Skip to main content

“Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кутоҳтарин бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо олимон ва ҳуқуқшиносон, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ниҳоят 13-уми апрели соли 1993 дар муддати шаш моҳ, ду лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуд, ки яке дар шакли идораи президентӣ ва дигаре дар шакли идораи парламентиро дарбар мегирифт, ки баъдан бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Маврид ба зикр аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёӣ 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян карданд.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз қабул гардид, ҳатмӣ ва дар айни муддао буд.

Маҳз бо қабули ин санади тақдирсоз бо таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеа таҳаввулот ва пешрафтҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Пайваст шудани Тоҷикистони тозаистиқлол ба равандҳои ҷаҳони муосир, ҳамкорӣ ва робитаи мутақобилан судманд бо кишварҳо, созмонҳо ва ғайраҳоро Конститутсия кафолати ҳуқуқӣ бахшид.

Қобил ба зикр аст, ки дар ҳудуди ИДМ, Тоҷикистон дуввумин шуда, баъди Русия соҳиби Конститутсияи амалкунанда гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати эҳтироф ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд.

Омили муҳими ин масъала дар он аст, ки дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба муносибати шахс бо давлат диққати махсус дода шудааст. Он ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам сохта, онҳоро ҳифз менамояд.

Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Тамоми комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд, натиҷаи татбиқи самарабахши Конститутсияи Тоҷикистони маҳбубамон мебошанд. Аз ҷумла, таъмини сулҳу оромӣ, амнияти комил, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат: таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ дар мисоли неругоҳҳои “Сангтӯда 1”, “Сангтӯда 2”, “Роғун”, “Себзор”, нақбу пулҳо, рушди шукуфоии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат, шароиту имкониятҳои мусоид барои татбиқи озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросим, сиёсати дуруст ва самаровари хориҷӣ, ки манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя намуда, ба таҳкими нуфузу эътибори баланди байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин ҳама муқаддимаи нусрату пирӯзиҳое мебошанд, ки таҷассуми татбиқи Конститутсия дар Тоҷикистони азизамон маҳсуб меёбанд.

Бо гузашти қариб се даҳсола аз қабули Конститутсия ва дастовардҳои шоистаи давлатдории навини тоҷикон собит мегардад, ки ин шаҳкитоби бахту саодат раҳнамои пешрафту шукуфоӣ барои миллату давлати Тоҷикистон мебошад.

ДОСТИЕВА Дилафруз, - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ