Skip to main content

Қодиров Ғиёсиддин соли 1941 дар ноҳияи Муъминободи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1959 ба шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1964 бо ихтисоси филолог-шарқшинос (филологияи форсӣ) тамом кардааст. Ӯ пас аз адои хидмати ҳарбӣ то охири соли 1966 устоди забони фор­сӣ дар мактаби рақами 14 - и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) буд.

Қодиров Ғиёсиддин соли 1969 ба сифати аспиранти Институти шарқшиносии АН ҶШС Тоҷикистон ба­рои идомаи таҳсил ва таҳияи рисолаи номзадӣ ба Ин­ститути шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ (ш. Маскав) фиристода мешавад. Заҳмати пайваста даст дод, ки соли 1977 рисолаи номзадии худро дар маркази шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ дар мавзуи «Достонҳои таърихии муосири форсӣ» сарбаландона дифоъ намояду ба диёр баргардад. Вай пас аз хатми аспирантурасоли 1975 дар шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти мазкур фаъолияти илмии худро идома медиҳад. Солҳои тулонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 1963-1964, 1967- 1969, 1980-1987) ва Эрон (солҳои 1971-1974) ба сифати тарҷумон кор кардааст.

Қодиров Ғиёсиддин соли 1980 муддате дар факултаи шарқшиносии ДДТ (ҳоло ДМТ) ва солҳои 1987-1988 дар Донишкадаи забони русӣ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои ба номи С. Улуғзода) устоди забони форсӣ буд. Солҳои 1988-2004 котиби илмии Шурои табъунашр ва сипас котиби илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Тоҷикистонро бар душ дошт. Номбурда аз моҳи февра­ли соли 2005 то апрели соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз апрели соли 2006 то соли 2020 дар Институти номбурда фаъолият кардааст. Аз Соли 2020 инҷониб дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вазифаи ходими пешбари илмӣ кору фаъолият мекард.

Қодиров Ғиёсиддин дар тули умри бобаракати худ тавонистааст асарҳои зиёдеро монанди «Пер­сидский исторический роман Зейн Аль-Абедина Моа- тамана» «Орлиное гнездо» (1977), «Современный пер­сидский исторический роман» (Душанбе: Дониш, 1982). «Театри Афғонисгон» (Душанбе: Дониш, 1988) таҳияи ашъори баргузидаи Шаҳриёр (Душанбе, 1982), таҳияи намунаи ҳикояҳои форсӣ бо номи «Ҳикояҳои ширин» (Душанбе: 2008) ва таҳияи намунаҳои шеъри муосири форсӣ зери унвони «Корвони гулҳо» ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмиро ба нашр расонидааст.

Дар бораи хоксорӣ ва самимияти беолоиши Ғиёсиддин Қодиров метавон саҳифаҳои зиёдеpo бахшид. Танҳо ҳаминро гуфтанием, ки муҳаббати ӯ ба одамон беандоза буд. Барои дастовардҳои илмӣ ва заҳмати пайваста дар ин ҷода бо ифтихорномаҳо ва соли 2024 ба гирифтани Ҷоизаи Академик Муҳаммад Осимӣ сазовор гаштааст.

Рӯҳатон шод ва маъвои охирататон обод бод Устоди гиромиқадр!