16 апрели соли равон ҷаласаи кории Раисони шуроҳои дисертатсионӣ ва олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баргузор гашт. Нахуст ба кори ҷаласа Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмонро хайру мақдам гуфта, ҳозиринро бо Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуда, зикр намуд, ки масъулияти баланд бардоштани илми тоҷик ва муаррифии илм дар арсаи байналмилал вазифаи ҷонии кормандони илмии академия аст ва ҳамаи мову шумо шоҳиди дастгириҳои пайваста ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ҳастем. Дастгириҳои олимони таҷрибадору ҷавон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвавр гувоҳи гуфтаҳои болост.
Ҳамзамон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокдорони ҳамоишро бо муносибати иди касбияшон табрик намуда, иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки метавонад, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Зимнан Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин аз раисони шуроҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми гузаронидани ҳимояҳо хело ва хело нуктасанҷ бошанд, хусумату бадбинӣ, маҳалчигӣ ва ё баръакс хешутаборӣ, ёру рафиқӣ накарда, дар як фазои ором дар иҳотаи адолат ҳимоякунандагонро санҷида баҳогузорӣ намоянд, чун онҳо олимони ояндаи кишваранд ва илми тоҷикро боло бардошта тавонанд, ҳамчунин олимони соҳибмактабро таъкид намуданд, ки шахсиятҳои арзандаву донишмандонро шогирд гирифта, роҳнамоии одилонаву оқилона намоянд, то ки оянда дар бозори меҳнат харидор пайдо карда тавонанд. Ҳамзамон роҳбарони шуроҳои дисертатсионӣ ва директорони институтҳо таъкид карда шуд, ки олимону академикони соҳибмактаб, ки аъзои шуроҳо ё корманди институтҳо ҳастанд, дар шуроҳои ҳимоявӣ ҳатман иштирок дошта бошанд.