Skip to main content

Бардоштҳо аз мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи кишвар

Дар санаи 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карда, зимни баррасии вазъи илм ва роҳҳои бартарафсозии ҳолати буҳронии он пешниҳодоти ҷолибу дахлдоштаро ироа намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар даврони муосир фақат давлатҳое имкон доранд ҳастии худро идома диҳанд, ки шаҳрвандонашон дорои ҷаҳонбинии дунявӣ мебошанд. Гузашта аз ин, агар илм бо истеҳсолот тавъам набошад, натиҷаҳои илмӣ барои дилхоҳ мамлакат муфид нест. Бинобар ин, илми муосир бояд бо навигариҳои инноватсионӣ ва технологӣ муаррифӣ шуда, дар тақвият пазируфтани сатҳи ҷаҳонбинии дунявӣ нақши муассире бигзорад, вагарна бо шароит фароҳамоварии таҳқиқи илмӣ ҳеҷ кадом ниҳоди илмӣ наметавонад дар таъмини рушди кишвар нақши мусбатро бозӣ кунад. Сарвари давлат зимни суханронии пурмуҳтаво таъкид намуданд, ки солҳои охир дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воҳидҳои бузурги тахассусӣ ташкил ёфтанд, аммо фаъолияти илмии онҳо қонеъкунанда намебошанд. Сохтори Академияи миллии илмҳо такмил ёфта, олимони соҳавӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, аммо натиҷаи кор ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст: “Бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест. Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад”.

Ҷиҳати татбиқи андешаҳои илмӣ дар истеҳсолот бояд ҷавононе дастгирӣ ва раҳнамун шаванд, ки алаккай ба илм ворид шуда, лоақал тасаввуроте дар мавриди илм дошта бошанд. Аммо воқеият дигар асту сатҳи донишандӯзии унвонҷӯйҳо дигар. Агар мо ба фаъолияти илмии аксар докторони илм, аъзои пайваста ва вобастаи Академияи миллии илмҳо назар карда, дилхоҳ пажуҳишро бобати нақши онҳо дар рушди илми ватанӣ таҳқиқ кунем, саранҷом мушоҳида мекунем, ки пас аз расидан ба унвонҳои баланд ва дараҷаҳои олии илмӣ олимон дигар ба фаъолияти густурда машғул намешаванд. Яъне, ба ибораи саҳеҳтар агар гӯем, соҳибунвонии аксар даъвогарон ҷанбаҳои молиявӣ дошта, ин амал аз хотири болорави сатҳи маош роҳандозӣ мешавад. Дар ин маврид метавон ба суханронии Сарвари давлат муроҷиат намуд: “Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин падидаи нигаронкунанда маҳсуб мешавад”.

Татбиқшавии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот на фақат ба талаботи муосир дар самти илму маориф ҷавобгӯ нест, балки амалан вуҷуд надорад. Чаро? Чунки робитаи илм бо истеҳсолот татбиқ нагардида, сатҳи ихтироъкории олимони ҷавон ҳузнангез боқӣ мемонад. Агар гӯем, ки аксар ибтикороту тасмимҳои олимон дар ҳоли худнамоӣ қарор дошта, муваққатан, ҷиҳати муаррифӣ шудани фаъолияти илмист, чандон эътимодбахш нахоҳад буд, чунки фаъолияти илмӣ дар замони муосир дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор гирифта, пасон, бо дарназардошти сатҳи омӯзиш баррасӣ хоҳад гардид. Гузашта аз ин, Сарвари давлат аз сатҳи пасти ҳамкории олимон бо истеҳсолот ёдоварӣ карда, масъаларо яке аз нуқсонҳои асосии олимон номид. Аз ҷумла, дар суханронии Сарвари давлатамон ин ҳарфҳоро мехонем: “Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд”.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, таъсиси сохторҳои алоҳидаи Академияи миллии илмҳо мебоист ба раванди илмомӯзию рушди ҳамаҷонибаи он такони ҷиддӣ ворид мекард, аммо чунин асбоби такондиҳанда вуҷуд надорад. Дар робита бо масъалаи матраҳёфта лозим ба ёдоварист, ки олимон тибқи ихтисос ва меъёрҳои вуҷуддошта мебоист ба ақидаҳои хурофотӣ муқовимат менамуданд ва ҷиҳати паст бурдани сатҳи ҷаҳонбинии динию мазҳабии шаҳрвандон чун василаи аслӣ ҷомеаро аз хурофотзадагӣ наҷот медоданд, аммо бо дарназардошти маълумоти пайдогардида, баъзе аз олимони мо дар андешаҳои хурофотӣ ғарқ шудаанд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки алҳол дар ҷумҳуриамон қариб 6000 нафар соҳибунвон буда, дар самтҳои гуногун ба фаъолияти илмӣ машғуланд, аммо кадом монеаҳо имрӯз дар майдони илм намегузоранд, ки ҷавонони соҳибирода ба илмомӯзӣ машғул шаванд. Моро зарурати ҷалби бештари ҷавонон ба илм пеш омадааст, аммо ҷои ба илм ва таҳқиқоти илмӣ рӯ овардан, баъзе онҳо ба ифротгароӣ майл намудаанд. Ин масъаларо Сарвари давлат чунин арзёбӣ намуданд: “Бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем”.

Лекин ҳақиқати ҳол дигар асту баъзе вижагиҳои манфурро татбиқ менамояд. Масалан, дар улуми ҷомеашиносӣ аксар кормандони илмӣ афроди солхӯрда маҳсуб мешаванд ва будубоши онҳо дар муҳити илмӣ сипарӣ кардани вақт асту бас. Шояд ҳамин омилҳост, ки имрӯз дидаву дониста ба ҷавонон таваҷҷуҳ нест ва ин мушкилро Сарвари давлат чунин баррасӣ намуданд: “Мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор – панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд? Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”.

Воқеан, таносуби байни устоду шогирд дар муҳити илмӣ нақши муассире аз худ боқӣ мегузорад ва маҳз чунин вазъи ҳузнангез боиси пайдоиши андешаҳои хурофотӣ ва таассуби динӣ дар байни ҷавонон хоҳад гардид. Масалан, аксар оилаҳои навташкилро агар мушоҳида кунед, бо сабаби таассуб аксар бонувон сияҳпӯш гардида, дар кунҷи хона маҳбус мегарданд ва чун шумо дар дилхоҳ мавзеи шаҳрамон саёҳат кунед, бо тоифаи азими сияҳпӯшон вомехӯред, ки майли бегонапарастиро тарвиҷ медиҳанд ва завқу зебоиро бо пӯшиданиҳои бемаънӣ аз байн мебаранд. Аммо ин ҷо мо таносуби байни ҳамкории устоду шогирдро баррасӣ мекунем, бинобар ин, аксар ҷавонон бо нигоштани диссертатсияҳо ба ҳимояи кори илмӣ муваффақ намешаванд. Сабаб чист? Дар суханронии Сарвари давлат ин масъала чунин тасвир ёфтааст: “Сабаби дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмӣ, агар аз як тараф, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо бошад, аз ҷониби дигар, бемасъулиятии роҳбарони илмии онҳо мебошад. Дар ин самт ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҷой доранд. Аз 19 нафар докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро собиқ директори Пажӯҳишгоҳи математика ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст”.

Дар ҳақиқат, роҳбари илмӣ метавонад бо ду-се нафар унвонҷӯ ҳамкорӣ карда, роҳбарии кори илмии онҳоро ба зимма гирад, аммо ба 8 нафар унвонҷӯ раҳбарӣ кардан фақат манфиатҷӯйӣ ё лоаққал, суиистифода аз вазифа маҳсуб мешавад. Ба сарнавишти ҷавонони унвонҷӯ бетараф мондани раҳбарони илмӣ низ аз муҳити на чандон қонеъкунандаи илмӣ моро бохабар месозад, ки таваҷҷуҳи дилхоҳ муштариро бунёд хоҳад кард. Аммо вазъ дар муассисаҳои илмӣ нигаронкунанда буда, моро водор мекунад чунин натиҷагирӣ кунем, ки минбаъд бидуни дахолат дар масъалаҳои зикргардида наметавон рушди бемайлони илмро дар кишвар таъмин намуд.

Дигар масъалае, ки Сарвари давлат зимни суханронии худ мутазаккир шуданд, мушкили ҷобаҷогузории кардҳо буда, то кунун ин мушкилӣ ҳалли худро наёфтааст. Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки минбаъд ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта шуда, бобати таъиншавии кадрҳои илмӣ озмунҳо роҳандозӣ шаванд. Ин масоил баробар бо мушкили ҷаҳонбинӣ имкон намедиҳад, ки ҷавонони мо ба илмомӯзӣ рӯ оварда, оянда ва сарнавишти худро бо илму илмомӯзӣ тавъам донанд. Бинобар ин, дар ин бобат Сарвари давлат чунин гуфтанд: “Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад”.

Дигар мушкили илмӣ, ки дар ҷумҳуриамон то имрӯз аз ҳастии хеш дарак медиҳад, татбиқ нагардидани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аст. Бояд донист, ки масъалаи асосии илмӣ дар дилхоҳ давлат амалишавии он бо дарназардошти ҳамоҳангӣ бо саноат маҳсуб мешавад. Аммо барои аксар олимон маҳдудиятҳои кори илмӣ дар сатҳи тиҷорат баррасӣ шуда, дарки саноатии масъала дар марҳилаи аввали таҳқиқӣ фаромӯш мегардад. Дар ҳоле ки агар илми муосир бахши амалишавӣ надошта бошад, пас ба ин гуна илм ва дастоварди он ҷомеа низ ниёз надорад. Бобати ин масъала Сарвари давлат ин ақидаро муаррифӣ намуданд, ки хеле бамаврид буда, нуқси муосири фаъолияти илмиро таҳлил намудааст: “Таҳлил ва омӯзиш собит сохт, ки на ҳамаи кормандони академия дар бист соли охир ба натиҷаҳои хуби илмӣ ноил шудаанд. Баъзе маводди илмии пешниҳодгардида ба самти фаъолияти озмоишгоҳ ё шуъбае, ки корманд дар он фаъолият менамояд, ҳеҷ алоқамандӣ надорад”.

Сарвари давлат барои олимони кишвар надонистани забони илмро яке аз камбудиҳои асосии кормандон номиданд ва зимни суханронӣ таъкид карданд, ки аққалан, бо донистани забони русӣ олимон бояд бо навгониҳои илми ҷаҳонӣ ошно гардида, таҳқиқотро дар сатҳи пажуҳишҳои мавҷудбуда таҳия кунанд. Масалан, дар ин бобат Пешвои миллат чунин гуфтанд: “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад”.

Воқеан, имрӯзҳо бо забонҳои мухталиф масоили умдатарини илми муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, надонистани забони англисӣ монеаро бобати дарки мавзуи таҳқиқ ва дараҷаи омӯзиши он ба вуҷуд меорад. Надонистани забонҳо ба мо имкон пайдо намедиҳад, ки дилхоҳ таҳқиқи илмиро дар дилхоҳ давлат мавриди пажуҳиши илмӣ қарор диҳем.

Ба ҳар навъе, зарур медонам тазаккур диҳам, ки мулоқоти бо аҳли илм доирнамудаи Сарвари давлат бештарин мушкилиҳои мавҷудбударо дар самти таҳқиқ, фаъолияти илмӣ ва парваридани кадрҳои илмӣ ошкор сохта, моро водор менамояд, ки минбаъд дар машғулшавиҳои илмӣ таъкидҳои Пешвои миллатро фаромӯш насозем ва бар хилофи ҳадафҳои миллӣ аз баъзе аносири нигаронкунанда дастгирӣ нанамоем. Бояд тазаккур дод, ки баррасиҳои илмии Сарвари давлат моро водор менамояд масъулияти худро дар назди давлатамон ба субут расонида, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар илм ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем. Ин мулоқоти судманд моро водор мекунад, ки дар иштибоҳу ғафлатҳоямон кор кунем ва хидмати Ватани азизро дар ҳеҷ сурат фаромӯш насозем.

Ширин ҚУРБОНОВА, доктори илмҳои таърих муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ