияи тавлиди доруҳои махсус, ки ба гурӯҳи молҳои воридотивазкунанда шомил мебошанд, пурра ба роҳ монда шавад.
24 апрели соли равон ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот аз АМИТ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ноиби аввали президенти академия Саидов Абдусаттор, мушовири президенти академия Қосимов Фаррух, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Амирзода Ориф Ҳамид ва аз намояндагии Ҷумҳурии Мардумии Чин ноиби президенти Академияи илмҳои Хитой - Ҷанг Япинг, Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой Сзи Шумин, Муовини директори Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии Академияи илмҳои Хитой Ву Ян, директори генералии Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чанг Юанминг, корманди бахши масъалаҳои Аврупои Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии Академияи илмҳои Хитой Чао Ҷуесин, ҳамдиректори Маркази экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ аз Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Ли Юаоминг, сардори Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чиао Ҷангфанг иштирок намуданд.
Зимни мулоқот нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 14 апрели соли 1951 дар заминаи филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР таъсис ёфтааст. Умуман, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 2000 нафар, аз ҷумла 35 узви ҳақиқӣ ва 43 узви вобаста, беш аз 190 доктор ва 360 номзади илм фаъолияти пурсамар менамоянд. Дар заминаи ин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 18 узви хориҷӣ дорад.
Ҳамкориҳои судманд бо Академияи илмҳои Хитой дар доираи созишномае ба роҳ монда шудааст, ки 13 сентябри соли 2014 байни академияҳои мо ба имзо расида буд. Дар асоси Созишномаи имзошуда соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази тадқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки нахустин муассисаи илмии муштараки Чину Тоҷикистон мебошад. Муассисони ин марказ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи экология ва ҷуғрофиёи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой мебошанд.
Дар идомаи мулоқот ноиби президенти Академияи илмҳои Хитой- Ҷанг Япинг дар суханронии хеш ҷиҳати ба вазифаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидан Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро табрик намуда, зимнан доир ба фаъолияти Академияи илмҳои Хитой маълумоти мушаххас дод. Таъкид шуд, ки мақсад аз мулоқоти имрӯза мустаҳкам намудани робитаҳои судманд буда, дар доираи ин дар самтҳои ташкили ташрифи олимони тоҷик ҷиҳати пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва хондани лексияҳо дар Академияи илмҳои Хитой ва ба роҳ мондани табодули таҷриба миёни онҳо, ҳамзамон иштироки олимони ҷавони тоҷик дар лагерҳои тобистонаи таҳқиқотӣ ва мусоидат дар таҳсили донишҷӯёни тоҷик тавассути стипендияҳои ANSO, TWAS табодули афкор сурат гирифт.
Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамон, олим, нависанда, муҳаққиқ, мударрис, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Садриддин Сайидмуродхоҷа, Айни тахаллуси эҷодии устод мебошад. Дар адабиёти муосири тоҷик бо номи Садриддин Айнӣ машҳур аст. Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумони Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омадааст. Тӯли 19 сол дар мадрасаҳои Бухоро дар назди мударрисони варзида таълими илм гирифтааст. Умри пурбаракати худро дар пешбурди корҳои давлативу ҷамъиятӣ бахшидааст. Ба ин хотир кӯчаҳо, хиёбонҳо, мактабҳо, ҷамоатҳо донишгоҳ, ноҳия, дар ҳудуди пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо ба номи ӯ номгӯзорӣ шудааст.
23 апрел бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар толори маҷлисии АМИТ бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва академикону олимон муҳаққиқони ҷавон Конференсияи илмӣ- адабӣ бахшида ба 146 – солагии устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Ба кори Конференсия директори Институт Шарифзода Фарангис ҳусни ифтитоҳ бахшида сухани муқадимавиро ба Президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Зимни баромади хеш Хушвахтзода Қ.Х. зикр намуд, ки воқеан устод Айнӣ дар таърихи фарҳангу адаби муосири тоҷик бо осори гаронмояи адабию бадеӣ, мулоҳизоту афкори адабию эстетикӣ, ки саршор аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳастанд, ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ қабл аз ҳама ҳамчу адиби ҳақиқатнигор дар ошкор сохтани камбуду нухсонҳои иҷтимоӣ, ки заминаи мушкилоту печидагиҳои ҳаёти инсонӣ буданд, қадамҳои устувор бардоштааст. Устод Айнӣ дар ташаккули шахсият ва симои навви халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хидматҳои бебаҳо анҷом додааст. “Намунаи адабиёти тоҷик” тазкираи тақдирсози устод аст, ки бо ҳамин мақсад гирдоварӣ шуда, мавҷудияти як халқи қадима дар Осёи Миёна – ро собит менамояд.
Муҳимтар аз ҳама устод Айнӣ ба сифати равшанфикри замон ва адиби навовари воқеъбин дар ташхиси мушкилоти фикрӣ ва ақидагии замон саҳми муносиб гузошта ҷиҳати ҳалли мушкилоти фикрию зеҳнӣ, ки аз хурофотпарастӣ миллату давлатро раҳонида, дар арсаи ҷаҳони қадимӣ будани миллати тоҷикро исбот кардааст. Хизматҳои шоёни устод Айнӣ – ро Президенти оқилу орифамон Эмомалӣ Раҳмон қадр намуда, аввалин унвони олии қаҳрамониро насиби устод Садриддин Айнӣ донистааст.
Дар идома ноиби Президенти академия Муҳаммад Абдураҳмон, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Назарзода С., узви вобастаи АМИТ профессор Аламхон Кучаров, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким бо маърӯзаҳои ҷоиб дар самти кору фаъолият ва осори устод Айнӣ баромад намуда, ба иштирокдорон маълумот доданд. Дар охир осори омоданамудаи олимони институт дар самти мавзуҳои гуногун, ки ба устод Айнӣ бахшида шудааст рӯнамоӣ карда шуд.
23 апрел таҳти Раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки аъзои раёсат, директорони институтҳо, мудирони шуъба ва марказҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бандҳои иҷронашудаи Нақшачорабиниҳои «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 июни соли 2021, №263 тасдиқ шудааст, дар соли 2023 аз ҷониби масъулин ба саҳми директорони институтҳо, мудирони шуъба ва марказҳо расонида шуд.
Дар оғоз Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина мо олимону зиёиёни кишвар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дастаҷаъмона ва пурсамар иҷро намоем. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд дар як фурсати кӯтоҳ оид ба иҷроиши бандҳои нақшачорабинии мазкур маълумотномаи муфассал дар доираи факту далелҳои асоснок омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоем.
Дар интиҳо роҳбарияти академия дигар масъалаҳои ҷории самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо Тоҷикистонро баррасӣ намуда, дар заминаи он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Нимаи дуюми рӯзи 22 апрел Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти лабараторияву озмоишгоҳҳо аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) боздид ба амал оварданд.
Дар заминаи ин боздид роҳбарияти академия аз фаъолияти лабараторияву озмоишгоҳҳое, ки дар заминаи маркази мазкур фаъолият менамоянд, зимнан аз натиҷаву таҳқиқотҳои илмӣ бадастомадаи олимону кормандон аз наздик шинос гардиданд. Пас аз боздиди озмоишгоҳҳо Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар толори маҷлисгоҳ бо кормандони маркази мазкур вохурӣ доир намуда, ҳамзамон оиди фаъолияти олимону кормандони академия дар лабараторияву озмоишгоҳҳо, тадбиқи илм дар истеҳсолот, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ёдовар шуда, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) тибқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой, ки 13 сентябри соли 2014 ба имзо расидааст, таъсис дода шудааст ва расман аз 1 апрели соли 2017 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ шурӯъ намуд.
Умуман, ҳадафи асосии Марказ мусоидат намудан ба таҳқиқот дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва илмӣ амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ тавассути таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзии мақсаднок ба шумор меравад.
22 апрел бо ташаббуси Шурои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Бобохонзода Раҷабалӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори конференсия муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида буданд. Нахуст ба кори конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илм хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дастгирии илм ва махсусан олимони ҷавон яке аз авлавиятҳои вижаи сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, заҳмату талошҳои пайгиронаву пайвастаи Пешвои миллат дар самти сиёсати ҷавонон воқеъан арзанда маънидод мегардад. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон як қатор санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, фаъолияти онҳо дар шароити нави муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шудаанд. Аз ин лиҳоз мову шумо олимони ҷавонро мебояд, ки дар самти муайяншудаи илмиамон бо дасту дили гарм дар гузаронидани корҳои илмиву татқиқотӣ корро ҷоннок намуда, то ба қуллаҳои баланди илмӣ рафта расида тавонем, чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар баромадашон қайд намуда буданд. “Ҷавонон ояндаи миллатанд!” аз ин рӯ аз устодону олимони соҳибмактаб таҷриба андухта олими варзида шавед, то ки дар давлату миллат содиқонаву софдилона кор карда, илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда тавонед.
Зимнан раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи кишвар мебошанд. Маҳз имрӯз таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри аҳолӣ зиёд буда, барои онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд.
Маҳз онҳо худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун, созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои муаззами миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона, фаъолияти хешро равона месозанд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” маълум аст, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “”Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 30. 12. 2023, № 668, ба имзо расид. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони зикршуда дар тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ семинарҳо, мизи мудаввар ва конференсияҳо баргузор шуда истодааст.
Дар доираи ин 19 апрели соли равон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба соли Маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – омили тақвияти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният” баргузор гардид.
Нахуст ба кори Конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки ҳамасола тамоми синфи коргар бесаброна баргузории Паёми Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешаванд, чун ки дар ҳар паёмашон Пешвои муаззами миллат оид ба пешравиҳову муваффақиятҳо суханронӣ намуда, барои оянда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид ба халқ ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо медиҳанд. Имсол низ баро баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум маоши тамоми соҳаҳоро баланд намуда, ҳамзамон барои дар фазои тинҷиву амонӣ ва дар иҳотаи адолат умр ба сар бурдани аҳолӣ соли 2024 – ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон доштанд. Ин иқдом мову шумо аҳли илмро водор менамояд, ки барои дар амал тадбиқ намудани амру фармонҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакатамон пешниҳод мешавад, кӯшиш ба харҷ дода, миёни мардум баррасӣ намоем.
Дар идомаи Конференсия Академик Маҳмудзода М.А. , узви вобастаи АМИТ Раҳимзода М.З., Неъматов А.Р. муовини саркотиб илмии АМИТ, Абдуҷалилов А. Мудири шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ, Зоир Ҷ.М. ва як қатор мудирони шуъбаҳову унвонҷӯёни АМИТ дар мавзуҳои мубрам оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи шафофияти қонун баромад намуда, иштирокдоронро аз муҳтавои асисии соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” номгузорӣ шуданро бохабар намуданд.
19 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи ибтидоии иҷроияи “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт рӯнамоии ҷилди 4- уми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» бо иштироки олимону муҳақиқони соҳа баргузор гардид.
Дар оғоз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш ҳузури меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат, ки қадамҷои бузургони миллат мебошад хайрамақдам гуфта, ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт самимона муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ роҳбарияти академия зикр доштанд, ки Душанбе ҳамчун гаҳвораи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардидааст, зеро 9-уми сентябри соли 1991 маҳз аз шаҳри Душанбе муждаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони кишвар ва оламиён шуниданд.
Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёд туҳфаи тақдир буд ва пас аз соҳибдавлатӣ ҳар фарди тоҷик худро ҷузъи ҷудонашавандаву арзандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос намуд. Пас метавон гуфт, ки Душанбе на танҳо пойтахти давлат, балки авранги бахту иқболи миллат аст. Таъкид гардид, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Пойтахт ҷилди чоруми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» аз нашр баромад. Китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» бо сифати баланд чоп шуда, дар муқоваи он акси Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷой дода шудааст. Ҷилди чаҳоруми китоби «Душанбе – қалби Тоҷикистон» фарогири мақолаҳои 28 нафар чешраҳои маъруфи кишвар мебошад. Ҳар як мақола дар асоси санаду далел таълиф гардидааст ва ҷараёни меҳнату кӯшишҳои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос менамояд.
Дар идома олимону муҳақиқон суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешрафту ободонии мамлакат ёдовар шуданд. Воқеан пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдодҳои муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконпазир мебошад.