
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар асоси Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Дар ин рӯз давраи нави таърихӣ оғоз ёфт. Акнун кишварамон аз таъсири сиёсати беруна озод шуда, роҳ ба сӯи худмуайянкунии миллӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва эҳёи маданӣ боз гардид.
Мафҳуми истиқлолияти давлатӣ аз Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 бармеояд, ки мувофиқи он истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад.
Аз замони бадастории истиқлолияти давлатӣ 34 сол гузашт ва дар Тоҷикистон насли томе ба воя расидааст, ки дар даврони истиќлолият таваллуд шудаанд. Саволи мантиқӣ ба миён меояд: имрӯз ҷавонони кишвар истиқлолиятро чӣ гуна дарк мекунанд?
Истиқлолият барои кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Солҳои аввали соҳибихтиёрӣ бо ноустувории сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ҳамроҳ буд, ки кишвар солҳои зиёд оқибатҳои онро паси сар кард. Бо шарофати заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатпарасти тоҷик дар Тоҷикистон сулҳ барқарор гардида, ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам гардиданд ва раванди рушди устувор бошиддат ҷараён гирифт. Ин дониш заминаи ташаккули шуури ватандӯстӣ дар ҷавонон мебошад.
Насли ҷавони муосири Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсус, донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, соҳибкорони ҷавон, олимони ҷавон ва варзишгарон мебошанд. Онҳо дар ҳаёти ҷамъият фаъолона иштирок карда, мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисса мегузоранд.
Аксари ҷавонон истиқлолиятро бо мафҳумҳои зерин алоқаманд мекунанд: сулҳу субот; озодии интихоб ва имкониятҳои худшиносӣ; рушди фарҳанг ва забони модарӣ; масъулияти ояндаи мамлакат ва ғайра.
Барои ҷавонон истиқлолият на танҳо як воқеияти таърихӣ, балки воқеияти рӯзмарраест, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд, таҳсил мекунанд, касбу кор меомӯзанд ва оила бунёд мекунанд.
Барномаҳои давлатӣ барои дастгирии ҷавонон дар тарбияи ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.
Намунаҳои чунин ташаббусҳо инҳоянд:
• Форумҳо ва конфронсҳои миллии ҷавонон;
• Бурсияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои таҳсил дар хориҷа;
• Чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият;
• Ҷалби ҷавонон ба лоиҳаҳои волонтёрӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ.
Бо шарофати ин иқдомот дар ҷавонон мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, майли ба кишвари худ муфид будан ва дарки аҳамияти истиқлолият ҳамчун арзиши олии миллӣ ташаккул меёбанд.
Насли ҷавон ба оянда некбинона менигарад. Ҷавонони Тоҷикистон сарфи назар аз чолишҳои ҷаҳони муосир – аз ҷаҳонишавӣ то таҳдидҳои экологӣ талош доранд, дастовардҳои кишвари худро ҳифз ва афзун намуда истодаанд. Барои онҳо истиқлолият арзиши бузургест, ки оянда дар асоси он бунёд мешавад Истиқлолият на танҳо иди давлатӣ, балки заҳмату талошҳои ҳаррӯза, саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, илму фарҳанг, экология ва инноватсия аст. Истиқлолияти Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ мебошад. Барои насли ҷавон ин на танҳо озодӣ, балки масъулият низ мебошад. Ҳамин тариқ, ҷавонони Тоҷикистон истиклолияти давлатии Тоҷикистонро чунин бояд дарк намоянд: “Эҳтиром ба гузаштагон, фаъолияти самаранок дар имрӯз ва майлу хоҳиши ояндаи нек”.
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамдиёронам муборакбод мегӯям.
Абдураҳмонзода Бобоҷон – сардори шуъбаи кадрҳои Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
19 сентябри соли равон дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” баргузор гардид.
Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дода шуд. Ӯ зимни суханрониаш қайд намуд, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст. Дар поёни суханронии хеш ӯ ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хост.
Баъдан ходими пешбари илмии Институт, номзади илмҳои фалсафа Давлиёрова Сафаргул дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” маърузаи илмӣ намуд ва таъкид кард,ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай як иттиҳодияи бисёрҷанбаест, ки фаъолияташ ба таъмини амният ва нигоҳдории сулҳу субот дар фазои васеъи АвруОсиё, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ нигаронида шудааст. СҲШ созмони байни тамаддуниест, ки имкони бархӯрди тамаддунҳоро дар минтақаи масъулияти онҳо баробар мекунад. Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақаве мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад.
Дар охири семинари илмӣ-амалӣ як баҳси судманд бо иштироки ходимони илмии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гашт.
19 сентябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Устод Рӯдакӣ – бунёдгузори фарҳанг, адабиёт ва забони тоҷикӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, Мирзораҳимзода Акобир ва олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Фарангис ҳусни оғоз бахишда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик саҳми беандоза гузошта, то замони мо мероси гаронбаҳояш дастраси дӯстдорону ҳаводорони шеъру адаб гардидааст. Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.
Дар идома зикр гардид, ки Рӯдакиро бартарии шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ, мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд.
19 сентябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи Кангурти шаҳри Душанбе бо иштироки олимони Точикистон ва Чин Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ – 2024 баргузор гардид.
Дар кори форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ма Чжунгпин директори илмии Маркази Созмони ҳамкории Чину Шанхай оид ба илмҳои заминшиносӣ, муовини аввали Вазири саноат ва технологияҳои нав Қурбонзода Исоҷон Ятим, муовини Вазири энергетика Худобахш Шарифа, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Н.Қ. Илҳомҷон Оймуҳаммадзода сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар роҳбарону кормандони ниҳодҳои илмии ҳарду кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори Форум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон дар ин форуми байналмилалӣ, ки ба яке аз самтҳои муҳимтарини таҳқиқоти илмии Академияи милли илмҳо Тоҷикистон – геология бахшида шудааст, изҳори ташаккурӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки миллӣ ва стратегии мамлакат дониста шуда, то имрӯз зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии муҳим вобаста ба соҳаи илм қабул шудааст, ки барои пешравии илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ мусоидат намуда истодааст.
Вобаста ба ин ниҳодҳои илмии кишвар дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз бахшҳои форуми мазкур ба масъалаи мубрами рӯз – тағйирёбии иқлим бахшида шудааст. Шумо заминшиносон, ҳамчун мутахассисони соҳа, хуб дарк менамоед, ки тағйирёбии иқлим боиси афзоиши офатҳои табиӣ мегардад.
Дар ин росто бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ оид ба обу иқлим эътироф гардидаанд.
Панҷ ташаббуси Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, ифтихормандии миллати тоҷик аст. Дар идома олимони Тоҷикистон ва Чин суханронӣ намуда, доир ба рушди соҳаи геология ва заминшиносӣ маъруза намуданд.
19 сентябри соли равон дар толори меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази рушди инноватсинонии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи минтақавии «Ояндаи сабз дар бахши таъмини гармӣ тавассути насосҳои геотермалии гармдиҳии заминӣ: ҳамкориҳои илмӣ ва саноатӣ миёни Тоҷикистон, Ҷопон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» дар доираи лоиҳаи муштаракӣ Маркази рушди инноватсинонии илм ва технологияҳои нави АМИТ ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон iTAG-SATREPS - «Таҳияи низоми истифодаи нерӯи гармии ғайрикарбонӣ бо истифода аз манбаи гармии замин» баргузор гардид.
Дар кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошиҳиро АИКИ, ҷаноби Имаи Сейджу (JICA), профессори Донишгоҳи Акита Фумиаки Инагаки иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшида, таъкид доштанд, ки Маркази рушди инноватсинонии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сар карда аз соли 2019 бо донишгоҳи Акитаи Ҷопон ҳамкориро ба роҳ монда барои таҳқиқоти муштарак замина фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки олимони Донишгоҳ ва Марказ барои дар сатхи зарурӣ ба рох мондан ва ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо барномаи байналмилалии Ҷопон «Шарики тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор» (SATREPS) лоиҳа пешниҳод намуда, ғолиби озмун гардиданд.
Ҳадафи ин пажӯҳиш саҳм гузоштан дар муътадилсозии минтақави ва муқовимат ба гармшавии глобалӣ тавассути беҳбуди вазъи энергияи барқароршаванда ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон бо назардошти захираҳои фаровони обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон, ки тафовути шадиди ҳароратро дороанд, мебошад. Дар идома олимони Ҷопон ва Тоҷикистон доир ба ин лоиҳа маърӯза намуданд.
Иштироки Илҳом Мирсаидзода дар чорабинии паҳлӯӣ "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ" дар ҳошияи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии АБНА
Иштироки Илҳом Мирсаидзода дар чорабинии паҳлӯӣ "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ" дар ҳошияи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии АБНА
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода, дар чорабинии паҳлӯӣ бо мавзӯи "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ", ки 16 сентябри соли 2024 дар доираи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар маърӯзаи худ, Илњом Мирсаидзода аҳамияти корҳои солимгардониро, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия анҷом дода шудаанд, қайд кард. Ӯ зикр намуд, ки ин кӯшишҳо саҳми муҳим дар таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ дар иншоотњои меросӣ, ки хатари эҳтимолӣ барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ доранд, мебошанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии худ, Илњом Мирсаидзода дар бораи ҳамкориҳои идомадор бо шарикони байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои радиатсионӣ ва солимгардонии минтақаҳое, ки аз барномаҳои ҳастаии қаблӣ таъсир дидаанд, маълумот дод. Ӯ ба Федератсияи Россия барои дастгирии техникӣ ва молиявӣ, ки ба таври назаррас бехатарии радиатсиониро дар як қатор объектҳои муҳими меросӣ дар Тоҷикистон беҳтар намуд, миннатдорӣ изҳор намуд.
Ин чорабинии паҳлӯӣ, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои мухталифро гирд овард, ки онҳо тадбирҳои ҷорӣ ва ояндаро барои коҳиши хатарҳои марбут ба иншоотњои меросӣ, инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилотро муҳокима карданд.
ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО КАНСЛЕРИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ОЛАФ ШОЛТС
17 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ бо сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки муносибатҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Олмон аз барқарор гардидани равобити дипломатӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз ёфтаанд. Яке аз марҳалаҳои муҳими ҳамкориҳо имзои як ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соли 1992 мебошад, ки он заминаи устуворро дар рушди муносибатҳои минбаъда гузошт. Ин меморандум доираи васеи ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва тиҷоратро инъикос менамояд.
Дар замони муосир таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон яке аз масъалахои мубрам мебошад. Дар чунин нишастҳо пеш аз ҳама барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо нақши муҳим дорад. Зимни мулоқот ва суханронӣ дар Форуми иктисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои нишасти дуюми сарони давлатҳои ОсиёиМарказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат хоҳад намуд. Махсусан кайд гардид, ки истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон самтҳои ояндадор мебошад. Дар навбати худ Канслери Олмон Олаф Шолтс зикр намуд, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор мебошад. Дар ин раванд саҳми Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи ҳадафҳои стратеги миллии кишвари мо таъкид гардида, ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имконоти молиявию технологии Олмон, мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст бо намояндагони доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Олмон дурнамои густариши равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рақамикунонӣ ва рушди инноватсионӣ афзалият дода, барои сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо имтиёзҳо ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, инчунин маорифу тандурустӣ аз самтҳои дигари афзалиятнок барои кишвари мо арзёбӣгардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба изҳор намуда, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои имконпазири тиҷоратии муштаракро мавриди муҳокима карор доданд. Ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ карданд, ки робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ таҳким меёбанд. Дар фарҷоми ин нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.
Боиси қайд аст, ки ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон бо ба эътибор гирифтани чанд омили асосӣ барои рушди минбаъда низ саҳми назаррас дорад. Яъне, Олмон аз ҷиҳати иқтисодӣ шарики муҳими иқтисодӣ барои бисёре аз кишварҳост ва Тоҷикистон низ дар ин маврид истисно нест. Олмон метавонад сармоягузорӣ, навовариҳои технологӣ ва кӯмак дар рушди инфрасохторро пешниҳод кунад. Аллакай мисолҳое оварда метавонем, ки ширкатҳои олмонӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳое чун сохтмон ва энергетика фаъолият мекунанд. Имкониятҳои вусъат додани ин хамкорӣ хеле васеъ мебошад. Дар соҳаи рушди тиҷорат ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар солҳои охир афзоиш ёфта истодааст. Олмон ба манобеъи Тоҷикистон, аз қабили маъдан ва сангҳои қиматбаҳо таваҷҷӯҳ дорад ва Тоҷикистон метавонад аз фановариҳо ва таҷҳизоти олмонӣ баҳра барад. Вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва беҳтар намудани таъминоти моддию техникӣ метавонад ба афзоиши савдои тарафайн мусоидат намояд.
Олмон ба унвони як бозингари муҳим дар Иттиҳоди Аврупо метавонад дар густариши равобит миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо кӯмак намояд. Омилҳои асосии рушди бомуваффақият нигоҳ доштани муносибатҳои устувори сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои башардӯстона хоҳанд буд. Албатта, бояд манфиатҳои геополитикӣ ва минтақавиро қайд кард, зеро дар шароити чолишҳои муосир, аз қабили тағйири иқлим, амният ва мубориза бо терроризм, ҳамкории ду кишвар метавонад як ҷузъи муҳими суботи минтақа гардад.
Ба андешаи мо баргузории форуми мазкур ва иштироки хайати Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бешубҳа метавонад дар густариши муносибатҳои гунугунҷабҳаи кишвари мо бо Олмон нақши калидӣ дошта бошад:
1. Муносибатҳои дипломатӣ: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки равобити дипломатии байни кишварҳоро таҳким бахшанд ва масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ кунанд.
2. Имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ: Ҳамоиш метавонад як минбари баррасӣ ва бастани созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, инчунин ҷалби сармоя ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бошад.
3. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният: Саммит метавонад барои баррасии талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ бошад.
Мубодилаи таҷриба дар самти маориф ва илм: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки дар бораи ҷанбаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии ҳукумат, рушди иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо табодули таҷриба ва интиқоли донишро фароҳам оваранд.
Ҳамин тариқ, ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои густариши ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо ва баррасии масъалаҳои муҳим боз як қадами муҳим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, дар ҳалли мушкилоти рӯзафзуни замони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гармшавии бесобиқа, хушксолиҳои пай дар пай, афзоиши офатҳои табиӣ, коҳиши захираҳои об ва озуқа, инчунин, таъмини беҳдошт ва сиҳатии омма саҳми худро гузорад ва баҳри татбиқи ҳадафҳои созандаи аҳли башар талош варзида, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ташаббускор бошад.
Юсуфӣ Фарзона - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Сомонаҳои интернетии истифодашуда:
1. https://president.tj/event/news/47600 санаи муроҷиат 17.09.2024
2. https://khovar.tj/.../prezidenti-um-urii-to-ikiston.../санаи муроҷиат 17.09.2024
Хатмкунандагони зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" соҳиби дипломи аъло гаштанд
Истиқлолу озодӣ ба он мусоидат намуд, ки дар баробари дагар соҳаҳо соҳаи илму маориф низ ба пешравии назаррас ноил бигардад. Дар баробари ин барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва рушди ин ё он соҳа дар доираи мутахассисони ҷавобгу ба талаботи замон боиси он гашт, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат ихтисосҳои нав таъсис дода шавад.
Соли 2021 дар пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, масхусан дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" таъсис ёфта, аввалин довталабони худро қабул намуд. Дар соли 2023, 5-нафар магистрант рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дипломи мутахассиси ин ришта гаштанд.
Радиоэкология яке аз соҳаҳои навтаъсис буда, мигратсияи радионуклидҳоро дар биосфера ва таъсири онро дар организмҳои зинда ва муҳити зистро меомӯзанд.
Соли 2024 бошад дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратураро бо ихтисоси "Радиоэкология", таҳти роҳбарии илмии таҷрибадору увондор 9 нафар магистрантон, аз ҷумла 4 нафар кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки 2 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштанд.
Муминов Сафаралӣ яке хатмкунандагони фаъоли зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" мебошад, ки бо дипломи аъло сарфароз гардидааст. Номбурда фаоълияти худро дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ низ мувафаққона пеш мебарад.
Таъсиси зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" яке аз дастовардҳои АМИТ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
18 сентябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати мутахассисони Хитой бо роҳбарии Чжу Лисин – муовини раиси ҷамъияти геологии Хитой баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба пешбурди кор дар самтҳои геология сейсмология мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон барои таъсиси Маркази Сейсмологӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология пешниҳодҳои мукаммалу саривақтӣ масъалагузорӣ карда шуд.
Ҳамзамон барои дар Шуроҳои дисертатсионии ҳарду давлат ҳимояҳои илмӣ аспирантону докторантон ба роҳ мондан, ҳамкориҳои тарафайни олимону аспирантону докторантон дар самтҳои геология сейсмология ва умуман баланд бардоштани илм, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба гуфтушунидҳо баргузор гашт.
Дар анҷом ба ҳайати меҳмонон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахзода Қобилҷон Хушвахт туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.