Skip to main content

Фалсафаи ваҳдати миллӣ бар ғояҳои ҳувияти миллӣ ва ҳадафи ягонаи миллӣ асос ёфта, барои таъмини ҳамбастагӣ ва ягонагии байни гурӯҳҳои мухталифи дохили миллат мусоидат мекунад. Он аксар вақт ҷидду ҷаҳди бошууронаро барои бартараф намудани тафовутҳои таърихӣ, мустаҳкам намудани ҳисси мансубияти миллӣ ва ба манфиати миллат муқаррар намудани максадҳои умумиро дарбар мегирад. Ваҳдати миллӣ ба раванди истиқрори ҳувият ва ҳамбастагии умумӣ дар байни мардум дар дохили як миллат, аксар вақт тавассути истифодаи муштараки забони миллӣ ва сохторҳои фарҳангӣ ишора мекунад. Ин фалсафа нахустасоси сулҳу субот ва пешрафти ҳамаи давлатҳо ва ҷомеаҳои муосири миллӣ мебошад, ба ҳар кадоми онҳо имкон медиҳад, ки душвориҳоро муваффақона бартараф намуда, ҷиҳати таъмини ҳаёти хушу хуррам ва саодати умумимиллӣ ҷаҳду талош кунад.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифу бахтёри Тоҷикистон дастоварди бениҳоят арзишманд, шарти асосии некуаҳволии моддӣ, заминаи боэътимоди рушду пешрафти ҷамъиятию иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як фарди бошуур ва ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо, дастоварди ниҳоят муҳим эҳтиром ва ҳифз намояд.

Имрӯз, пеш аз ҳама, бояд дар сатҳи давлатӣ моҳият ва мӯҳтавои ваҳдати миллӣ ҳамчун ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии ҳамаи шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ карда шавад. Чунин таѓйири мафҳум ба ваҳдати миллӣ тақвият бахшида, имкон медиҳад, ки он ҳамчун муҳимтарин унсури худшиносии миллӣ дар ҷомеа боз ҳам густариш ёбад. Ғояи сулҳу ваҳдатро тарзе ба наслҳои ҷавон тавре таълим додан зарур аст, ки онҳо тавонанд онро ҳамчун муҳимтарин ҷузъи фарҳанг ва тафаккури миллӣ дарк ва қабул намуда, барои таҳкими он саъю кӯшиш намоянд.

Дар тӯли чанд соли охир мо шоҳиди вокеаҳое фалокатборе ҳастем, ки дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе дигар мамлакатҳо руй дода истодаанд. Дар натиҷаи ин воқеаҳои мудҳиш ҳазорон нафар сокинони ин кишварҳо ҳалок шуда, садҳо ҳазор нафар тарки ватан карда, ба кишварҳои дигар ҳиҷрат карданд. Вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз ин кишварҳо фирор мекунанд, ҳар як фарди солимфикр ва бовиҷдонро ба риққат меорад. Таъсири заҳрогину ҳалокатбори чунин воқеаҳои мудҳиш, ки дар гузаштаи на чандон дур, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвари азизи мо низ рух дода буд, фаромӯшнопазир аст ва ҳар яки моро водор мекунад, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ягонагии миллӣ ва рушду ободии Ватани маҳбуби худ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидона ва якдилона мубориза барем. Ҷавонони кишвар бояд ҳамеша он фоҷиаи миллӣ, он рӯзҳои мудҳиш ва фоҷиабори ҷанги таҳмилиро, ки боиси марги даҳҳо ҳазор шаҳрвандони осоишта гардиданд, дар ёд дошта бошанд ва ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расанд.

Барои боз ҳам таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон дуруст дарк намудани мафҳуми «шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ифтихори ватандӯстӣ» хеле муҳим аст. Шаҳрванди Тоҷикистон будан бояд ҳамчун муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи аъзои ҷомеа дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як шахс нақши муассир дошта бошад.

Дар баробари ин, бояд дар хотир дошт, ки барои амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон равандҳо ва рӯйдодҳои хатарноки ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла таҳдидҳои наву рӯзафзун, аз қабили таассуб ва ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ хеле хатарнок мебошанд. Ин падидаҳои хатарнок дар манотиқ ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон густариш ёфта, мисли вабои аср ба амнияти минтақа, давлатҳои алоҳида ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари воқеӣ эҷод мекунанд. Афзоиши нуфузи созмони террористии бо номи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ, майли ҷангиёни он барои тасарруфи манотиқи нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон мусалмон ва тахриби мероси фарҳангӣ, ҳамчунин тақвияти ақидаҳои радикалӣ дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон аз омилҳои аслии нигаронӣ дар вазъияти кунунӣ ба шумор меравад.

Дар ин раванд яке аз масъалаҳои муҳим ва арзишманд он аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, ба фитнаву фиребҳои мухталифи доираҳои манфиатдори бегона дода нашавем, мардумро муттаҳид созем, суботи сиёсиро боз ҳам таҳким бахшем. Зеро Тоҷикистон - Ватани маҳбуби худро аз таъсири манфии рӯйдодҳо ва дигаргуниҳои ахир, ки дар он намояндагони даҳҳо кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, танҳо соҳибону ворисони он - яъне шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ва бояд муҳофизат кунанд.

Ҷавонони далеру сарбаланди кишвар бо ҳисси амиқи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ бояд ба давлату Президенти худ содиқ бошанд, зарари пайравӣ ба ақидаҳои бегона, фитнагариҳои созмонҳои террористиву экстремистиро хуб дарк намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, дифоъи Ватанро аз чолишҳо ва таҳдиду хатарҳои замона ҳамчун қарзи ҳаётии худ ба ҷо оранд.

Мардуми мусулмони Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мазҳаби суннатию аҷдодии тоҷикон ва ҳамаи халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мазҳаби таҳаммулмеҳвари - Ҳанафия ва асосгузори он Имоми Аъзам аст, ки 1310-солагии ин шахсияти бузург сол пеш дар Точикистон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд. Тибқи таълимоти фиқҳию каломии мазҳаби ҳанафӣ, Қуръони карим мӯъминонро ба ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул ва бурдборӣ дар муносибат бо пайравони дину мазҳабҳои гуногун даъват мекунад. Аммо дар шароити имрӯза ҳаракатҳо ва равияҳои ифротгароӣ ва террористӣ мазмуни оятҳои Қуръонро таҳриф ва бардурӯғ маънидод намуда, дар байни пайравони дини ислом оташи низоъ ва хусуматро ангехтанд, ки ин боиси дар баъзе давлатҳои мусалмонӣ сар задани ҷангҳои харобиовар шуд. Тамоми ҷаҳон шоҳиди он аст, ки амалҳои фоҷиабори ҷунбишҳои номбурда, аз ҷумла гурӯҳи террористии ба истилоҳ “Давлати исломӣ” аз ҷониби касе дар ҷаҳони мутамаддин пуштибонӣ намешавад; баръакс, ҳама ваҳшигарии асримиёнагии онҳоро маҳкум мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки “Давлати исломӣ” ба дини мубини ислом рабте надорад, баръакс, пайравони он нақшаҳо ва ниятҳои марказҳои ҷаҳонии қудратро, ки душмани исломанд, амалӣ мекунанд ва рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд.

Ба ин ҳаракатҳо пайвастани ҷавонон набояд ҳеҷ як фарди ҳассосро бетараф нагузорад, баръакс, ӯро ба мубориза бо ин вабо ва ҳифзи давлату Ватан аз ҳар гуна таҳдидҳои мудҳиш водор созад.

Дар ин самт ба таблиғи моҳияти давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон, арзиши ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, инчунин пешгирии шомилшавӣ ба ҳама гуна ҳаракату равияҳои тундгаро бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Носипосӣ нисбат ба ватан гуноҳи бузург маҳсуб мешавад, зеро ватандӯстӣ ҷузъи ҷудонашавандаи имон аст. Муҳаббату садоқат ба давлати Тоҷикистон, талоши мунтазам ва пайгирона ҷиҳати ободию пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ қарзи имонию шаҳрвандии ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад.

Ба шарофати фидокориҳо ва роҳбарии хирадмандонаи шахсияти таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи хонумонсӯзи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд ва раванди барқарории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Ба шарофати иродаи устувори Сарвари давлат кишвари мо дилпурона ба роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ дохил шуд. Ҷавонон бояд барои ба даст овардани маънавиёту фарҳанги баланд талош кунанд, то ояндаи дурахшони Ватанро таъмин намоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин масъулияти бузургро дарк намуда, то имрӯз барои таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу субот, наҷоти давлатдории миллии худ аз хатари нобудшавӣ ва мардуми мо аз парокандагӣ мебошад. Зеро бидуни давлати озод ормонҳои таърихии миллат, ҳадафу барномаҳои наслҳои имрӯзу оянда дастнорас ва имконнопазир боқӣ мемонданд.

Дарки ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дорои анъанаи амиқи назариявӣ буда, аз дар қаъри таърих реша доранд. Ҳвнӯз Афлотун чунин фикр мекард, ки Ватан аз падар ва модар азизтар аст. Дар шакли бештар инкишофёфта ишқ ба Ватан ҳамчун арзиши олӣ дар осори мутафаккирони тоҷик аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Кайковус, Саъдӣ, Румӣ ва дигарон баррасӣ шудааст. Бисёре аз мутафаккирони замони гузашта нақш ва таъсири бисёрҷонибаи ватандӯстиро дар раванди ташаккули шахсияти инсон ошкор ва қайд кардаанд. Онхо боварӣ доштанд, ки ватандустӣ на танҳо вазифаи муҳими тарбиявӣ, балки воситаи тавонои тарбиявӣ ҳам мебошад.

Дар адабиёти муосири илмӣ назарияи ватандӯстӣ ҳамчун арзиши ҳаётан муҳим, ки на танҳо ҷузъҳои иҷтимоӣ, балки ҷузъҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ғайраро муттаҳид мекунад, торафт васеъ паҳн шуда истодааст. Тибқи тафсирҳои муосири илмӣ ва фалсафӣ, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин сарватҳои маънавии шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта буда, дар ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандӣ, талошҳои мунтазаму фаъолонаи шахс ба манфиати Ватан зоҳир мегардад.

Ин ҳисси баланди масъулият дар назди дирӯзу имрӯз ва фардои Ватану миллат аз ҳар яки мо кӯшишу ғайрати ҳадди аксарро баҳри ободиву осоиштагии кишвари азизамон, меҳнати дастыамъона ва софдилона, ҳушёрӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатиамонро тақозо менамояд, то қарзи дар назди Ватан ва мардуми Тоҷикистон доштаамонро сазовор ба ҷо оварем.

Шоев Зиёвиддин, номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ