Skip to main content

Таърих гувоҳ аст, ки халқҳои сайёра борҳо талош бар он кардаанд, ки аз зулму бедодгарии аҷнабиён бо роҳи мубориза озодӣ ва истиқлоли худро таъмин кунанд. Ҳаракатҳои миллливу озодихоҳӣ дар таърихи халқҳои олам борҳо иттифоқ афтодааст ва мисолҳои зиёде мавҷуд аст. Намунаи ҳаракатҳои миллии озодихоҳие, ки дар асри XIX ба вуҷуд омадаанд, Италия, ки барои аз ҳукмронии монархияи Габсбургҳо озод кардани заминҳои Италия ва муттаҳид намудани он мубориза мебурд, фениҳо, ки барои истиқлолияти Ирландия аз Британияи Кабир мубориза мебурданд, Кумитаи Марказии инқилобии Булғория, ки барои истиқлолияти Булғория аз империяи Усмонӣ мубориза мебурд, мисол шуда метавонанд. Махсусан дар давраи пошхӯрии низоми мустамликадорӣ дар нимаи дуюми асри XX бисёр ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳаракатҳои озодихоҳӣ асосан дар Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ, ки дар тӯли асрҳо минтақаҳои густариши ҳарбӣ ва макони ҷангҳои давлатҳои аврупоӣ буданд ва дар ин ҷо империяҳои мустамликавии худро ба вуҷуд оварда буданд, вусъат ёфтанд. Дар маҷмӯъ, пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, беш аз 100 мулки мустамликавӣ барҳам хӯрда, ба ҷойи онҳо то ибтидои солҳои 90-уми қарни XX давлатҳои нав ташкил шуданд.

Бо вуҷуди ин, имрӯз бисёр ҳудудҳои вобаста боқӣ мондаанд. Мустамликаҳои “классикӣ”, яъне заминҳое, ки сохибихтиёрии сиёсӣ надоранд, имрӯз вуҷуд доранд. Қариб 40 мустамлика ва ҳудудҳои ишғолшуда (асосан дар Уқёнусия ва баҳри Кариб) мавҷуд аст, ки онҳо 0,13 фисади ҳудуд ва 0,27 фисади аҳолии курраи заминро ташкил медиҳанд.

Дар таърихи халқи тоҷик низ руйдоди муҳими охири қарни XX соҳиб шудан ба истиқлоли комили миллӣ буд. Дар охири солҳои 80-ум руҳияи истиқлолхоҳии халқи тоҷик боло гирифт ва нахустин коре, ки анҷом шуд, дар таърихи 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул кардани қонуни забон буд ва соли 1993 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст аз минбари СММ бо забони тоҷикӣ баромад карда, забони моро муаррифӣ кард.

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва он 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул карда шуд. Дар моддаи якуми Эъломия таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ – “ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ” сабт гардид. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба сӯйи мустақилияти комил буд. 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот ва қарор «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз ҳодисаҳои августи соли 1991 (Кумитаи давлатии вазъияти изтирорӣ дар ИҶШС (ГКЧП) як ниҳоди сиёсии худхонда дар ИҶШС, ки аз 18 то 21 августи соли 1991 вуҷуд дошт) қабул карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънии истиқлолиятро хеле возеҳу равшан шарҳ додааст: “Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад”.

Бо шарофати истиқлоли миллӣ 25 декабри соли 1991 Тоҷикистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва 2 марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид дохил шуд. Аз ҷониби СММ ба узвият қабул шудани Тоҷикистони озод ин эътирофи он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон буд.

Аммо, дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷомеаро ба вартаи нобудӣ наздик кард. Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ умри дубора бахшид. Дар ин иҷлосия қарорҳое қабул шуданд, ки барои ваҳдат ва муттаҳидии халқи тоҷик сабаб шуданд. Тамоми сохтори фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ барқарор ва кулли муассисаву ташкилотҳо дубора ба фаъолият оғоз карданд. Фаъолияти мақомоти қудратӣ танзим ва пурсамар гардид. Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ қарори дахлдор қабул гардид, ки дар асоси он дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил ва баъди чанд муддат бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати кумитаи зикршуда Раёсати ҳифзи сарҳад таъсис дода шуд.

Бо талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 сулҳу Ваҳдати сартосарӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон пойдору устувор гашт ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ба маҷрои сифатан нави рушд ворид шуд.

Дар ин марҳилаи таърихӣ раванди таҳкими пояҳои давлати демократӣ идома ёфта, ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ карда шуд. Нақши парлумони кишвар боло рафта, заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҷалби сармоя ба вуҷуд оварда шуд.

Бо мақсади танзими муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон “Дар бораи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа”, “Дар бораи ба низом даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ” ва “Барномаи давлатӣ оид ба Консепсияи муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарорҳо қабул карда шуд.

Дар солҳои аввали истиқлолият, бахусус охири соли 1991 бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ба амал омада буд. Соли 1993 ММД 16 фисад, соли 1994 24 фисад, соли 1995 12 фисад, соли 1996 17 фисад кам шуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 1995 ҳамагӣ 41 фисад нисбат ба соли 1991 буд, аммо аз соли 1997 афзоиши ММД оғоз шуд ва дар соли 2000 суръати он афзоиш ёфт. Дар соли 2003 кишоварзӣ 30,8 фисад ММД, саноат 29,1 фисад ва хизматрасонӣ 40,1 фисадро ташкил дод.

Бо фароҳам омадани шароити озоду осоишта, пас аз соли 2002 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои зиёде падид омад ва низоми давлатдорӣ, идоракунӣ то ҳадди имкон такмил гардида, худогоҳиву худшиносӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллӣ такмил ёфт.

Дар ин давра сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ ба иҷрои се ҳадафи муҳими стратегӣ барои ояндаи наздик аз қабили: ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ нигаронида шуд. Соли 2002 ҳукумати мамлакат мақсад гузошт, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯдаю Роғун, туннели Анзоб, роҳҳои мошингарди Мурғоб -Кулма - Қарақурум, Душанбе - Ҷиргатол, кони гази Хоҷа Боқиргон оғоз бахшад. Ҳамчунин, роҳҳои Душанбе - Қӯрғонтеппа - Панҷи Поён, Айнӣ – Панҷакент, Душанбе – Хоруғ - Кулма (қитъаи Шӯрообод-Дарвоз), Восеъ – Ховалинг, бунёди роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва ғайраи дигар сохта ба истифода дода шуд.

Дар Паёми соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон кард ва барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти назаррас ба роҳ монда шудааст. Ҳукумати мамлакат солҳои 2022-2026 – ро “Солҳои рушди саноат” унвон кардааст ва то имрӯз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Қайд мешавад, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат ба 22 фоиз расонида шавад.

Рушди иқтисодии кишвар то соли 2014 муътадил ривоҷ ёфта, ММД 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фисадро ташкил кард. Дар давоми солҳои 2017-2023 рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар ин марҳила беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Бо болоравии рушди иқтисодии мамлакат сатҳи камбизоатӣ аз 83 фисади соли 1999-ум то 21,2 фисад дар соли 2023 паст карда шудааст. Ҳукумати мамлакат ҳадаф гузоштааст, ки рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 ба 8 фисад таъмин карда шавад.

Истиқлолият имкон фароҳам овард, то Тоҷикистон дар низоми нави ташаккулёфтаистодаи муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муносиб ишғол намояд. Доираи ҳамкориҳо бо қариб кулли кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Британия Кабир, Фаронса, Германия, Ҷопон ва дигар мамлакатҳои дуру наздик васеъ гардид ва ин кишварҳо дар Душанбе намояндагиҳои дипломатии худро боз карданд. Ҳамзамон барои густариши муносибатҳои ҳасана бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Туркия, кишварҳои олами араб ва мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, инчунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тадбирҳои мухашшах андешида шуда, ҳамкориҳои гуногунҷанба ба роҳ монда шуданд. Соли 2002 Тоҷикистон ба Барномаи ташкилоти НАТО таҳти унвони “Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ” ҳамроҳ шуд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми давлатҳои ҷаҳон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва ҳимояи ҳаматарафаи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуд ва муҳимтар аз ҳама санади сиёсие, ки принсипҳои асосӣ ва ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян ва танзим мекунад - Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шуд. Яке аз вазифаҳои он ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он мебошад.

Тоҷикистон аз тарафи аҳли олам ҳамчун давлате шинохта шуд, ки бемайлон бо роҳи демократия ва иқтисоди бозорӣ пеш меравад. Падидаи боарзиш дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар арсаи байналмилал: Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад. Сохтмони садҳо мактабҳои оливу миёна, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ самараи неки истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар маҷмуъ, Истиқлолият, озодӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам овардааст ва дар маҷрои пурталотуму ҳар лаҳза тағйирёбанда ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат моро зарур аст, ки ҳамқадами замон бошем ва ҳувияту асолати милии худро сарбаландона нигоҳ дорем.

Тирамоҳ бар Тоҷикистонам баҳор овардааст,

Ҷашни Истиқлол ҳама авҷу барор овардааст.

Ҷойи дастурхон кӯшоем, дил пеши дӯстон,

Ин саодат баҳри мо бас ифтихор овардааст.

Зиндаву поянда бод Истиқлоли миллӣ!

Турсунов Т.Х. – сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор