Skip to main content

«Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо–тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.»

Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷашни Сада дар баробари ҷашнҳои чоргона аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Шаби Чила яке аз ҷашнҳои ниҳоят қадимии мардумони ориённажод буда, аз замони пайдоиш то истилои Араб яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳо ба шумор мерафт. Пас аз истилои Араб ва ташкили Хилофат он ҳамчун маросими динии маздаясноӣ ҳисоб карда шуда, ҷашнгирии он ба тадриҷ манъ гардид.

Хушбахтона, дар замони давлатдории Сомониён, ки муҳақиқони сатҳи ҷаҳонӣ ин давраро давраи гулгул шукуфии милати тоҷик медонанд, дубора эҳё гардида ба ҳамон шакли аввалӣ ҷашн гирифта мешуд. Ба ин гуфтаҳо нигоштаҳои адибон ва шоирони он замон нисбат ба ҷашни Сада, аз қабили Рӯдакии Самарқандӣ, Унсурии Балхӣ, Манчеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Систонӣ, Абулқосим Фирдавӣ, Абӯрайҳон Берунӣ ва дигарон далели раднопазир аст. Мутаасифона, пас аз шикасти давлати Сомониён ва ба сари қудрат омадани давлатдориҳои туркон ҷашни Сада оҳиста-оҳиста на ҳамчун ҷашни бузурги давлатӣ, балки чун ҷашни камранги халқӣ танҳо дар қисматҳои кӯҳистонии ҳавзаи Хуросон ва Моваронаҳр дар доираи хурди мардумон ҷашн гирифта мешуд.

Ва ниҳоят бо шарофати Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон расму оин ва ҷашнҳои миллии дар тӯли садсолаҳо аз назари халқ дур мондаву камранг гардида эҳё гардиданд, ки ҷашни Сада низ аз ин шумор аст. Ҳамасола, ин ҷашни миллии ниёкон чун нишони арҷгузорӣ ба гузаштагон ва бо барқарор намудани шукӯҳи пешин ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Сада таъкид месозанд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъана, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».

Сада ин рамзи некиву меҳрубонӣ, пос доштани гармиву рӯшноии хуршеду оташ ва гармдилии мардумон аст.

Гузаштагони мо бар ин бовар буданд, ки Хуршед дар осмон бо нури гармии худ тамоми табиатро хуррам мегардонад ва оташ дар замин чун порае аз он барои мунаввар сохтани дилу дидаи мардумон хизмат хоҳад кард. Ва аз ин хотир дар гузаштаҳои дур, шуруъ аз Шаби Чилла (баробар ба 21-22 декабр) то ҷашни Сада (баробар ба 30 юми январ) тӯли 40 шабона рӯз гулхан меафрӯхтанд ба ин бовар намегузоштанд то торикии зулмот ба рушноӣ ва нури хуршедӣ ғолиб гардад. Ниҳоятан шаби чилум шоху шаппаҳои дарахти сада (бурс, арча)-ро ҷамъ намудаву гулхани калонеро меафрӯхтанд ва гирди он ҷамъ омада, то субҳ чун нишони ғолибияти гармиву рӯшноӣ бар сардиву зулмот рақсу бозӣ ва суруру шодмонӣ менамуданд.

Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд. Чун оташ дар фарҳанги мардуми ориёӣ рамзи покӣ, рӯшноӣ ва гармӣ буда, сарчашмаи рӯзгори босубот ва зиндагии шоиста маҳсуб мешуд, мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд. Сада ба ягон дину ойин тааллуқ надошта, аз дарки амиқи равандҳои табиӣ хабар медод.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ мафҳуми Сада хеле хуб маънидод гардидааст. «Сада»-ро аз шумораи 100 медонанд, ки иборат аз панҷоҳ шабонарӯз то Наврӯз аст. «Сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шудан омадааст. Яъне падид омадани рӯшноӣ ва гармӣ аст. Ниёгони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ ҳам таҷлил менамуданд. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне маҳз аз ҳамин шабу рӯзҳо ғалабаи рӯшанӣ ба торикӣ ва некӣ бар бадӣ ибтидо мегирад.

Ҷашни Сада аз аҳди ориёиҳо (нимаи дуюми ҳазорсолаи 2 то мелод) то давраи ҳукумати Сомониёну Салчуқиён ва дар баъзе аз манотиқи тоҷикнишини Хуросону Мовароуннаҳр то истилои муғулҳо маъмул буд ва бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид. Асарҳои «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин гуна маълумот медиҳанд.

Оташ сар то по хайру созанда тавсиф мешавад ва он маҳсули ҷаҳду талоши инсони воломаниш дар муҳити табиӣ ва дар доираи имконоти инсонӣ таъриф меёбад. Аз ин назар, бо достони пайдоиши оташ дар асотири миллатҳои дигар имтиёз ва бартарии равшан дорад.

Ҳушанг дар фарҳангҳо «Бахшандаи ҷойгоҳи хубу некуманзар» тавсиф шудааст, аммо аз матни «Шоҳнома» ва майли Ҳаким Фирдавсӣ чунин бармеояд, ки решаи ин ном бо «ҳуш», ки ба маънои дигар хирад ва равони хирадманд таъбир мешавад ва «анг» чун пасванди нисбатсоз корбурди фаровон дорад.

Бино ба тадқиқоти коршиносон нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Хеле муҳим аст, ки нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Ба ақидаи дигар воситаи рӯшноии тамоми мавҷудоти олами зинда ва ифодагари рамзи ҷовидоӣ ин Хуршед маҳсуб меёбад ва робитаи ногусастанӣ инсонро бо табиат бозгӯ месозад.

Ин ҷашни суннатӣ мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузошт. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии хеш метавонист ғалаба кунад.

Ин ҷашни бостониро метавон ҳамчун падидаи озодагӣ ва солим тавсиф намуд, ки ба асари он қувваҳои некӣ ба бадӣ ғолиб меоянд ва дар асоси дурахши оташ чобукию далерӣ ва матонати мардум зоҳир мегардад. Яъне покию покизакорӣ асоси нерумандӣ ва солимӣ аст.

Ш.Карим, - сармутахассиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИ