Skip to main content

21Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ робитаи мазмунӣ, маъноӣ ва дар маҷмӯъ, органикӣ доранд. Ба ин мазмун, Истиқлолият ва Ваҳдат характери ҷомеасозӣ доранд. Аз сарчашмаҳои нақлӣ ва ақлӣ ба мо маълум аст, ки мардуми тоҷик дар гузори асрҳову наслҳо ҳамеша хостори сулҳу оромиш буд ва зиндагиро қобили парастиш ва даме аз онро ғанимат дониста, ягона ормони он ин танҳо осоишта зистан дар қаламрави оромиш будаасту халос. Дар марҳилаи нахустини соҳибистиқлолии кишвар ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи онро таърих дубора дар оинаи хеш таҷаллӣ сохт, то халқи тоҷик аз он сабақҳои тоза бардоранд. Истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ қодир аст осоиштагиро ба миён орад. Ҳама гуна ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва муносиботу муколимоти муътадил дар шароити истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд ва бо назардошти вазъи озодӣ ва озодандешӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф мерасад. Технологияи рушду таҳаввули марҳилавии ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масирро устуворона паймуда истодааст, бар асоси мабдаи истиқлол ва мухторияти сиёсию давлатӣ таваҷҷӯҳ ёфта, ба таври тадриҷӣ дар фазои иҷтимоӣ оромиши сиёсиро таҳким мебахшад.

“Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъноҳои бардоштан ва баланд кардан, баланд баромадан, ба ҷойи баланд омадан; озодӣ доштан, ба озодӣ коре кардан, бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан, дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан, доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо, мустақил будан озодӣ ва худмухтории кишвар далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар як маънию мафҳум - озодӣ дар кору умур ва идораи кишвар инсиҷом меёбанд. Озодӣ ва мухторият дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти давлатӣ расиданро нишон медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ, қабл аз ҳама, бо масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ пайвастагӣ дорад ва ҳамин масъулият аст, ки пояҳои ваҳдатро дар ҳар шаклу мазмуне ҳифз мекунад. Мазмуни масъулияти инфиродӣ, гурӯҳӣ ва билохира ҷамъӣ дар ҳамкории беғаразона, созиши мунсифона, баҳамойӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмӯъ, якдигарфаҳмӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулият ва ҳавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлолияти сиёсию давлатӣ ба вуҷуд меоварад. Ҳунари пурсишгарӣ ва масъулиятписандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангб, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар хамаи давру замон бар мабнои муҳити озоду мустақил ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллию мардумӣ бунёд ёфта, мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, равонӣ бевосита дар натиҷаи ваҳдату созиши ҷомеа ва сардамдорони он рафъ мегарданд.

Мафҳуми ваҳдат дар асри Х1Х дар кишвари Фаронса маҳбубият касб намуда, ба сифати мафкураи давлатӣ муаррифӣ шуд. Рисолати он дар таҳкими робитаю муносибатҳои мусолиматомези иҷтимоӣ зоҳир мегардид. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ваҳдат риштаест миёни фард ва ҷомеа. Механизми пайванди фард ва ҷомеаро ваҳдат татбиқ мекунад. Бар ин асос, яке бидуни дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад (ниг.:Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С.22-23).

Ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷавомеи миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ пайдо мекунад ва пайваста элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад (ниг.: Гиёев Қ. Ташаккули раванди ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С.32-33). Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсб буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад (ниг.:Салимов Нуриддин. Фалсафаи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Ќ.Ш. Љӯраев, 2000. -С.11).

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27 июни соли 1997 ҷанги шаҳрвандиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад.

Яке аз омилзои асосии Ваздат дар ҷомеа, пеш аз ҳама, матраҳ ва роҳандозӣ намудани сулҳу субот мебошад. Бар пояи он, ҳатто назарияҳои мустақилона пайдо шудаанд, ки намоёнтарини онҳо назарияи «сулҳи абадӣ»-и файласуфи олмонӣ И. Кант маҳсуб меёбад. Ба назари Кант, унсури муҳиму шарти ташаккули раванди сулҳ дар ҷомеа аз ҷониби давлат татбиқ мегардад. Давлат, моҳиятан бояд бар он кӯшад, ки қарордоди сулҳро дар ҷомеа барпо ва устувор намояд.

Воқеияти он замон маълум карда буд, ки дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии вақти минтақа бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва бекор шудани низоми давлатдории Шӯравӣ, ба вартаи мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, савобиқи мудирияти равандҳои сиёсиро надоштанд, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ оҷиз монданд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки бо шикасти империя ҳолати шокро аз сар мегузарониданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибӣ (хаос)-ро дар шакли намоишномаи сиёсӣ коргардонӣ мекарданд, то низоми шӯравӣ куллан аз байн биравад. Ба ин тариқ, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ салтанат кард. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ гирифтори буҳронҳои амиқ гардида, оқибат фалаҷ шуд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоу бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора мувоҷеҳи ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар натиҷа, аз 5,5 миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумотҳои гуногун, аз 25 то 200 ҳазор нафар (дар баъзе манобеъ шумори ҳалокшудагон 150 ҳазор нишон дода шудааст – Н.Н.) ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони он иҷборан тарки хонаю ватан намуда, ба мамолики Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳанда шуданд (ниг.: Ҳаролд Ҳ. Сандерс. Раванди сулҳи ҷамъиятӣ. –Душанбе, 2002. –С.181, ҳамчунин доир ба масоили марбута таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Иброҳим Усмон. Савганди сулҳофаринӣ. -Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.).

Барои ба вуҷуд овардани фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тафоҳуми миллӣ музокироти тоҷикон бо ризоияту тавофуқи масъулини тарафҳои даргир аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ гардида, то 27 июни соли 1997 бо баимзорасии Созишномаи умумб анҷом ёфт. Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, дар 8 давр 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмӯъ, роҳҳои залли мушкилоти ҷомеаи ба фоҷеа гирифтор шударо фаро мегирифт. Тибқи муқаррароти баҳсу муноқишоти сиёсӣ, дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон муҳайё сохтани шароити моддию равонӣ, идеявию фарҳангӣ ҳукми зарурат маҳсуб меёфт ва дар ин амр ёрию дастгириҳои хайрхоҳонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва мамолики кафили сулҳи тоҷикон, монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон назаррас буда, фаъолияти беғаразонаи созмонҳои марбута ба муваффақона анҷом пазируфтани муколимоти тарафайн ва саранҷом, ба вуҷуд омадани фазои ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароити мусоидат фароҳам овард (ниг.:Раҳмонов Таѓай. Осори мунтахаб. _Душанбе: МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014.-С.165). Ҳамин тариқ, Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ имконияти ҳалли мушкилоти дохилиро аз тариқи муколимоту гуфтушунидҳои созанда ба миён оварда, шароити мусоидро барои ба вуҷуд омадани ваҳдати миллӣ фароҳам сохт.

Аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 24 сол сипарӣ мешавад ва чун анъана ҳар сол санаи 27 июн бо шукӯҳу таҳаммул таљлил мегардад. То имрӯз, қатъи назар аз баъзе нофаҳмиҳо ва тангназариҳо, ҷомеаи мадании тоҷик дар зери осмони ваҳдати миллӣ ва оромиши сиёсӣ зиндагӣ мекунад. Зуҳуру бурузи ваҳдати миллӣ дар шароити Истиқлоли давлатӣ маънои онро дорад, ки маҳз фазои мустақилияти сиёсӣ имкон дод, ки масъулият бар бемасъулиятӣ пирӯз гардад ва падидаҳои манфуре, мисли бадбинӣ, нафрат, ҷаҳолатписандӣ, кинаварзӣ ва бегонапарастӣ аз саҳнаи зиндагии миллӣ бадар рафта, вазъи баҳамойӣ дар минтақа салтанат кунад. Зимнан, бояд дар хотир дошт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ё ба истилоҳ, глобализатсия дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннб (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мо, ҳамчунин ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути афкору таблиғоти ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани зеҳниёти љомеаҳои пасошӯравӣ сари кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи ахир рӯйи сафаҳоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва мулоҳизаи тафаккуриро талаб менамояд. Муҳим он аст, ки намояндагони илму фарҳанг ва фалсафаи давлатҳои миллии фазои пасошӯравӣ дарк кардаанд, ки зарурати муттаҳид шудани мардумони минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст.

Табодули андеша, тафоҳуми миллӣ ва ҳамзистӣ дар миёни табақоти мухталифи иҷтимоӣ дар фазои солими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад, ки мо дар муҳит ва қаламрави худ аз ин шароит бархурдорем.

Мавриди зикр аст, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ва бақои он, бешак моли халқ аст, ки бо ҷоннисорӣ ва сарвариву роҳбарии мардони хирад ба даст омада буду инак тӯли бисту панҷ сол моро дар амну осоиштагӣ ба сӯйи фардо раҳнамун месозад. Ва ягон нафаре ё гурӯҳи алоҳидае ҳуқуқи онро надорад, ки ба пойдории он ҳатто сояи шубҳа андозад. Аз ин рӯ, ҳамагон бояд дар роҳи ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бояд утуворона қадам занем.

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.