Ба ифтихори нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 29-31 майи соли 2025, шаҳри Душанбе ва ташрифи Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон
“Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад”.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
“Об санги асосии ҳаёт аст, ки барои иқтисод, системаҳои ғизо ва муҳити зисти мо муҳим аст. Бо вуҷуди ин, ин манбаи ҳаёт дар зери фишори бесобиқа қарор дорад."
Сарвазири Покистон Шаҳбоз ШАРИФ
Тоҷикистон аз мамлакатҳоест, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ байни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар намуданд, борҳо барои иштирок дар нишасту ҷаласаҳо ба ин мамлакат сафар карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ ба хусус дар Афғонистону Покистону Ҳиндустон мудирияти обу нарасидани он аз муаммаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, муноқишаву танишҳо низ ба суботи минтақа таъсири манфӣ меоваранд. То ба имрӯз дар бештари кишварҳои ҷаҳон сулҳу суботу амният, нарасидани обу мудирияти ноодилонаи он ва ноустувории иқлим ва пешгирии ҳифзи пиряхҳо аз масоили муҳим маҳсуб меёбанд.
Аҳолии нисфи сайёраи заминро минтақаи Осиё ташкил медиҳад, ки нақши кишварҳои он ба хусус Тоҷикистон хело аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноиҳои кишварҳоро гуногунӣ ва ташаббусу таҳаввулоти ташкил медиҳад, ки Осиёро ба макони инкишофи босуръаттарини минтақаи ҷаҳон роҳнамоӣ мекунад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаву саривақтӣ дар партави роҳнамоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу пиряхҳо ва наслҳои ояндаи ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардуми минтақа ва ҷаҳон медонад.
Дар шароити мушкилоти печидае, ки мамлакатҳои саросари ҷаҳон рӯбарӯ ҳастанд, кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро зарур меояд то барои пешбурди ҳадафу мақсадҳои он якҷоя кор кунанд. Ҳадафи он ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир ва мусоидат ба амнияти минтақавӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мебошад. Он на танҳо барои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун як созмони байналмилалӣ арзишманд, балки ҳамчунин дорои зарфияти намунавӣ барои муносибатҳои байни мамлакатҳои ҷаҳон мебошад. Бо ташвиқи ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, барои пешрафти дастаҷамъӣ ва шукуфоии ҳама шарикон илҳом мебахшад.
Об ва нақши он дар ҳаёти башар аз масоили муҳим арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Прездиенти Тоҷикистон пайваста дар семинарҳои минтақавиву фароминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, баррасӣ мегардад. Об яке аз арзишманду муҳимтарин сарвату неъмати бузургу нодирест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, тавассути он рӯҳияи тоза гирифта, шодону шодоб умр ба сар мебаранд. Дар ин зимн, Президенти кишвар дар мулоқоту суханрониҳои худ таъкид намудааст, ки “ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи кишвар соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуда, соли "Оби Тоза","Об барои Ҳаёт" ва "Об барои рушди устувор" ва "Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор 2018-2028” пешниҳод гардида, пазируфта шуд.
Пиряхҳо чун манбаи оби ширин маҳсуб ёфта, дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 8492 ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил дода, тақрибан 6 % масоҳатро дарбар мегирад. Бештари ин пиряхҳо дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Олимони соҳа ва зистшиносон исбот карданд, ки нақши пиряхҳо дар тағйирбии кураи Замин хеле бузург буда, бо инкишофи муҳити ҷуғрофӣ мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян мешавад, ки ба ҷараёни шаклгирию тағйирёбии пиряхҳо хело вобастагии калон дорад. Паст шудани ҳарорати ҳаво ва боришҳои зиёд иқлимро дигаргун сохта, бо афзоиши обшавии пиряхҳо гармии миёнаи Замин баланд хоҳад шуд, ки ба ҳаёти зисти инсонҳо таъсири манфӣ хоҳанд расонд. Арзишу муҳимият ва ҳифзи обу пиряхҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корҳои аввалиндариҷаи худ дониста, моҳи марти соли 2021 таъкид карда чунин ишора намудааст, “Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад”.
Ҳамин тариқ, пешниҳои нави Тоҷикистон зери номи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 77-уми худ қатънома санаи 14-уми декабри соли 2022 пешниҳод шуд, ки бо дастгирии кишварҳои узв мавриди пазириш қарор гирифт.
Бояд қайд кард, ки бисёр кишварҳои дунё бо сабаби тақсимбандии нодурусту ноодилонаи обу дарёҳо ба дасрас нашудану норасоии он ба мушкилоти зиёде дучор шуда, миёни ҳам муноқишаҳо доранд. Мавриди зикр аст, ки зиёда аз 70 дарсади аҳли сайёра обро барои обёрӣ намудани замин истифода карда, ин амал соли 1950 ин фоиз се баробар афзудааст, ки тавассути обёрӣ намудани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор гирифта, заминаи шӯршавии замин шуда, фоиданокиву ҳосилнокии онро кам месозад.Тибқи сарчашмаҳо набуду норасоии обҳо аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ранҷу азият кашида, ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.
Боиси ёдоварист, ки Тоҷикистон дорои беш аз 1300 кӯл буда, дар баландии аз 3500 то 5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати мамлакат аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард.
Бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар сессияҳои алоҳида вобаста ба об, аз ҷумла «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе пайваста Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардида, намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф бо ташаббусу иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои қадри зарро шинохтан аввал инсон бояд заршинос бошад, вагарна ҳамаи дороиву зару зеварашро аз даст дода, нодору фақир мегардад. Роҳбарияти Тоҷикистон хусусан Президенти кишвар чун заршинос ба қадри ҳар қатра об расида, истифодаи дурусти обҳову ҳифзи пиряхҳоро ба мардумони минтақа ва ҷаҳон аз корҳои муҳим дониста бо гузаронидани чорабаниҳои саривақтӣ тавсияҳо медиҳанд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Покистон мавриди дастгирӣ ёфта, ҳар ду кишвар мубрамияти обу манбаҳои онро муҳим шуморида муштаракона мулоқотҳо карда, ҷаласаҳо мегузаронанд. Роҳбарияти Покистон саъю талошҳои пурарзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати баргузории Ҷаласаи вазирони «Қалби Осиё – Раванди Истамбул» дар Душанбе рӯзҳои 29-30 марти соли 2021 намуда, Тоҷикистон низ баргузории Конфронси маҷозии вазирони шаш кишвари ҳамсояи Афғонистон дар таърихи 8 сентябри соли 2021 ва баргузории ҷаласаи Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон баҳри шукуфоии минтақа ва талошҳо барои сулҳу субот пайваста қадрдонӣ менамояд. Сарони ду кишвар талошу азми худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲИ, СҲШ ва ЭКО оид ба масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла, масъалаҳои байниҳамдигарии кишварҳои мусулмоннишин, ҳамоҳангӣ, рушди устувор ва тағирёбии иқлим ҳамбастагии муштарак дошта, ҳамчунин аз номзадии якдигар ба узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2025-2026 Покистон ва 2028-2029 Тоҷикистон истиқбол ва дастгирӣ карданд. Ҳамин тариқ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ карда, аз қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Конференсияи миёнамӯҳлати Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии ҳамаҷонибаи Барномаи Ҳадафҳои Байналмилалии Муттаҳид « Рушд, солҳои 2018-2028” ҷонибдорӣ кардааст. Ҷонибҳо пайваста дар соҳаҳои гуногун тафоҳумнома ба имзо расонида, барои пешбурди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Покистон бо Тоҷикистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ миёни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид. Ҳамин тариқ, 24-26 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), дар шаҳри Сиялкути вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аввалин Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар партави таъкидҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон дар он масъалаи мубрами обу экология баррасӣ шуд. Дар конфронси мазкур намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Покистон таъкид намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил дода, аз рӯёрӯйӣ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба мисли Покистон осебпазир буда, бештар вақтҳо бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ дучор мешавад.
Покистон кишвари аграрӣ буда, аксари иқтисодиёти он барои парвариши зироатҳо аз об вобаста буда, аз осебпазиртарин дар муқобили иқлим аст. Тибқи пажӯҳиши NASA ҳаҷми кӯлҳои пиряхҳо дар саросари ҷаҳон аз соли 1990 ба далели обшавии пиряхҳо тақрибан 50% афзоиш ёфта, дар Гилгит-Балтистон ва Хайбар-Пахтунхва зиёда аз 3044 кӯлҳои пиряхӣ муайян шуданд, ки аз ин шумора 33 онҳо эҳтимоли нестшавиро доранд.
Тибқи маълумоти Сандуқи Байналмилалии пул, ин кишвар аз ҷиҳати норасоии об дар ҷои сеюм қарор дошта, тақрибан 60 дарсади обҳои умумӣ аз боронҳои муссонӣ ва қисми зиёди боришоти зимистон ба даст меоянд. Ба маъуломоти Вазири федералӣ оид ба тағирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Покистон Мусаддиқ Малик кишвараш хонаи дуввумин бузургтарин системаи пиряхӣ дар ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ буда, ҳифзи ин манораҳои оби табииро аз тағирёбии иқлим муҳиму саривақтӣ мешуморад .
Мавриди зикр аст, Пассу яке аз 7,200 пиряхҳоест,ки дар се қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Қаракорам ва Ҳимолой паҳн шуда, Покистонро ба хонаи бештарин пиряхҳо дар ҷаҳон берун аз Арктика ва Антарктика табдил додааст. Ин се қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Қарокурум ва Ҳимолой дар якҷоя «қутби сеюм»-ро ташкил медиҳанд. Ба назари коршиносон қуллаҳои яхбандии сафеди пиряхи Пассу дар кӯҳҳои Қаракорам бо қабати сиёҳ печонида аз партовҳо, тармаҳо ва резиши сангҳо дар тӯли садсолаҳо ҷамъоварӣ шуданд.
Тибқи маълумоти дарёфтшуда тавассути обшавии барф ва пиряхҳо аз Қаракорам ва Ҳимолойи ғарбӣ миллион нафар аҳолии ҳавзаи Ҳинд барои нушидан ва истеҳсоли энергияи обй, саноат ва обьёрй истифода мекунанд. Ҳамин тариқ, тағйирёбии иқлим тағйирёбии гардиши обро афзоиш дода, дурнамои ҷараёнҳо ва дастрасии обро коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, ба андешаи коршиносон банақшагирии истифодаи об бояд ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии об, аз ҷумла дарки нақши криосфера ба ҷараёни дарёҳо муносибати маҷмӯӣ сурат гирад.
Зеро обҳои ҷоришудаи ин пиряхҳо дар саросари Қарокурум ва Ҳимолойи Ғарбӣ беш аз 300 миллион нафар аҳолии ҳавзаи дарёи Ҳиндро таъмин намуда, бузургтарин системаи кишоварзии обёришавандаи ҷаҳонро, ки дар саросари Ҳиндустон ва Покистон паҳн мешавад, амалӣ менамояд. Ба обшавии пиряхҳо аз сабаби тағирёбии иқлим таъсир расонида, хатари обхезиро афзоиш дода, ба қавли сокинони минтақа бо сабаби афзоиши мавҷҳои гармо обшавии пиряхҳо бо суръат идома ёфта, бештари қисматҳои кишоварзӣ аз он зарар мебинанд.
Ҳамин тариқ, тавсия дода мешавад, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Покистону Ҳиндустон бояд аз дипломатяи сулҳу созадагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистон сабақ гирифта, муноқишаҳои худро ҳаллу фасл намуда, аз самаранокии моделҳои гидрологӣ бо истифода аз маълумотҳо, ки тавассути боздидҳои мунтазам ба пиряхҳо ҷамъоварӣ шудаанд, махсусан дар давраи барвақт бо беҳтар шудани мониторинг ва самаранокии модели минбаъда, бозёфтҳои боз ҳам устувортар ба тарҳрезии сиёсати беҳтаршудаи идоракунии устувори об дар иқлими тағйирёбанда бештару беҳтар мустафид шаванд. Зеро барои беҳтару бештар ҳифзу ҷилавгирӣ кардан ва пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу пиряхҳо бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории муштаракро ба роҳ монда, бо рушди босуботу муназзам тавассути истифодаи захираҳои васеи иқтидори гидроэнергетикӣ барои расидан ба мақсади ниҳоӣ амалӣ кард.
Ҳамин иқтидори бузурги энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки кишвар истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил шуда, неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад. Истифодаи дурусти манобеи захиравии фаровони кишвар заминаи хубро дар ҷилавгирӣ аз таҳдиду хатарҳо аз боду иқлими сайёра фароҳам оварда, ба яке аз мамлакатҳои сабз табдил ёфта, манфиати он ба ҳама аҳли минтақа ҷаҳон хоҳад расид.
Ба андешаи нигорандаи сатрҳо кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз унсуру моделҳои хос баҳри ҳифзи обу иқлиму пиряхҳо ҳамкориҳои муштарак намуда, дар рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, тавсеаву тақвият хоҳанд бахшид. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва 22 март Рӯзи ҷаҳонии об муҳим арзёбӣ шуда, мақсаду маромии аслии он баҳри саломативу саодатмандии сокинони сайёра буда, кишварҳо бо чорабиниҳои байналмилалӣ ва инчунин миллӣ нақши пиряхҳову обҳоро дар системаи ҷаҳонӣ бештару беҳтар баррасӣ хоҳанд кард. Покистон аз гузашта таҷрибаи хуб дар бахшаҳои саноат, тиҷорату туризм ва ҳарбӣ дошт, ки мисолу намунаҳои онро дар сектору форуму бахшҳои гуногуни созмонҳои ҷаҳон аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид метавон мушоҳида кард.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Покистон чун аъзои фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай метавонанд дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд. Ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дурнамои худро дар бораи расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос, аз ҷумла тарғибу ташфиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, ҳамкории муштарак, пайвастшавӣ ва раҳоӣ аз таҳдиду хатарҳо кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ