Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ чунин изҳор намуданд: «Дар марҳалаи дарпешистода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад. Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад».
Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ аввалин шуда бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди зеҳни сунъиро қабул намуд. Инчунин, консепсияи рушди иқтисодиёт то давраи соли 2040 низ қабул шудааст, ки метавонад заминаи хубе барои рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар гардад. Инчунин, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (AITR) таъсис дода шуааст, ки барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), инноватсия ва рақамисозии иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳавасмандгардонии стартапҳо ва тиҷоратҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.
Дар ин замина, бояд қайд намоем, ки санаи 7 апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT – Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” ширкат варзиданд, ки ин худ нишоне аз таваҷуҳи роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Имрӯз мо бояд яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои замони ҳозира – татбиқи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намоем.
Зеро Зеҳни сунъӣ (AI) танҳо як тамоюл ё фантазияи илмӣ нест. Ин як воситаи тавоное аст, ки иқтисодиёт, тиб, маориф, кишоварзӣ ва ҳатто идораи давлатиро дигар мекунад. Кишварҳои пешрафта аллакай зеҳни сунъиро барои оптимизатсияи истеҳсолот, идоракунии додаҳои калон ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ истифода мебаранд.
Имрӯз мо дар даврони трансформатсияи рақамӣ зиндагӣ мекунем, ки дар он зеҳни сунъӣ (AI) ба омили асосии рушди иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари босуръат рушдёбанда ҳам дар назди интихоб қарор дорад: ё технологияҳои пешрафтаро фаъолона татбиқ кунад ё дар канори пешрафти технологӣ бимонад.
Айни ҳол дар мамлакати мо истифодаи ЗС дар марҳилаи аввалия қарор дорад. Бо вуҷуди ин, қадамҳои аввалин аллакай гузошта шудаанд:
Лоиҳаҳои пилотӣ дар бахши бонкдорӣ (баҳодиҳии қарзгирандагон, чатботҳо). Рушди савдои электронӣ;
Истифодаи элементҳои омӯзиши мошинӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисод;
Рушди хизматрасонии рақамии давлатӣ ва системаҳои шинохти чеҳра барои амният ва ғ.. Аммо потенсиали мо хеле зиёдтар аст ва имкониятҳои истифоданашудаи мо низ хеле зиёд аст.
Дар Тоҷикистон имрӯзҳо қадамҳои аввалин гузошта шудаанд: ин курсҳои барномасозӣ кушода мешаванд, ҳакатонҳо баргузор мешаванд ва рақамикунонии хадамоти давлатӣ дар ҳоли рушд аст. Таваҷҷӯҳ ба таҳқиқоти ЗС дар донишгоҳҳо афзоиш меёбад. Ин суръатро нигоҳ доштан ва онро мунтазам инкишоф додан муҳим аст.
Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол якчанд чатбот бо зеҳни сунъии генеративӣ, аз қабили ChatGPT ва DeepSeeк мавҷуданд, ки бо истифода аз зеҳни сунъи таҳлили ҳамаҷонибаи амиқи масъалаҳои гузошташударо ба анҷом расонида барои дастрасии маълумот барои таҳқиқоти илмӣ мусоидаткунанда бошанд.
Талоши давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта имрӯзҳо баҳри таҳияи чунин чатботҳои миллӣ мебошад, аз он ҷумла Федератсия Россия, Ҳиндустон ва Туркия ва баъзе аз давлатҳои Аврупоӣ, зеро таҳияи чунин барномаҳо имкони на танҳо таҳлили амиқ аз ҷониби зеҳни сунъӣ, балки метавонанд амнияти кишварро таъмин намояд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ дурнамои хеле васеъ дошта, алҳол дар соҳаҳои гуногуни илмӣ истифода бурда мешавад. Татбиқи ин технологияи навин самаранокии корҳои илмиро баланд мебардорад, дарки равандҳои мурккаби илмиро осон гардонида, раванди кашфиёту ихтироотро метезонад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани милионҳо иттилоотро доро буда, дар мудати кутоҳтарин метавонад баъд аз таҳлили миқдори зиёди иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд.
Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тавсеа ёфт ва дастрасӣ ба махзанҳои илмӣ осон гашта, имкониятҳои фаровоне ҷиҳати донишомӯзӣ фароҳам месозад. Дар ин замина бо истифода аз технология иттилооот ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфта истоданд.
Маврид ба қайд аст, ки бо дарзардошти рушди босуръати зеҳни сунъӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаааст, ки бо дастгирии Донишгоҳи технологии Жиҷанги ҷумҷурии Халқии Хитой дар сохтори Академияи миллии илмҳо Маркази зеҳни сунъиро бо истифодаи васеи технологияи хитойии диипсиик (DeepSeek) таъсис диҳад.
Истифодаи ин марказ имкон медиҳад, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи муосир анҷом дода шавад, ҳаҷми зиёди маълумоти илмӣ, натиҷаҳои корҳои таҷрибавӣ мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода шаванд, вазифаҳои дараҷаи баланди илмӣ ҳал карда шаванд ва дар асоси таҳлили онҳо назарияу фарзияҳои нав пешниҳод карда шаванд. Ҳамзамон зимни истифодаи ин технология хазинаи маълумоти он бо забони тоҷикӣ мукаммал гардонида мешавад.
Дар баробари рушди босуръати зеҳни сунъӣ ҳангоми истифодаи ин технологияи навин муаҳаққиқон бояд ба риояи масъалаҳои ахлоқӣ аҳаммияти зарурӣ диҳанд. Зеҳни сунъӣ бояд дар оянда барои коркарди технологияҳое равона гардад, ба рушди ҷомеаи инсонӣ мусоидат намояд ва набояд боиси инкор ё таҳрифи маълумоти саҳеҳи илмӣ ва мақсадҳои дигар истифода бурда шавад.
Маврид ба қайд аст, ки бо пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025 номинатсияи нав «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд, ки ин ҳам ба рушд ва амалисозии “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равона карда шудааст.
Зеҳни сунъӣ таҳдид нест, балки имконест барои ҷомеаи мо. Он метавонад ба мо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, рақобатпазирии иқтисодиёт, беҳтар кардани сифати маориф ва тандурустӣ кӯмак расонад.
Тоҷикистон имкон дорад, ки на танҳо истифодабаранда, балки эҷодкунандаи қарорҳои беназир дар соҳаи зеҳни сунъӣ гардад.
Амонзода Илҳом Темур - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон