Skip to main content

Имрӯз (09.01.2025) дар толори маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ нишасти вежаи илмӣ-фалсафӣ таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, ки ба ифтихори 57-солагии фаъолияти илмию эҷодии файласуфи матраҳи миллӣ устод Комил Бекзода ихтисос дода шуд, баргузор гардид.

Дар маҳфил ба истиснои сухани ифтитоҳию ихтитомии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён, 4 суханронии илмӣ- ихтисосӣ (суханронии директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷовидонагӣ ва диди фалсафӣ”, гузориши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор (Phd) Нуриддин Шаҳобиддин таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, гузориши доктори илми фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Мирзоев бо номи “Бекзода ва масъалаи худшиносии миллӣ”, суханронии ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода сари мавзуи “Комил Бекзода дар мақоми озодандеш ва файласуфи миллӣ”), мулоҳизоту музокироти ширкаткунандагон, сипосномаи Комил Бекзода дар назар гирифта шуда буд.

Нишасти илмиро ноиби президенти Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ карда, роҷеъ ба шахсияти илмӣ-фалсафии Комил Бекзода гузориши илмии ҷолибе ироа намуд. Мавсуф зимни гузориш бар он ишора фармуд, ки устод Бекзода аз соли 1967 интараф дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дақиқан 57 соли ҳаёташро дар муҳити академии ҷумҳурӣ сарфи таҳқиқу пажуҳиш намудааст. Дар ин муддатзамони тулонӣ устод пайи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ шуда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳамчунин Раиси Фарҳангистони миллӣ афзуд, ки аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонию паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст, ки метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмуъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст.

Баъдан, бо такя ба барномаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён суханро ба гузоришгарони асосӣвогузошт. Ба ин тартиб, директори Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзуи “Ҷовидонагӣ ва диди фалсафӣ”, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктор (Phd) Нуриддин Шаҳобиддин сари масъалаи “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ”, доктори илми фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Мирзоев дар мавзуи “Бекзода ва масъалаи худшиносии миллӣ”, ва ходими пешбари илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода сари мавзуи “Комил Бекзода дар мақоми озодандеш ва файласуфи миллӣ” гузоришҳои хуби илмӣ ироа карданд. Гузоришгарон, минҷумла бар он таъкид карданд, ки файласуфи миллӣ Комил Бекзода бо равиши махсуси таҳқиқӣ, сабки зебои гуфторӣ ва дидгоҳи вежаи фалсафӣ миёни доираҳои илмию академӣ ва ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ ҳанӯз аз замони шуравӣ маълуму машҳур буда, аз тариқи ташаббусоту ибтикороти фардии илмию эҷодӣ дар болоравии сатҳи огоҳии ҷомеа саҳми сазовор гузоштааст. Инчунин, илова гардид, ки устод Бекзода ба сифати як файласуфу рӯшангари миллӣ ва файласуфи соҳибмактаби ватанӣ рисолати илмӣ, иҷтимоӣ ва инсонии худро ба таври бояду шояд анҷом дода, дар шаклгирии ҷаҳонбинии илмӣ, болоравии сатҳи тафаккури фалсафӣ ва биниши миллӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Пасон, донишмандону муҳаққиқони маъруф, аз ҷумла муаррихи маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршоҳ Пирумшоҳ, матншинос ва шоири муосири тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, узви вобастаи АМИТ Абдураҳмон Маҳмад, омӯзгори варзидаи ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Нидозода ва дигарон перомуни масъалаҳои фалсафӣ ва шахсияти илмию эҷодии устод Комил Бекзода изҳори назар карданд.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён маҳфилро ҷамъбаст намуда, барои ироаи матлаби хулосавӣ суханро ба устод Комил Бекзода вогузор кард. Устод Бекзода барои ироаи гузоришҳои ҷолиби илмӣ ба гузоришгарони асосӣ ва ҳозирони маҳфил изҳори сипос намуда, дар доираи мавзуи “Буҳрони фикрӣ ва зарурати биниши фалсафӣ” иҷмолан тазаккур дод, ки муваззафем, дар шароити бархурдҳои сиёсию мафкуравию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ аз фарҳангу фалсафи миллӣ дифоъ кунем ва роҳробарои рушди ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ ва тафаккури миллӣ ҳамвор созем. Устод, ҳамчунин афзуд, ки ҷомеа имрӯз ба дониш, фалсафа ва шеъре ниёз дорад, ки руҳияи миллии мардумро боло бубарад ва инсонҳоро ба такопуву ҷустуҷӯву ковишҳо раҳнамун созад.