Истифода аз маводди маъданӣ ва гиёҳӣ аз дер боз дар дарозои ҳазорон сол дар назди инсон роиҷ будааст. Санъати дорусозӣ аз ҳангоме оғоз шуд, ки роҳу равиши синтези маводди кимиёӣ кашф гардид. Моддаи дурдаи пешоб (мочевина) ва моддаи асиди сирко (уксусная кислота) бад-ин гуна фароҳам шуданд ва пайрави он ҳазорон моддаи доруӣ тавлид ва батадриҷ ҷонишини маводди табиии доруӣ гардиданд. Таҷрибаи чандин даҳа истифода аз доруҳои синтезшуда ва мушоҳидаи пеш омадани ихтилолоти шадид дар саломатӣ, аз ҷумла истифода аз доруҳое монанди талидомид, ки сабаби нақси узв дар навзодон шуд, дидгоҳи умумиро нисбат ба ин гуна доруҳо тағйир дод ва сабаб шуд, ки дубора гиёҳпизишкӣ ҷойгоҳи худро биёбад. Аз он ҷо, ки доруҳои синтезшуда нахуст аз гиёҳон истихроҷ мешавад ва нишон дода шудааст, ки дар бисёре аз мавридҳо баъзе аз молекулаҳо, ки асароти доруии муҳимме доранд, ба сабаби мураккаб будан, қобили синтез намебошанд ва ночор бояд аз ҳамон фишурдаи гиёҳӣ (экстракт) барои сохтани он истифода кард. Дар натиҷа, имрӯза фаровардаҳои гиёҳӣ метавонад дар канори доруҳои синтезшуда ҷойгоҳи худро дошта бошад. Бештари доруҳои синтезшуда аз як то чанд молекулаи таъсиргузор ташкил шудаанд, вале фаровардаҳои гиёҳи доруӣ беш аз сад молекуларо доро мебошанд, ки дар бисёре сабаб мешаванд, ки аз оризаҳои ҷонибии он бикоҳанд. Каммият (миқдор) ва кайфият (сифат)-и маводди муассири доруии гиёҳӣ бастагии танготанг бо шароити парвариш ва рушди гиёҳон дошта ва он робита бо об, хок, иртифоъ (баландӣ) ва мизони офтоб дар минтақа дорад. Хушбахтона, кишвари Тоҷикистон аз он ҷо, ки сарзамине кӯҳистонӣ ва пурофтоб аст, фаровардаҳои доруӣ ба мизони бештаре дар гиёҳон тавлид мегардад.
Ҷойгоҳи гиёҳдармонӣ дар кишвари Тоҷикистон аз дер боз дар миёни мардум, бавижа, бонувон аз аҳаммияти фаровоне бархурдор будааст. Бино ба гузориши Кейт Уилямс (Keith Williams), дар ҷануби Тоҷикистон аз 23 нафар, ки дар ин кор саришта доштаанд, 69,57% зан буданд, 56,52% аз посухдиҳандагон дар мавриди истифода аз гиёҳони доруӣ аз яке аз аъзои хонавода ё ҷомеа омӯхтаанд[1]. Дар гузориши дигар хулосае аз корбурди 18 гиёҳи доруии муаттар аз Тоҷикистон ва таркиботи метаболитҳои сонавияи (дуввумдараҷа) онҳо ироа шудааст[2] ва аз гиёҳон ба унвони ганҷинаҳои табиӣ, ки манбаи муҳимме аз маводди муғаззӣ (ғизодиҳанда) ва омилҳои дармонӣ ҳастанд, ёд шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки гиёҳон бояд аз худ дар баробари уфунатҳои гиёҳхорӣ (гиёҳхӯрӣ) ва микробӣ дифоъ кунанд ва дар тӯли 400 миллион соли гузашта танаввуи болое аз метаболитҳои сонавияро, ки барои ҳайвонот ва микроорганизмҳо саммӣ (заҳрнок) ҳастанд, эҷод кардаанд. Ба далели ин пешинаи такомулӣ, бештари метаболитҳои сонавия аз назари биологӣ фаъол ҳастанд. Дар гузоришҳои дигар хосиятҳои ҳипогликемияи бархе аз гиёҳони доруии Тоҷикистон, ки аз дер боз барои дармони диабети қанд истифода шудааст, омадааст[3]. Бархе аз гиёҳони доруии коҳишдиҳандаи қанд ба далели доро будани таркиботе бо амалкарди шабеҳи инсулин, бар метаболизми карбоҳидратҳо бештар аз доруҳои маснуӣ таъсир мегузоранд. Гиёҳони доруӣ нисбат ба доруҳои маснуӣ бартарӣ доранд. Онҳо камтар саммӣ (заҳрдор) ҳастанд, асари мулоиме доранд, метавонанд барои муддати тӯлонӣ истифода шаванд, ба хубӣ бо доруҳо таркиб шаванд, асари дармонии онҳоро афзоиш диҳанд. Дар ин росто, доктор Анзурат Акобиршоева дар китобе ба вижагиҳои доруии гиёҳон дар баландкӯҳҳо (дар мисоли рустаниҳои Рӯшон) пардохтааст[4].
Дар гузоришҳои дигар Юсуф Нуралиев ба ҳамроҳи Саидҷон Нодирӣ дар китобе ба номи “Дармони санги гурда ба ривояти Ибни Сино” аз 40 гиёҳи доруӣ дар ин росто ном бурдаанд[5] ва бад-ин гуна, пажӯҳишгарони зиёде корҳои худро ба гунаи мақола ва ё китоб арза кардаанд. Осори донишмандоне монанди Барзуя, Бахтишуҷ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абубакри Бухорӣ, Абуалии Сино, Абумансури Ҳиравӣ ва дигар пизишкону ҳакимони тоҷик аз садаҳо пеш таъсири басазое дар густариши пизишкӣ ва фитофармакология доштаанд[6]. Осори донишмандони фармакологи Тоҷикистони имрӯза – профессор Нуралиев Ю.Н., профессор Азонов Ҷ.А., профессор Ишанқулова Б.А., доктори илмҳои тиб Шарофова М.У., номзади илмҳои тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ, номзади илмҳои тиб Зубайдова Т.М., номзади илмҳои тиб Юлдошева У.П., номзади илмҳои тиб Ӯрунова М.В., номзади илмҳои тиб Музаффарова М., номзади илмҳои тиб Ҳоҷибоева Ф.М., номзади илмҳои тиб Халилова Ш., номзади илмҳои тиб Саидов Ф.Л., гиёҳпизишк Садриддиншоҳи Ҷалолӣ, фармакогноз Исмоил Ҳаитов ва дигарон гузориши пажӯҳишҳои зиёдеро мунташир кардаанд, ки ҳамаи ин гуна додаҳо ба гунаи пароканда дар дастрас буда ва мутаассифона, бо даргузашти ҳар донишманд, ҳама доштаҳо ва донистаниҳо низ ба хок супурда мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон як сохтор, ки битавонад дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ арзиши дорудармонӣ ва ганҷинаи гиёҳон дар Тоҷикистон ва гиёҳони шифобахшро муаррифӣ карда, то ҷойгоҳи вижае дар сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошад, вуҷуд надорад. Бад-ин сабаб, бунёнгузории як институти гиёҳдармонӣ дар Тоҷикистон яке аз барномаҳои арзишманд дар сатҳи академӣ ва давлатӣ хоҳад буд. Кишвари Тоҷикистон бо шароити ҷуғрофиёие, ки дорад, бо ганҷинаи гиёҳони доруии худ аз арзиши волое дар ҷаҳон бархурдор мебошад. Фарҳехтагон ва донишмандони гиёҳшинос, дорушинос, мутахассисон дар риштаҳои физика, химия, биохимия, фармакология ва пизишкон, ҳар кадом дар риштаи худ то тавонистаанд, дар заминаҳое, ки роҳу равиши онро медонистаанд, пешрафти басазое доштаанд, вале дар як сохторе мунсаҷим бо ҳам ҳамкорӣ надоштаанд. Эҷоди як институт, ки заминаро барои ҳамкории илмии ин фарҳехтагон фароҳам намояд, метавонад ба гунаи фарогир ва муассир боздеҳи корҳои пажӯҳишӣ, фармакологӣ ва болиниро дар сатҳи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш диҳад. Чунин институти фармакологӣ барои гиёҳони шифобахш, беҳтар аст бар пояи пешрафти ин илм дар ҷаҳон барномарезӣ гардад, то битавонад ҷойгоҳи вижаи худро дошта бошад. Сохтори чунин марказе бар асоси як барномаи замонбандишуда, афзун бар як гурӯҳи илмии хубраи академӣ ва бо ҳамкории пажӯҳишгарон ва муҳандисони ҷавон, метавонад аз бахшҳои гуногуни тавлиди дору, бахши бозаргонӣ, бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахши сомонаӣ (тасвир) дар кӯтоҳмуддат бархурдор бошад. Бо фароҳам намудани шароит барои ҳамоишҳои солона мизони пешрафти ин фанновариро дар сатҳи дигар донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатӣ бисанҷад, то бар пояи он роҳҳои ҳамкориро бо ин сохторҳо фароҳам намояд.
Барои оғози кор метавон аз хубрагони фаъоли академияи илмҳо, ки корҳои тавлидӣ (истеҳсолӣ) дар корномаи худ доранд ва ҳамчунин, муҳандисон ва пажӯҳишгарони номдор даъват ба ҳамкорӣ намуд. Натиҷаҳои муфид пас аз сабти расмӣ, дар маҷаллаи вижа, ки намоёнгари пешрафти кори гурӯҳӣ хоҳад буд, дар сомонаи хоси ин институт дар ихтиёри ҷаҳониён қарор хоҳад гирифт. Ин институт метавонад барои як барномаи дусола бо бист-бисту панҷ нафар кори худро оғоз намояд ва батадриҷ, ҳар сол байни 5 то 10 нафар ва ҳадди аксар то 50 нафар пас аз панҷ сол ба гунаи собит ва коромад дарояд.
Барномаи чунин пажӯҳишгоҳро метавон ба чаҳор даста тақсим намуд:
1) бахши академӣ: дар ин бахш ҳамаи донишмандони гиёҳшинос, касоне, ки рӯи гиёҳон барои хосиятҳои умумии он пажӯҳиш доштаанд, мутахассисони гиёҳони мавриди истифода дар пизишкӣ, пизишкии суннатии гиёҳдармонӣ, ғизодоруҳои роиҷ дар Тоҷикистон интихоби беҳтарин намунаҳо барои корбурди пажӯҳишӣ хоҳад буд. Натиҷаи кори ин бахш шинохтани тавони доруӣ дар гиёҳпизишкии суннатии Тоҷикистон барои тавлид (истеҳсол)-и ғизодору барои дармони беморони бо ихтилоли инъиқоди хун, саратон, бемориҳои гурда, ҳепатопротектор, иммунопротектор, зидди бемориҳои уфунӣ, зидди хастагӣ ва стресс ва ғайра мебошад. Ҳамаи ин шохаҳо дар намудор ба ранги сабз дида мешавад.
2) Бахши озмоишгоҳӣ: аз он ҷо, ки сабаби дармон дар гиёҳон молекулаҳои доруӣ дар он мебошад, дар ин бахш кӯшиш мешавад, ки дар озмоишгоҳ нахуст асароти доруӣ ва асароти ҷонибии саммии он дар рӯи ҳуҷайраҳои гуногун дар озмоишгоҳ ва ҳамчунин, рӯи ҳайвонот, аз ҷумла, муш, калламуш ва харгӯш баррасӣ мешавад. Ғизодоруҳое, ки хосияти дармонии он бештар аз хосияти саммии он мебошад, интихобшуда ва барои таҳлил ба озмоишгоҳи фитохимия супорида мешавад. Натиҷаи кори ин бахш интихоби беҳтарини ғизодоруҳои роиҷ дар Тоҷикистон барои бемориҳои гуногун мебошад.
3) Бахши бемористонӣ: дар ин бахш нахуст ғизодоруҳои интихобшуда дубора рӯи ҳайвонот барои хосияти дармонии он озмоиш мешавад. Пас аз таъйид, ҳар ғизодору бино ба равишҳои стандарт дар ҷаҳон, ба беморон дар бемористонҳои Тоҷикистон дода шуда ва мизони таъсири онҳо бар бемориҳо мушаххас мешавад.
4) Бахши идорӣ: ҳама ғизодоруҳои интихобшуда пас аз сабт дар дафтари ихтироот, барои ин ки битавонад вориди бозор шавад, барои бастабандӣ ва гунаи тавлид баррасӣ шуда ва беҳтарин сохтор барои арза ба бозор интихоб ва дар ихтиёри созмонҳои дармонӣ қарор мегирад. Бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ, китобхона ва дигар тасҳилоти идорӣ, аз ҷумла, фароҳам намудани бахши сомонаӣ, бозаргонӣ, таблиғ ва бозшинохти Тоҷикстон ва гиёҳони доруӣ дар ин кишвар дар дафтарҳои ҷудогона дар ин бахш анҷом мешавад.
Шарофова М.У., Ҳоҷибоева Л.Т., Миршоҳӣ М. - кормандони Озмоишгоҳи фарматсевтика ва пизишкии таҷрибавии МД МТТИ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон