Стратегияи давлатии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, яке аз стратегияҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Суръати мунтазами тадбиқи амалии он хеле барҷаста идома дорад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар радифи таҳдидҳои асосӣ қайд шудааст, ки “дурдастии ҷуғрофӣ аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯш ба рушд наёфтани коммуникатсияи нақлиётӣ дар самти бозорҳо мушкил мегардад ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро маҳдуд месозад. Дар ҳоли ҳозир зарурати воридсозии тағйироти калон дар консепсияи иқтисодии фаъолияти намудҳои нақлиёт дар асоси аломатҳои бозаргонии талаботи пардохтпазир ба миён меояд”. Дар ҳалли муаммоҳои дурдастии ҷуғрофии мамлакат аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯши ҷаҳонӣ нақлиёти ҳавоӣ нақши муҳим дорад. Зеро масофаи миёнаи кашонидани 1 тонна бор тавассути нақлиёти ҳавоӣ миёни дигар намуди нақлиётҳо хеле баланд мебошад. Бинобар, ин дар марҳилаи нави рушди мамлакат таваҷҷуҳ ба таъмини рушди нақлиёти ҳавоӣ ва амнияти иқтисодии ин соҳа мубрамият пайдо мекунад. Шароити хоси иқлиму табиати кишвар, кӯҳсор будани қисмати зиёди он, душворгузар будани роҳҳои кӯҳӣ аз сабаби зуд-зуд такроршавии заминҷунбӣ ва офатҳои табиӣ (фаромадани ярч, тарма, сангрезиш ва ғ.), аз ҷиҳати ҳудудӣ монанд набудани шароити минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ҳалли вазифаҳои давлат дар самти таъмини табдили кишвар ба кишвари транзитӣ ва амнияти иқтисодиву иҷтимоии он рушди комплекси авиатсиониро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил додаанд. Ҳамзамон, дурнамои рушди минтақаҳои душворгузар рушди комплекси мазкурро ҳамчун омили муҳими рушди минтақаҳои дурдасти кишвар пешбинӣ менамояд.
Имрӯзҳо, сарфи назар аз душвориҳои баамаломада, наметавон аз имкониятҳои ҷиддии рушди соҳаи мазкур сарфи назар намуд, зеро комплекси авиватсионӣ барои давлат, бидуни шубҳа, аҳамияти стратегӣ дошта, дар сурати такмили механизми идоракунӣ комплекси мазкурро аз вазъи ногувори тӯлкашида раҳо карда, рушди бахшҳои мухталифи онро таъмин кардан мумкин аст. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2025) таъкид кардаанд: «ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст”. Аз ҳамин хотир, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо, низ вазифаи муҳим мебошад.
Дар ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи дарозмуддат нигоҳ доштан ва инкишоф додани шабакаи фурудгоҳҳои маҳаллӣ, авиатсияи хурду миёна барои таъмин намудани дастрасии сокинони минтақаҳои кишвар ба нақлиёти ҳавоӣ вазифагузорӣ шудааст. Истифодаи имконияту шароити мавҷудаи таъмини рушди иқтисоди транзитӣ манбаи рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат мебошад. Иқтисодиёти транзитӣ, ин системаи хоҷагии халқ ва ё миллӣ, ки дар он даромадҳо аз убури ҷараёни бору мусофир, воситаҳои нақлиёт, интиқоли энергия, об ва захираҳои иттилоотӣ аз қаламрави кишвар, расонидани хизматрасонӣ оид ба таъмини транзит ва рушди соҳаҳои ба он алоқаманд, ки қисми назаррасро дар маҷмӯи даромади давлат, субъектҳои иқтисодӣ ва аҳолии кишвар ташкил дода, яке аз манбаҳои некуаҳволии мардумро муаяйн менамояд, мебошад. Рушди иқтисодиёти транзитӣ пайваста бо тавсеаи тиҷорати байналмилалӣ, афзудани ҳаракати ҷаҳонии ҳаҷм ва навъҳои молҳои истеъмолӣ, инчунин тақсимоти байналмилалии меҳнат, ҷудошавии ҷуғрофии ҷойҳои истеҳсол ва истеъмоли мол, мавҷудияти воситаҳои нақлиёт, ки имкони фарохи гардиши ҳаҷми калони молҳо ва бастаи ашёҳои гаронбаҳоро ба масофаҳои дуру дароз рӯи кор меорад, сурат мегирад.
Ба рушди иқтисоди транзитӣ ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар дар муҳимтарин роҳҳои тиҷоратӣ ё дар чорроҳаи онҳо, наздикӣ ба “марказҳои рушди ҷаҳонӣ” ва ё “дарвоза”-ҳои минтақаҳои муайяни ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Иқтисоду бозори транзитӣ тавассути Тоҷикистон, ки дар миёнароҳи Роҳи бузурги абрешим қарор дорад, вуҷуд дорад ва ҳаҷми он хеле назаррас аст. Барои ғанӣ гардонидани сатҳу сифати низоми транзиии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии он маҷмаи нақлиёти ҳавоӣ нақши муҳим дорад. Мувофиқи маълумоти Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), нақлиёти ҳавоӣ ҳоло тақрибан 35% тиҷорати ҷаҳониро аз рӯи арзиш ташкил медиҳад. Ҳаҷми мусофиркашонии ҷаҳонии авиатсия ҳар сол тақрибан 5-7% афзоиш меёбад. Тибқи ҳисобҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), ҳар 10 фоиз афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ММД-и кишвар 0,5 банди фоизӣ изофа менамояд. Дар кишварҳои Аврупо нақлиёти ҳавоӣ 7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад ва 5 фоизи шуғлро таъмин мекунад.
Комплекси авиатсионӣ дар ҳоли ҳозир барои фаъолияти бомуваффақияти иқтисоди ҷаҳонӣ, рушди минбаъдаи мутаносиби он ва нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодӣ ниҳоят муҳим аст. Он имкон медиҳад, ки ҳаракати босуръати сайёри одамон ва молҳо байни қитъаҳои гуногун, ба рушди савдои ҷаҳонӣ ва саноати байналмилалии сайёҳӣ мусоидат намояд. Тақрибан 40% фурӯши маҳсулоти технологияи баланд аз низоми хуб ба роҳ мондашудаи комплекси авиатсионӣ вобаста аст. Бо равнақ ёфтани соҳаи саёҳату туризм ва тағйири мувофиқи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳавопаймоӣ, арзиши аслии парвоз дар тӯли 40 соли охир тақрибан 60% арзон шуд ва ба ин васила онро барои мардуми бештар дастрас гардонд. Дар ин давра ҳавопаймоҳо 70% аз ҷиҳати энергия сарфакортар ва садои муҳаррикҳояшон 75% пасттар шуд.
Соҳаи авиатсияи гражданӣ на он қадар тиҷорати сердаромад аст – аз ҷумла, бо тағйирёбии бозор, ширкатҳо ба хатарҳои зиёд ба монанди: тағйирёбии нархи сӯзишворӣ, қурби асъор, таъсироти беруна ва ғайра дучор мешаванд. Ҳамаи ин, ба устувории молиявии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва қобилияти иҷрои уҳдадориҳои худ таъсир мерасонад. Агар ба нишондиҳандаҳои оморӣ назар кунем, метавонем шумораи зиёди ширкатҳои ҳавопаймоиро пайдо намоем, ки дар тӯли 10 соли охир ҳолати муфлисшавиро аз сар гузаронидаанд, ки аксари муфлисшавӣ ҳам барои истеъмолкунандагони маҳсулот ва ҳам барои мақомоти авиатсия ғайричашмдошт аст. Дар навбати худ, даст кашидан аз иҷрои уҳдадориҳо боиси оқибатҳои вазнини низоми соҳавӣ мегардад, ки ба онҳо дохил мешаванд: зарурати хориҷ кардани мусофирон ва маблағгузории нақлиёт, ҳалли масъалаҳои ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон, бо кор таъмин намудани кормандон ва ғайра. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон азнавсозии соҳаи авиатсияи гражданӣ сурат гирифта истодааст, бозсохтори системаи идоракунии он гузаронида шудааст. Дар ин раванд низоми пешбурди сиёсат ва қоидаҳои дахлдор дар соҳаи бехатарии ҳаракати ҳавоӣ таҳия гардидааст. Он имкон додааст, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод ва таъминкунандаи хизматрасонии комплекси авиатсионӣ нуфуз пайдо кунад, ки дар навбати худ ба таҳким ва рушди бештари муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Татбиқи тағйироти назаррас дар соҳаи авиатсия, ки дар робита ба ташаббусҳои бехатарӣ заруранд, қабули созишномаҳои коллективиро бо мақсади назорат ва бартараф кардани мушкилот ва тамоюлҳои манфии бавуҷудомада талаб мекунад.
Вобаста ба ин, дар маҷмуи тадбирҳои такмили механизми идоракунии низомҳои комплекси авиатсионӣ се қисми асосии тадбирҳоро амалӣ намудан зарурати марҳалаи нави рушди он мебошад:
1. Ҳамгироӣ дар низоми ҷаҳонии комплекси авиатсионӣ ва гузариши он ба технологияҳои нави иттилоотӣ барои идоракунии махзанҳои маълумотӣ ва захираҳои низомҳои нақлиёти авиатсионӣ;
2. Муайян намудани равишҳои умумӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мушаххас дар асоси рақамикунонии комплексии расмиёти ояндабинии ҳамлу нақл, мониторинги ҳолати молиявӣ ва схемаҳои технологии низомҳои комплекси авиатсионӣ ва ғайра;
3. Беҳтарсозӣ ва интихоби оқилонаи низомҳое, ки ба истифодаи усулҳои умумии қабулшудаи барномасозии математикӣ имкон медиҳанд, ки технологияҳои иттилоотӣ бо назардошти гуногунрангии истифодаи қоидаҳои қабули қарорҳо истифода шаванд.
Дар низоми нақлиёти авиатсионии мамлакат айни замон тамоюли возеҳ барои ҳалли мушкилоти мавҷудбуда дар асоси муносибати маҷмуӣ бо назардошти омилҳои зиёди номуайян, ки ба рушди технологияҳои нақлиётӣ барои амалӣ намудани амалиёти ҷорӣ ва стратегӣ ҳамчун як қисми нақшаи дарозмуддати банақшагирии муҳлати фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ё корпоратсияҳои фаромиллӣ таъсир мерасонанд, мушоҳида карда мешавад.
Юсуф РАҲМОН, - ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ