Таърихи бостонии тоҷик аз ҷашну маросими рангин бой буда ҳар яке аз онҳо натанҳо ҳовии хотираи таърихии арҷгузорӣ ба беҳратин арзишҳои миллӣ, балки пайвандгари имрузу фардои миллат ба шумор меравад. Он таърихан бо чунин ҷашнҳои тақвимӣ монанди Навруз, Меҳргон ва Сада тавъам буда мазмунан дар ҳошияи онҳо таҷлил мегардад.
Аз мутафаккирони барҷастае, ки баъди асрҳо ҷашни Тиргонро зинда ва ба таври илмӣ онро таҳлилу баррасӣ намуд Абурайҳони Берунӣ мебошад, ки дар китоби худ “Осорул боқия” ба таври муфассал онро эҳоё кардааст. “Осор – ул – боқия” – и олим, мутафаккир ва ҳакими барҷаста Абураҳайҳон Муҳаммади Берунӣ шоҳкори афкори илмии асрҳои X – XI ба шумор меравад, ки дар он таҳлили ташаккули шаклҳои мухталифи фарҳанги инсонӣ, сабабҳои пайдоиши ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ ва мубориза байни онҳоро омузиш ёфта, афкори мутафаккирони гузашта ва муосир нисбат ба онҳо муайян гардидааст. Берунӣ дар асари худ оид ба идҳои даврони Ҷамшед сухан карда Тиргонро тавсиф карда аст. Ӯ мегуяд, ки Тиргон рузи сездаҳуми моҳи Тиргон аст ва он ду номро бо ҳам пайваста аст. Зеро Афросиёб, ки ба кишвари Эрон ғалаба кард, Манучеҳрро ба Табаиристон ба муҳосира гирифт. Манучеҳр аз Афросиёб хост, ки аз кишвари Эрон ба андозаи партоби як тир дар худ ба ӯ бидиҳад. Фаришта Исфандормуз ҳозир шуда ӯро амр кард, ки тиру камон бигирад ва Орашро ба партоб кардани ин тир супориш дод. Ораш барпо хосту бараҳна шуд ва гуфт: “Эй подшоҳ ва эй мардум, бадани маро бубинед, ки комилан аз чароҳату захм солим аст. Аммо яқин дорам, ки чун ин тирро аз камон биандозам, пора пора хоҳам шуд вале ман худро қурбони мардум хоҳам кард”. Ва чун камонро кашиду тир андохт, пора пора шуд. Бо амри худованд тири ӯ аз куҳи Руён то ба ақсои Хуросон, яъне то байни Фарғонаву Табаристон расид. Он тир ба танаи чормағзи азиме расид ва баъзеҳо гуфтанд, ки ин тир беш аз ҳазор фарсахро тай кардааст. Манучеҳру Афросиёб ба чунин миқдор замин бо ҳам сулҳ карданд. Ба ин сабаб дар ин руз ид карданд. Дар рузи чордаҳи Тир ба хотири аз Афросиёб раҳои ёфтан мардум асбоби табху танурро мешикастанд. Бинобар он, ки қаҳти фаро гирифта буду мардум гандуму мевафи пухтаро надоштанд, ки бихуранд, дар ин руз пухтани меваву гандум расм шудааст. Дигар ин ки ба хотири пос доштани иморати дунё ва зироату қисмати он, инчунин касби котибӣ, ки ситораи онон Уторид аст, мардум либоси котибӣ ва деҳқонӣ мепушиданд. Инчунин расми ғусл кардан дар ин руз мавҷуд аст. Зеро дар ин руз Кайхусрав дар чашмае фариштаеро дида беҳуд шуд ва ба руи ӯ Бежан чанд қатра об пошида ба худ овард. Бо ин сабаб расми ғусл кардан дар обҳои чашмаву рудҳо аз роҳи табаррук ҷорӣ гардид. Берунӣ меафзояд, ки дар ин руз аҳли Омул ба дарёи Хазар мераванд ва тамоми руз оббозӣ мекунанд.
Дар асотири Эрон бошад, Ҷашни Тиргонро чун яке аз ҷашнҳои мавсимии таърихиву бостонии мо аз он маросимҳои неки мардумӣ меноманд, ки тавъам бо ҳисси ягонагӣ бо табиат ва бо ҳам пайвастани мардум дар пешруи кору пайкори оянда будааст. Он бо тақвими бостонӣ ба 13 Тир ё 1 ми июл рост меомад, ки дар ин рӯз Ораши камонвар ба қуллаи куҳи Дамованд баромада аз камони худ тире партоб кардааст. Ҷашни Тиргонро ҳоло ҳам дар Эрону кишварҳои форсзабон, инчунин дар Тоҷикистон низ ҷашн мегиранд. Ин ҷашн ҳоло ба унвони мероси маънавии кишвар дар феҳристи миллии Эрон ба сабт расидааст.
Аз ҷумлаи оинҳои ин ҷашн обпошӣ, фоли куза, дастбанди тиру бод ва хурдани мева ва гандум, ба намоиш гузоштани ин маҳсулот ва маҳсулоти дигари деҳқонӣ, намоиши китоб ва нигораҳо, афрухтани машъалу оташ ва амсоли ин мавҷуданд.
Бо ҷашни Тиргон асосан ду навъ достонҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо марбути бузургдошти Тиштар-ситораи бороновар буда дигар-бузургдошти Ораши камонвар мебошад. Тиштар дар ривояте фариштаи об аст, ки дар набарди ҳамешагии некиву бадӣ ширкат дорад. Ӯ бар зидди Опус, ки деви хушксолӣ аст. Тиштар ҳар даҳ рузи моҳ аввал сурати ҷавони 15 сола, баъд сурати гови нар ва баъд сурати аспро ба худ мегирад. Тиштар ба сурати аспи сафеди зебое дар набард бо Опус ворид гардида дар дарёи кайҳонӣ фуру рафт. Дар тарафи дигари маҷро Опус низ ба сурати аспи сиёҳе даромада буд, ки ёлу думи дарози сиёҳи бадҳайбате дошт. Дар набарди аввал Тиштар аз Опус шикас мехурад ва ба ёрии парвардигор Аҳуро ниёзманд мешавад. Дар набарди баъдӣ бо кумаки Аҳуро Тиштар метавонад дар ин ҷанг пируз шавад. Баъд аз пирузӣ даврони хушксолӣ ба поён мерасад ва дубора об ба тамоми мазореъ ва заминҳо ҷорӣ мешавад. Аз он даврон то ба имруз мардум пирузӣ ба хушксолӣ ва дубора зинда шудани заминҳояшонро ҷашн мегиранд.
Қисаи дигар – Ораши камонвар дар бораи он аст, ки дар афсонаҳо ӯ марзи Эрони бостонро буда бо камони худ аз фарози Дамованд муайян кард. Моҷаро байни сипоҳи Афросиёб- турониён ва Манучеҳр-сипоҳи эрониён буда ин зиддият солҳо тул мекашад. Сипоҳи эрониён дар рузи Тир аз сипоҳи турониён шикаст мехурад. Бо ин сабаб сипоҳи эрониён дар Мозандарон ба сахтӣ меафтад ва азият мекашад.
Баъди солҳои ҷангу набард ду тараф тасмими сулҳро мегиранд ва азм мекунанд, ки аз Мозандарон ба суи Ховар тир андохта марзи ду тарафро муайян созанд. Орашро ба ин кор интихоб мекунанд, зеро ӯ аз ҳама пурқувват ва дар камонварӣ чирадаст буд. Ӯ бо фармони фариштаи замин ин масъулиятро қабул кард. Баъди дар қуллаи Дамованд партофтани тир ба самти Ховар ӯ ҷонашро аз даст дод. Бо дастури ходованд, бод тири Орашро ба дуриҳо овард. Он тир аз бомдод то нимруз дар ҳаракат буда дар ниҳоят ба дарахти чормағз дар канори руди Ҷайҳун фуруд омад. Ин дарахт ба унвони марзи Турону Эрон маъруф гардид. Ҳамин тавр ин ҷашн рузи ёдовард аз фидокорӣ ва ватанпарастии Ораш мебошад. Ва дар ин маврид шеъре низ боқӣ мондааст:
Аз он хонанд Орашро камонгир,
Ки аз Мавр ба Омул андохт як тир.
Дар адабиёти мардумшиносӣ оид ба оинҳои Тиргон гуфта мешавад, ки он ба хотири одоб ва русуми махсусаш зебост. Дар ин ҷашн бозиҳо ва обпошӣ мекунанд. Яъне об дар ин ҷашн мақоми муҳиме дорад. Дар даврони бостон Тиргонро дар канори чашма, рудхона ё наҳре баргузор мекардаанд ва ба руи ҳамдигар об мепошидаанд, то гармии Тирмоҳро барҳам зананд. Дигар расме, ки дар ин давра аз даворони бостон анҷом дода мешудааст, фолбинии куза мебошад. Дар ин руз бокирае кузаи сабз дар даст, онро бо оби софтарини чашма пур карда бо порчаи абрешимӣ даҳони онро мебандад. Ҳар касе, ки орзуе дорад, танга, сузанак, ангуштарӣ ё ягон чизи хурдеро ба куза мепартояд. Баъди гузаштани чашн, занони солхурда шеърҳо мехонанд ва духтар аз куза чизеро берун мекунад. Аз пораи шеъри шунида соҳиби чиз маъноеро бардошта онро бо орзуи худ вобаста мекунад.
Расми дастбандбандӣ низ хоси Тиргон аст. Дар ин руз баъди хурдани ширинӣ одамон ба дасти худ дастбанди тиру бодро мебанданд, ки ба хотири аз байн бурдани банду уқдаҳо баста мешавад. Дастбанд аз ҳафт ранг порчаи ресмони ранга бофта мешавад. Пагоҳи рузи ҷашн дастбанд дар болои бом кушода шуда ба бод дода мешавад, то ин ки бод орзуҳояшонро бо худ бубарад. Дигар оин ин будааст, ки тамоми оила ба ҳам омада дар атрофи хони идона муттаҳид мешудаанд ва он рузи шабро ҳамроҳ мегузаронидаанд. Он шабнишинӣ ва ҷамъ шудани бузургони оила ном доштааст, модаркалон ва бобоҳои оила дар канори набераву аберагони худ мебуданд. Навҷавонони номзадшуда ба номзадони худ ҳадя мебурдаанд, ки иборат аз ҳадяҳои мухталиф монанди себ, анор, санҷид, ангур, апелсин ва ғайра, инчунин як ҷуфт кафш, пораи матоъ барои арус будааст.
Мардум дар кучаҳо суруду мусиқӣ, шодиву хурсандӣ мекарданд ва дар бегоҳӣ машъалҳо меафрухтаанд. Кишоварзон мекушиданд ҳамаи корҳои саҳроии худро ба охир расонанд ва ба истиқболи ҷашни Тиргон бо хотири ҷамъ омада дар он шодиву хурсандӣ ва истироҳат кунанд.
Дигар оини ин ҷашн – руймолеро ба оинаи хонаҳо партофтани ҷавонон ва онро бо шириниҳо пур кардани соҳибхона мебошад. Зимнан, ин расм дар Бадахшон, дар рузҳои Навруз анҷом дода мешавад.
Ҳамин тавр, ҷашнҳои бостонии мо аз даврони қадим то ба имруз зиндаанд ва хусусиятҳои этникӣ-равонии миллатро бозгу менамоянд. Онҳо пайванди воқеии наслу асрҳо мебошанд, ки аз даври таърихӣ то ба имруз мавҷуданд ва дар ташаккул додани ҳувияти миллӣ нақши худро мебозанд. Дар муроҷиат ба онҳо мо ояндаи миллатро эъмор менамоем, зеро онҳо барандаву ҳовии арзишҳои муҳими маънавианд, ки ҳаёти онро мазмун мебахшанд. Ҷашну оинҳои бостонӣ аз ояндаи миллат дарак медиҳанд, зеро аз умқи асрҳо ба имруз расидаанд ва неруи созандаи фардо мебошанд.
Маҳмадҷонова М.Т.,
сарходими илмии Шуъбаи таърихи
фалсафаи ИФСҲ АМИТ