Skip to main content
Яке аз барҷастатарин хусусиятҳои замони муосир ин беш аз пеш қувват гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Ҷаҳонишавие, ки баробар кардани сатҳи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатҳои дунё ва дар ин замина муттаҳиду махлут кардани онҳо дар ҷомеаи ягонаи ҷаҳонӣ ҳадафи асосии он мебошад.

1Барои ба даст овардани ин мақсад заминаҳои боэтимоди воқеӣ низ фароҳам оварда шудаанд. Муҳимтарини онҳо ин ба низоми ягонаи ҷаҳонӣ ворид шудани иқтисодиёти мамлакатҳои дунё, ташаккули бозори ягонаи молу хизматрасонӣ, ба селаҳои асъори ҷаҳонӣ фаро гирифта шудани тамоми субъектҳои хоҷагидории мамолики дунё ташаккули муҳити ягонаи иқтисодӣ, ки дар ниҳояти кор ба интиқоли озоди молу сармоя ва аз байн бурдани монеаҳои иқтисодию гумрукии давлатҳо оварда мерасонад, муқаррар гардидани тартиботи умумӣ барои ҳамаи давлатҳои аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ ва забони умумии муошират мебошанд.

Мафҳумҳои “низоми ҷаҳонӣ”, “ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “фазои ҷаҳонӣ” ва “умумияти ҷаҳонӣ” ифодакунандаи пешомади ҳамин тағйиротҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон зикр бояд кард, ки созмонҳои байналхалқӣ, ташкилотҳои минтақаҳои бузург, ширкатҳои фаромиллӣ ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ҳамчун субъектҳои асосӣ раванди ҷаҳонишавиро на фақат вусъат мебахшанд, балки самаранокӣ ва боэътимодии онро таъмин менамоянд.

Маҳз ҳамин субъектҳо бозингарони асосӣ дар арсаи байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд, ки тавассути тақвият додани ҷаҳонишавии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ба ҳаёти сиёсии онҳо таъсири ҳалкунанда расонида, фазои нави сиёсати ҷаҳонӣ ва тартиби нави ҷаҳонӣ (“тартиботи ҷаҳонӣ”) – ро ташаккул дода, лоиҳаҳои ташкили давлати ҷаҳонӣ, ҳукумати ҷаҳонӣ ва идоранамоии ҷаҳониро, бидуни чунин ҳукумат, амалӣ мегардонанд.

Дар ин асос метавон гуфт, ки ҷаҳонишавии иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳангу иттилоот онро ба раванди бебозгашти таърихӣ табдил додааст. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи мураккаб ва ҳамафарогиранда метавонад ба тақдири ояндаи инсоният ё таъсири мусбат (фаровонӣ, баробаршавии сатҳи зиндагӣ) ва ё манфӣ (махлутшавӣ, якхела шудан) расонад.

Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳонишавӣ барои инсоният ва мамлакатҳои гуногун ин файзи осмонӣ аст. Чунки ба туфайли он мардуми рӯи замин сатҳи якхелаи рушд, некӯаҳволӣ ва фароғатро пайдо мекунанд.

Алалхусус мамлакатҳои ақибмонда ва дар ҳоли рушд қарордошта имкон пайдо мекунанд, ки тавассути дастовардҳои техникию технологӣ, интиқоли озоди молу сармоя, қувваи корӣ ва аз байн рафтани монеаҳои иқтисодию гумрукӣ сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию иттилоотии худро ба маротиба боло баранд.

Вале чун нек назар намоем, вазъият ва оқибатҳои кор тамоман дигар аст. Чуноне ки дар урфият мегӯянд, ҷаҳонишавӣ ба зоти худ айбе надорад ва ҳар айбе бошад ҳам, дар ҳадафҳои назарияпардозон ва бастакорону бозингаронӣ он мебошад.

Гап дар баёни он аст, ки имрӯз ду роҳи имконпазири ба даст овардани ҳамгироии мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад. Ё дар пояи густариши арзишҳои тамаддунӣ ва фарҳангии ҳаёти мамолики Ғарб ва ё дар асоси гуногунии тамаддунҳо ва фарҳангҳо миллии давлатҳо.

Бадии кор дар он аст, ки имрӯз роҳи якум интихоб карда шудааст. Интихоби роҳи мазкурро бошад, бо зарурати таъмин кардани баробарии мамлакатҳо дар низоми ҷаҳонии истеҳсолот ва истеъмолот алоқаманд менамоянд. Вале таҷриба акси онро нишон медиҳад. Ба ҷойи ба даст овардани баробарии мамлакатҳо дар ин ҷода, тамоили дигар, амиқтарин тафриқаи сохтории ҳаёти халқҳо қувват гирифта истодааст ва дар он мафҳуми “адолат” аз диди назари арзишҳои ғарбӣ шарҳу эҳзоҳ дода шуда, рукни асосии ташкили ҳаёти ҷомеаро, бидуни тафовутҳои динию миллӣ, манфиатҷӯии моҳити ғарбидошта ташкил медиҳад.

Пӯшида нест, ки монеаи асосӣ дар роҳи махлут сохтани фарҳангу арзишҳои халқҳо ин давлатҳои миллӣ мебошад. Зеро ки низоми нави умумии иқтисодӣ, ки дар пояи арзишҳои либералӣ ташаккул дода мешавад, ташаккули чунин низоми ягонаи сиёсию фарҳангиро тақозо менамояд. Фазои ҷаҳонӣ, ки аз маҷмӯи фазоҳои алоҳида таркиб ёфтааст, аз дигар сӯ, тафовутҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва расму русумро намепазирад. Ҳақ ба ҷониби файласуфи рус А.С Капто аст, ки таькид намудааст: “Ҷаҳонишавӣ (аз калимаи лотинии globus - кура, франсавии Global -умумӣ) ин раванди объективии ташаккул, бунёд, фаъолият ва рушди низоми комилан нав, умумиҷаҳонӣ ва глобалӣ дар асоси робита ва вобастагии тарафайн дар ҳамаи соҳаҳои иттиҳоди байналхалқӣ мебошад” [2, (санаи муроҷиат: 23.03.2022) ].

Дар ин қария ҳадафи асосии акторҳои ҷаҳонишавӣ ин коҳиш додани нуфӯзи давалатҳои мииллӣ мебошад. Чуноне ки С. Хангтингтон гуфтааст, давлатҳои миллӣ дар давоми чандин садсолаҳо ҳомии асолати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва забон, анъанаҳою маросимҳои мардумӣ буд ва имрӯз ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ боқӣ хоҳад монд.

Бо дарназардошти зарурати ба инобат гирифтани ҳамин нукта ва рушди нобаробари иқтисодӣ ва технологии давлатҳои ҷаҳон, инчунин қувват гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки имрӯз арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва дигар хусусиятҳои зеҳнию равонии миллӣ ба даст гирии ҷиддии давлат ниёз доранд. “Зеро дар сурати заиф шудани ин арзишҳои ба амал овардаи милат, ваҳдати миллии рахна ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва суботу аминияти миллӣ мо суст мегардад ” [1, С.430].

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи фавқузикри пешгирифтаи бозингаронӣ асосии ҷаҳонишавӣ бармеояд ки ҷаҳонишавии иқтисодиёт ногузир ба ҷаҳонишавии саросари сиёсат оварда мерасонад, ки ба ҳаёти сиёсии мамлакатҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва пешомади давлатҳои миллӣ, махсусан истиқлолияти сиёсии онҳо хатар эҷод менамояд.

Пас саволе ба миён меояд, ки пайомадҳои ҷаҳонишавии сиёсат барои давлатҳои миллӣ дар чӣ ифода меёбад?

Дар натиҷаи иқтисодиёти миллиро иваз кардани иқтисодиёти ҷаҳонӣ имконияти давлатҳои миллӣ ҷиҳати назорат аз болои он ва танзими муносибатҳои вобаста ба иқтисодиёти ҷаҳониро ба таври ҷиддӣ маҳдуд мегардад. Дар сурати чунин ранг гирифтани кор давлатҳои миллӣ аз имконияти мувофиқи табъ ва салоҳдиди худ ба роҳ мондани раванди иқтисодиёти ватанӣ ва ё соҳаҳои зарурии он маҳрум гашта, аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд, ки ин корро бо дарназардошти талаботи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба роҳ монданд. “Шуста шудани” сарҳадҳо дар байни иқтисодиёти миллӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ заминаҳои воқеиро барои ҷаҳонишавии сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳангҳои миллӣ фароҳам меоварад. Зеро ки кайфияти ин соҳаҳо бевосита аз чигунагии моҳияти иқтисодиёти мавҷуда вобаста аст.

Дар ин асос масъалаҳои дохилии кишварҳои алоҳида аҳамияти байналмилалӣ пайдо менамоянд. Нақши сиёсати дохилии давлатҳо, ки кафолати самаранокии сиёсати хориҷии онҳо ба ҳисоб меравад, ба таври назаррас коҳиш меёбад ва нақши сиёсати хориҷӣ дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои сиёсати дохилӣ авлавият пайдо менамояд. Дар натиҷа сиёсати ҷаҳонӣ тасаввуроти анъанавиро дар бораи истиқлолияти иқтисодӣ ҳамчун шарти зарурии истиқлолияти сиёсӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, дохилидавлатию хориҷӣ ва ҳудудию ғайриҳудудӣ тағйир медиҳад. Масъалаи сарҳади муайян гузоштан дар байни сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳои миллӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад. Дар натиҷа хавфи ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ баромад кардани давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ афзуда, дар ниҳояти кор, онҳо аз воҳидҳои мустақилу ваколатдори созмонҳои сиёсию иқтисодӣ ба яке аз қисмҳои таркибии онҳо табдил меёбад.

Тартиботи нави ҷаҳони муосир шаклҳои анъанавии давлатдории миллӣ ва муносибатҳои сиёсии байналхалқиро тағйир медиҳад. Давлатҳои миллӣ маҷбур мешаванд, ки на фақат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ, балки дар баррасию қабули қисме аз қарорҳои сиёсии худ раъй ва майлу хоҳиши созмонҳои ҷаҳониро ба инобат гиранд. Чунин ранг гирифтани кор аз он далолат мекунад, ки давлатҳои миллӣ минбаъд дар амалигардонии ваколатҳои таърихии истиқлолият, махсусан соҳиби ҳокимияти олии сиёсӣ будан, назорат кардани сарҳадҳои худ, мухторият ва озод будан аз дахолати қувваҳои беруна ба маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Тақсимоти ҷаҳонии меҳнат, ҳиҷрати иҷборию озоди аҳолӣ, захираҳои инсонию истеҳсолӣ, алалхусус қолабигардонии қонунгузорӣ ва равандҳои иқтисодию технологӣ вобастагӣ ва дастнигарии давлатҳои миллиро қувват мебахшад.

Ҷаҳонишавии бозори сиёсӣ тавассути васеъшавии доираи фаъолият ва афзудани нуфӯзи субъектҳои иқтисодӣ, махсусан ширкатҳои фаромиллӣ ва ҳафтгонаи пасосаноатӣ, ки 80,4% техникаи компютерӣ, 90,5% истеҳсолоти баландпояи технологӣ ва 87 % тамоми патентҳои дар олам бақайдгирифтаро соҳибӣ мекунад ва ҳар сол ба ҳисоби миёна 400 млрд доллари амрикоӣ барои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва озмоишию конструкторӣ сарф менамояд, ҷараён мегирад [5, с. 35]. Дар натиҷа, ҳукуматҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ маҷбур мешаванд, ки дар раванди пиёда гардонидани ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии худ манфиатҳои онҳоро ба инобат гиранд.

Бар ҷурми ин тамоил имрӯз дар бораи соф “ миллӣ” ё “ҳудудӣ” будани мансубияти субъектҳои иқтисодӣ ҳукм кардан душвор аст. Доираи таъсири субъектҳои бозори сиёсӣ, ки такягоҳи асосии дастгирии сиёсӣ ва иқтисодию молиявии ҳукуматҳои миллӣ мебошанд, ба қабули қарорҳои сиёсии ҳукуматҳо ва созмонҳои байналхалқӣ афзуда, арзишҳои иқтисодиёти озоди ҷаҳонӣ ва манфиатҳои хусусии худро ҳифз менамоянд.

Аҷоиботаш дар он аст, ки “Нахустин давлатҳои ҷаҳонӣ” бар хилофи “давлатҳои ҷаҳони пешина” на бо роҳи зӯрӣ ва забт карда гирифтани давлатҳои дигар, балки дар заминаи бастани созишномаю қарордодҳои байнидавлатӣ ба вуҷуд меоянд ва манфиатҳои дуру наздики сиёсии худро амалӣ менамоянд.

Равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ба ду роҳи “супоридани” ҳокимият – ихтиёрӣ ва ё маҷбурӣ мусоидат мекунанд. Дар натиҷа “супоридани” ҳокимият ба ниҳодҳои байналмилалӣ ба таври амудӣ (вертикалӣ) ва “супоридани ҳокимият” ба қувваҳои иқтисодиёти бозаргонӣ бо тариқи уфуқӣ (гаризонталӣ) сурат мегирад.

Бар асари тавассути технологияҳои робитавӣ рӯз аз рӯз афзудани таъсири ҷомеаи иттилоотӣ ва селаҳои иттилооти ҷаҳонӣ қарорҳо ва амалҳое, ки дар як қисмат ва ё гӯшаи дурдасти ҷаҳон ба вуқуъ меоянд, фавран ба тамоми олам таъсир мерасонанд. Ба туфайли воситаҳои муосири робитавию иттилоотӣ марказҳои қабули қарорҳо ва содир кардани амалҳо ба низоми мураккаби дар якҷоягӣ қабул кардани чунин санадҳо ва таъсири тарафайни онҳо табдил меёбад.

Дар натиҷа давлатҳои миллӣ аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд, ки худро аз ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаёти кишварашон дар канор гиранд ё иҷрои вазифаҳои ҷонии худро маҳдуд намоянд. Ҳамзамон бо сабаби коҳиш ёфтани салоҳияти мақомотҳои роҳбарӣ ва дастнигар шудани онҳо аз дигарон, махсусан аз давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои миллӣ бо роҳҳи ихтиёрӣ аз иҷрои вазифаҳои худ даст мекашанд. Инро махсусан дар масъалаи худро аз масъулияти додани маблағи кӯмакпулиҳо, суғуртаи иҷтимоӣ, таҳсилот, ҳангоми кушода шудани сарҳадҳо бо инфрасохтори дигар давлатҳо якҷоя кардани инфрасохтори худ, ҳамроҳ шудан, розигӣ додан ба давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дар қаламрави он ҷойгир кардани пойгоҳҳои ҳарбӣ ва итоат кардан ба қоидаҳое, ки онҳо муқаррар мекунанд, равшан эҳсос кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар партави ҷаҳонишавӣ авлавият пайдо кардани манфиатҳои олигархияи ҷаҳонӣ тобиши сиёсии ин равандро қувват дода, дар ниҳояти кор боиси маҳдуд гардидани истиқлолияти миллии давлатҳо, вобастагии онҳо аз ширкатҳои фаромиллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаҳои худ мегардад. Дар ин асос ҳамчунин ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷаҳонишавӣ барои халқҳое, ки дар саргаҳи он истодаанд ва ё ба гирдоби он кашида шуданд, неъмат ва барои он мамлакатҳое, ки аз ин гирдоб берун мондаанд, хатар аст. Зеро ки ҷаҳонишавӣ ҳуқуқу имкониятҳои як қатор мамлакатҳоро маҳдуд карда, иқтидору имкониятҳои дигар давлатҳоро афзӯн мегардонад.

Ҷаҳонишавии сиёсат робитаҳои дохилию хориҷӣ ва сарҳадҳои давлатҳои аз ҷиҳати ҳудудӣ мустақилро вайрон карда, фарҳангҳои миллӣ, анъана ва ҷашну маросимҳои онҳоро ба таври ҷиддӣ ба “низом” меоварад. Пӯшида нест, ки чунин “банизомоварӣ” ҳам дар пояи арзишҳои тамаддунӣ ва фарҳангии мамлакатҳои ғарбӣ ба амал бароварда мешавад, ки ин худ маънои аз байн рафтани асолати миллатҳо ва хароб гардидани рангорангии арзишҳои маънавии онҳоро дорад. Дар натиҷа, чуноне ки В.П.Шалаев мегӯяд, фарҳангҳои миллӣ ба фолклор ва миллатҳо ба маводи этнографӣ барои он давлатҳое, ки қобилияти бомаром ташкил кардани ҳаёти ҷамъиятию давлатии миллати худро доранд, табдил меёбад [4, С.87]. Ҳол он ки фарҳанг, анъанаҳо ва маросимҳо ҷавҳари ҳуввият ва худшиносии миллии ҳар як қавму миллатро ташкил медиҳад. Махлутшавии фарҳангҳо дар доираи қолаби ғарбӣ ва ба соҳаи ҳаёти маънавии қавму миллатҳои давлатҳои соҳибистиқлол роҳ ёфтани фарҳанги авомӣ онҳоро якранг мекунад ва ба бенавоёни маънавии ба осонӣ идорашаванда табдил медиҳад.

Вобаста ба ин масъала як нуктаро таъкид кардан бамаврид аст, ки дар таҳқиқу баррасии раванди ҷаҳонишавӣ муносибати иқтисодмарказӣ ҷойи асосиро ишғол менамояд. Ҳол он ки мувофиқи ақидаи муҳақиқи рус Э. Кочетов, доир ба дарки олами ҷаҳонишуда ва бунёди тарҳи бутуни он се диди назари асосӣ вуҷуд дарод. “Аввалан. Ҷаҳон дорои умумият, ягонагӣ ва бутунӣ мебошад, ки ба дарки ҷаҳонии он оварда мерасонад. Баъдан. Ба олам гуногунрангӣ хос аст. Сониян. Гуногунрангӣ дар он ифода меёбад, ки олам тағйир меёбад, шакл иваз мекунад, сохторашро дигар менамояд” [3, С.627].

Зикр бояд кард, ки чунин муносибат ба раванди ҷаҳонишавӣ ҳам сабабҳои объективӣ ва ҳам субъективии худро дорад. Тавофутҳои амиқтарини тамадунҳо, хусусиятҳои фарҳангҳои миллатҳои ҷаҳон, қувват гирифтани минтақагароии иқтисодӣ дар доираи як тамаддун ва афзӯдани таъсири динҳо ҳамчун муҳимтарин омили ҳувияти тамаддунӣ бархе аз он сабабҳое мебошанд, ки имрӯз дар баробари афзӯдани шумораи тарафдорони ҷаҳонишавӣ, шумораи рақибони онро ҳам зиёд намудаанд.

Мусаллам аст, ки роҳи гурез аз таъсири ҷаҳонишавӣ нест. Вале барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, асолати миллӣ ва арзишҳои волои ниёгон кӯшиш кардан, ин қарзи ватандории ҳар як қавму миллат аст. Бо ҳамин сабаб давлатҳои миллии ҷаҳони муосир низ ҷустуҷӯи роҳу воситаҳоеро мақсади худ қарор доданд, ки ба мутобиқшавии шаклу мундараҷаи давлатҳои онҳо ба талаботи ҷаҳонишавӣ, алалхусус ба ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, мустақилона ва мувофиқи салоҳдиди худ ташкилу амалӣ гардонидани ҳокимияти олӣ ва принсипҳои сохтори давлатию ҳудудӣ мусоидат карда метавонанд.

Дар роҳи ба даст овардани ин ҳадафҳо, ки ҳаёту мамоти ояндаи давлатдории мо аз онҳо сахт вобаста аст, ташаккули шуури худшиносии миллӣ нақши калидӣ доранд. Зеро ки шуури худшиносии миллӣ ба он “лангаре” шабоҳат дорад, ки аз як сӯ, киштии ҷомеа ва давлатро аз хавфи ғарқшавӣ эмин медарорад ва аз дигар сӯ, ба сифати кафолати пойдории арзишҳои маънавӣ ва омили ҳифз намудани ҳастии миллат ва асолати миллӣ баромад мекунад. Ҳамазамон зикр бояд кард, ки маҳз ҳамин арзишҳои миллӣ меъери асосии фарқ гузоштан дар байни давлатҳои миллӣ мебошад. Бештар аз ин “меъмор”-и ташаккули худшиносии миллӣ худи элитаи сиёсӣ, ки ба бақо ва шукуфоии давлатҳои миллӣ сидқан ғамхоранд, сари ин мушкилот бештар андеша менамоянд. Чунки шуури худшиносии миллӣ танҳо дар сатҳи ниҳодҳои сиёсии давлатӣ ташаккул ёфта метавонад ва танҳо он қодир аст, ки давлатҳои миллиро аз махлут шудан бо дигар низомҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад.

Солҳои охир роҷеъ ба масъалаи зарурати ташаккули шуури худшиносии миллӣ китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавии зиёде навишта ва нашр карда шудаанд. Вале боиси афсӯс аст, ки аксари онҳо сатҳӣ ва яктарафа мебошанд. Зеро ки дар онҳо яке аз пояҳои шуури худшиносии миллӣ ҳамчун замина ва ё шарти зарурии ташаккули он қаламдод карда мешавад. Ҳол он ки шуури худшиносии миллӣ танҳо дар сурати таъмин намудани таносуби се омил – фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ташаккул ёфтанаш мумкин аст.

Дар ин таносуб фарҳанг ҳамчун реша, иқтисодиёт ҳамчун тана ва сиёсат ҳамчун меваи шуури худшиносии миллӣ иҷрои вазифа ва ҳамаи онҳо аз якдигар вобастаанд ва якдигарро пурра менамоянд. Авлавият додан ба яке аз онҳо метавонад раванди ташаккули шуури худшиносии миллиро ба кӯчаи сарбастаи қавмгароӣ (фарҳанг), манфиатҷӯии субъективӣ ва ё фаромиллӣ (иқтисодиёт) ва ё ормонҳои ношикаста (сиёсат) оварда расонад.

Зеро ки шуури худшиносии миллӣ ин шакли олии дарки манфиатҳои миллӣ дар сатҳи намояндагони қавму миллатҳои Тоҷикистон ҷиҳати умумӣ будани решаҳои таърихию фарҳангӣ ва манфиату орзӯҳои онҳо мебошад.

Дар шароити қувват гирифтани раванди бебозгашти ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ дар баробари ташаккули шуури худшиносии миллӣ аз як қатор омилҳои дигар низ вобаста аст, ки муҳимтаринашон инҳоянд:

- Боз ҳам мустаҳкам кардани Ваҳдати миллӣ ва ризояти ҷомеа, ки маҳз ба туфайли он Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ ва миллат аз хавфи парокандагӣ раҳоӣ ёфтааст. Ваҳдате, ки рамзи ифтихор, якдилӣ ва фарҳанги баланди сулҳофарии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ваҳдате, ки гарави рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар мебошад.

- Ба даст овардани истиқлолияти воқеии иқтисодии мамлакат, ки дар пояи истеҳсоли техникаю технологияи ватанӣ, аз содиркунандаи ашёи хом ба кишвари тавлиди маҳсулоти тайёр табдил додани ҷумҳурӣ, зиёд намудани истеҳсоли номгӯи молҳои воридивазкунанда, ба ҷойи кор ва маоши арзанда таъмин кардани аҳолӣ амри воқеӣ шуданаш мумкин аст. Ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва махсусан саноатикунонии босуръати кишвар низ ба ҳалли ҳамин масъала нигаронида шудаанд.

- Тарбияи насли наврас дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, миллат, анъанаҳо ва расму русуми миллӣ, эҷоди маориф, илму фарҳанг, асарҳои бадеӣ, намоишҳои саҳнавӣ ва наворҳои синамоӣ, ки ба ташаккули ҳувияти миллӣ, ифтихор аз миллат будану давлат доштан, ватандорӣ ва рафъи шуури дастнигарии қишрҳои муайяни ҷомеа ва бегонапарастию қавмгароӣ мусоидат мекунад.

- Таъмини волоияти қонун, ки яке аз шартҳои муҳимтарини ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баробарии воқеии одамон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ва дастраси ҳама будани сарватҳои моддию маънавӣ ва масъулиятшиносии онҳо дар назди ватану миллат мебошад.

- Ташаккули сатҳи зарурии фарҳанги сиёсӣ дар шаҳрвандон, ки шарти зарурии аз ҷиҳати сиёсӣ босалоҳият шудан ва маҳорату қобилияти мустақилона таҳлил кардан ва баҳо додан ба моҳияти аслии ҳодисаю воқеаҳои сиёсиро пайдо кардани онҳо мебошад. Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки доштани чунин сатҳи фарҳанги сиёсӣ на фақат барои истифодаи принсипҳои муосири тафаккур дар таҳлили равандҳои сиёсӣ ва муайян кардани мавқеи шаҳрвандӣ дар сиёсат имконият медиҳад, балки омили муҳимтарини демократикунонии ҷомеа ҳам мебошад.

- Тарбияи аҳолӣ дар руҳияи оштинопазир будан ба зуҳури ҳамагуна ҳаракатҳои динию сиёсии ифротӣ, аз қабили экстремизм, терроризм, ҷинояткории мутташакили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҷиноятҳои кибернетикӣ, руҳияи ҷудохоҳӣ, маҳалгароию миллатгароӣ.

Чунинанд бархе аз он масъалаҳои муҳим, ки давлатҳои миллӣ дар заминаи онҳо метавонанд асолати миллӣ ва истиқлолияти худро нигоҳ дошта, ҳамчун субъекти мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолият намоянд.

Ҷононов Сайдамир доктори илмҳои фалсафа, профессор

Адабиёт

1. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлолият. – Душанбе: “Ирфон”, 2020. – саҳ. 430.

2. Капто А.С. Глобализация. [ Электроный ресурс ]. URL: www. Ispz. Zu. /CONFER/ confeze – i. bitme (саннаи муроҷиат: 23.03.2022).

3. Кочетов Э. Глобалистика: теория, методология, практика. – М.: Изд-во НОРМА, 2002. – С.672.

4. Шалаев В.П. Актуальная синергетика: человек и общество в эпоху глобализационных информаций. – Ойшкар – Ола, 2013. – С.87.

5. Хайдаров Р. Таджикистан в условиях глобализации: социально – философский анализ. – Душанбе: «Маориф», 2020. – С. 8-37