22 апрел бо ташаббуси Шурои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе – Бобохонзода Раҷабалӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори конференсия муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида буданд. Нахуст ба кори конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин боргоҳи илм хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дастгирии илм ва махсусан олимони ҷавон яке аз авлавиятҳои вижаи сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, заҳмату талошҳои пайгиронаву пайвастаи Пешвои миллат дар самти сиёсати ҷавонон воқеъан арзанда маънидод мегардад. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон як қатор санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, фаъолияти онҳо дар шароити нави муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шудаанд. Аз ин лиҳоз мову шумо олимони ҷавонро мебояд, ки дар самти муайяншудаи илмиамон бо дасту дили гарм дар гузаронидани корҳои илмиву татқиқотӣ корро ҷоннок намуда, то ба қуллаҳои баланди илмӣ рафта расида тавонем, чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар баромадашон қайд намуда буданд. “Ҷавонон ояндаи миллатанд!” аз ин рӯ аз устодону олимони соҳибмактаб таҷриба андухта олими варзида шавед, то ки дар давлату миллат содиқонаву софдилона кор карда, илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда тавонед.
Зимнан раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи кишвар мебошанд. Маҳз имрӯз таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри аҳолӣ зиёд буда, барои онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд.
Маҳз онҳо худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун, созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои муаззами миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона, фаъолияти хешро равона месозанд.