(Ё Меъмори сулҳошён ва бунёдгузори давлати миллӣ)
Дар замони муосир таърифи наву ҷадид ба вожагоне чун ҷанг, сулҳ, озодӣ, асорат, миллат ва давлат ба миён омада, аммо афсӯс, ки камтар ба масъалаи таҳаммул ва мадоро таваҷҷӯҳ зоҳир гаштааст. Имрӯзҳо мо шоҳиди ҷангҳои хунини кишварҳои хориҷа, ба хоку хун оғушта шудани инсонҳои бегуноҳ, гурезагӣ, хориву зориҳои оворагони мазлум, маҷмуан, инсонҳои ҷангзадаи муосир ҳастем. Солҳои аввали Истиқлолияти Тоҷикистон мардуми тоҷик бо табиату моҳияти ҷанг ва сулҳ амиқан ошно гашта маърифатшиносона ба арзиши амният, оромиву осудагӣ то ба имрӯз муносибат доранд.
Ҷараёни ҷанг ва чеҳраҳои нопоки сарони ҷангафрӯзи гурӯҳҳои мухолиф моро ба ин натиҷа расонид, ки хатарҳои зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезишаванда зуҳуроти тасодуфӣ набуда, дар асоси нақшаҳои муайяни коркардшуда аз ҷониби давлатҳои манфиатдор роҳандозӣ гаштаанд. Дар муқобили амалҳои бадхоҳон танҳо тавассути такя кардан ба хираду таҷриба ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада тавонистем.
Тавҳиду ҳамдилӣ дар замони муосир аз масоили муҳиме мебошад фарогири таваҷҷуҳи тамоми сокинони кишвар ва дар Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нукта чунин ифода ёфтааст: “Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад” [11].
Идроки асли моҳияти иттиҳод, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва инсондӯстӣ, ки дар ҷавонмардию лутф, фазлу эҳсон ва ба даст овардани дил ифода меёбад, тавассути мутолиаву ҳифзи осори барҷастаи ниёгон ба даст меояд. Биноба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон: “Дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст” [5].
Баррасии андешаҳои ахлоқиву ирфонии Ҷалолуддини Румӣ тақозои давр буда, он дар қонеъ гардонидани ниёзҳои ахлоқию иҷтимоии ҷомеаи кунунии мо судманд хоҳад буд. Шоир дар “Маснавии маънавӣ” мегӯяд:
Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст [8, 1 / 1214-1215].
Дар тавзеҳи ин байтҳо шарҳнигор Карими Замонӣ аз осори мансури Мавлоно намуна овардааст: «…асли қаробат ва маҳрамият аз ошноӣ ва ҳамбастагии дилҳо ҳосил меояд, чи бисёр авқот, ки ду нафар зоҳиран ҳамзабон нестанд, вале ҳамдилӣ доранд. Шоире тозизабон ба боргоҳи подшоҳе туркзабон меравад ва дар мадҳи ӯ ашъоре ба арабӣ мехонад ва он шоҳ низ бо шунидани ҳар байт аксуламали муносиб аз худ нишон медиҳад. Ин масъала сабаби тааҷҷуби ҳуззор мешавад ва аз худ мепурсанд: «Чӣ гуна мумкин аст, шоҳе, ки арабӣ намедонад, ба мавқеъ аксуламали муносиб ва мутобиқ ба мазмуни ашъор аз худ нишон диҳад?». Пас, маълум шуд, ки мақсуд асл аст» [5, 1 / 403-404].
Ба туфайли раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳам наздик гардидани кишварҳою халқҳо ва ба сабабҳои иҷтимоивуиқтисодӣ муҳоҷирати анбӯҳи бузурги одамон аз як қитъа ба қитъаи дигар ба вуқӯъ мепайвандад ва бархӯрди тамаддунҳои мухталиф масъалаи тавҳиду ягонагӣ ва ташаккули он дар шуури наврасону ҷавонон аҳаммияти махсус касб мекунад. Ташаккули ҳисси иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ аз мутолиаи осори бузургони илму адаб ва ҳосили донишу маърифат имкон дорад. Хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки муҳимтарин омили амнияти кишвар ва пешрафти давлату миллат ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа мебошад. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва интихоби Президенти Тоҷикистон аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият дар мамлакат барқарорва пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қавӣ гардонида шуд. Халқ сарвари арзандаи миллати худро интихоб намуд ва рушди минбаъдаи кишвари мо бо ному амали фидокоронаи ӯ иртиботи қавӣ дорад. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи августи соли 2011-ум аз тарафи Шӯрои аврупоӣ оид ба робитаҳои байналмиллалӣ сазовори унвони “Пешвои асри XXI” гардид. Сарвари давлат на танҳо ҳамчун роҳбари аввалмақом, балки ба ҳайси як фарзанди тоҷик ба муқовиматҳои сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашт. Суханони зерини Президент «Ман, агар зарур шавад, ҷонамро барои осоиши Тоҷикистон фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намегирам. Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем. Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард» дар якчанд изҳороту паёмҳои ЭмомалӣРаҳмон ифода ёфтаанд, ки ба гуфти таърихнигорон барномаи амали Президент ва моҳияти дарси расидан ба ягонагии миллиро ифода мекунанд. Маҳз амалӣ шудани ҳамин барнома ба Тоҷикистон оромӣ ва сулҳу салоҳ овард, адлу некӣ дар кишвар ғалаба карда, ба якпорчагии ватани тоҷикон ва ҳифзи ягонагии миллати тоҷик, ба ҳалли масъалаҳои умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти миллӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқи ҷумҳурӣ шахсони баору номус ва фидокорони халқу миллатро дар назди худ ҷамъ оварда пешрафти ҷамъиятро таъмин намуд. Оқилонаву одилона мутахассисони ҳамаи соҳаҳову сохторҳоро интихоб ва вазифагузорӣ намуд. Ҷаҳониён дарк карданд, ки дар ҷавҳари фарзанди тоҷик садоқату самимият, саховату шуҷоат, меҳру шафқат ва дӯстию одамият нуҳуфта аст. Аз ин хотир, нақши дар ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ, худшиносӣ ва амнияти миллӣ заминаи боэътимодро ибтидо бахшид. Ин анҷумани наҷотбахш ва тақдирсози миллат тавонист тоҷи давлатдориро дар сари тоҷик назаррабову давлташро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Он ба оламиён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулпазирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозӣ будани онро собит намуд. Тафаккур аз вазъи андуҳбори гузашта ва муқоисаи он парокандагӣ бо ваҳдати имрӯз ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки маърифатшиносона амният, оромиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдати миллиро арҷ гузорем. Аз ихтилофоту тафриқа, кинаву бадхоҳӣ дурӣ ҷӯем.
Бозорова Нурафшон Сарфирозхоновна- докторант PhD-и бахши 3-юми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1. Абдулов К. Дар ин дунё. Ҷилди 6. Иҷлосияи сарнавиштсоз.-Хуҷанд:Ношир, 2002.-439 с.
2. Аҳмадов Б. Иҷлосияи таърихӣ ва пешвои миллат.-Душанбе: Матбуот, 2014,-159 с.
3. Ғаффоров У. Иҷлосияи муждарасони наҷот.- Хуҷанд: Ношир, 2012.-391 с.
4. Достиев А. Ситораи ғолиб.-Душанбе:Матбуот, 2006.-322с.
5. Замонӣ, Карим. Шарҳи ҷомеи «Маснавии маънавӣ». Дар 7 ҷилд. –Теҳрон: Иттилоот, 1392
6. Кенҷаев С.Табаддулоти Тоҷикистон – Душанбе: Фонди Кенҷаев, 1993, 496 с.
7. Набиева Р., Зикриёв Ф., Зикриёева М. Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри Х1.-Душанбе: Анҷумани Деваштич, 2009.
8.Румӣ, Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. – 730 с.
9.Садои мардум, аз 27-уми ноябри соли 1992
10. Маорифи Тоҷикистон, №6, аз 15-уми апрели соли 2015.