Skip to main content

“Биёед ман раводидро бекор (лағв) кардам, ҳар вақте ки мехоҳед ҳамроҳи фарзандонатон баҳор, тобистон, тирамоҳ, (пойиз) биёед рафтуомад кунем. Расму оинҳои милливу таърихии худро аз нав эҳё кунем. Мо як мардум ҳастем”. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: “Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Саъдиву Ҳофиз моли мо ориёитаборон ва форсизабонон аст ва андеша (эҷодот)-и Мавлавӣ мутааллиқ ба башарият аст ё эъломияи Куруши Кабир барои башарият аст”.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии кӯтоҳ, аммо нағз ва санҷида бар чанд нукта таъкид мекунад:

1. Лағви раводид ва ба таъбири тоҷикӣ бекор кардани раводид. Гарчи ин кор бояд солҳо пеш мешуд. Лағви раводид барои ташвиқу тасҳил (осон кардан.-Ш.Р.) ва тарғиби мардум ба ҳузури бештар дар ду кишвар аст, барои эълони эътимоди дӯстӣ ва бародарӣ аст. Барои тақвияти иртибототи сиёсӣ, илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ аст. Ба шарте, ки муроқиб бошем ҳудуд ва марзҳои ин иртибототро риоят кунем ва аз чизҳое, ки кишвари Тоҷикистон аз онҳо ҳазар дорад, мо гузару хатар накунем.

2. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Биёед рафтуомад кунем ва эҳё кунем ин расму оинҳои миллии таърихии худро, ӯ мегӯяд мо як мардум ҳастем ва фарҳангу таърихи муштарак дорем. Муштаракоти таърихии се кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ба ду давраи қабл ва баъд аз давраи ислом тақсим мешавад. Бидуни таваҷҷуҳ ба яке, дигаре ақиму сатрун (бесамар.-Ш.Р.) аст. Ифтихороти илмиву ҳунарӣ ва фарҳангии Эрони бузург ҳафт ҳазор сола, ки он замон шомили тамоми қаламрави Мовароуннаҳру Қафқоз ва Осиёи Сағиру Ироқ ва ... мешавад, ба изъон ва эътирофи мусташриқон ва бостоншиносон, на дар меъморӣ, ки дар таснифу таълиф ва санъат, ҳамоварди тамаддуни Чин ва Юнон буд, бо ин ҳол Гегел файласуфи шаҳири олмонӣ дар китоби “Ақл дар таърих” менависад: “Таърихи ҷаҳонӣ бо Эрон оғоз мешавад, бо Куруш, чун Куруш буд, ки барои аввалин бор як давлати дар маънои дақиқи имрӯзини он дуруст кард” Ин нуктае аст, ки Эмомалӣ Раҳмон беш аз мо бад-он эътиқод дорад, андешаи эрониро як суннате медонад, ки дар давраи исломӣ ба шакли мумтозе идома ёфт ва нисбат ба аъроб руҷҳон (бартарӣ.-Ш.Р.) пайдо кард. Агар Ибни Халдун дар поёни муқаддимаи таърихи худ мегӯяд: “Ин эрониён буданд, ки дар давраи исломӣ дар адабу ҳадис ва фиқҳу калом ва илм аз дигарон дар таълиф ва таҳқиқ муқаддам буданд, ҳатто муҳаддисони сиҳоҳи ситтаи онҳо аз Бухорӣ ва Насоӣ гирифта то Нишопурӣ, Тирмизӣ, Қазвинӣ ва Сиҷистонӣ (Систонӣ) ҷумлагӣ баромада аз хиттаи зархези Эрону Хуросони бузург буданд. Чаро чун ҳеҷ миллате бидуни пешина ва пуштивонаи решадори таърихӣ наметавонад ояндаи дурахшон дошта бошад. Албатта, ба хотири ривоҷ ва қудрати забони арабӣ дар олами ислом дигар забони илм шуда буд ва густураи азим дошт. Донишмандони эронӣ ағлаб ба арабӣ менавиштанд ва фақат арабҳо дар садаи ахир ба далели ин ки эрониён ба арабӣ навиштанд, онҳоро навобиғ-ал-араб номиданд ва даст ба мусодираи таърихӣ заданд.

3. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Биёед эҳё кунем расму оинҳои навро то рафтуомад кунем. Дар ин ҷумлаи кӯтоҳ ду нуктаи муҳим нуҳуфта аст. Эҳёи расму оинҳои гузашта аам (фарогирандатар.-Ш.Р.) аз оинҳои миллии Наврӯз, Чилла, Сада, Меҳргон ва ... аст. Фарҳангу ҳунар, донишу забон ва таърихи гузаштаро ҳам шомил мешавад ва чаро мо ҷаҳони эронии худро бозсозиву таҷдиду бино накунем. Мо бояд ба андешаҳои тамаддунӣ ва низ оинҳои миллӣ, ки муҷиби ҳамгироӣ, хешӣ ва наздикии мардумони форсизабон ва ориёитабор мешавад, таваҷҷуҳ кунем, чизе ки Эмомалӣ Раҳмон бад-он ишора мекунад ва ба қавли Ҳофиз набояд “Сар бибозему рух бигардонем” аз доштаҳои тамаддунии худ. Ӯ муътақид аст, ки нишоту шодмонӣ омили эътимоду умедворӣ ва самимият аст, барои ҳамин ин байти маъруфи Рӯдакиро бар забон ҷорӣ карда ки:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Яъне бо сулҳу дӯстӣ ва иштирокоту пайвандҳои отифӣ метавон иртибототи байни ду кишварро устувор сохт.

4. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: мо як мардумем, забону меросимуштараки таърихӣ дорем. Мазмуни сухани эшон ин аст, ки мафохири адабии мо мутааллиқ ба форсизабони ҷаҳон аст. Мутааллиқ ба касоне аст, ки забону андешаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, (Низомӣ) Саъдиву Ҳофизро мефаҳманд. Эмомалӣ Раҳмон медонад ва дар китоби таърихиадабиёти худ “Забони миллат – ҳастии миллат” ишора карда, ки Фирдавсӣ намоди хирадварзӣ аст ва ҳувияти миллии мардумони Эрону Тоҷикистону Афғонистон дар “Шоҳнома” мутаҷаллӣ аст. Фирдавсӣ беш аз 800 бор номи Эронро дар “Шоҳнома” ба кор бурда ва шукӯҳу азамати онро сутуда аст. Чи хуб мешуд, ки Раисҷумҳури муҳтарам ҳам ба ин байти Фирдавсӣ ишора мекард, ки:

Чу Эрон набошад тани ман мабод,

Бад-ин буму бар зинда як тан мабод.

Ва кош ин дидор сабаб шавад, ки ҳам шеъри “Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме” дар китоби дарсии форсӣ изофа шавад ва кош пешниҳоди бону Жола Омӯзгор амалӣ шавад, ки дар сафари ахирашон ба Тоҷикистон хоҳиш карданд муште аз хоки Рӯдакӣ ба шаҳре дар Хуросон мунтақил шавад ва ёдмоне барои ӯ сохта шавад.

Бешак бидуни таваҷҷуҳ ба таърихи куҳан ва андешаҳои ноби Фирдавсӣ ҳувияти миллиро шинохт. Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки андешаҳои Мавлавӣ чун фаромиллӣ ва ҷаҳонгустар аст, мутааллиқ ба башарият аст, ҳарчанд вай тамоми осорашро ба забони форсӣ навишта ва ашъорашро форсӣ гуфта аст. Бо ин сухан ӯ ба бархе кишварҳои ҳамсоя ишора дорад, ки наметавон гуфт, чун Ибни Сино дар Афшинаи Бухоро зода шуда ва алъон дар тақсимоти сиёсии ҷадид дар хоки Узбекистон аст ва Низомии Ганҷавӣ, ки мазораш дар Ганҷа аст ва Мавлавӣ, ки боргоҳаш дар Қуния аст, пас аз онҳо мутааллиқ ба ин кишварҳост, ки бузургон гуфтаанд агар пайкаре дар хоки дигар дафн бошад, тааллуқ ва мулкияти маънавиро нашояд.

5. Эмомалӣ Раҳмон ба маншури Куруш ишора кард, ки мутааллиқ ба фарҳанг ва таърихи муштараки мост. Лавҳе аст аз гили пӯхта, ки дар соли 538-и пеш аз мелод ба фармони Куруш, подшоҳи бузурги Ҳахоманишӣ нигошта шуд ва акнун дар музейи Британия нигоҳдорӣ мешавад. Матни ривояте аст аз фатҳи Бобул, ки дар он сулҳ ва дӯстиро тазмин мекунад. Рӯйкарди Эмомалӣ Раҳмон ба пешинаи тамаддунии сарзамини ниёгон, мубтанӣ бар ин ифтихорот аст, ки дигар миллатҳо бадин поя ва аз ин шукӯҳ ва азамат бебаҳраанд.

6. Эмомалӣ Раҳмон ва таъсиси Анҷумани “Пайванд” дар Тоҷикистон.

Медонем, ки забони форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ се лафз ва калимаанд ва ҳар се як маъно ва мазмунро доранд бо тафовутҳое дар қидмату гӯйиш ва гунаи забонии шаҳрҳо ва манотиқи мухталиф ва қавли Ҳотифи Исфаҳонӣ:

Се нагардад барешим ар ӯро,

Парниён хонӣ ҳариру паранд.

Кори бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмон кард, таъсиси Анҷумани “Пайванд”-и забони форсӣ/тоҷикӣ буд ва ӯ ҳар сол аз саросари ҷаҳон бузургон аз ҷавомеи форсизабони муқим дар кишварҳои мухталифро ҷамъ мекард ва бар ҳам андешӣ ва иттиҳоду пайвандҳои забонӣ таъкид менамуд, кори бузурге, ки шурбахтона рӯ ба заъф гароид ва дар муқобил туркони ҳамҷавор гирди ҳам омаданд ва иттиҳодияи туркзабононро ташкил доданд ва манотиқи туркнишинро Туркистон номиданд ва қарор аст шабакаҳои расонаӣ ва телевизионӣ барои ҳамгироӣ эҷод кунанд, арзи муштарак тадорук бибинанд ва корҳое бисёри дигар.

Чанде пеш бар зарурати ташкили иттиҳодия ва анҷумани пайванд ҷавомеи форсизабон таъкид намудам ва гуфтам иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии ҷавомеи форсизабон ва доштани пешинаи тамаддунӣ бисёр асилтар ва решадортар аз дигар миллатҳое аст, ки чандон ҳофизаи таърихии дарозе надоранд ва дар пайи ҳувиятсозӣ барои худ ҳастанд.

Ба назарам сафари ахири доктор Пизишкиён сарфасли муҳиме барои таҷдид ва тақвияти пайвандҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аст ва бояд онро ба фоли нек гирифт, ки ба қавли Ҳофиз “Ки ҳоли наку дар қафои фоли накуст” ва бояд дар масири идеяҳои муштарак гом бардошт ва аз чизҳое, ки таҷриба шуда ва нисбат ба онҳо ҳассосият вуҷуд дорад, парҳез шавад. Рӯйи тағйири хатти кириллӣ ба хатти ниёгон исрор нашавад ва ба ҷойи он китобҳои духата ба форсӣ ва кириллӣ барои онҳо тавлид ва ирсол гардад то бо мурури замон имкон ва заминаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии бозгашт ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон муҳайё гардад.

Акбари Эронӣ, раиси муассисаи Мероси мактуби Эрон

Баргардон аз хатти форсӣ ба тоҷикӣ, ходими илмии Маркази мероси хаттии АМИТ, Шодиҷони Рамазон

Рӯзномаи “Иттилоот” 01.11.1403 хуршедӣ, баробар ба 20.01.2025