Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Ҳозирин ва сокинони шаҳрро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвахтзода аз номи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори 33- солагии истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ироа намуд ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар бораи дастовардҳо ва дигаргуниҳои азиме, ки дар даврони истиқлол дар шаҳр ба вуқӯъ пайвастанд, сухан кард.
Таъкид шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвари мо гиромитарину боарзиштарин рӯйдоди таърихӣ буда, имконият фароҳам овард, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири кишвару миллатро ба даст гирифта, масири зиндагии худро муайян намоем, тоҷиконро чун миллати тамаддунофар, дорои фарҳанги воло муаррифӣ намуда, бо ташаббусу иқдомоти наҷиб ҷиҳати ҳалли масоили умумибашарӣ обрӯву эътибори давлату миллати худро боло барем.
Бунёди нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва шохаи он Айнӣ-Панҷакент то ба сарҳади Ӯзбекистон, кашидани хати баландшиддати Ҷануб- Шимол ва Айнӣ- Панҷакент, сохтмони пойгоҳи муқтадири барқӣ, ифтитоҳи корхонаи азими истихроҷу коркарди маъдани тилло ва мис аз дастовардҳои бузурги замони истиқлол аст, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии на фақат Панҷакент, балки водии Зарафшон тағйироти куллӣ ба миён овард.
Сокинони шукргузору меҳнатқарини шаҳр ин ҷашни бузургро бо дастовезҳои арзанда, мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун таҷлил намуда, барои идомаи раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки аз суруду рақсҳои тараннумгари озодиву истиқлол, ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буданд, пешкаш карда шуд.