Skip to main content

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши АМИТ

Маълумоти мухтасар оид ба таърихи таъсиси муассисаи илмию тањќиќотї

Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши АМИТ 16 апрели соли 1951 њангоми таъсиси худи Академия таъсис ёфтааст. То он дар таркиби Институти таърих, забон, адабиёт ва фолклор фаъолият дошт, ки он соли 1940 дар сохтори Шуъбаи тољикистонии Академияи илмњои Иттињоди Љумњурињои Шўравї-Сотсиалистї ташкил шуда буд.

Сарварии Институтро солњои гуногун нафарони зерин ба дўш доштанд: А. А. Семёнов (1951 - 1958), З. Ш. Раљабов (1959 - 1962), Б. И. Искандаров (1962 - 1988), Р. М. Масов (1988 – 2015), З. Акрамї (2015 - 2019), Убайдулло Н. К. (2019 – то њол).

Сохтори Институтро айни њол 6 шуъба, 2 осорхона ва 4 пойгоњи бостоншиносї ташкил мекунанд:

  • Шуъбаи таърихи навтарин
  • Шуъбаи таърихи ќадим, асрњои миёна ва давраи нав
  • Шуъбаи этнология ва антропологияи таърихї
  • Шуъбаи бостоншиносї
  • Шуъбаи таърихи санъат
  • Шуъбаи таърихи илм
  • Осорхонаи миллии бостонии Тољикистон
  • Осорхонаи мардумшиносии ба номи М. С. Андреев
  • Пойгоњи бостоншиносии Ќубодиён
  • Пойгоњи бостоншиносии Теѓузак (Себистон)
  • Пойгоњи бостоншиносии Истаравшан
  • Пойгоњи бостоншиносии Панљакент – Саразм.

Маълумот оид ба самтњои асосии фаъолияти илмї

Тањќиќи таърихи халќи тољик аз замонњои ќадимтарин то имрўз (тибќи лоињањои илмї), омўзиши бостоншиносї (археологї) ва мардумшиносї (этнологї), гузаронидани экспедитсияњои бостоншиносї ва мардумшиносї  дар њудуди љумњурї ва берун аз он, ташкили чорабинињои илмї, њамкории илмї-эљодї бо муассисањои илмї, вазорату идорањо ва марказњои шинохтаи илмї-тањќиќотии хориљї,  тањия ва нашри маљаллањои даврии “Муаррих” (илмї-назариявї), “Мероси ниёгон” (илмї-оммавї), “Археологические работы в Таджикистане” (илмї-амалї), дигар намудњои фаъолияти табъу нашр (монографияњо, маќолањо, асарњои дастаљамъї), ташвиќу тарѓиби донишњои илмї, тайёр кардани кадрњои илмї дар доираи магистратура, докторантураи PhD ва ду шўрои диссертатсионї (яке аз Комиссияи олии аттестатсионии Россия ва дигарї аз Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ЉТ).

Дар Институт 6 лоиња татбиќ мешаванд, ки ки муњлати иљрои онњо солњои 2021-2025-ро фаро мегирад:

  1. Таърихи халќи тољик (асри III – аввали асри XX). РЌД 0121ТJ1211..
  2. Таърихи халќи тољик. Тољикистон дар давраи Шўравї РЌД 0121ТJ1200.
  3. Таърих ва назарияи санъати халќи тољик. РЌД 01011ТД045.
  4. Таърихи халќи тољик. Мардумшиносии тољикон ва дигар халќиятњои Тољикистон. РЌД  0121ТJ1199.
  5. Таърихи халќи тољик. Таърихи илм ва техникаи тољикон аз давраи ќадим то имрўз. РЌД  0121ТJ1273.
  6. Таърихи халќи тољик. Бостоншиносии Тољикистон (аз асри санг то охирњои асри миёна). РЌД  0121ТJ1212.

Маълумот оид ба муњимтарин дастовардњои асосии илмии муассиса дар замони соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон.

Натиљаи муњимтарини фаъолияти муаррихони Институт дар ин давра тањияи монографияи бунёдии шашљилдаи «История таджикского народа» мањсуб меёбад, ки дастаљамъї бо љалби тањќиќотњои навин дар таърих, бостоншиносї ва мардумшиносї ба анљом расид. То ин ваќт тањќиќоти бунёдї оид ба таърихи тољикон зиёда аз сї сол ба анљом нарасида буд, дар њоле ки маълумоти зиёди нави таърихї, бойгонї ва бостоншиносї пайдо шудаанд, ки ниёз ба дарк кардан ва ворид кардан ба гардиши илмї доранд. Дар асари шашљилда ба таври табиї раванди таърихии пайдоиш ва рушди халќи тољик аз даврони ќавмњои пешазтаърихї, ќабилањо то замони њозир, яъне ба даст овардани истиќлолият нишон дода шудаанд.

Дар солњои истиќлолият дар Институт дањњо монографияњо тањия шудаанд, ки ба масъалањои алоњидаи рўзмарраи таърих бахшида шудаанд. Ба ѓайр аз ин, дар ин давра аз љониби Институт як ќатор асарњои љамъбастї аз рўи масъалањои мухталифи таърих, бостоншиносї, мардумшиносї, таърихи фарњанг ва њунар ба нашр расиданд.

Дар тўли солњои зиёд Институт якљоя бо олимон аз Россия, Олмон, Франсия, Италия, Исроил, Љопон, Чин ва дигар давлатњо њамасола дар доираи экспедитсияњо то 20 тањќиќотњои бостоншиносї ва мардумшиносї мегузаронад. Рушди њамкории байналхалќї ба густариши корњои бостоншиносї ва мардумшиносї, расонидани кўмак барои тармими бозёфтњои кашфшуда ва интишори натоиљи тањќиќотњо мусоидат мекунад.

Олимони Институт дар тањия намудани парвандањои номинавии ёдгорињои таърихї-фарњангї (Саразм, “Шоњроњи Бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Ќароќум” ва диг.) барои шомил намудан ба Фењристи фарњанги моддии умумибашарии ЮНЕСКО наќши муњим гузоштанд ва чунин фаъолият бомаром идома дорад.

Њамчунин Институт дар ташкили осорхонањои нав ва тармими осорхонањои мављуда дар шањру ноњияњои кишвар (осорхонаи Маљмааи Истиќлол, осорхонаи љумњуриявии академик Бобољон Ѓафуров, осорхонањои таърихї-кишваршиносии ноњияњои Балљувон, Ховалинг ва ѓ.) сањми калон мегирад.

Таљлили солгарди давлатњои таърихї (1100-солагии давлати Сомониён), шањрњои куњан (3000-солагии Њисор, 2700-солагии Кўлоб,  2500-солагии Истаравшан) ва ёдгорињои таърихї-фарњангии Тољикистон (5500-солагии Саразм, 2500-солагии Тахти Сангин ва диг.) ва чењрањои барљастаи таърихї (1150-солагии Абўабдуллои Рўдакї, 700-солагии Мир Сайид Алии Њамадонї, 600-солагии Абдурањмони Љомї, 400-солагии Сайидои Насафї ва ѓ.), ки њар яке аз ин љашнњо асосноккунии илмиро талаб мекард, аз љумлаи дастоварди дигари Институт мебошад.

Маълумот оид ба фаъолияти табъунашрї.

Аз соли 1954 ин љониб силсилаи “Корњои бостошиносї дар Тољикистон” (“Археологические работы в Таджикистане”) нашр карда мешавад. Соли 2023 раќами 43-юми он аз чоп баромад.

Аз соли 1991 шурўъ карда дар Институт маљаллаи илмию-оммавии «Мероси ниёгон» нашр мешавад.

То имрўз аз љониби Институт барориши 36 раќами маљаллаи илмии «Муаррих», ки соли 2015 таъсис дода шудааст, таъмин карда шуд.

Аз соли 1994 инљониб 25 шумораи Маводњои экспедитсияи бостоншиносии Панљакент нашр шудааст.

Аз соли 1997 инљониб 5 харитаи бостоншиносии Тољикистон бароварда шудааст.

Институт пайваста бахшида ба солгарди ёдгорињои таърихии њудуди Тољикистон монографияњо ва маљмуаи маќолањои симпозиум ё конференсияњои љашниро нашр менамояд.

Танњо дар панљ соли охир зиёда аз 10 монография, беш аз 500 маќолањои илмї дар маљаллањои љумњуриявї ва зиёда аз 50 маќола дар маљаллањои хориљї нашр карда шуданд.

Маълумот дар бораи тайёр кардани кадрњои илмї.

Дар Институт тайёр намудани кадрњои илмї тавассути магистратура, докторантураи фалсафа (PhD) ва низоми унвонљўї ба роњ монда шудааст. Дар назди Институт ду шурои диссертатсионї амал мекунанд: Шурои диссертатсионии 6D.КОА-035–и назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва дар Шурои диссертатсионии 73.1.017.01 КОА –и назди Вазорати илм ва мактабњои олии Федератсияи Россия.

Маълумот оид ба њамкорињои илмї бо муассисањои илмии соњавї ва муассисањои тањсилоти олии љумњурї.

Институт ва зерсохторњои он дар заминаи шартномањои тарафайн ва дастуру супоришњои маќомоти давлатї дар татбиќи сиёсати давлат ва њукумат дар самти илм, маориф ва фарњанг, ободии шањру кишвар, таљлили љашн ва баргузории маъракаву чорабинињои сатњи гуногун, инчунин њамкорї бо иттифоќњои љамъиятї фаъолона иштирок менамоянд. Њамчунин Институт дар самти тайёр намудани кадрњои илмї-педагогї ва тањия намудани китобњои дарсї ва дастурњои илмї бо муассисањои тањсилоти њамагонї ва олии љумњурї њамкории судманд дорад.

Маълумот  оид ба њамкорињои илмии байналмилалї.

Институт бо чандин муассисањои илмии Федератсия Россия, аз љумла Донишгоњи давлатии Олтой,  Институти экология, растанињо ва њайвоноти Шуъбаи Уралии АИР, Эрмитажи давлатї, Институти байналмилалии Осиёи Марказии Љумњурии Узбекистон, Институти археологии Шуъбаи Сибирии АИ ФР, Институти таъриху фарњанги моддии АИ ФР, Институти шарќшиносии АИ ФР њамкорї намуда истодааст. Инчунин Институт бо муассисањои кишварњои хориљи дур, аз Љумла Институти К.М. Лерича Рим,  Љамъияти тањќиќотии Осиё ва Аврупои Швейтсария, Институти илмњо дар бораи Замини Донишгоњи Орхуси Шоњигарии Дания, Донишгоњи илмњои хољагии ќишлоќ ва сарватњои табиии Гургони Љумњурии Исломии Эрон, Намояндагии бостоншиносии Љопон, Миссияи бостоншиносии Фаронса дар  љануби Тољикистон, Миссияи Фаронса оид ба тањќиќи бостоншиносии Осиёи Марказї ва факултети география ва уќёнусшиносии  Донишгоњи Нанкини Љумњурии мардумии Чин  њамкории пайваста дорад.

Дурнамои фаъолияти илмии муассиса.

Институт вазифадор гардидааст, ки то соли 2030 китоби бунёдии “Таърихи халќи тољик”-ро бори нахуст ба забони тољикї дар 12 љилд тањия намуда ба нашр расонад. Дар ин давра њамчунин китобњои “Таърихи санъати халќи тољик” дар се љилд, “Таърихи муосири Тољикистон”, “Мардумшиносии халќи тољик”, “Ёдгорињои меъмории Тољикистон (дар мисоли маконњои муќаддас)”, “Таърихи илми таърихнигории Тољикистон” ва “Таърихи илми халќи тољик” навишта чоп хоњанд шуд.

Bacground Image