Skip to main content

Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути асбобу таҷҳизотҳои муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса) ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН - МАКС-G (истеҳсоли Россия) ба даст оварда шудааст, шурўъ аз соати 10:05 29 июли соли 2024 ба фазои Душанбе «хокбориш» ворид гардид.

1

Расми 1. Воридшавии чангу ғубор дар фазои атмосфераи Душанбе

Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рузи 30–уми июли соли 2024(соати 10:00) саршавии масири чанг аз сели ҳавое ки 7 шабонаруз дар баландии 500м ва 1250м аз давлати Россия (оғоз аз 23.07.2024) ш.Ставропол ва Пугачев ва дар баландии 2500м аз Македонияи Шимолӣ оғоз гардидааст ва ба биёбонҳои Осиёи Марказӣ (Аралқум, Қизилқум ва Қароқум ворид шуда қисман аз ғарб ва қисми зиёд аз ҷануби Тоҷикистон (Шаартуз) ворид гардидааст.(Расми 2).

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 5 километр ба қайд гирифта шуд (расми 3). 

2 3

Расми 2. Масири баръакси воридшавии чангу хок ба Тоҷикистон аз 30 июли соли 2024.

4 5

Расми 3. Баландии чангу хоки дар фазои шаҳри Душанбе ба қайд гирифташуда

Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки  дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – синк, никел ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2022 муайяншуда дарёфт гардиданд.

Унсурҳои дигар, ба монанди мис, руҳ, арсеник, кобалт ва ғайра (ҳамагӣ 9 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар рўзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои кишвар қариб 6 маротиба зиёд шудааст.

Аз ҷадвали 1 бармеояд, ки консентратсияи синк, никел  ва  оҳан дар таркиби намунаи чангу ѓубор аз қимати миёнаи чандинсола каме зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ҷадвали 1

Металлҳои вазнин дар таркиби чангу ғубор

Металҳои вазнин

 

 
 
Воҳиди ченкунӣ
Консентратсия
рӯзи
30.07.2024
Концентратсия дар давоми солҳои
 2007-2022
Қимати миёна
Қимати калонтарин
Қимати хурдтарин

Sr

мг/кг

130,69

195,4

416,0

110,5

Pb

мг/кг

0,18

38,7

232,1

4,8

As

мг/кг

16,21

22,8

154,0

4,9

Zn

мг/кг

187,71

156,6

685,4

50,6

Cu

мг/кг

43,42

52,7

154,0

31,3

Ni

мг/кг

57,47

33,4

78,3

11,6

Co

мг/кг

9,01

12,1

28,0

2,0

Fe2O3

%

4,37

3,3

6,9

2,3

MnO

мг/кг

88,88

643,3

980,1

232,0

Cr

мг/кг

63,60

100,1

115,9

6,6

V

мг/кг

26,23

70,5

129,0

3,0

TiO2

%

0,46

0,6

0,9

0,2

Барои муайян кардани масири баръаксии ифлосшавӣ маълумот аз HYSPLIT (Hybrid Single Particles Lagrangian Integrated Trajectory model), лабараторияи захираҳои атмосферии NOAA (National Oceanic and Atmospheric Administration,) [URL: http://ready.arl.noaa.gov/HYSPLIT. php]  гирифта шуд.

Чи гунае, ки дар ҳисоботҳои қабли ёдрас карда будем, манбаҳои асосии туфонҳои чангу ғубор навобаста аз он, ки аз куҷо сарчашма мегирад, ҳамон нуқтаҳое, ба ҳисоб меравад, ки дар он масир паст фаромадааст ( яъне ба Замин яксон шудааст) ва ин нуқтаҳо бештар ба минтақаҳои биёбонӣ рост меояд ( нигаред ба расми 2).

Туфонҳои чангӣ навобаста аз куҷо сарчашма мегирад, дарвозаи асосии воридшавияш ба Тоҷикистон тавассути Афғонистон мебошад сарҳади биёбони Айваҷ дар ҷануби Тоҷикистон (нигаред ба расми 2). Барои ҳамин ин туфонҳои чангу ғубор дар байни мардуми мо бо номи "бодҳои афғонӣ" маъруф аст.Бояд қайд намуд ки ба ин ҷангу ғубор Афғонистон ягон муносибат надорад, зеро ин чангу ғуборҳо асосан дар биёбонҳои тасмаи “чангу ғубор” (дар ин тасма 10 биёбони бузург воқеъ аст) пайдо шуда аз қисми чанубу ғарби Тоҷикистон ба кишвари мо ворид мегардад.

67

Расми 4. Коэфисиенти таносуби деполяризатсиява экстинсия бо баланди дар санаи 29.07.2024

89

 Расми 5.Параметри Ангстрем ва таносуби лидар бо баланди дар санаи 29.07.2024

Бо истифода аз маълумотҳои стансияи сифати ҳаво вақти воридшавии хокбориш дар ш.Душанбе муқаррар карда шуд ва сифати ҳаво  дар рузи хокбориш зиёд шудани ќимати миёнаи консентратсияи зарраҳои РМ2.5 маротиба ва РМ10  маротиба зиёд аз рузи тоза.

10 11

Расми 6. Миқдори зарраҳои муаллақи РМ2.5-17мкг/м3 ва РМ10-61мкг/м3 дар фазои шаҳри Душанбе соати 10:00 30 июли соли 2024

Хулоса: Хокбориши 30 июли  соли 2024  ба фазои қисми ҷанубу маркази Тоҷикстон воридгардида, яке аз хокборишҳои оддӣ маҳсуб ёфта аз руи мавсими воридшави ва бузургиаш ки бисёрии кишварҳои Осиёи Марказиро фаро гирифтааст.

Хокбориш боз чанд рузи дигар идома меёбад. Бинобар ин, дар ин муддат ба одамоне, ки ба бемориҳое, мисли касалии дил, касалиҳои роҳи нафас, фишорӣ баланд ва монанди инҳо гирифторанд, эҳтиромона тавсия дода мешавад, ки дар хонаҳо қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд ё аз сайру гашт дар фазои кушод даст кашанд.

Абдуллозода Сабур Фузайл,-
мудири лабораторияи физикаи атмосфераи 
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови 
АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор